ВарзишТоҷикистон

Пагоҳ 11 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ  бахшида ба  ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонии самбо оғоз шуда, он то 26 марти соли равон идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин мусобиқаи  сатҳи ҷаҳонӣ 11 самбочии тоҷик — Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъаев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавонони тоҷик  дар самбои варзишию размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳонии ғайрирасмӣ номида мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфуз бо сабаби  бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кг ду медали биринҷиро соҳиб шуд. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб гардид. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кг ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кг дар рақобатҳои самбои размӣ ба даст оварданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *