Ҳуқуқи башар

Наргиси Муҳаммадӣ номзади ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

Бахши форсии Би Би Си

Раиси созмони Афви Байналмилал дар кишвари Нурвеж эълом кард, ки Наргиси Муҳаммадӣ, фаъъоли ҳуқуқи башари эронӣ, ки ба тозагӣ аз зиндон озод шуд, аз тарафи намояндагони порлумони Нурвеж дар канори як зани фаъъоли Арабистони Саудӣ ба унвони номзади дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел муаррифӣ шудааст. Юн Педер Эгенес, раиси Афви Байналмилал дар Нурвеж, ки дар як барномаи зинда бо хонум Муҳаммадӣ суҳбат мекард, ин хабарро дар поёни гуфтугӯ бо ӯ эълом кард.

Корӣ Элизобет Коскӣ, намояндаи порлумони Нурвеж  ҳам ба Бибисӣ гуфт, ки ӯ ва ҳамкораш дар порлумон ба номи Корин Андерсун ба таври муштарак хонум Муҳаммадӣ аз Эрон ва Луҷейн ал-Ҳазлул аз Арабистони Саудиро барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел номзад кардаанд. Дар баёнияи муштараки ин ду намояндаи порлумон, ки барои расонаҳо фиристода шуда, омадааст, ки “ин ду фаъъоли ҳуқуқи башар ва занон аз ду кишвари рақиб дар Ховари Миёна ҳастанд ва ҳарду ба хотири талошҳояшон дар заминаи ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи башар ба зиндони тӯлонӣ маҳкум шуда ва ба намодҳои баробарихоҳӣ табдил шудаанд.” Ба гуфтаи ин ду намояндаи Маҷлис, интихоби муштараки ин ду фаъъоли ҳуқуқи башар аз ду кишвари Эрон ва Арабистони Саудӣ дар канори ҳам нишондиҳандаи он аст, ки риояти ҳуқуқи занон хостае фаротар аз марзҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Ховари Миёна аст.

Имсол барои ҷоизаи сулҳи Нобел 329 нафар номзад шудаанд, ки 234 нафари онҳо ашхоси ҳақиқӣ ва бақия 95 ниҳод ҳастанд. Рақами имсол каме беш аз 317 номзад дар соли 2020 аст. Ин ду намояндаи порлумони Нурвеж порсол ҳам хонум Ҳазлул ва ду зани фаъъол дар Арабистонро ба унвони номзад муаррифӣ карда буданд. Мароҳили гузиниши феҳристи ниҳоии номзадҳо дар моҳи март дар ҷараён аст, аммо асомии ниҳоӣ ҳеҷ вақт эълом намешавад. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар моҳи уктубри 2021 муаррифӣ мешавад.

То кунун аз Эрон фақат Ширини Ибодӣ, вакил ва ҳуқуқдон, ин ҷоизаро ба даст овардааст. Наргиси Муҳаммадӣ, ки аз соли 1393 дар зиндон буда, дар ҳоле озод шуда, ки дар робита бо “вақоеъи марбут ба даврони ҳабс” ду парвандаи боз ва шаш иттиҳоми тоза дорад. Наргиси Муҳаммадӣ пас аз интиқол ба зиндони Занҷон, дар исфандмоҳи 1398 дар ду парванда тафҳими иттиҳом шуд. Аммо ӯ ба таври аланӣ эълом кард, ки дар ҳеҷ додгоҳе ҷиҳати дифоъ ҳозир нахоҳад шуд ва муҳокимоти Ҷумҳурии Исломиро “фармоишӣ ва намоишӣ” тавсиф кардааст.

Хонум Муҳаммадӣ дар канори Насрини Сутуда, Абулфазли Қадиёнӣ ва Ҷаъфари Паноҳӣ аз ҷумлаи 15 фаъъоли сиёсӣ ва мадании эронӣ аст, ки ҳукумати феълии Эронро “ислоҳнопазир” хонданд ва хостори баргузории ҳамапурсӣ таҳти назорати Созмони Милал шуданд.

Луҷейн ал-Ҳазлул, фаъъоли шинохташудаи ҳуқуқи занон дар Арабистони Саудӣ ба 5 солу ҳашт моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Каме баъд аз эъломи ҳукм, Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал дар баёнияе хостори озодии фаврии хонум Ҳазлул шуд. Хонум Ҳазлул мегӯяд дар зиндон шиканҷа шудааст. Ӯ даҳуми феврал баъд аз ҳазор рӯз озод шуд.

Ин фаъъоли ҳуқуқи занон ба ҳамроҳи 12 кунишгари дигар беш аз ду сол пеш, моҳ майи соли 2018, чанд ҳафта қабл аз лағви мамнӯияти ронандагии занон дар Арабистон дастгир шуданд. Онҳо барои лағви ҳамин мамнӯият талош мекарданд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *