Илм ва маориф

НАВРӮЗ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ Ё НАВРӮЗ— ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Фирдавси Аъзам, шоир

Наврӯз-Соли нав

Наврӯз дар торихи ҷашнҳо ва ойинҳои  мардумони ориёӣ, ба вежа тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи рафеъе дорад. Ин ҷашн яке аз суннатҳои деринаи ниёкони мо ба шумор меравад ва зеботарин ҷашн, оғози сол, эҳёи табиат, ва шуруъи кишту кор аст.

Дар гузаштаҳои бисёр дур ниёкони мо ду фасли солро ҷашн мегирифтанд; фасли сармо ва фасли гармо! Якеро ҷашни ОФАРИНИШ меномиданд, ки дар аввали тирамоҳ баргузор мешуд, дигарӣ ҷашни эҳё ё РАСТОХЕЗ буд, ки дар аввали баҳор баргузор мешуд. Баъдҳо, ин ду ҷашнро муттаҳид карданд. Ва ин ид замоне фаро мерасад, ки баробарии шабу рӯз яксон мегардад. Ин ойин торихи зиёда аз чаҳорҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни миллии ниёкони мо буд ва бо густариши сарзаминҳо ва нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии импиротуриҳои Эрони куҳан марзҳои миллиро убур кард ва ба дигар сарзаминҳо роҳ ёфт. Наврӯз қарнҳост, ки ба қавли устод Алии Шариъатӣ бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ, ки як қарордоди маснӯъии иҷтимоъӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест, ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин.

Устод Меҳрдоди Баҳор чунин мепиндошт, ки сабаби дар “Авесто” наомадани номи “Наврӯз” ин аст, ки Наврӯз ҷашни миллӣ буд ва Авесто китоби мазҳабист. Ба ривояти баъзе аз манобеъи давраҳои баъд, аз ҷумла, «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ ва бархе сарчашмаҳои дигар поягузори ин ҷашнро Ҷамшед хондаанд, ки аз подшоҳони асотирии мо буда ва бо ривояте беҳин даврони зиндагонии ниёкони мо дар торихи дерини сарзаминҳои ориёиҳо буда аст. Дар бораи пайдоиши ин ҷашн Фирдавсӣ гӯяд:

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво,

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,

Шигифтӣ фурӯ монда аз бахти ӯй

Ба Ҷамшед бар гавҳар андохтанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд

Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин

Бар осуда аз ранҷи тан дил зи кин

Ба наврӯзи ту шоҳи гетифурӯз,

Бар он тахт биншаст фирӯз рӯз.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни Фаррух аз он рӯзгор,

Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.

Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар навиштаҳои куҳани форсӣ ва арабӣ ривоёти мухталиф омада аст ва ағлаб бунёди онро ба Ҷамшед ё Ҷам, ки бегумон аз машҳуртарин подшоҳони пешдодии Эрони устурайӣ, ки Осиёи Миёна қалби он буд, нисбат додаанд. Дар бархе манобеъи дигар Каюмарсро поягузори ин ҷашн хондаанд. Дар китобҳое мисли “Таърихи Табарӣ”, «Китобут-тафҳим», «Осор-ул- боқия»-и Абурайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»и – Умари Хайём, ва ғайра аз шоҳони асотирии мо гоҳо аз Ҷамшед ва бархе аз Каюмарс ба унвони поягузори ҷашни Наврӯз ёд кардаанд…Абурайҳони Берунӣ донишманди бузург ва файласуфи бемисли мо дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» Наврӯзро ҷашни Форсиён (тоҷикон) хонда ва таъкид карда, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Китоб ут тафҳим” оварда аст, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Ҳам ӯ овардааст, ки «чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

Мардуми мо дар имтидоди торихи мавҷудияти хеш, вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёдеро мавриди таҷлил қарор додааст, ки рамзу розҳои гуногун доштанд, вале Наврӯз ба унвони бузургтарин ҷашни бостонӣ мавқеъ ва мақоми вежа дорад.

Ба назари мо дар бораи Наврӯз аз зовияҳои гунагун метавон сухан гуфт. Зеро Наврӯз гиромитарин ва гаронарҷтарин ҷашни миллии мо, дар миёни бисёр аз ҷашнҳо ва ойинҳои шодмонӣ, ки аз ниёконамон монда аст ва ҳанӯз низ порае аз онҳоро ҳамчунон барпой медорем. Наврӯз ягона ҷашне аст, ки ҳамчунон бо шукӯҳи бостонии хеш, дар бисёре аз қисматҳои сарзамини ниёкони мо баргузор мешавад. Наврӯз он қадр ба зиндагии миллатҳои форсизабон оҷин шуда аст, ки гуйӣ бисёр тавъам аст. Пайдост, ки ҳеч миллате бо як наслу ду насл шакл намегирад. Ба гуфтаи доктор Алии Шариъатӣ миллат маҷмӯъаи пайвастаи наслҳои мутаволии бисёр аст. Аммо замон ин теғи бераҳм, пайванди наслҳоро қатъ мекунад. Халое, ки миёни мо ва ниёконамон пас аз гузашти замон ба вуҷуд меояд, Наврӯз бо “омадан“-и ҳарсолаи худ ва баҳору фасли офариниш моро бо ҳам мепайвандад. Дар он ҳангоми маросими Наврӯзро барпо мекунем, гӯйи худро дар ҳамаи наврӯзҳое ки ҳарсола дар сарзамини мо барпо мекардаанд, ҳозир мешавем, ва дар ин ҳол саҳнаҳои торику рӯшан ва саҳафоти сиёҳу сафеди торихи куҳани мо дар баробари дидагонамон варақ мехурад. Ҷашни Наврӯз яке аз зеботарин ва деринатарин ҷашнҳои ҷаҳон аст.

Тоҷикон аз қадимулайём то кунун суннату одобу русуми ниёкони некноми хешро ҳифз карда ва дар пӯёии онҳо ҳамвора талош ба харҷ додаанд то ин суннатҳоро маҳфуз ва аз осебу газандҳои рӯзгор дар амон нигаҳ доранд. Ин аст, ки маросиму ҷашнҳои миллию мазҳабии мардумони ориёинажод, ҳамчун ҷашни Сада, Меҳргон, Иди Фитр, иди Қурбонро бо шӯру шавқ баргузор менамоянд. Ин суннатҳо дар хуну равони ин мардум ҷой гирифта ва хурду калон дар ҳифзу ғановати онҳо саҳм доштаанд. Ҷашни Наврӯз дар миёни ин суннату идҳо ҷойгоҳи вежа ва мумтозе дорад. Куллан бояд гуфт, ки ҳеч ҷашн ё иде дар Тоҷикистон мисли Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намешавад…

Ин ҷашн тибқи гоҳшумории ниёкони мо сари соли нав будааст. Чунонки Абӯрайҳони Берунӣ овардааст: ”Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд. Зеро ки нишонии соли нав аст …ва аввал рӯзе аст аз замона, ва бадви фалак оғозида гаштан”. Ҳарчанд, номи Наврӯз дар китоби муқаддаси ниёкони мо наомадааст, дар манобеъи дигари пеш аз давраи исломӣ фаровон аз Наврӯз ёдовар шудаанд. Ҷашни Наврӯз дар се импературии бузурги ниёкони мо, яъне Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ба таври васеъ ва фарогир ҷашн гирифта мешуд. Дар бештари вожаномаҳои форсӣ ва низ осори муаррихони давраи исломӣ, ривояти пайдоиши Наврӯз, тақрибан инчунин омада аст: Нахуст касе ки Наврӯзро барқарор сохт, Ҷам буд ва сабабро он донистаанд, ки вай дар ин рӯз ҷаҳонро ба тасарруфи хеш даровард ва ин рӯз дар воқеъ замони истиқрори қудрати вай буд ва пас аз он низ номи Наврӯз бимонд. Ва гуфтаанд чун Ҷамшед гардунае сохт ва бо он ба осмон рафт, мардум аз тамошои ин кор дар шигифт ва шодӣ шуданд ва онро ҷашн гирифтанд. (Аз Осор ул Боқия). Рисолаи “Наврӯзнома”и мансуб ба Умари Хайёми Нишопурӣ, ки дидгоҳи илмӣ ва нуҷумиро бо ривоятҳои дигар даромехта аст, зимни интисоби Наврӯз ба Ҷамшед, мегӯяд ки “вай бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввали дақиқаи (“бурҷ)”и ҳамал  омад, мӯбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърихро аз ин ҷо оғоз кунанд”. Ҳаройина Наврӯз танҳо бозмондаи аз маҷмӯъае ҷашнҳои эрони бостон аст, ки ҳанӯз ҳам тақрибан назди ҳама ақвоми эронӣ, аз ҷумла тоҷикон баргузор мешавад.

Як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки Наврӯз, барои мо тоҷикон танҳо нишонае аст, ки аз бақоёи ҳисоби замон аз даврони бостон ва ваҳдати эронитаборони он рӯзгор боқӣ монда аст. Ва ҷашнест, пур аз хотироти хуш; аз либоси нав пӯшидан, ба дидори азизон рафтан, то ширинӣ хӯрдан ва дил аз ғубору кудуратҳо гирифтан…Ҳамаи мардуми мо Наврӯзро ҷашн мегиранд ва азиз медоранд, вале камтар касест, ки аз торихи пайдоиши он иттилоъи дуруст дошта бошад…Ва шояд ҳам барои мардуми оддӣ донистани илмии пайдоиши Наврӯз чандон муҳим набошад. Вале пайдост, ки мардуми мо ҳамасола ҷашн мегиранд ва ба гуфтаи устод доктор Алии Шариъатӣ ин танҳо суннате аст, ки пинҳон аз теғи ҷаллоди замон, моро бо гузаштагонамон ошно месозад ва бо қарнҳои гузашта мепайвандад. Дар чеҳраи муқаддаси ин суннатҳост, ки мо ҳузури ниёконро дар замони хеш, канори хеш ва дар худи хеш эҳсос мекунем.

Имрўз, воқеан барои ҳамаи эронитаборон ва аз ҷумла, мардуми тоҷик ҷои ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни Соли нав аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин бешак натиҷаи кўшишу талош ва пайгириҳои чандинсолаи давлатҳои ҳавзаи тамаддунии Наврўз буд.

***

Тибқи эътиқоди мардуми мо, Наврўз рамзи пирўзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ ва бунёдкорӣ мебошад. Аз манобеи торихии куҳан бармеояд, ки қавмҳои ориёии қадим, ки аввал дар ҳудуди Мовароуннаҳр ва атрофи он ба сар мебурданд, қабл аз сарозер шуданашон ба сарзамини имрўзии Эрон ҳам Наврўзро ҷашн мегирифтаанд. Чунонки ишора кардам беш аз чаҳор ҳазор сол мардуми мо ҳамасола ҷашни Наврӯзро таҷлил мекарда аст. На танҳо дар даврони шодию озодию равнақ, балки ба қавли доное, дар рӯзгороне, ки Искандари малъун чеҳраи хоки меҳани моро аз хуни миллати мо гулгун карда буд. Дар канори шӯълаҳои даҳшатзое ки аз тахти Ҷамшед забона  мезад, ҳамон ҷо, ҳамон вақт ҷашн мегирифтанд, вақте аъроб дар канори шаҳрҳо ва ободиҳои Хуросон хайма барафрошта буданд ва мардуми моро қатли ом мекарданд, миллати мусибатзадаи мо  ҷиддитар ва бо имони қавӣ, дар оромиши ғамгини шаҳрҳои маҷрӯҳ ва дар канори оташкадаҳои сарду хомӯш Наврӯзро гармтару пуршӯртар ҷашн мегирифтанд…На юнонӣ, на араб, на турк, на муғул, на рус ва на инглис натавонист, моро аз баргузор кардани ин ҷашне, ки дар хуну рагҳои мо ҷорист, ҷилавгирӣ бикунад.

Дар ҳамаи замонҳое, ки торихи тамаддун падидор шуд, мардуми мо ин ҷашни миллии хешро баргузор карда аст. Дар замони вуруди аъроб ва истиқрори Ислом, низ талошҳои аъроб барои аз байн бурдани ин ҷашн коргар набуд. Ба тадриҷ вақте ниёкони мо ислом пазируфтанд ва барои равнақи ислом беш аз аъроб саҳм доштанд ва бузургтарин муфассирони Қуръон ва уламои ислом шуданд ва ағлаби имомони бузург ниёкони мо шуданд, бо далоили илмӣ аз ойинҳои миллӣ дифоъ карданд ва уламое фатво низ доданд, ки ҷашни Наврӯз баргузор гардад…

Гурӯҳи калоне аз коршиносон бар ин боваранд, ки дар тӯли садсолаҳо Наврӯз бо фишорҳо ва маҳдудиятҳои торихӣ борҳо рубарӯ шуда буд ва бузургии ин ҷашн дар он аст, ки аз ин ҳама мушкилот гузашт ва то ба имрӯз расид.

Хушбахтона дар китобҳои мухталиф заминае дар боби Наврӯз ва фазилати он ривоятҳои зиёде ҳаст, ки ин рӯзро бузург ҳисобидаанд. Дар тўли торихи боқӣ мондани Наврӯз дар хотираҳои ориёиҳо ривоятҳои зиёд мавҷуд аст.

Масалан, гуфта мешавад, Кайюмарс, ки нахустин подшоҳ аст, рӯзи Наврӯз аз модар таваллуд шуда аст. Ҳушанг–шоҳи Пешдодӣ дар ҳамин рӯзи фархунда по бар арсаи вуҷуд ниҳодааст. Ё Фаридуншоҳ, дар ин рӯз кишвари паҳновари Эронро дар миёни се фарзанди худ–Эраҷу Салм ва Тур тақсим намудааст. (ба Эраҷ Эронро дод ба Салм Рум ва ба Тур Туронро). Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Зардушт дар ин рӯз офарида шудааст.

Дар давраи ислом низ, ривоят аст, ки Худованд Одамро дар ин рўз офаридааст ва ҳазрати Иброҳим дар ин рўз Каъбаро аз бутҳо пок кардааст. Инчунин, бинобар ақидаи фирқаи имомия (мазҳаби шиа) рӯзи ба мақоми хилофат расидани ҳазрати Алӣ дар рӯзи Наврӯз будааст.

***

Аз таҳқиқоти густурдаи донишмандон бар меояд, ки чунин ҷашн дар ҷаҳон назири худро надорад. Бештари ҷашнҳои олам тавассути ҳодисаҳое дар миёни мардумон машҳур шудаанд, аммо Наврўз ягона падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои одамон тақдим шудааст. Ин ба андешаи ҷомеашиносон воқеан ҳам, зиндатарин ҷашне дар рўи Замин аст, ки бидуни хоҳиши ягон миллати ҷаҳон ҳар соле як маротиба худ фаро мерасад. Ва омадани соли навро ба ин ҷашни сабзиш ва офариниши ҷаҳон рабт медиҳанд, ки дуруст аст. Ҳеч таълимоту идеологияе нест, ки пеши наомадани онро бигирад, баръакс он бо фарорасии худ, тавре, ки торих борҳо исбот намудааст, тамоми эътиқодоти башариро ба худ ҷалб менамояд. Муносибати дин низ бисёр созгорона будааст.

Бино ба манобеи торихӣ ин ҷашн дар замони Ислом низ дорои ҷойгоҳи бузург буд ва шукўҳу ҷалоли худро аз даст надод. Баръакс, гуфта мешавад, дар хилофати исломӣ пазируфта шуд ва тавассути умури идории он дар тамоми қаламрави ислом густариш ёфт. Ба ибораи дигар, Наврўз бори дигар, дар ҷуғрофиёи васеътаре ҷаҳонӣ шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дини ислом дар зарфи 1400 сол тамоми арзишҳои миллии тоҷиконро ба истилоҳ аз ғалбер гузаронд ва он ҷашну маросиме, ки бо мазҳаби мо созгор набуданд, аз байн рафтанд ва маросиме ба мисли Навруз аз сӯйи ислом пазируфта шуд. Наврӯз тавонист бо ислом робитаи ҳамзистии мусолиматомез дошта бошад. Ва ислом низ тавонист Наврӯзро дар чаҳорчубаи ақидатии худ ҳифз кунад ва ба мо ба мерос гузорад. Ҳамчунин гуфта мешавад Паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад (сс) Наврӯзро рӯзи фархунда ва хуҷаста хондаанд.

***

Наврўз дар қисмати Мовароуннаҳр бо номи иди «Соли нав» то замони ташкили давлати Шўравӣ бо тамоми вусъат ва шукўҳ ҷашн гирифта мешуд. Дар замони Шӯравӣ, ки коммунистҳо сари қудрат буданд, аз Наврӯз танҳо ба унвони як ҷашни мардумӣ ва фарорасии фасли баҳор таҷлил мешуд. Агарчи он замон ин ҷашн ба таври расмии давлатӣ аз миён рафт, вале мардум ҳеҷ гоҳ аз ҷашн гирифтани он даст накашиданд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки идеологияи давлати Шуравӣ коммунистӣ буд ва мардумро аз расму оин ва суннатҳои миллии худ дур нигоҳ медошт ва мардуми тоҷик то андозае аз оинҳо ва расму русуми худ дур афтода буд. Албатта маҳз бо ҷашнгирии доираи зиёде аз мардум дар он солҳо (аммо на дар сатҳи давлатӣ) тақрибан тамоми одобу русуми Наврўз дар Тоҷикистон  ва дигар кишварҳои узви Шӯравӣ (бештар дар рустоҳо) ҳифз шуд ва дар давраи ба истиқлол расидани Тоҷикистон аз нав комилан эҳё гардид, ки дар поён ба таври мушаххас ба ин нукта ишора хоҳем кард.

Вале бар хилофи андешаҳои дар боло зикршуда ҷомеашиноси тоҷик Ислом Раҳимов бар ин бовар аст, ки замони ҳокимияти Шуравӣ таҷлил нагаштани ҷашни Наврӯз дар сатҳи давлатӣ бино бар паст будани мизони худшиносӣ ва заъифии худи тоҷикон буд. Ӯ мегӯяд ҳарчанд қисме аз рушанфикрони ҳамон давр медонистанд, ки оғози соли нав Наврӯз аст на соли нави мелодӣ, аммо дар расонидани ин паём ҷасорати кофӣ надоштанд. Бо ин вуҷуд мардуми тоҷик Наврӯзро ҳамчун иди деҳқон ва иди баҳор дар рустоҳо ҷашн мегирифтанд.

Дирӯзи Наврӯз дар имрӯз

Имрӯз, пас аз касби истиқлолият, фароҳам омадани фазои созгор ва имкониятҳои бештар Наврӯз дар Тоҷикистон бо ҷалолу шукӯҳ таҷлил мешавад. Мардум бо завқу нишот онро баргузор мекунанд ва дар ҳар хонадон ба ин муносибат, бо риояти суннатҳо ва ойинҳои бобойӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ин ид бино ба назари бархе аз мардумшиносон аллакай ҳам фардӣ, ҳам хонаводагӣ ва ҳам ҷамъиятӣ шудааст ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз далел бар он аст, ки ин иди ниёгони мо мақом ва ҷойгоҳи торихиву ҷаҳонии худро низ ба андозае комил хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки доираи ҷуғрофиёии Наврўз дар ҷаҳони имрўз хеле густурда аст ва бо ҷаҳонӣ шудани он марзҳоро убур карда, кишварҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби сарзамини Чин шурўъ шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи ҳинд, Қафқозу Руссия, сарҳадоти Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ имтидод меёбад. Яъне ин ҷашн имрўз, чунонки дар қадим буд, дигар танҳо марбути қавмҳои ориёинажод нест.

19-уми феврали соли 2010 бо саъю кўшиши роҳбарияти Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон қатъномае дар бораи Рўзи ҷаҳонии Наврўз таҳия ва ба Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод гардид. Иҷлосия қатъномаро тасвиб намуд ва Наврўзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.

Воқеан ҳам ниёкони мо, дурандеш ва бедордил будаанд, ки Наврўзро дарёфтаанд ва онро ҳамчун рамзи меҳрварзӣ, равшангарӣ нигоҳ дошта, ба ҷаҳониён тақдим намуданд.

Наврӯз ва оинҳои куҳанбунёди он асотир ва армону фарҳангу ториху адаби ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷикро дар бар мегирад, ки ҳар сол бо омаданаш пайвандҳо ва занҷираҳои ногусастании торихӣ ва фарҳангиро мустаҳкамтар мегардонад ва баҳоане мешавад то некандеш, некгӯфтор ва неккирдору навхоҳу навҷӯ бошем.

Боиси хурсандист, ки ба тадриҷ ҳамаи анъана ва суннатҳои азбайнрафтаи наврўзӣ эҳё мешаванд.

Бояд гуфт, ки баъд аз Истиқлоли давлатии мамлакат аз нав Наврўз ҳамчун ҷашни миллӣ бо ҳашамату шукўҳи баланд дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.

PS: Ин мақола мутааллиқ ба 5 сол пеш аст

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *