Сиёсат

Раҳмонзода:” ВАО дар “ҷанги иттилоотӣ” алайҳи мухолифин фаъъол нестанд”

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни  суҳбат дар   мизи  мудавваре, ки 3 март дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик  бо ибтикори  рӯзномаи Ҷумҳурият” зери унвони «Матбуот ва ҷомеаи муосир» баргузор  гардид, аз Васоити ахбори оммаи кишвар даъват ба амал овард, ки дар “ҷанги иттилоотӣ” алайҳи мухолифин фаъъол бошанд. Дар ин бора нашрияи “ Ҷумҳурият”   хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода  “воқеаҳои солҳои охир, аз ҷумла хуруҷи бемории COVID -19, ки ба  Тоҷикистон низ таъсир  расонд, дар ВАО як навъ  ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд овард” ва  “ғарбиён ба Тоҷикистон санги маломат мезаданд ва мегуфтанд, ки Тоҷикистон  барои пешгирии беморӣ омодагӣ нагирифт, бештар ба чорабиниҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ намуд”. Ба гуфтаи ёрдамчии Президент ҳарчанд дар ин самт аз ҷониби мақомот корҳои зиёде ба анҷом расиданд, боз мебинем, ки назарашон нисбат ба Президет ва Ҳукумат манфӣ аст. “  Вале,-афзӯд ӯ,-  зиёиёни миллат, рӯзноманигорон, он тавре ки зарур аст, дар ин ҳолатҳо  фаъъол нестанд”.

“ Солҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ зидди  Тоҷикистон барномаҳои гуногун омодаву пахш мешаванд.” Акнун “вақти он расидааст, ки ҳамаи расонаҳои кишвар дар ин ҳолат муттаҳид бошанд. Танҳо дар ин сурат метавон зидди чунин ҷангҳои иттилоотӣ мубориза бурд. Дар ин ҳолат бояд, ки аз номи худ ҷавоб гӯем, то рақибонамон нагӯянд, ки ин ҳамаро «фермаи ҷавоб» омода сохтааст»,- таъкид намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода .

Ёрдамчии Президент  эътироф кард, ки албатта дар ҷомеа камбудиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз қабили кам будани ҷойҳои корӣ  вуҷуд доранд ва Ҳукумат ҳам инро инкор намекунад. “ Вале,- изҳор дошт ӯ,- ин ҳама нуқсону камбудиҳо дар доираи стратегияи миллии рушд, ки Ҳукумати кишвар барои то соли 2030 қабул намудааст, давра ба давра бартараф хоҳад гашт».

Бояд, гуфт, ки мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир, махсусан дар замони буҳрони ҳамагири КОВИД-19 боз ҳам фаъъолтар шуданд ва аз камбудиҳои Ҳукумат ва мушкилоти мардуми кишвар ва муҳоҷирин бештар сухан мегӯянд. Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир  бо торафт коҳиш ёфтани сатҳи зиндагии мардум , зиёд шудани  бекорӣ,  авҷ гирифтани  фасод, сол то сол  маҳдуд шудани озодиҳои сухан ва дин аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ  бештар мавриди интиқод қарор мегирад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *