Ахбор

Муносибати шармовари Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон

Навори нишасти матбуотӣ бо ишитроки ҷойнишини вазири тандурустии кишвар Самариддин Ализодаро дар расонаҳои хабарии электронӣ дида, дар ҳайрат мемонӣ, ки намояндаи давлат дар фазои хабарӣ чунин муносибати пасти шармовар ба забону ба давлату ба мардум. Дар нишаст Ализода намедонад бо кадом хабарнигорон сару кор дорад, номҳои онҳоро аз ёрдамчиёни худ бо садои баланд мепурсад. Сипас дар бораи ваксинаи “Астра зенека” суҳбат мекунаду ҷойи барориши онро намедонад. Ҳатто ҷойи бароришашонро Британия ва Ҳиндӯстон ном мебарад. Чун ба ӯ кумак карда мегӯянд дар Корея ихтироъ шудааст, ҳатто Кореяи Шимолиро аз Ҷанубӣ фарқ карда наметавонад. Коршиносон нишасти хабарии муовини вазирро дар расонаҳои хабарӣ бо ҳар забон ба хандахариш кашидаанд.

Мо дар интихобу таъинкунии кормандони расмӣ аз ҳеҷ касе гилае надорем. Агар хато наравад, барои нишасти матбуотӣ ва дилхоҳ суҳбати озод, ё кушоди пеши мардум вақти зиёд барои омода шудан ба ҳама дода мешавад. Ба баранда ному насаб, мансаб ва дигар маълумотҳои зарурӣ пешакӣ рӯйи варақ медиҳанд. Дилхоҳ дафтари вазорати кишвар 10-ҳо, 100-ҳо коршиносони шинохтаи донишманд дорад. Баромади Ализодаҳо, на танҳо  ҳузури 1 вазорат, балки чеҳраи Тоҷикистонро пеши мардуми ҷаҳон нишон медиҳад. Аз барои савоб, барои чӣ бо чунин рафтори аз ҳад паст, дигаронро водор месозед, ки нисбати девони вазирон ва умуман кишвари мо фикри бад кунанд?! Дар сурате, ки барои иштирок дар суҳбат ба Шумо тамоми шароити ҷамъ кардану навиштану дуруст хонданҳо фароҳам оварда шудааст. Мумкин шумо коршиноси хуби тандурустӣ бошед, лекин навор нишон дод, ки нутқу гуфтору маҳорати бурдани нишастро надоред. Муҳтарам Ализода! Илтимос, сухану гӯйишро хуб кунед. Пеши мардони суханвар рафта омӯзед.

Банда чанд сол аст, ки дар Россия хабарнигори касбӣ ҳастам. Бовар кунед хонанда, ки намояндаи расмиеро надидам, ки на ба забони русӣ, балки ба забони модарӣ озод сухан кунад.

Тадқиқот нишон медиҳад, ки сатҳи муносибат бо хабарнигорон аз тарафи мансабдорони мо хеле паст шуда истодааст. Дар маҷлисҳои баъзе аз идораҳо иштирок мекунӣ, намедонӣ, ки дар кӯча ҳастӣ, ё дар бозор. Зиёда аз 69% мансабдорон аз забони ноби тоҷикӣ, адабӣ дур шудаанд ва забони хонагии худро ба забони давлатӣ баробор кардаанд. Ин хатои бузург аст. Пеши ин корро якҷоя бояд гирифт.

Соли 2019 аз ҷониби Президент супориши хеле хуб дар бораи гузаронидани имтиҳон дар шакли диктант шуда буд, лекин хулосаи онро нишон надоданд. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш дорам, ки на дар шакли диктант, балки дар шакли иншо, мусоҳиба бо хабарнигор ҳар 3 моҳ 1 маротиба расман бо ҳар 1 мансабдор гузаронида, баъд беҳтаринҳоро дастгирӣ кард.

Барои давом додани ин кор сармуҳаррирони рӯзнома, маҷалла, родиё, телевизион ва ширкатҳои алоқаи дохилӣ ва хориҷӣ вазифадор карда шавад, ки барои мансабдорони ноҳияи хеш дарс, курсҳои навиштани баромад, мақола, наттоқӣ ва идора кардани нишасти матбуотиро омӯзанд. Хулоса, роҳбарони ҳама гуна васоити ахбори оммаи дохилӣ ё хориҷие, ки дар кишвар амал доранд, дастгирӣ карда шаванд, ки бо мансабдорони ноҳия барандагиву наттоқиро омӯзанд. Дигар илоҷи кор нест, ки нест. Бисёре аз роҳбарони давлатҳо ба монанди Уинстон Черчилл, Иосиф Сталин фаъолияти хешро маҳз аз хабарнигорӣ оғоз карда, ба мартабаҳои баланд расидаанд. Аввалин нахуствазири императории Олмон Отто Эдуард Леополд фон Бисмарк (01.04.1815–30.07.1898), машҳур бо Отто фон Бисмарк, ки марди хеле доно, дурандеш ва ходими намоёни Олмони он замон буд ва дар Арупо эҳтироми хеле баланд дошт, замони ташкили сохтори давлати Олмони онвақта ба мушкилиҳои зиёде афтода, чунин гуфта буд, ки: “Аз 10 хабарнигор 9 вазир метавон сохт, лекин аз 10 вазир 2 хабарнигор набарояд”.

Шамсиддини Муқим, хабарнигори махсуси “Пайк” дар Россия

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *