Илм ва фарҳанг

Насибҷон Амонӣ: Агар на имрӯз, фардо, ҳатман ба хатти форсӣ хоҳем гузашт

Насибҷон Амонӣ, пажӯҳишгар ва рӯзноманигор

Агар на имрӯз, вале фардо, ҳатман ба хатти форсӣ хоҳем гузашт, бо ин далоил:

Дар авҷи нашри ислом ва дар айни густариши забони арабӣ, ки дар Мисру Бобилу Ироқу Африқо ҷойи чандин забонро гирифт, хатти форсӣ қолиби гавҳарини забони порсии осмонии мо гардид; забони мо ҳамчун рукни қудсии ҳувийятамон дар маҳди хатти порсӣ ҷойгоҳ ёфт, рушд кард ва ҷаҳонӣ шуд.

Дар имтидоди бештар аз як ҳазору сесад соли забони порсии дарӣ (ё порсӣ) тамоми мероси хаттии мо (баёнгари хираду донишу фарҳангамон) – милёну милён, танҳо ба ҳамин хатт навишта шуда (истисноан, ду-се ёддошту катибае ба забони порсӣ ба хатти ибрӣ ва суғдӣ дастрас дорему халос ва аз қадами номубораки урус-болшевик акнун як аср ин ҷониб як бахеше аз қаламраваи форсӣ аз ин дабира маҳрум асту бас);

Хатти форсӣ ҳамчу Хуршед равшаниву гармиву неруе дорад; агар Хуршед чаҳорфасла ҷаҳони пурбор орояд, хатти порсӣ ҳам чун муъҷизаи Худованд якфасла дарвозаҳои илм бозгушояд, боғи хирад орояд ва аз ҳикмату адабу дониш шаҳру иқлимҳо биорояд. Аз ин ҷост, ки дар паноҳи ин хатти пок мадинаҳои фозилаи мо – Самарқанду Балху Бухоро, Марву Хоразму Ҳироту Тус ёқуте дар каҳкашони маърифат дурахшиданд; зери сояи раҳмати хатти форсӣ бузургтарин ситорагони фазлу донише ҳамчун Рӯдакии соҳибқирон, Пӯри Сино, Беруниву Форобиву Хайёму Шоҳ Носири Хусрав, Саноиву Аттору Мавлоноҳо бо нубуғи осмонии хеш ҷаҳони маърифатро тасхир карданд…

Хатти форсӣ дар тули асрҳо аз Хутану Кошғари Чин то хиттаҳои Мовароуннаҳру Хуросон, сартосари Эронзамин ва Шому Ироқу Ҳинду Қафқозу Рум бистари ҷоннавозу меҳрпарваре барои раҳпӯёни илму дониш будааст ва донишмандони номдори ин сарзаминҳо ҳатман ин хатту ин забонро ба хотири вусъати ҳикмату ирфони ҷаззобаш бо камоли иҳтирому иштиёқ меомӯхтаанд.

Гузашта ин, хатти порсию забони порсӣ, ки аксари донишмандон таъйид кардаанд, аз диёри мо – аз Бухорову Самарқанду Хуталону Балх сар ба авҷ кашидааст, яъне ҳастгоҳи форсӣ сарзаминҳои мо, тоҷикон, мебошад, форсӣ маҳз аз ҳамин ҷо ба ақсои олам паҳн гашта ва аксари нобиғагони форсӣ низ аз ин билоданд. Ва маҳз ҳамин омилу ҳамин корномаи дурахшони ҷаҳонгушоёни илми мо мутаҷовизи урусро асабонӣ намуд, зеро дар баробари кохи муҳташами порсии ҳазорсолаҳои мо, дар баробари исми муъаззами кишвари мо, дар баробари мероси ҳангуфту ҷозибаву тавоноии ин хатти ҷаҳонӣ худро ҳақир дид ва бешармона, бешарафона моро аз забону ин хатти бобоиямон ҷудо сохт.

Вале, акнун на соли 1930 асту на болшвику на муҳити заҷру истибдод, акнун соли 2020 аст – замоне ки сарнавиштамонро худамон рақам мезанем ва аз макру ҳияли душманон тадриҷан ба худ меоем. Аз ин рӯ, бо дарки ин мавзуъи муҳимм,  агар на имрӯз, вале ҳатман фардо ба хатти форсӣ хоҳем гузашт!

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *