СиёсатҶаҳон

Раисҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ ба се соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Порис рӯзи душанбе, 1 март, сиёсатмадори 66-сола, Президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро бо иттиҳоми фасод гунаҳгор дониста, ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли ин мӯҳлат шартист. Дар ин бора  AFP бо истинод ба Кохи Адлия хабар медиҳад.

Додгоҳ гуноҳи роҳбари собиқи давлати Фаронсаро дар фасод, кӯшиши ришва додан ба судя ва сӯиистифода аз мақоми хизматӣ собит кард. Саркозӣ ба сифати  як сиёсатмадори бонуфузи муҳофизакор даҳ рӯз муҳлат дорад, ки аз болои қарори суд шикоят барад.

Собиқ вакили дифои Саркозӣ Тиерри Эрзог ва додраси собиқи Додгоҳи Конститутсионӣ Гилберт Азибертро, ки низ дар ин парванда айбдор карда шуданд, дар ифшои сирри касбӣ гунаҳгор дониста, ба ҳамон мӯҳлати Саркози маҳкум карданд. Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Саркозӣ, ки дар охири моҳи ноябри соли 2020 оғоз ёфт, ба гумонҳое рабт дорад, ки сиёсатмадор ҳангоми дар сари мансаб будан ба ҷараёни тафтишоти парвандаи хайрияи Бетанкур таъсир гузоштааст.

Тибқи тафтишот, вай дар соли 2014  додситони Додгоҳи Салоҳият (Кассатсионӣ) Гилберт Азибертро дар Монако бар ивази маълумот дар бораи ҷараёни тафтишот ба мансаб пешбарӣ кардааст . Худи Саркозӣ ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ қурбонии изҳороти бардурӯғ шудааст.

Қаблан Саркозӣ инчунин дар гирифтани хайрияҳои ғайриқонунии ҳаммаблағдори ширкати косметикии L’Oreal, миллиардер Лилиан Беттанкур  барои маблағгузории маъракаи интихоботии худ дар соли 2007 гумонбар дониста шуда буд. Соли 2013  аз вай  ин айб гирифта шуд, аммо гуфтугӯҳои телефонии ӯ бо як вакили дифоъ, ки мақомоти адлия дар парвандаи дигар дарёфт карданд, ба тафтишот имкон дод, ки алайҳи ӯ далелҳои нав ба даст оранд.

Николя Саркозӣ аз соли 2007 то 2012 ба ҳайси Президенти Фаронса кор кардааст. Дар таърихи Ҷумҳурии Панҷум, ки аз соли 1958 инҷониб идома дорад, ин бори дуввум аст, ки як раҳбари собиқи давлат дар парвандаи фасод ҳукм мегирад.

Дар соли 2011 Президенти пешини Фаронса Жак Ширак бо иттиҳоми сӯиистифода аз қудрат ва азхудкунии маблағҳо аз бунёдҳои ҷамъиятӣ ба муддати ду соли шартӣ  маҳкум шуд. Аммо ӯ ба далели мушкилоти саломатӣ дар ҳеҷ ҷаласаи додгоҳ ҳозир нашуд. Дар 2019  Ширак дар синни 86 аз олам чашм пӯшид.

Интизор меравад, ки Саркозӣ ва 13 шарики ӯ низ дар моҳи марти соли 2021 бо иттиҳоми маблағгузории ғайриқонунии маъракаи интихоботи президентии соли 2012 муҳокима шаванд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *