Илм ва фарҳанг

Рӯзномаи “ Бухорои Шариф”, шумораи 1 (бо хати сириллик)

Матбуъоти тоҷик 109 сола шуд

“БУХОРОИ ШАРИФ” – ШУМОРАИ 1

Баргардон: Исфандиёри Назар

БУХОРОИ ШАРИФ

БУХАРАИ ШАРИФЪ

Нумраи 1. Якшанбе 4 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 1 Воскресенье 11-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Қимати як нусха: 3 тин

ДАР САМТИ ЧАПИ УНВОНИ РӮЗНОМА

Одрис

Бухрои навӣ: рӯзномаи “Бухорои Шариф”

Мактуботе, ки ба Идора фиристода мешаванд дар сурати ъадами дарҷ ба чопаш барнамегардонем. Покитҳои беморк аз пучт (пуст, почта-И.Н.) гирифта нахоҳанд шуд.

Аресъ: Редкцiя газеты “Бухараи – шарифъ”

Новая – Бухара

Қимати иштирок (обуна-И.Н.)

Дар худи Идора солиёна 5 манот

шашмоҳа 3 маноту ним

семоҳа як маноту ним

Машрути расонида додан дар Бухоро ва соири шаҳрҳои Русия:

Солиёна: 6 сум. Шашмоҳа: 3 сум. Семоҳа: 1 суму ним.

Қимати эълонот

Дар саҳифаи аввалӣ: 30 тин

Дар саҳифаи охирӣ: 20 тин

Сафаҳоти рӯзномаи мо ба ҷиҳати таҳрироти ъилмия ва адабия ва фанния ва билъумум ба мақолоти нофеъа боз аст. Мақолоти муғоира бо маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳанд гардид.

“БУХОРОИ ШАРИФ”

Аз ёздаҳуми моҳи Морти авоили баҳор – ҳаёти осор, шуруъ ба нашри рӯзномаи “Бухорои шариф” намуда, ҳар рӯза ба истиснои айёми иду ҷумъаҳо ба тавфиқи Борӣ нашр хоҳад шуд.

Рӯзномаи мо илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фаннӣ, иқтисодӣ буда, ба тараққии бародарони исломӣ хоҳад кӯшид. Мизони мундариҷот мутобиқати Қуръони шариф ва зарурати Ислом хоҳад  буд.

Рӯзномаи мо аз ёрморкоҳо мисли Нижни-Нувғуруд ва ғайра маълумот дода аз молуттиҷораи дохил ва хориҷ ва маҳсулоти Бухорои шариф ва атрофу тавобеъи он мисли панба, пашм, пӯсти Корокӯл, қимати … нон, гушт, панба, абрешим, чой ва ғайраву ғайра, иттилоъот хоҳад дод.

Мақосиду маслаки “Бухорои шариф” бетарафӣ буда, эҳтиёҷоту лавозими аҳолии Бухоро ва умуми Исломро шарҳ хоҳад намуд: дар иқтишори тамаддун ва ҳусни иҷтимоъ соъӣ хоҳад буд.

Мундариҷоти умумия: телгрофоти оҷенти (агентии) Фатирбурғ, мақолоти илмия, ҳикоёти торихия, мустахбироти Исломбул, Мадинаи Мунаввара, Миср, Теҳрон, Табрез, Рашт, Тошканд, Марғелон, Андиҷон, Хуқанд, Самарқанд, тарҷимаи аҳволи ашхоси машҳурайн.

Унвони рӯзнома: Бухорои нав, Идораи рӯзномаи “Бухорои шариф!

Мудири рӯзнома: Мирҳайдар писари Хоҷақосим Мирбадалуф ва М. Ҷалол Юсуфзода

ҒОЯИ ОМОЛ

Аз интишори ҳамин рӯзномаи “Бухорои шариф” мақсуди мо ғайр аз хидмати исломият набуда ва нахоҳад буд.

Бухорои шариф, ки дар садри Ислом шарафи ватанҳои исломия ва ҳамеша марҷаъи уламо ва маншои фузало будаву ҳаст,  бар ҳасби … азмана боястӣ дар нашри осори маъориф бикӯшад, баръакс ҳарчи уламо … ахлоқу одоб ёд гирифтаанд ва авқоти шарифаро масруф доштаанд аз умури балад… саҳл аст ки… ва таҷдиде дар навъи таҳсилоти эшон нест.

Бар ҳама возеҳу ошкор аст, ки …  тараққиву мадори авҷи инсоният мамориҷи башарият… ва салоҳи замонро мулоҳиза намуд.

… ва қоидаи таълими инсон метавон кард! Фарзан агар … исботи вуҷуди Борӣ аст, як … иҷмол… ҳудуси олам ба воситаи тағйироти машҳуда кофист. Вақто ки басирати мардум бинотар шуда тағйироти зоҳираро иллати ҳудус надонистанд ва кофӣ напиндоштанд, он вақт бояд диққати фалсафия ба кор бурд. Ҷавоби мулҳидинро ба бурҳони бадеҳиву зарурӣ дод. Пас бар ҳасби авқоту азмана пояи улуму маъорифро бояд тараққӣ дод!

Аз ҷумлаи асбоби тараққии маъориф (бар ҳасби авқоти ҳолия) ҳамоно интишори рӯзномаҷот аст, ки ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад! Навъи инсониро аз тасаввуроти ҳамдигар муталлеъ менамояд! Ба воситаи мубодилаву тасодуми афкор масоили лозимаи маъошия ва маъодияро машруҳ месозад! Тағйироту таҷаддудоти ҳақоиқро аз олами ваҳму гумон ба арсаи шаҳодату аён меандозад! Мухтасар ин, ки рӯзнома, беҳтарин асбобест дар нашру таъмими маъориф ва мувонисаи банӣ навъи инсонӣ бидуни ҳоҷат ба хилтаву омезиши зоҳирӣ.

То ҳол ки дар Бухорои шариф ба ин сабаб, яъне нашри рӯзнома мутавассил нашудаанд, боисаш ҳамин аст, ки арз мешавад:

Аз ҷониби Ҷаноби Олӣ амир, ки ҳамеша асбоби тараққии маъорифро тарафдоранд, монеъе набуда, ҳамчунин элчии (сафир-И.Н.) давлати аълоҳазрати импротури аъзами рус монеъи тараққии  аҳолии Бухорои шариф нашудаанд. Уламову маъориф ҳам муҷоҳидаи интишори улумро ба замимияту ҷиддият хоҳонанд.

Маъаҳазо куллаҳу(?) асли иллату сабаби адами рӯзнома дар чунин нуқта ва маркази муҳим он буда, ки аз ҷиҳати амри моддӣ касе ҷилав науфтода то матбаъаву лавозимро муҳайё намояд. Ҷавзулҳол матбаъа ҳозир, уламову маъориф ҳаводору муъовин, ҷониби Ҷаноби Олӣ амир ва элчии давлати аълоҳазрати импротури муъаззами рус, намояндаи давлати баҳияи Русия мусоъид ҳастанд, вақти нашри маъориф фаро расида.

Ба мулоҳизоти мазкура, умедвори тарвиҷи маъорифпажуҳон гардида шуруъ ба таъсису нашри ҳамин варақпора мекунем. Ғояти омол, тазкори аҳолии Бухорост, ки аз ахбори атроф муталлеъ гардида, дар тараққи имрони ватани обову аҷдод ва издиёди улуму маъориф ва фунуну саноеъи лозимаи маданият  бикӯшанд.

Лиҳазо сутунҳои ҳамин варақпора ба ҷиҳати  нашри тасаввуроти арбоби ҳиммату толибони иршоду ҳидоят боз аст.

Аз арбоби масолику таҳрирот риҷо (умед-И.Н.) дорем; аввалан) дар ҳамроҳиву муъовинати мо музоиқа нафармоянд.

Сониян) Ба ҳарчи аз мундариҷоти рӯзнома, дар назарашон нобаҷо омад, ба шарҳу тафсил ба идора нависанд, ки агар саҳв аз ҷониби мост, бо имтинону ташаккур ислоҳи саҳви худ намуда бошем! Агар саҳву иштибоҳ  аз ҷиҳати нуқсону қусури ифодаву бурҳон аст, ки дар такмилаш бикӯшем ва махсусан тараққии инсоният пеш аз ҳама чиз ба интиқодоти саҳеҳа метавонад буд. Иҷолатан бо эътизор … такрори хатм арз мекунем ва аз Боритаъоло тавфиқ масъалат дорем.

САҲИФАИ 2

ТААССУФ

Аз номулоимоти ҳаводис, ки ба ҷиҳати аҳолии Бухоро ва ватанхоҳон шуд (ва) маъоиб шумурда мешавад, ин аст, ки ҳамин чанд рӯза валиъаҳди сарири Бухорои шариф Сайид Мирабдуррасул ба реҳлат дар синни сабовати худ доғи дили аҳолӣ гардид.

Сайид Мирабдуррасул аввалин авлоди зукури Ҷаноби олӣ – амир, панҷ сол аз муддати зиндагониро тамом намуда буд ва ирси аморату валиъаҳди ҳукумати Бухорои шариф буданд.

Волидайни моҷидайни ин валиъаҳди ҷавони ноком чи умедҳо ба ӯ доштанд. Маълум аст, ки аз ин фоҷиъа бағоят мутаассиру маҳзунанд, изҳори асафу маҳзу нияти аҳолӣ, касрати хулусу иродат ба хонаводаи иморатро ҳам возеҳ менамоёнад.

Аз Худованди Таъоло истидомати айёми иморати эшон ва тӯли бақо ба авлоду бозмондагону бастагон ва саъодати лиқолии бесомон(?) дар таҳти таваҷҷуҳу тарбияти ҷаноби олӣ хоҳонем.

ИХТОР

Рӯзномамизда агар иҷоза вирилса баъзан туркича мақолалар хабарлардихӣ дарҷ қулурмиз.

Қорторак(?) ҳолати муроъот этмак ичун баъзе ақида … зирларак хулосаси тарҷума эдуб туркча йозормиз.

Явмия умуми тилэрофмиз булса фақат… ичун тамом тилгирофларак вурудна мунтазир улмодиқ.

Иҷолатан бир нича тилгироф ила иктифо эдуб мӯзномамизӣ маътал қуймодиқ.

Икинчи нумра сешанба гутадан тартиб ила бирласа гирок.

(Касоне, ки бар забони узбакӣ мусаллатанд, ин матнро таҳрир фармоянд!)

 

ТИЛГИРОФОТИКА

Даҳуми Морт ба идораи мо расидааст.

НУҲУМИ МОРТ

Ландан. – 9 – Морт. Аз тунбод киштии ҷангӣ (қулор) дар вақти машқи тирандозӣ лангарро барканда ба киштии ҷангӣ (гунда) бархӯрдаву зарар расонидааст.

***

Табрез – Ба муносибати иди Наврӯз дар манзили ҷанирол ғубурнотур маҷлиси ҷашну салом барпо намудаанд.

***

Исломбул – … (матни хабарро ба хотири тармими гӯшаи саҳифаи рӯзнома бо ширеш кардани навъе коғаз тира кардаанд ва хонданаш мумкин нашуд. И.Н.)

***

Рим – (Итолиё). Ба қарору қатъи кобина мунтазир шуда дар давоири сиёсия ва рӯзномаҳо масоили қонуни муҳофизати мамлакатӣ музокира мешавад.

Рӯзномаи “Журнолд Итолӣ” дар ин рой аст, ки бояд ба камоли фаъолият ҳаракат намуд.

Рӯзномаи “Курсипундинт Итолӣ” дар бораи тарзи ҳаракати дувал менависад. Ба Итолиё муъовинат лозим набуда озодии ҳаракат лозим аст.

БАЪЗЕ ФАВОИДИ РӮЗНОМА

Баъзе аз фавоиди ғазетаро, ки ба забони форсӣ рӯзнома ва ба арабӣ ҷаридаву ахбор меноманд, мехоҳам баён кунам, то умуми аҳолӣ муталлеъ гарданд.

Мусаллам аст, ки ҳар фарде аз афроди башар мултафити ин маънӣ будаву ҳаст, ки хабардор будан беҳтар аз бехабарист ва донистан афзал аз нодонӣ, ба иборати ахирӣ илми ҳар шайъе беҳтар аз ҷаҳли он. Бадеҳист, ки ҳеч қавмеву фирқа қадам ба шоҳроҳ тараққиву тамаддун наниҳода магар аз баракати илму иттилоъ ва ҳеч гуруҳе пасту забун гашта ба чоҳи мазаллат наафтод мгар аз шаҳомати ҷаҳлу нодонӣ. Ҳар тоҷире, ки ҷинсу матоъи тиҷоратӣ харида мехоҳад аз шаҳре ба шаҳре ҳамлу нақл намояд, аввал бояд фикри хабардор гардидан аз маҳали фурӯши он матоъро бикунад ки ба чанд харидаву чи қадр масорифу кирояи роҳ шуда ва ба чи нарху қимат хоҳанд фурӯхт ва илло фиреб хӯрда ивази суд, зиён ва ранҷи фаровон хоҳад дид. Ва ҳамчунин агар шахси мусофире бехабарона аз ватани худ ба мулке мусофират ихтиёр кунад, бояд қабл аз он, ки озими роҳ мешавад, аз вазъу чигунагии он билод ва амн будани роҳҳо ва аз одобу русуми аҳолии он мутталеъ бошад, вагарна дучори ҳазор гуна хисорату мушкилот хоҳад шуд.

Пас, илоҷи ҳар воқеаро қабл аз вуқуъ бояд кард ва аз ҳеч амре ғофилу  бехабар набояд буд. Чун барои ҳар шахсе имкон нест, ки аз вақоеъу чигунагии авзоъи олам бохабар бошад, лиҳазо аз барои тасҳили ин матолиб, милали мутамаддинаи олам дар ҷамиъи шаҳрҳову пойтахтҳои худшон чунин вазъе қарор додаанд, ки умуми аҳолии он билод бе заҳмату машаққати роҳу сафар аз ҷамиъи авзоъи олам бохабар буда, аз вақоеъи ҳар мулке мутталеъ мегарданд. Яъне ба иъонати матбаъаҳо ахбороти явмияро аз мактубӣ ва тилгрофӣ чоп карда дар миёни аҳолӣ мунташир мекунанд ва дар хориҷа ҳам ба воситаи пӯстахонаҳо мефиристанд ва номи он гуна авроқро ғазита (газета- И.Н.), яъне ҷарида мегӯянд, ки ин ҷаридаи мазкур аз ҳар гуна матолиб баҳс мекунад ва сухан мерасонаду мундариҷоти он иборат аст аз иқтисодӣ, яъне корҳои тиҷоративу сиёсӣ, яъне умуроти мамлакатдорӣ ва ҳукуматӣ; фалоҳат, яъне илми деҳқонӣ, маъишату ахлоқи динӣ, яъне  муомилаи зиндагонӣ ва ахборот, яъне вақоеъу ҳаводисе, ки дар ҳар мулке воқеъ шуда бошад ва илмиву адабӣ ва ғайра.

Бинобар он оммаи халқ аз манофеъи мундариҷоти он баҳраманд гашта, ҳар касе матлуби худро хонда амал мекунад ва дар ин аср дар тамоми олам шаҳре нест, ки ҷарида нахонад.

Дар Фарангистону Русия ва Усмонӣ (Туркияи кунунӣ – И.Н.) то ҳаммолҳои онҳо ҳамарӯза ҷаридаи явмияро харида мехонанд. Уқалои (оқилон) онҳо мегӯянд: ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад, гӯё забон надорад ва ҳоли одами безабон ҳам ба ҳама кас маълум аст. Чунончи ҳар гоҳ як миллатеро он дигаре бесабаб ва ё босабаб таъну ҳақорат кунад, ба воситаи ҷаридаи худ адо хоҳад кард ва тарафи муқобил ҳам агар ҷарида дошта бошад, ҷавоб гуфта зиммаи худро барӣ намуда аз таъну ҳақорат халос мешавад. Ва илло хомӯш буда абадуддаҳр зери бори таъну маломати дигарон хоҳад монд. Бинобар он доштани ҷарида аз барои ҳар қавме яке аз лавозимоти дунёдорист ва ҷарида ҳам аз мухтареъоти бисёр қадими уқало ва сиёсиюни олам аст, чунончи Ҳофиз гӯяд:

Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо!

Ва яке аз шуъарои султон Санҷар гуфта:

Мактуби дӯстона мисоли ҷарида аст,

К-аш ҳар касе бихонад асрордон шавад.

Ин муқаддима маҳзи тазкори … киром арзу ҷасорат шуд.

М.С

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ

Меҳмоне балнддараҷа гинерол губурнотури Туркистон дар шаҳри Бухорои шариф

Баланддараҷа генерол губурнотури Туркистон генерол От Куволерӣ Симёнуф соати ҳашти шашуми моҳи Морт дар истансаи Когон ташриф оварданд. Аз барои иззатдошти истиқболи он меҳмони бузург аз тарафи давлатхонаи олӣ (манзураш Арки Бухоро – мақарри амир. – И.Н.) дар истансар Мирзо Низомиддини парвоначӣ ҳамроҳи чанд нафар саркардаҳо истиқболи хуш омадед намуданд.

Генерол губурнотур аз Бухорои нав ба шаҳри Бухорои шариф ҳамроҳи ин истиқболкардагиҳо дар шаҳри Бухорои шариф дар пойизд озим шуданд. Дар истонсаи Бухорои шариф низ аз барои истиқболи ин меҳмон вазоратпаноҳ Мирзо Насруллоҳбеки (дар матн Мирзо Насруллоҳ бӣ кул қушбегӣ омада, ки шояд дуруст набошад. И.Н.) қушбегӣ ҳамроҳи чандин нафар аламдорон истиқбол карданд.

Дар вақти вуруди пойизд тӯпхона, ки барои истиқбол дар наздикии генеролулъолам истода буд, барои иззати меҳмон ёздаҳ тир холӣ карда “салутоват” (салютоват – И.Н.) кард.

Баъд аз ин меҳмон ҳамроҳи истиқболчиён вохурд намуда почутний қаровул (почетный караул – И.Н.)  аз қаровули тарафи аскария истодагӣ пурсида ҷавоб шуниданд.

Аз онҷо дар болои Арки олӣ дар шаҳри Бухорои шариф рафта дар болои Арки олӣ ба даруни двореси  (дворец) ҷаноби олӣ меҳмон(ро) истиқбол карда, хуш омадед карданд.

Баъд аз он дар даруни дувурис (инҷо чунин гуна навишта шудаву дар ибтидо диворис навишта буд. И.Н.) зафтрак намуданд. Дар болои наҳориву зафтрак ҷаноби олӣ ҳамроҳи меҳмони бузург гинирол губурнотур шафат нишаста ба як тарафт ҷаноби олӣ элчии аълоҳазрати импротур Сомуф буданд ва дар наҳории мазкур дар рӯ ба рӯи ҷаноби олӣ вазоратпаноҳ Мирзо Насруллоҳ бӣ кул қушбегӣ нишаста буданд.

Дар болои наҳорӣ аз калонону аламдорони Русия қариб бисту ҳашт нафар буданд.

Баъд аз наҳориву хушбошиҳо кардан, ҷаноби генерол губурнотур ҳамроҳи дигар меҳмонон аз барои визит ба қабулии вазоратпаноҳ қушбегӣ даромада миқдори понздаҳ дақиқа нишаста, баъд аз он баромада бо колискаи худ чунончи ба давлатхона омада буданд, рафтанд.

Баъд аз рафтани меҳмон ҷаноби олӣ каласкаи хосагиро талаб дошта аз болои Арки олӣ бо калиска нишаста дар остансияи (истанса) Бухорои шариф омада дар вогуни генерол губурнотур “визит” доданд ва хушбошӣ намуданд.

Баъд аз он ҷаноби олӣ бозгашта дар болои Арки олӣ баромаданд ва генерол губурнотур ба тарафи Марв ҳамроҳи пойиз равоона гардиданд. Дар болои наҳорӣ ва сарриштаи корҳои меҳмондорӣ ин меҳмони бузургро  яке(?) Мирҳайдархоҷа Мирбадалуф ба тақдим расониданд, ки ҳамаи кори меҳмондории ин меҳмони бузург ба тартиби тамом воқеъ гардид.

Дар вақти дохил гардидани ин меҳмони бузург ҳамаи аҳолии шаҳр аз хурду бузург, аз аъёну ашроф ба ду тарафи роҳ саф кашида буданд ва дар бомҳои кӯча ҳам халқи бисёре ба тамошо баромада тамошо мекарданд.

Ин воқеъа аввалин аст, ки ин тариқа меҳмони бузург дар даруни Бухорои шариф меҳмон шудаанд. Дӯстии давлатайнро боқӣ дорад.

Бухороӣ

САЁҲАТИ ВАЗИРИ ҶАНГ БА ТУРКИСТОН

Панҷуми моҳи Морт ба Тошканд аз Петербурғ дар… (матн нест. И.Н.) ҷаноби Сухумилин – вазири ҷанг ба Туркистон … тилгироф расидааст. Ҷаноби эшон 16 … ҳаракат намуда, 21-уми моҳ дар Тошканд, 23… дар Самарқанд, 24-уми моҳ дар Бухоро,  25-уми моҳ дар Чорҷӯй, 26 –уми моҳ дар Ишқобод, 28-уми моҳ дар Қу… ва 31-уми моҳ дар Андиҷон хоҳад буд.

***

Ҷамъияти вазири ҷанг мудири аввали вазири умури зар…а Карбушатин, муовини мудири исилоҳ Аро…, муҳандис Моксимуф ва раиси идораи

САҲИФАИ 3

марказии муҳоҷират, пруфисур Қалянкӣ (?) ба Туркистон азимат хоҳанд намуд.

Аз саёҳати Раиси идораи маркази муҳоҷират ва муовини мудири ислоҳи арозӣ чунин маълум мешавад, ки  маҳоли (манзури нигоранда аз маҳол – маҳаллаи мо, сарзамини мо аст. И.Н.) ба ҳаёти ҷадид ва маданияти тоза қадам мегузорад. Албатта ин амр ба ҳаёти иқтисодӣ ва тамаддуни Бухоро, ки бо дигар ҷоҳои Туркистон як вазъу як ҳол аст, беасар нахоҳад монд.

Баъзе аз туҷҷори Русия ба манофеъи иншои осиёҳои бухорӣ мултафит шуда дар давоири Бухоро иқдомот муҷодила намуда ин айём ба қунсулхонаи Русия барои иҷозаи осиёб ароизи (аризаҳо) бисёре додаанд.

Мо ин иқдомоти эшонро, ки  таҳсили ордро саҳлу беҳтар намуда ва ба арзонии ӯ хидмат карда ва ба умури зироъатӣ аҳаммият медиҳад, табрик мекунем.

***

Корхонаҳои ҷурзрӯӣ (جورزروئی), корҳои худашонро ҳамин айём тамом мекунанд. Мегӯянд, ки ағлаби онҳо аз ғҳдаи махориҷи худ барнаёмадаанд.

Аз ҷумла онҳо, ки хуб кор кардаанд корхонаҳои шарокати “Чуркинуф” ва “Қизилтеппа”, Левуво дар Бухоро ва Лавин дар Қорокул будааст.

***

Чанде қабл шоеае буд, ки дар миёни корхонадорони панбасофӣ чунин қарор гузошта шуда, ки қимати тамиз намудани қузаро (ғуза) мисли аввалӣ як .. 25 тин намоянд. Ҳоло маълум шудааст, ки ба воситаи иқдомоти яке аз соҳибони корхонаи Бухоро дар миёни корхонадорон чунин қарор гузошта шудааст, лекин баъд ба ҷиҳати номувофиқати ақвол ин кор самар надодааст.

***

Ба ҷиҳати камии маҳсули гандум ва гаронии ӯ дар соли гузашта зореъинро ба ин рой овардааст, ки имсол нисбат ба соли гузашта зиёдтар бикоранд. Бо ин хушии ҳаво метавон умедвор гашт, ки  дар ин сол маҳсулот зиёд хоҳад шуд.

МУҲОРИБАИ ТУРКИЯ ВА ИТОЛИЁ

Ахбороти “Рускуя слуву”

Исломбул.

Шоеа ҳаст, ки давлати Усмонӣ ба сафоратхонаҳои хориҷа хабар дода, ки дафтархонаҳои худашонро ба хориҷ бибаранд ва ба аҳолӣ ҳам эълон шудааст, ки дар мавқеъи хатар аз канори дарё бояд дур бишаванд.

Марвист, ки баҳрияи (қушуни баҳрӣ – И.Н.) Итолиё дар наздикии Измир намоён шудааст.

МУСОДИМАИ БУНҚОЗӢ (ТАРОБЛИС)

Рим. – Пойтахти Итолиё. Мухбири “Рускуя слуву” хабар медиҳад, ки Итолиё … бо қувои маҷмаъаи худ ба сангари Мачикам(?)(Қаъ…?) Туркиё(?) дар наздикии … ҳамла намудааст.

… шадиди шашсоатӣ ва ҳаракати .. ба аъробу турк ғалаба намуда…. аз зуҳр то шаб таъқиб намуда… ва аъроб аз ҳазор нафар зиёд….

… яъне мошинҳои осмонпаймо фиристода шуда ва дар наздикии Қовош ба урдуи туркҳо 25 бумбо андохта ва хеле талафот расонидаанд.

(Бо далели нохоно шудни матн дар зери коғази ширешуда ҷиҳати тармими саҳифа, хабарро натавонистам комил оварам. И.Н.)

***

ИСЛОМБУЛ. – Мухбири “Рускуя слуву” ба рӯзномаи мазкур хабар медиҳад. Ба мӯҷиби хабаре, ки ба ман расидааст, даромадани баҳрияи Итолиё ба Буғози Исломбул шак намонда аст. Дували Урупо ҳам мамониъат намудани итолёнҳоро ғайримумкин медонанд. Чунки мақсуди Итолиё ба зудӣ хотима додани ҷанг аст.

ИСТЕЪФОИ ЧОРИКУФ – САФИРИ РУСИЯ ДАР ИСЛОМБУЛ

Истеъфои сафири Рус, Чорикуф, ки собиқ дар Бухоро политическии импиротурӣ буд, дар матбуъоти Русия ва мусулмония хеле асбоби музокира шудааст.

Чунончи маълум аст, Чорикуф тарафдори эътилофи дували нимҷазираи Болкон ва наздикии Русу Турк буд, ки баъд аз мусофирати намояндагони Туркия ба Ливодиё ин наздикӣ мумкинул вуқуъ ҳисоб мешуд. Ба ин ҷиҳат ин истеъфоро мисли баҳам хӯрдани миёнаи Туркияву Рус медонанд.

Зоҳиран музнаи (مظنه) ин пешбинҳо бар қобили эътимод набошад. Аз барои он, ки чанде қабл Русия дар масъалаи сулҳ додан мобайни Итолиё ва Усмонӣ миёнҷигариро ба ӯҳдаи худ бардошта буд.

Балки метавон гумон намуд, ки боиси истеъфои Чорикуф масъалаи Дордонил шуда, ки барои Русия баста шудани Буғози Дордонил аҳаммияти зиёде дошта ва Чорикуф аз ӯҳдаи ин масъала натавонист барояд. Лекин ин кор ба табдили сиёсати Русия шаҳодат намедиҳад.

Хусус дар масъалаи Дордонил бо Туркия  баъзе табаддулотро мусталзим аст. Лекин ин табаддулот муваққатӣ буда, ба дӯстии Русияву Туркия зарар нахоҳад расонд.

УСМОНӢ

Истонбул – Ба ҷои амирулбаҳр /…./… ба ҷиҳати машшоқии баҳрияи Усмонӣ амирулбаҳри инглис Ломёрӣ таъйин шудааст.

Ба муҳофизаткорони вазири хориҷаи Усмонӣ дар Олбони Марказӣ, Дурдикӣ(?) Диёкуф аз тарафи олбонҳо ҳамла шудааст.

***

 

ЭРОН

Истихбороти “Рускуя слуву”

САЁҲАТИ МУҲАММАДАЛИШОҲИ МАХЛУЪ

28 – феврол шоҳи махлуъ Муҳаммадалӣ дар киштии ҷангии “Гӯктеппа” ба Бодкӯба ба пули роҳи оҳан омада ва дар онҷо ба воғун (вагон)-и махсус нишаставу озими Рустуф-Дун шудааст.

Ҳоло яқин дар Одесо ташриф доранд.

***

Теҳрон – Вазири хориҷаи Эрон аз вазорат истеъфо додааст ва ҷиҳати истеъфояш он аст, ки сафири русу инглис бар зидди қарордоде, ки мобайни Эрону давлатайни русу инглис баста шуда ва ба Эрон ихтиёри овардани мусташорони хориҷӣ аз дували бетараф дода шуда буд, ҳаракат намуда мехоҳанд, ки дар шимоли Эрон мусташорҳои рус ва дар ҷануб мусташорони инглис бошанд.

Бо ин ҷиҳат ҳамаи вузаро ин рӯзҳо истеъфо хоҳанд дод.

Дар оянда вазорат сипаҳдор хоҳад буд.

***

АНҶОМИ КОРИ МУҲАММАД АЛӢ – ШОҲИ МАХЛУЪ

Яке аз наҳдикони Муҳаммад Алӣ – Мирзо Алб Қилич бо парохуди “Қофқоз Миркурий” аз Эрон ба Кроснувудск ҳафт ҷаъба мол фиристодааст.

Дар вақти назорати ҷаъбаҳо шаш ҷаъбааш қоливу  ҳафтумияш пур аз ҷавоҳироту чизҳои ғоратшуда будааст, ки дар Мозандарон ба даст овардаанд.

***

АХБОРИ ТИҶОРАТӢ ВА САНОАТӢ

ЁРМОРКАИ ИБРИТ

Бути самаворҳои биринҷ 18 манот ва самоворҳои сафед 20 манот фурӯхта мешавад. Аз тиҷоратхонаҳое, ки аз дигар ҷоҳо ворид шудаанд тиҷорат мекунанд: Қусииф аз “Шодритак”, Ялоусииф ва Тойфилуф аз корхонаи “Сукилиский”. Бозор суст аст. Тиҷорати абрешими осиёӣ, моли баззозӣ, дастмолҳо, лиҳофҳо ва ғайра дар аввал суст буд. Баъд ба воситаи омадан хеле хуб шуд. Муштариҳои наздики портӣ, тиҷорати хӯрдафурӯшӣ хеле ширин буд. Тиҷорати портӣ ҳам буда.

ПАНБА

9- Морт

Маскав

Мол Фарғон(?) Қад

13 манот 40 купек — 13 манот 50 купек

Оприл

13 манот – 60 купек

Ливирпул(?)

тараққӣ карда 3 пунгт

Нийуйурк

таназзул 2 намуда пунгт

қимати бозор хуб маълум нест

—-

Мудирҳо:

Мирҳайдар писари Хоҷа Қосим Мирбадалуф

М. Ҷалол Юсуфзода

Соҳиби имтиёз: Қ.Л. Левин

Редакторы:

М.Х Х. Каимовичъ Миръ-Бадалев

Мирза Джалалъ Юсуфъ-заде.

Издатель Г.Л. Левинъ

—-

Л.Қ. Шолмон

Регистон, ростаи Ҳалвогарӣ

Орд, қанд, кибрит, …

ОКЛАДЪ

А.Г. ШАЛЬМАНА

ҚОТОЛУҒ БЕПУЛ ФИРИСТОДА МЕШАВАД

Сандуқҳои зиреҳдор, ки оташ нагиранд “Босмар(?)” бва махозин барои муҳофизати санадоти муҳим ва ғайра.

Ҳозир мекунем фахриҳо(?) ва ҷаъбаҳои муҳками ширкати саҳмии:

“Ортур Купил”

Акц. О-во Артуръ Коппель

—-

НАХИ АБРЕШИМИ ХОҚОНӢ (В.Н.С.)

Ҳамаи муштарӣ тасдиқ доранд, ки аз ҷиҳати хубиву собитрангӣ ва ҳамчунин аз ҷиҳати арзонӣ: болои рақобат аст. Махзани бузург дар:

ҲИСОРХОҶА ТУРСУНХОҶАЮФ

Дар Бухоро, шуъбааш дар Каркӣ ва дар Самарқанд

Шелковыя нитки Кагани В.Н.С.

САҲИФАИ 4

(РЕКЛОМИ БУЗУРГИ:)

Фирмо аз соли 1894 ибтидо шуда (2 бор омада)

Фирма сушествуетъ съ 1894 г. (2 бор омада)

НАШРИЁТИ КУТУБИ ИСЛОМИЯ:  “Л.Н.ЛЕВИН”

Издательство Мусулбманскихъ Книгъ

Правая Фото-Цинко-Типо-Литография

Л.Н. Левинъ

Новая – Бухара. соб. домъ Телефонъ № 18.

Дар Бухорои Нав, хонаи махсусӣ нумраи тилфун 18

Китобҳои зайл аз чоп дар омадаву фурӯш мешаванд — Шумораи авроқ — Манот — Қупек

1) Ҳал-ал-таркиб билкофият маъ – 12 – 30

2) Ҳал-ал-таркиби кӯчак – 6 – 15

3) Чаҳор китоби кӯчак – 5 – ними 8

4) Китобул мусаммо ба Чаҳор – 23 –

…….. –  – 40

…….. — – 45

5) Гулу булбул – 3 – 40

6) Бобо Равиши ҷой – 3 – 6

7) Хоҷа Ҳофизи кӯчак – 5 – 8 ним

8) Девони бузурги Ҳофиз – 8 – 14

9) Фиқҳи Кайдонӣ – 1 – 2

10) Ҳурлиқо – 2 – 4

11) Муфрадот – 1 – 2

12) Мушу гурба – – 3

13) Достони Зайнулъараб – 4 – 8

14) Бедил – 5 – 7 ним

15) Гурпарӣ – 30% – 75

16) —- 5% – ?

17) Мавлоно Амир Навоӣ – 5 – 7 ним

18) Ҳикмат – 8 – 14

19) Китоби танвир бо сурат – 2 – 4

20) Маликаи дилором – 2 – 4

21) Фарзи айни туркӣ ва форсӣ – 1 – 2

22) Ҳувайдои ҳумоюнӣ – 4 – 8

23) Шарҳи Мулло Ҷомӣ – 38 – 50

24) Фавз-л-ҷинот – 6 – 10

25) Мифтоҳ – ул-ҷинон – 13 – 35

26) Қиссаи Иброҳими Адҳам – 8 – 16

27) Девони Машраб – 8 – 16

28) Сӯфӣ Ёруллоҳ (шояд Сӯфӣ Аллоҳёр дар назар аст. – И.Н.)  – 5 – 8 ним

29) Амир Аҳтами саҳоба  – 3 – 6

30) Юсуфбек – 5 – 9

31) Баёз – – 25

32) Туҳаф-ул-ъобидин ва анис-ул-ъошиқин – 12 – 25

33) Ғиёс –ул- луғот ва бар ҳошия: Мунтахаб-ул-луғот – – 2

34) Мухтасар-ул –виқояи масоил – 10 – 20

35) Ҷангномаи Зифунун – 6 – 12

Фурӯши китоб ҳам нақд ва ҳам нася фурӯхта мешаванд бо шароит.

Лилiенъ и Полакъ

Контора въ Ташкентъ Телеф. № 527

Ба ҷиҳати расидани мавсими таъмир “Лилиян ва Пулок”

Идора дар Тошканд, нумраи тилфун 527

Қабул мекунад суфоришоти ҳамли самандро аз корхонаҳои шарокати Петербурғ барои дуруст кардани опуратлонди саманд (қовхуозбур?).

Ва ҳамчунин аз анбори худ мефиристад ба Тошканд ба қимати тиҷорати портӣ: “саманд(?), рӯғани алиф ва тахтаи оҳан, тахтаи рӯпӯши бом ва анбору дег”. Корхонаи “Ш. И. Муфин”-ро, ки дар Нижний Нувғуруд  аст ва доиман дар анбор мавҷуд буда ва ба қимати хариди кулл фухта мешавад:

Қанд, резаи қанд, ранг, онлин(?). Ширкат саҳмияи имолоти онилӣ, моҳут (минка), корхонаҳои “Зртсмон ва ширкат” дар Косил, Гирмониё ва нах. Корхонаи “Фа…ғ  ва ширкати Ф.И.С дар Варойшав (Варшава?).

—-

КОРХОНАИ КАФШДӮЗИИ “О. БИЙИР” ДАР БУХОРО

Саройи Борхона

Қабул мекунад ҳама ҷур суфоришот ба ҳур чакма ба қимати миёна:

пӯстҳои зиёди Русия ва хориҷа, корҳо дар мавқеъ ва бо … ҳозир мешаванд.

САПОЖНАЯ МАСТЕРСКАЯ

А.БЕЙЕРА ВЪ БУХАРЪ.

В.И.ПУЗНЁК

Мағозаи соат, ашёи тилову нуқра ва брилёнт, қаромуфун (громофун) ва саҳифаҳои баргузидаи зиёд дар забони тоҷик (диққат шавад: мнагуфта “забони тоҷикӢ”- гуфта: забони тоҷик!”). Қабул мешавад мараммати соат ва олоти мусиқӣ.

В.И. ПОЗНЯКЪ

Въ Новой- Бухаръ.

ИМТИҲОН КУНЕД!

Аз 5-уми июл ташриф биёваред ба мағозаи бузурги ман дар Бухорои Нав ва шумо муътақид мешавед, ки ломбоҳо, сарпечҳо, шишаву дигар лавозимоти баргузидаи зиёд ва ломпоҳо, мазруфоти шишаву минодор ва шишаи аълои  панҷара ба қимати хеле арзон мавҷуд аст. Суфоришот хеле зуду аъло дуруст мешаванд.

Мошкалайсун

МАШКИЛЕСОНЪ

ДАР МАҒОЗАИ ОПТИКХОНА (О.М.РУБИНЧИК)

Дар Бухорои Нав

Тоза восил шуда муди ҷадиди атри хушк ва гули сурх, занҷу бунафшаи маснуъии атрӣ, мавҷуд аст. Лавозимоти зиёди дафтардорӣ ва коғазу бозичаи бачагона то охири ид қимати молҳо хеле арзон шудааст.

АПТЕКАРСКIЙ МАГАЗИНЪ А.М. РУБИНЧИКЪ

Новая – Бухара.

Баргардон аз дабираи форсӣ: Исфандиёри Назар

11.03.2021,

Олмон

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *