Илм ва маориф

НАВРЎЗ ПЕШОНИИ СОЛИ НАВ АСТ

Луқмон Бойматов, муаррих

Рояти султони гул пайдо шуд аз тарфи чаман,

Мақдамаш, ё раб, муборак бод бар сарву суман

Ҳофиз

Вожаи «Наврўз» аз ду бахш: «нав» ва «рўз» аст ва ба маънии «рўзи нав». Наврўз номи нахустин рўзи нахустин моҳи соли хуршедӣ мебошад. Наврўз – ҷашни сари соли порсӣ – эронӣ, ки дар рўзи нахусти фарвардинмоҳ баробари 21 марти масеҳӣ, оғози фасли баҳор аст. Асли паҳлавии ин вожа «Нўгрўз» ё «нўгрўҷ» буда ва дар забони суғдӣ «Навсард» ва дар забони арманӣ низ «Навсард» аст.

Далоили пайдоиши ҷашни Наврўз

Устураҳо яке аз асоситарин авомили шаклдиҳандаи фарҳанг ва ҳуввияти қавмӣ ва миллии мардуми чомеаҳои гуногун аст то ҷое, ки бархе аз устурашиносон онро дини тамаддуни оғозин ва замони пеш аз густариши динҳои тавҳидӣ медонанд. Ин идда донишмандон бар ин ақидаанд, ки устура, дар воқеъ, баёни шафоҳии таърихи муқаддаси як ҷомеаи ибтидоӣ аст ва онро танҳо метавон ба сурати як падидаи комилан мазҳабӣ дарёфт. Дар ин тавзеҳ ҷои баҳс нест.

Ошкор аст, дар ҳамаи ривоёт, устураҳо ва ҳатто дар адабиёт ҷашни Наврўзро монанди бисёре дигар аз ойинҳо ва маросимҳои мардумӣ ба иқдоми нахустин подшоҳон ва ё ба муҳимтарин рўёдодҳои табиъӣ ё иҷтимоӣ – фарҳангӣ нисбат додаанд.

Чунончӣ, Абў Райҳон Берунӣ аз назари илми замони хеш дар бораи далоили пайдоиши Наврўз, ҷойгоҳ ва манзалати ин ҷашн назароте ба кор овардааст, ки шояд дар китобҳои дигар ба чашм камтар бихўрад, чунон ки дар бораи «фарвардинмоҳ» ин гуна менависад:

«Фарвардинмоҳ: Нахустин рўзи он – рўзи Наврўз аст, ки аввалин рўзи соли нав аст ва номи порсии он баёнкунандаи ин маънӣ аст ва ин рўз бо духули Офтоб ба бурҷи Саратон, тибқи зиҷҳои онон, ҳангоме, ки солҳоро мекарданд, мутобиқ буд. Сипас дар айёми баҳор ин рўз пас аз таъхир аз мавозеъи худ саргардон шуд ва дар маконе қарор гирифт, ки соли ҳама ин аҳволро аз нузули борон ва баромадани шукуфаҳо ва барг овардани дарахтон, то ҳангоми расидани меваҳо ва тамойили ҳайвонот ба таносул ва оғози нав то такомул тай кунад. Ин буд, ки Наврўзро далели пайдоиш ва офариниши ҷаҳон донистанд. Ва гуфтаанд: Дар ин рўз буд, ки Худованд афлокро пас аз он ки муддате сокин буданд ба гардиш даровард (табдили беназмӣ ба назм) ва ситорагонро пас аз чанде тавфиқ, гардонид «ба ҳаракат даровард» ва Офтобро барои он ки аҷзои замон аз солу моҳ ва рўз ба он шинохта шавад офарид пас аз он ки ин амр пинҳон буд (табдили зулмат ва ошуфтагӣ ба нур ва қаноатмандӣ) ва оғози шумориш аз ин рўз шуд.»

Дар ҷои дигари китоби хеш Берунӣ овардааст:

«Уламои Эрон мегўянд: «Дар ин рўз соате аст, ки фаришта – Фирўз арвоҳро барои иншои халқ меронад ва фархундатарин соати он, соати Офтоб аст. Ва дар субҳи Наврўз фаҷр ва сапеда ба мунтаҳои наздикии худ ба замин мерасад ва мардум ба назар кардан бар он табаррук меҷўянд. Ва ин рўз, «рўзи Мухторӣ аст, зеро ки номи ин рўз «Ҳурмузд» аст, ки исми худованди таъолост, ки Офаридагор ва сонеъ ва парварандаи дунё ва аҳли он аст. Ва ў касе аст, ки восифони тавоно нестанд, ки ҷузъе аз аҷзои неъматҳои ўро тавсиф кунанд». Боз ҳам омада: «Зартуштиён мегўянд, ки: дар ин рўз Зартушт тавфиқ ёфт, ки бо Худованд муноҷот кунад. Ва Кайхусрав бар ҳаво дар ин рўз уруҷ кард ва дар ин рўз барои сокинони кураи замин саодатро қисмат мекунанд (яъне рўзи барот) ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рўзро «рўзи умед» ном ниҳоданд».

Дар қадим ҷадвали махсусе тадвин шуда буд, ки дар он рўзҳои моҳҳо ба тариқи ҷудогона дохил гардиданд. Дар навбати худ он рўзҳо ба рўзҳои фархундаву муборак ва наҳсу номуборак тақсим карда шудаанд. Чунин ҷадвал дар соатҳои Офтоб низ вуҷуд дорад.

Баъйид нест, ин донишманди номовар бо назардошти фалсафӣ аз беназмӣ ва ошуфтагии оғозин – пеш аз офариниш, комилан ба нақл аз он чӣ ки шунидааст ва дар китоби худ он сабт намуда чунин менависад:

«Иблиси лаъин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме, ки ҳар андоза хўрданӣ ва ошомиданӣ тановул мекарданд, сер намешуданд ва низ бодро намегузошт, ки бивазад, ки сабаби рўидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки дунё нобуд гардад. (яъне даврони беназмӣ ва зулмату ошуфтагӣ). Пас Ҷам ба амри Худованд ва роҳнамоии ў ба қасди манзили Иблис ва пайравони ў ба сўи ҷануб равон шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин расвоиро бартараф намуд (яъне, ба вуҷуд омадани назм ва осоиш ва бозёбии замон). он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракат ва фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё бозгашт. (яъне ишора ба Офариниши дубора) ва дар чунин рўзе монанди Офтоб тулўъшуд ва нур аз ў метофт ва мардум аз тулўъи ду Офтоб дар як рўз шигифт намуданд ва дар ин рўз ҳар чўбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд ва мардум гуфтанд: «Рўзи нав!, яъне рўзи навин. Ва ҳар шахс аз роҳи табаррук ба ин рўз дар таште ҷав кошт. Ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рўзи Наврўз дар канори хона ҳафт навъ аз ғаллот дар ҳафт устувона (табақ) бикоранд. Ва аз рўидани ин ғаллот ба хубӣ ва бадии зироат ва ҳосили солиёна ҳадс зананд.»

Дар зимн, набояд аз назар дур дошт, ки Ҷам (Ям) ҳамон нахустинбашар дар Авасто як фарди ҳинду эронӣ аст. Ҷам ҳамон аст, ки назди ҳиндувон «Ям» аст.

Аз назари фалсафаи мардумони бостон Ҷам дар асл нахустин фарди фанопазир ва подшоҳи ҷовидони сарзамини мурдагон аст. Аммо чунон ки дар устураҳои аҳди бостон омадааст, дар замони подшоҳии ҳамин нахустподшоҳ одамиён аз газанди марг дар амон бар канор ва ҳамешаҷавон буданд. Ин ҳол бар асари гуноҳи бузурге, ки аз ў сар зад, аз миён рафт ва некбахтии ў ва мардумон нобуд шуд.

Дар китоби «Осор ул-боқия» боз ҳам омадааст:

«Ва ҳамчунин гуфтаанд: «Сабаби ин ки эрониён дар ин рўз ғусл мекунанд, ин аст, ки ин рўз ба «Ҳарузо», ки фариштаи об аст, тааллуқ дорад ва обро бо ин фаришта муносибате аст. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар ин рўз (ба ҳангоми) сапедадам аз хоб бармехезанд ва бо оби крез ва ҳавз худро мешўянд ва гоҳе низ оби ҷорӣ бар худ аз роҳи табаррук ва дафъи офот мерезанд. Дар ин рўз мардум ба якдигар об мепошанд ва сабаби ин кор ҳамон сабаби ғусл аст.»

Зимнан, Берунӣ ишораи вежае бар далоили ин расм мекунад ва мегўяд:

«Бархе гуфтаанд: «Сабаби ин ки эрониён дар ин рўз об ба ҳам мепошанд ин аст, ки чун зимистон тани инсонӣ ба касофоти оташ аз қабили дуд ва хокистар олуда мешавад, ин обро барои тоза кардан аз он касофот баҳам мерезанд ва дигар ин ки ҳаворо латифу тоза мекунад ва намегузорад, ки дар ҳаво тавлиди вабо ва беморӣ шавад. …Гурўҳе гуфтаанд: Сабаб ин аст, ки дар кишвари Эрон дер гоҳе борон наборид, ногаҳон борони сахт биборид ва ин мардум ба ин борон табаррук ҷустанд ва аз ин об ба якдигар пошиданд ва ин кор ҳамин тавр дар Эрон марсум бимонд.»

Ҳамчунин ривоёт ва ахбори нимафсонаӣ ва нимвоқеи дар кутуб ва навиштаҳои замонҳои баъд бо шоху барги зиёде баён шудаанд. Он чӣ, ошкор аст, ин аст, ки фалсафа ва ормонҳои ҳамаи устураҳо дар зеҳни мардумони ибтидоӣ ва оғозин халқ шудаанд.

Ин додаҳо, ки ҳам акнун таъйини далоил ва замони халқашон кори басо мушкил ва ҳатто гоҳе ғайри мумкин шудаанд, дар гузари замон асари худро аз даст медиҳанд ва батадриҷ дар назари имрўзиён бемўҳтаво мегарданд ва хоҳу нохоҳ дар махзани таърихи мардум ҷо мешаванд.

Воқеан, танҳо таърих аст, ки рўйдодҳо ва ҳаводиси арзишманд ва беарзиши кўҳнаро дар худ нигаҳ медорад. Мардумони ибтидоӣ ва аҳди бостон, хотираи қавӣ ё васоил барои сабти ҳамаи рўйдодҳоро ба мисли имрўз надоштанд, аз ин рў, меросҳо ва рўйдодҳои гузашта, ба андозае, ки аз замони аслии хеш ва меъёрҳои азалӣ фосила мегиранд, барояшон қусур ва гуноҳ ба шумор меояд.

Аз диди мардумони бостонӣ танҳо падидаи воқеъӣ – ҳамон падидаи азалии офариниш аст, ки ҷовид мемонад. Дигар ҳама чиз ва падидаҳо фаромўшшаванда аст. Аз ин рў, онон рўйдодҳо ва таърихро дар қолаб ва чорчўби устураҳо месохтанд ва фақат аз ин роҳ рўйдодҳоро қобили пазириш медоданд, чаро ки устураҳо корномаҳоеро дар худ доранд, ки худоён ё падарони паҳлавони фарҳангсоз дар замонҳои асотирӣ (идеяи рўзи азал) анҷом додаанд ва фақат ҳамонҳоро саъй мекунанд, зинда нигаҳ доранд.

Мардумони устурасоз бар он буданд, ки такрори корҳои рўзи азал низ дар замони дунявӣ ғайри мумкин аст. Тибқи пиндори онон падидаҳои таърихӣ ҳар лаҳза дар ҳоли нобудӣ ва фаромўшианд ва он чӣ мондагор аст, офариниш аст.

Сиҳатии ин ҳикматро дар силсилаи ойинҳо ва мўҳтавои маросимҳои ҷашни Наврўз возеҳ метавон мушоҳида кард.

Маросимҳои махсуси кишоварзӣ

Маросимҳои мухталифи кишоварзӣ, ки дар рўзҳои ҷашни Наврўз бо ширкати тамоми мардум сурат мегиранд, ба таври мустақим ва ғайри мустақим таъкид бар таҷдиди ҳаёт ва зоиши замони нав мекунанд. Маросимҳои кишоварзии тоҷикон, аз қабили омодагӣ ба обёрӣ ва шурўъи шудгори замин (чун: «Иди Сари сол», «ҷуфтбаророн»), оғози кишту кор, коштани ғаллот, дарахтшинонӣ ва ғ. ба маънии дарки лаҳазоти бедорӣ ва пайвандии нави инсон бар ҳаёти воҳиди ҷаҳон аст.

Кишоварзон бо анҷоми маросими кишоварзӣ мавқеъияти худашонро бо вазъи ҷадиди табиат муҷададдан ва дар айни ҳол дар сатҳи комилан нав ҳамоҳанг мекунанд ва бад-ин васила нав шудан ва боззойии замону заминро имконпазир мекунанд.

Баргузории маросимҳо ва ҷашнҳо барои ҳамаи кишоварзон роҳи муштараки ба ёд овардани фардияти хеш аст. Онон аз як сў, соҳиби нирўи ҷадиди дарунӣ мешаванд аз сўи дигар, шукргузорӣ аз худованд ва хушбошӣ аз неъматҳои табиат мекунанд.

Анҷоми мусобиқоти паҳлавонӣ (монанди тирандозӣ, гўштигирӣ, дорбозӣ, консертҳо ҳунармандон, шеърхониҳо ва ғ. ) дар майдонҳо ва маҳалҳои махсуси шаҳр ва рустоҳо низ бахше аз маросимҳои муштараки шодиофарии мардумӣ дар рўзҳои ҷашни Наврўз аст.

Чаҳоршанбе сурӣ

Чаҳоршанбе сурӣ – хомўш кардан ва дубора шўълавар сохтани оташи муқаддас. Ин маросим аз расмҳои муҳим ва аз рўзгорони дур мавриди алоқаи эрониён, аз ҷумла тоҷикон будааст.

 

 

 

Ин ойин дар миёни мардуми тоҷик ба номи «Алавпарак» низ маъруф аст. Ин маросим дар шаби чаҳоршанбеи охири сол бо одоб ва ташрифоти махсусе баргузор мешуд. Ҷашни Оташ – чаҳоршанбесурӣ, ки замонҳои пеш ва имрўзҳо миёни мардуми эронитабор, бо мазомин ва унвонҳои динӣ – мазҳабӣ, ғолибан, бо мўҳтавои исломӣ маъмул аст, бидуни шакк, ҳама ёдовари равишҳо ва одоби динӣ ва сунани эрониёни бостон аст.

 

Панҷшанбеи охири сол

 

Дар миёни тоҷикон ёд кардани мурдагон ва арвоҳи гузаштагон аз ойинҳои неки даврони куҳан аст. Ин расм чанд рўз қабл аз Наврўз анҷом мешавад. Мардум баъд аз пок кардани ҷисм ва рўҳи хеш, ба гўристон мераванд ва дар сари қабрҳои мурдагон дуо мехонанд. Дар замонҳои куҳан барои зиёрати мурдагон хўрок, ба вежа нон ҳалво ва хурмо мебурданд ва ба дигарон медоданд. Ин расм ба ҳамин навъ ҳанўз ҳам дар миёни эрониён побарҷост.

 

Хонатакконӣ

 

Хонатакконӣ, дар асл поксозии хона аз нирўҳои бад ва олудагиҳо. Гузаштагони мо чунон мепиндоштанд, ки арвоҳи мурдагон дар лаҳазоти муайян саъй мекунанд бо бозмондагони хеш дар иртибот бошанд. Рўзҳои ҷашни Наврўз аст, ки барои арвоҳ чунин имконро фароҳам месозад. Ва тибқи ривоёти динӣ, дар панҷ шаб пай дар пай арвоҳи мурдагон барои дидори вазъи зиндагӣ ва аҳволи бозмондагони хеш ба замин фурў меоянд ва дар ва ошёнаи хеш саргарми тамошо мешаванд.

 

 

Ба ин хотир аст, ки мардум дар рўзҳои ҷашни Наврўз хонаҳоҳоро покиза мекунанд, чун онон эътиқод доранд, ки агар хона равшан ва покиза бошад, сокинон роҳат ва шод бошанд, арвоҳ низ масрур ва сарфароз бозмегарданд. Покиза кардани хона, моҳиятан пок кардани ботин ва зоҳири худ низ аст. Шахс бо аъмоли неки худ иқрор бар гуноҳони хеш мешавад ва ба кўмаки дуо ва дуохонӣ дев ва арвоҳи шарирро аз хона ё шаҳр дур месозад.

Дар замонҳои пеш, ин расм бо оҳангҳои табл, дуҳул ва шайпур анҷом мегирифт.

Дар миёни тоҷикон расм аст, ки аз авоили Исфандмоҳ мардон ва бонувон ба хонатакконӣ мепардозанд. Фаршҳо, гилемҳо ва пардаҳоро мешўянд, хонаро аз гардгирӣ ва покиза мекунанд. Дар рустоҳо ва деҳкадаҳо гоҳ девории хонаҳо ва утоқҳоро ба ранги сафед меороянд. Чунончӣ, дар Бадахшон ин расм то кунун бо як ташрифоти вежае анҷом мешавад.

 

Коштани сабзаи наврўзӣ

 

Коштани сабзаи наврўзӣ ба сурати намодин аз даврони куҳан дар ҳамаи хонаҳо ва дар байни тамомии мардум, чӣ кишоварз, чӣ пешавар марсум аст. Сабзаи наврўзӣ аслитарин самбули ҷашни Наврўз аст, ки баъд аз сабз шудани сабзаҳо онро бар суфраи наврўзӣ мегузоранд.

 

 

 

Сабзаҳои наврўзӣ то рўзи сездаҳум нигаҳ дошта мешаванд ва дар ин рўз, замоне, ки барои сездаҳбадар аз хона берун мераванд, дар оби равон ва ё саҳро меандозанд.

 

Суфраи наврўзӣ

 

Таҳияи суфраи наврўзӣ, дар воқеъ, нишонаи аслии Наврўз аст. Ҳам акнун, дақиқан, немедонем, қидмати ин расм ба кадомин даврон мерасад, аммо дар кўҳнагии он шакк нест. Аз рўзгори куҳан муҳимтарин суннатҳои наврўзӣ таҳияи хоне будааст, ки дар саросари эронзамин густарда будааст. Ҳикмати таҳияи суфраи наврўзӣ – биниши инсони эронӣ бар муҳити хеш аст. Ин хон маҷмўае аст аз он чӣ, ки хонавода дар зиндагӣ ба он ниёз дорад. Ҳар чизе, ки дар суфра бо табаррук ниҳода, нишонае аз зиндагӣ аст.

 

 

 

Машҳуртарин хони наврўзӣ ҳамон «Суфраи ҳафт син» аст, ки дар борааш зиёд гуфтаанд. Аммо набояд фаромўш кард, ки маҳдуд сохтани суфраи наврўзӣ ба ҳафт чизе, ки номи онҳо ба ҳарфи «С» ё «Ш» шурўъ мешавад, асолати таърихӣ надорад, яъне ҳарфи «С» ё «Ш» наметавонад аҳамияти бештар аз дигар ҳарфҳо дошта бошад. Ба ин хотир аст, ки номҳои суфраи наврўзӣ дар давронҳо гуногун тағйир ёфтаанд ва шакк нест, дар ояндаҳо низ тағйир биёбад.

 

 

 

Аммо суфраи наврўзӣ маркази тавофуқ ва ҳамоҳангии аъзоёни хонавода аст. Ҳангоми таҳвили сол ҳамаи афроди хонавода бар сари суфраи наврўзӣ менишинанд ва барои таҳвили соли гузашта ва пешвози соли ҷадид ниёиш мекунанд.

 

Суманак

 

Таҳияи суманак, ба унвони ғизои вежаи аслии ҷашни Наврўз дар миёни тақрибан ҳамаи мардумони эронитабор маълум ва машҳур аст. Дар бораи ойини сабз кардан ва пухтани суманак зиёд навиштаанд. Яке аз муҳимтарин вежагии пухтани суманак дастиҷамъӣ будани он ва ширкати фаъоли занон дар ин ойин аст.

 

 

 

Хўроки наврўзӣ

 

Ҷашни Наврўз бидуни таҳияи хўрокҳои идӣ ғайри мумкин аст. Илова бар бар хўрданиҳои суфраи ҳафт син, дар рўзҳои ҷашни наврўзӣ, хўрокҳои вежаи шаби пеш аз Наврўз ва шаби нахусти сол таҳия мешаванд. Чунончӣ, дар Хуҷанд таҳияи хўрокҳои ширбиринҷ, оши кичирӣ ва палав аз шартҳои аслии ҷашни Наврўз аст.

Хўрокҳои наврўзии ҳар манотиқ ва навоҳӣ аз ҳам мутафовутанд. Бояд гуфт, ки хўрокҳои идӣ вобаста бо вежагиҳои иқлимӣ ва фаровардаҳои ҳар минтиқаанд, аммо дар айни ҳол хўроки наврўзӣ беҳтарин ва камёбтарин хўроки ҳар минтиқа ва навоҳӣ аст.

Пўшоки наврўзӣ

Шояд амри табиат бошад, ки ҳама мехоҳанд, ки дар Наврўз либосҳояшон нав бошад ва ҷашнро бо дили шод ва рахти нав оғоз кунанд. Мардум ҳама чизро нав дидан мехоҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки таҳияи пўшоки идӣ аз муҳимтарин ва гўётарин таҷаллии ҷашни Наврўз барои фард бошад.

Аз қадим расм ин буда, ки як моҳ монда ба ҷашни Наврўз, мардум ба хариди порчаҳо ва дўхтани пўшоки идӣ мепардохтанд. Таърих гувоҳ аст, ки ақвоми эронӣ чунон ба пўшоки нави идӣ аҳамият медоданд, ки гўӣ то омода нашавад, Наврўз фаро намерасад.

Сездаҳбадар

Охирин ойини ҷашни наврўз аст. Ин ҷашн дар миёни ҳамаи ақвоми эронӣ маъруф буд ва ҳам акнун роиҷ аст. Дар ин рўз ҳеч касе кор намекунад ва ҳама фориғ аз кору бор. Зоҳиран, ҷашни хурсандизо аст, вале дар назари мардум бадюмн низ аст. Дар ин рўз, мардум пас аз 12 рўзи ҷашни наврўзӣ аз хона берун мераванд.

Ҳамагон сар ба домони табиат: кўҳҳо, даштҳо, сабзаҳо, боғҳо ва ғ. мениҳанд. Субҳонаву наҳорашонро дар боғу сабзазорҳо мехўранд, яксара хурсандӣ мекунанд. Ҷавонон ба бозиҳои маҳаллӣ мепардозанд. Сипас, наҳси сабзаҳое, ки барои Наврўз сабзкардаи хешро, ки муддате аслитарин зинати суфраи Наврўзӣ ҳам буд, пас аз ғуруби рўзи сездаҳи Фарвардин ва ба саҳроҳо ё ба оби равони ҷўйборҳо меафкананд…

Ин ҷашнро бархе аз донишмандон, самбул ё нишонаи баҳам рехтани низоми қонунманди ҳоким бар ҷаҳон гуфтаанд ё нишонае аз маросими хоси хушгузаронӣ дар Эрони бостон донистаанд. Рўзи сездаҳум – самбули шурўъи ҳазораи беназмӣ ва ошуфтагӣ бар ҷаҳон аст.

Феҳристи ойинҳои бузург ва кўчаки марбут ба ҷашни Наврўз бо он чb ки оварда шуд, тамом намешавад.

Ҳар қавм ва навоҳӣ, чӣ бузург ва чӣ хурд, боз ҳам маросим ва ойинҳои вежаи нарврўзи доранд, ки ҳамаи онон дар аҳдофи хеш муштараканд: мақсуди кулии ин маросимҳо аз миён бурдани осори гузаштаи ғуборолуд ва фаромўш кардани ҳама гуна зиштиҳои пеш ва аз ҳама муҳим оғоз кардани замони нави хубиҳо аз маҳватаи замон аст.

Чаро ҷашни Наврўз дувоздаҳ рўз аст?

Посухи ин суолро бархе аз донишмандон бад-ин зайл матраҳ мекунанд. Чун мардумони бостон, аз ҷумла, эрониёни қадим (порсҳо, суғдҳо, хоразмиҳо, портҳо ва ғ.) бар ин ақида буданд, ки дувоздаҳ ситора (ахтар) ва фармонравоии онҳо ба ҳар як аз бурҷҳои дувоздагона, соли меҳвари фикрӣ тақсими сол ба (360) рўз ба дувоздаҳ бурҷро ташкил медиҳад. Бинобар он боварҳо, ҳар ахтар, ҳазор сол бар ҷаҳон ҳукумат мекунад, пас умри ҷаҳон 12 ҳазор сол аст ва дар поёни он, Осмон ва Замин дарҳам хоҳад шуд.

Дар ин бовармандӣ ба ҳукумати дувоздаҳ ҳазор сол назм бар ҷаҳон, дувоздаҳ ошуфтагӣ, ки ҳамон замони беназмӣ пеш аз назм будааст, дубора шурўъ хоҳад шуд. Зеро ба гумони инсонҳои асри бостонӣ он чӣ дар кайҳон (ҳастии кул) рух медиҳад, дар кайҳони кўчак (ҷаҳони инсон) низ рўй медиҳад. Зеро мардуми бостонӣ ҷаҳонро бо муқоисаи зиндагии ҷаҳонӣ дар назар меоварданд, лизо дувоздаҳ бурҷ солро бар мабнои ин андеша тавҷеҳ мекард.

Пас, ҷашнҳои дувоздаҳ рўз намоде аз бурҷҳои дувоздаҳгона ва низ намояндаи дувоздаҳ ҳазор соли умри ҷаҳон буд то ҷое, ки он чӣ дар ин дувоздаҳ рўзи сол медид, падидаҳои солро бо он тавҷеҳ мекард ва сарнавишти худро бо он падидаҳо месанҷид, чунон ки мепиндошт, ки ҳар рўзе аз ин дувоздаҳ рўзро ҳар гуна сар кунад, ҳамон бурҷ дар тўли сол монанди он рўз хоҳад буд, лизо мекўшид ҳамин чанд рўзро ба хушӣ ва шодӣ бигзоранд то ҳама сол дар шодмонӣ сар кунад. Аз назари одамони асри бостон, поёни дувоздаҳ рўзи сол, дар воқеъ, поёни дувоздаҳ ҳазор сол аст.

Чунончӣ, дар миёни кишоварзони Хуҷанд расме аст, ки тибқи он чаҳор рўзи оғози солро намояндаи чаҳор фасли сол медонанд, агар абрӣ бошад ё ҳаво соф бошад ва ё офтобӣ бошад ва ғ. аз рўи он метавонанд чӣ гунагии фаслҳоро пешбинӣ бикунанд. Ин навъ пешгўӣ дар миёни ақвоми дигари кишоварз низ маъмул аст. Ҳамчунин, миёни тоҷикон зарбулмасале аст, ки мегўянд:

– «Соле ки накўст аз баҳораш пайдост».

Ин бовар ҳам идомаи эътиқоди мардум бар манзалаи дувоздаҳ бурҷ ва таъсири он бар сарнавишти инсонҳо метавонад бошад.

Ҳамин тавр, устураҳои падид омадани Наврўз дар миёни мардум бар пояи рўйдодҳои ғайри оддӣ халқ шуда ва фарҳангсозони он шахсиятҳои ғайри оддӣ ва марбут ба замон ва мако ни ғайри оддӣ аст. Аммо он чb равшан аст, ин аст, ки ҳамаи рўйдодҳои устураӣ, аз ҷумла, Наврўз ва ойинҳои марбут ба он низ дар робита ба ҳаводис ва рўйдодҳои бунёдин ҳастанд, монанди: оғоз ва поёни гетӣ, офаринши табиат, инсон ва олами ҳайвонот, падид омадани забонҳо, ақвом ва ҳатто силсилаҳои ҳоким дар таърихи аҳди бостон.

Ойинҳои поксозии наврўзӣ, аз қабили: рондани шаётин бо садои мусиқӣ (табл, най, санг ва карнай), расми обпошӣ ба якдигар, пок кардани тан ва шустани олудагиҳои гуноҳ ва ғ. ҳама ба маънии фасхи замони гузашта ва нобудии нопокиҳост.

Наврўз, ки аз ҳазорон сол пеш то кунун барсохтаи эрониён ва ҷашни миллии онон аст, дар асл ҷашни растохези табиат ва нав шудани зиндагӣ аст. Ҷашни такопўй ва кору кўшиш аст.

Наврўз – ҷашни сиришт аст ва аз ҳама муҳим ҷашни шодмонӣ. Ҷашни лаҳзаи расидан бар покӣ, замони нав, оғози нав ва зиндагии нав, талошу кўшишҳои нав дар рўзгори нав, барои зистан дар соли нав аст.

Ин лаҳзаи навест, ки мардум гузаштаро тарк мекунанд ва ояндаи бо нур, покӣ ва меҳрубониҳо дар пеш мегирранд ва аз тобиши гармои меҳр, ниҳоли меҳрубониҳоро дар дилҳо менишонанд ва бо гармо ва ҳарорати садоқат дар роҳи нав, бо умеди нав ҷодаи навро бо поймардӣ пеш мегиранд.

Бознашр аз: Бойматов Л. Наврўз пешонии соли нав аст. // Садои Шарқ, 2012, № 3. – С. 94 – 99.

Аз саҳифаи “Ахбор барои афкор”

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *