Илм ва фарҳанг

Рӯзномаи “Бухорои шариф” Шумораи 2 (бо хатти сириллик)

БУХОРОИ ШАРИФ – № 2

Нумраи 2. Душанбе, 6 – Рабеъулохири санаи 1330. Соли аввал

№2 Вторникъ. 13-го Марта 1912 г. 1-й годъ (Изданiя)

Баргардон аз дабираи порсӣ: Исфандиёри Назар

САҲИФАИ 1

ИФТИТОҲ

Ба тавфиқи Худо аз имрӯз шуруъ ба нашри мақсуд менамоем! Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ва маълумоти мутафарриқа хоҳад буд, вале бояд ба тартиби вазъи таълим ибтидо намуд.

Бухорои шариф тоза-тоза ба воситаи васли роҳу касрати мутараддидин мехоҳанд аз авзоъи олам хабардор бошанд. Осори Мағрибзамин дар ин гӯшаи машриқӣ бе муқаддима наметавонад бошад. Мо агар ибтидо ба фалсафаи ҷадида ва сиёсат намоем, ба ҷиҳати ағлаб мушкил мешавад, агарчи мардумони қобилу олиму доно бисёр доранд! Илло ин, ки асли рӯзнома бояд нафъаш ому фоидааш том бошад. Ашхоси уламо эҳтиёҷ ба таълими мо надоранд. Мо бояд муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гӯем. Ислоҳи амри умумиро дар назар дошта бошем.

Лиҳазо рӯзномаи мо аввалан ҳарчи мумкин бошад, БА ЗАБОНИ ПОРСИИ СОДА навишта мешавад.

Сониян, мақолаҳое, ки (ғайри ахбори олам) мехоҳем дарҷ намоем, иборат аз муқаддимаи инсоният хоҳад буд. Яъне таҳриси мардум ба талаби илму ислоҳ намудани вазъи таълим.

Ҳоло арз мекунам дар ин, ки шариати муқаддасаи исломия бештар аз ҳама шариатҳо амр ба талаби илм фармуда, шубҳа нест. Дар Қуръони шариф мефармояд: “Ҳал ястави ллазина  яъламуна валлазина ло яъламуна”(Аз ояти 9, сӯраи Зумар. – И.Н.)( . – ا.ن. از آیه ی 9 سوره ی زمر  –  هَلْ یَسْتَوِی الَّذِینَ یَعْلَمُونَ وَالَّذِینَ لَا یَعْلَمُونَ) – яъне: “Оё баробар мешаванд касоне, ки олим ҳастанд бо касоне, ки чизе намедонанд?”

Агар касе аз аввал то охири Қуръони шарифро мулоҳиза намояд, возеҳу ошкор мебинад, ки таклифе болотар аз илм барои инсон нафармуда, балки касеро, ки илм надошта бошад инсон гуфтан дуруст нест. Чунонки дар сӯраи “Раҳмон” илми Қуръонро муқаддам бар хилқати инсон шумурда мефармояд: “АрРаҳману ъалламал Қуръона халақал инсона” (Оёти 1-3) (بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

الرَّحْمَنُ (1) عَلَّمَ الْقُرْآنَ (2) خَلَقَ الْإِنْسَانَ (3) – яъне: Худованд таълими Қуръон фармуд ва халқ кард инсонро. Ҳосили ин ояи муборака ин мешавад, ки: модом (е, ки) инсон, Қуръонро ёд нагирифта хилқати инсонӣ надорад, ҳамоно хилъати инсониятро баъд аз ёд гирифтни улуму аҳкоми қуръонӣ хоҳад пӯшид.

Ҳаказо ашрафи махлуқот Расули ақдас салъам (кӯтоҳшудаи: салаллоҳи ъалайҳи оли васаллам. И.Н.) талаби илмро ба ҳар муслиму муслима фарз фармуда. Ҳатто мефармояд: Илм агар дар Чин бошад, бояд ба талаби ӯ биштобед!

Пас асоси исломият ба илму маърифат гузошта шудааст. Касе мусулмон намешавад то талаби илм накунад, балки касе, ки илм надорад, ҳайкали ҳайвонест, ки ба ду по роҳ меравад.

То инҷо мухтасаран ба ҷиҳати муқаддима кофӣ дониста бо чанд калимаи дигар хатм мекунем:

Дар пеши чашми худамон мебинем, ки авзоъи дунё билмаррат тағйир карда, абадан вазъи собиқ ба ҳол намондааст! Асбоби сафар кардану зиндагӣ намудан ҳама тағйир кардааст. Аз Бухорои шариф то Маскав бо улоғи лангу шутури говпаланг наметавон сайр намуд.

Банӣ одам аз як падару модар зоида шудаанд ва ҳама ба ҳамдигар эҳтиёҷ доранд. Албатта ҳамдигарро бояд бибинанду бо ҳамдигар муомила намуда рафъи эҳтиёҷ намоянд. Одамизодро ҳарчи инсон зиёдтар бибинад, илмаш бештар мешавад, эҳтиёҷаш камтар мегардад, вусъати маишаташ меафзояд. Пас ба ҷиҳати дидани ҳамдигар мо бой(ад) роҳҳо(ро) тай кунем, манзилҳо қатъ намоем. Ва ин намешавад, магар ин, ки аз ҳамдигар ёд бигирем ва таҳсили илм намоем.

Ҳоло бо ҳамин ҳадиси шарифи набавӣ хатм арз мекунем! Ҳосили мазмуни ҳадиси шариф ин аст, ки мефармоянд: Ёд бидиҳед авлоди худро илмҳои азманаи (замонҳои) отияро (ояндаро), чиро ки авлоди шумо халқ шудаанд барои замоне ғайр аз замони шумо!

Мулоҳиза бифармоед, ки соҳиби ин фармоиш чи қадр олиму доно ба инқилоботи азмана (замонҳо) буданд? Алҳақ худи ин фармоиш далели кофист, ки ин шахси муқаддас аз ҷониби Офаринандаи олам ба ҷиҳати масъуду хушбахт фармудани банӣ одам мабъус гардида! Мо агар иддиъои табъияту имон ба ин

***

САҲИФАИ 2

бузургвор мекунем, лозим аст “Инно ваҷадно обоано…” (﴿بَل قالوا إِنّا وَجَدنا آباءَنا عَلى أُمَّةٍ وَإِنّا عَلى آثارِهِم مُهتَدونَ﴾ [الزخرف: ٢٢])  нагуфта саъй дар амал ба фармоиши эшон ва таҳсили улуми отия ва лозима бикунем.

Ҷалол

***

ТИЛГРОФОТИКА

Дувоздаҳуми Морт ба идораи мо расидааст.

Чифу – 11 Морт. 800 нафар солдот аз нав вориди Чифу гардид. Эҳтимол медиҳанд, ки дар миёни солдотҳо иғтишош биюфтад.

***

Рим – 11 Морт. Дар бораи Крид (ҷазираи Усмонӣ) рӯзномаи “Трибуно” менависад:

Итолиё дар масъалаи Крид бо дували ҳомия ҳамрой шуда илҳоқи Кридро ба Юнон розӣ нахоҳад шуд. Итолиё дар сиёсат тарафдори сулҳи умумист. Лекин аз муъовинат ба хиёлоти Туркия дар бораи Крид ҳам дур аст.

Афкори Кридиҳо ба Итолиё хуш меояд. Дар ишғоли аскарии ҷазира аз тарафи дували (давлатҳои) ҳомия, Итолиё низ иштирок мехоҳад намояд, бо ин мулоҳиза, ки ҳоло мавқеъи илҳоқи Крид нест.

***

Путсдом (Потсдам) – Дар инҷо ҷамъияти мунтазаме кашф шудааст, ки ҳамеша ба Тароблис аслиҳаи қачоқ ирсол намудааст.

Ҳамин имрӯзҳо ҳашт ҳазор туфанг фиристода шудааст.

***

Урқо – (дар Манқулиё ст – Манголия, Муғулистон. – И.Н.) – Хуту Хато  хони ҷадиди Манқулиё аз раиси ҷумҳури Чин тилгрофе гирифтааст. Раиси ҷумҳурият таклиф мекунад, ки манқулҳо (манголҳо – муғулҳо) аз Чин ҷудо нашаванд. Ва таҳдид мекунад, ки оқибати ин кор бад хоҳад шуд. Ҷавоби Хуту Хато маълум нест.

***

Боку – Окружнуи суд (маҳкамаи ъадлия) ба кори Ҳоҷӣ Зайнулъобиддин Тағиюф – милюнери Бодкӯбаӣ (номи аслии Боку – И.Н.) расидагӣ кардаву ба қарори зайл қатъ кардааст:

Худи Тақиюф (дар ибтидо Тағиюф омада – И.Н), ва писараш Содиқ, ва қавмаш Муҳаммад Ризо, ва шоҳзодаи эронӣ подпулкувник Мансур Мирзо, штобрутмастар Муҳаммадбекуф ва Ҳасан Ҳасануф ва Маҳдӣ Ҷаъфаруф (ки муҳандис Беҳбудуфро дар ҳутаки шарафи оилаи Тақиюф муттаҳам намудаву зада буданд) аз тарафи маҳкамаи ъадлия ба ин тартиб маҳкум шудаанд, ки худи Тақиюф ду солу ним ва боқӣ дигар ҳар кудом ба ду сол дар ҳабс бошанд.

***

Исломбул – 11 Морт. Кумилсис  – хони Сомус (Сомус ҷазираест) аз тарафи раъияти Юнон бо гулула кушта шуда.

***

Милон – (дар Марокаш аст) – Мусодимаи мобайни испониюлҳо ва марокашиҳо воқеъ шуда аз исопиюлҳо чаҳор нафар солдот ва як соҳибмансаб кушта шуда.

***

Пекин – Хабар медиҳанд, ки дар маҳолҳои (маҳаллаҳои – И.Н.) шимолии Чин ҳаяҷони зиёдест. Инқилобиюни Шонсӣ чанд шаҳрро ғорат намудаву сӯзонидаанд. Ҳукумат қудрати дафъ надорад. Аз иғтишоши маҳоли Чижилӣ ҳам метарсанд.

***

Винисиё – (Итолиёст) – Импиротури Олмон Вилҳалм Буйнисиё ворид шуданд. Аз тарафи сафир қунсули Олмон ва маъмурини давлатӣ пешвоз шудаанд.

***

Тароблис – Аз шашуми моҳи Морт ба ҳаракати роҳи оҳани Тароблис (Ворвори муқаддас) ва Ъинзора шуруъ гардидааст. Аз фардо ба хати Тонвур шуруъ хоҳад намуд. Дар Банғозӣ боз аскар берун меоваранд.

***

Теҳрон – Ин авохир масъалаи нон дар шаҳр хеле душвор шудааст. Қимати нон ниҳоят дараҷа гарон шудааст. Дукони нонвоиҳо аз тарафи аҳолӣ муҳосира гардида чанд соат мунтазири навбат мешаванд. Як даста занон имрӯз пеши хонаву ҳаволии сипаҳдор ҷамъ шуда арзонии нонро талаб мекунанд. Дар вақти иҷтимоъ пулис  як занро захмӣ намудааст. Ҷамоъат мутафарриқ намешаванд. Ҳукумат аз барои арзонии нон мекӯшад.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

12 Морт дар соати 9 субҳ ҷаноби олӣ – амир аз Арки Боло ба Арки Поин (Мизро Хурд) тағйири манзил фармудаанд.

***

ОМАДАНИ ФАЛЛОҲИ ОЛИМ БА ТУРКИСТОН

Олими фалоҳатдон ҷаноби Сович барои шиносидани хосиятҳои хоки Туркистон ба Ишқобод омадааст. Аҳаммияти зиёд ба моварои баҳри Хазар дода хоҳад шд. Як чанд мартаба саёҳат ба кӯҳҳо ва регистон хоҳад намуд. Ин саёҳати охирӣ ё аз Ишқобод то Хива ва ё аз Чорҷӯй то Минқишлоқ хоҳад буд. Умедворем, ки ин саёҳати илмӣ манофеъи зиёде хоҳад овард.

***

МАРГ АЗ СУТУНИ ЧАРОҒ

Дар 20 моҳи Феврол аз дастгоҳи роҳи оҳани Суроҷӣ мошинист Уролуф воқунро (вагонро) ҳаракат дода дар масофа ба чақрими 195 дуртар аз Сурочӣ мехост сарашро аз воғун берун биёварад, сараш ба сутуни чароғ хӯрда мемирад.  Дар арзи се сол, чаҳор нафар ҳамин тариқа мурдаанд. Лекин идора дар ҳалли ин масъала иқдомоте намекунад.

***

САЁҲАТИ МУДИРИ АВВАЛ ҶАНОБИ КАРБУШАТИН

Идораи зироъатӣ ва амлоки давлатӣ бо ҷиддияти тамом барои вуруди мудири аввали зироъату ислоҳи арозӣ ҳозир мешаванд. Ҳамаи идораҷот дар ҳозир намудан ва ба тартиб овардани корҳо саъйи бисёр мекунанд. Ва санадоти торихӣ ба ҷиҳати пешниҳод намудан ҳозир мекунанд.

Чунончи маълум аст имсол дар Туркистон тафтишоту таҳриёти зиёд хоҳад шуд. Аъзои идораи зироъатӣ ба ҷиҳати ҳафри қанол (канал) дар саҳрои шимолии шарқӣ ҳозир шудаанд.

***

ШУЪБАИ ПОЛОТИ ҲАМЛУ НАҚЛ ДАР ТУРКИСТОН

Аз 19 Феврол дар Чорҷӯй шуъбаи полоти (палата – И.Н.) ҳамлу нақли Русия боз шуда ва фаъолияташ ба тариқи зайл хоҳад буд:

А) Бо ҳамлу нақли ҳосилоти маҳаллӣ ошно шудан;

Б) Ба биржаҳову идорот, дар тараққии ҳамлу нақли молуттиҷораи рус муъовинат намудан. Ва ташкил додани ширкатҳои ҳамлу нақл барои осонии кор. Муъовинат хостан аз ашхоси корогоҳ.

Ҷ) Дар бораи ҳамлу нақли маҳаллӣ аз ҷоҳои лозим хоҳиш намудан.

Д) Ҷамъу нашр намудани ахбору маълумоте, ки нофеъи ҳамлу нақли маҳаллӣ ҳастанд. Ва хондани хитобаҳо, ва нашри кутубу рисолаҷот, ки нофеъ бошад.

Ҳ) Барои ҳамин корҳо ба тавассути намояндагони худ дар кумисюнҳои маҳаллӣ, ки барои тараққии ҳамлу нақл ташкил мешаванд, иштирок намудан аз вазифаи ҳамин шуъбаи полот аст, ки  моркаи (нишон) давлати Русияро дар ёрморкаҳои хориҷа интишор намоянд. Ва бо қумитаҳои тиҷоратӣ алоқа дошта бошанд.

Соири идораҷоти ҳамлу нақл ва намояндагони шаҳру земство низ дар узвияти ҳамин полот метавонанд шуд.

Ба ҷиҳати суолу ҷавоби шахсӣ ва навишт ба одриси зайл руҷуъ карда мешавад:

Шаҳри Чорҷӯй, маҳоли Бухоро, кӯчаи Афсарски(й), хонаи Шишкин, ё шуъбаи Осиёи Вусто (икспурт-и ҳамлу нақли Русия.

П.И. Пулуфсиф ва И… Нашуф ва В.У. Лиёнуруфски ва … Чурних.

(Нуқтаҳо дар насаби нигорандаҳо ба ин маънист, ки ҳуруфи ном дар акси саҳифаҳо, ки ман дорам, наомадаанд. И.Н.)

***

ТУРКИЯ

Исломбул – Киштии Овстрё тарафи тупхонаи Туркия дар Буғоз… (ин қисмати матнро тахминан меоварам, зеро инҷои матн зери ширеш монда. И.Н)  бомбардмон гардидааст. Аз ин ҷиҳат Овстрё прутест намудааст, лекин чунин маълум мешавад, ки тупхона дар бомбордмон намудан … доштаанд. Чунки киштии мазкурро ба (додани) сиқнол (ишора) холӣ намудаанд, ки … лекин киштӣ эътино накардааст.

***

Исолмубл – 10 Морт. Хоҷаи … дар вақти намози султон худсарона нутқе (ба) ҳукумат гуфта, ба ин сабаб ҳабс шудааст. Гумон меравад, ки ин шахс девона будааст.

Ба муттаҳидини олмонӣ, ки дар роҳи … Пиризрин ( дар Усмонӣ аст) кор мекар(да) олбониҳо ҳамла овардаанд. Ҳамла дафъ шу(дааст).

***

Исломбул – Мудири идораи вазорат… ки ба Урумӣ фиристода мешаванд, …ҳуми моҳи…ба ҳамроҳии саркардаи Қурбус, Ҷобирбек(?) … ба Ботум ва Иривон озим хоҳанд шуд … барои иваз намудани маъмурияти давлатӣ ва… ки ҳаракати худсарона намудаанд, … том доранд.

Танини ҷамъ шудани қушуни Рус … дар сарҳади Усмонӣ зикр намуда ва илова… Туркия ва ҳамаи Урупо яқин дорем, ки … рус ба сулҳ халал нахоҳад расонд.

***

Аскуб – (Маридатҳо?) (дар Олбонӣ аст) ду ҳазор лираи усмонӣ … сугут гирифтаанд, ки ба саёҳати вазири … монеъ нашаванд. Ҳукумати Усмония баъдан қушун … дар Олбон бисёр афзуда хусусан дар… ҳукумати Қаратоғ.

***

Исломбул – Аз 3 Морт … (шояд солдотҳои… – И.Н.) Босфур, ки дар тарафи баҳри Сиёҳ воқеъанд, машқи тупандозӣ мекунанд.

***

Исломбул – Бино ба шоеъоте, ки … тамаркузи қушуни рус дар Қафқоз сарҳа… мунташир шуда буд, давлати Туркия аз (вазири корҳои – шояд) хориҷаи рус суол намудааст. Аз (Петер)бурғ  ҷавоб расидааст, ки … сарҳадот фақат монивор (монёвр – шояд) ва баъзе … ҳоро барои имтиҳон дар сурати ғайр… ҷамъ намудаанд.

***

МУҲОРИБАИ ТУРКИЯ ВА ИТОЛИЁ

(Дар инҷо Туркияро бо гунаи “تورکیه”навиштааст)

Исломбул – Қунсулхонаи Исломбул ба шуъбаи киштиронӣ хабар медиҳад, ки  аз 29 Феврол ба Буғози Дордонили Исломбул киштиҳои бухорӣ фақат бо маъияти киштиҳои муҳофиз метавонанд дохил бишаванд. Киштиҳои бодӣ бояд бо буксир бираванд. Харҷи буксир ҳам ба ӯҳдаи соҳибони киштиҳост. (Киштиҳои бодиеро, ки киштиҳои бухорӣ мебарад, буксир мегӯянд).

***

ТАБДИЛИ ДАРБОРИ СУЛТОН

Мухбири рӯзномаи “Фронқфурт – зайтунқ” (Frankfurter Zeitung – ин рӯзнома аз соли 1856 бад-ин сӯ нашр мешавад. И.Н.) аз Исломбул хабар медиҳад, ки маъмурини аскарии Туркия шабу рӯз беором дар истеҳкоми Буғоз (Дордонил) (Исломбул) мекӯшанд.

Барои муҳофизати Дордонил 40 ҳазор қушун ҷамъ шудааст.

Аҳаммияти зиёд ба истеҳкоми сангарҳои Ҳазармавт, ки дар канори Осиё ва Халиҷ (Қайрус), ки дар канори Урупост, дод(а) мешавад.

Қаровулчиён (қаровуличон – дар матн. И.Н.) шабу рӯз, махсусан шабҳо бо эҳтиёти том қаровул(ӣ) мекунанд.

Ба ақидаи умаро Буғоз ба тавре бо “мино”-ҳо (мино олати истеъмолияест, ки дар васати об гузошта шуда ва аз мусодимаи киштӣ муштамил шуда киштиро ғарқ мекунад.) маҳкам шудааст, ки бо талафоти зиёд итолиёнҳо метавонанд аз онҷо бигзаранд.

Умарои давлат дар искоти ҳаяҷони аҳолии Исломбул хеле саъй мекунанд. Ҳамчунин масъалаи табдил намудани дарбори султонро дар вақти омадани баҳрияи Итолиё музокира намудаанд. Чанд нафар аз вузарои Туркия ҳаракат додани дарбори султонро ба қалъае аз нуқоти Осиёи Сағир рой надодаанд.

Гумон меравад, ки дарбор мобайни Исломбулу Одриёнупул(Edirne, қаблан Adrianopel (Adrianoúpolis) –И.Н.)  бошад. Одриёнупул аз вилоятҳои наздики Исломбул аст.

***

Исломбул – Қунсулхонаи рус  (дар) Исломбул ба вазорати саноъат ва тиҷорат хабар додааст, ки ҳукумати Умонӣ амр кардааст, ки чизҳои сӯхтанӣ ва ҳубубот ва асбоби тилғирофот аз лавозимоти ҷангӣ маҳсуб намешаванд.

***

ЭРОН

Урумия – Раиси қушуни рус дар Озарбойҷон генерол Борунуф ба Урумӣ омада аз тарафи табаъаҳои рус ва маъмурини эронӣ бо шукуҳ истиқбол шуданд.

***

Урумия – Ҳокими Урумӣ як нафар эрониро, ки бардаи махсусии тоҷирбошии рус, деҳқонеро кушта буд, ҳабс намуда буд. Қунсули Усмонӣ маҳбусро раияти худ қалам дода ва дар арзи як соат халосияшро талаб намудааст. Баъд аз имтиноъи ҳоким, қунсул 25 нафар аскар фиристода маҳбусро халос мекунад.

***

Теҳрон – Ҳаёти сиёсии мамлакат мисли аввала беҳаракат аст. Аҳвол муҳаййиҷ ва вазорат бекор (аз) инглису русу дигар ба унвони қарз пул пешакӣ намедиҳанд. Ба маъмурини идораҷот ду моҳ аст, ки мавоҷиб дода намешавад ва ҳар қадар ҳам шикоят мекунанд, бенатиҷа мемонад. Гӯё аз истеъфои вазири хориҷа сустии музокирот дар бораи нутаи охирин ин вазъро тавлид кардааст.

***

Петербурғ – Дар давоири сиёсияи Русия хабар гирифта шудааст, ки ҳукумати Эрон ҳамаи фаслҳои нутаи охирини русу инглисро қабул намудааст.

***

Петербурғ – Чунончи маълум аст хоҷиристҳои урумӣ ба ҳукумати рус ариза додаанд, ки то ҳусули амну интизом қушуни худро аз Урумӣ набарад. Аз вазорати дохила хабар гирифта шудааст, ки ин ариза бо тарҳи нақшаи рус, ки мехост баъд аз ҳусули амн қушуни худро аз Урумӣ бибарад, мутобиқ аст.

***

Теҳрон – Аз Ҳамадон хабар медиҳанд чаҳор нафар мусташорони швед, ки озими Шероз мебудаанд, дар наздикии Ҳамадон дучори ҳамла шудаанд.

Бино ба баъзе ривоёт онҳо ҳамлакунандаҳоро фирор додаанд. Лекин ба ривоёти дигар, шведиҳоро ғорат кардаанд.

***

Хӯй – Хочиристҳову хавонини Урумӣ ариза ба импиротури рус додаву хоҳиш мекунанд, ки онҳоро муҳофизат намояд.

***

ИНҚИЛОБИ ЧИН

Истихбороти Руски ислово

Муддати раёсати ҷумҳурият шашмоҳа қарор дода шудааст.

Дар ин муддат маҷлиси мабъунон ( ё: мксъунон ?) ҷамъ шуда қавонини асоосии машрутаро гузоштаву раиси ҷадиди ҷумҳуриятро интихоб менамоянд.

***

Ховин – Аз Тукию хабар медиҳанд вазири хориҷаи Жопун ба ҳукумати рус хабар додааст, ки дар масъалаи инқилоби Чин тамоман бетараф хоҳад монд. Ҷамъ намудани қуввои ҷангӣ дар сарҳади Манҷурӣ барои ҳифзи манофеъи давлати Жопун аст.

***

Ландан – Аз Пекин тилғироф мекунанд, ки дар колунии урупоиҳо чунин ақида доранд, ки Русия ба қонунӣ шудани ҷумҳурияти Чин розӣ хоҳад шуд ба ин шарт, ки ҳукумати Чин ба истиқлолияти Манқулиё (Манголия – Муғулистон. – И.Н.) розӣ бошад.

***

АХБОРИ ДОХИЛӢ

Бино бар ин, ки вақти интихоб намудани вакил ба Думои чаҳорум наздик шудааст “Госудорственини думо” фирқаи наве ташкил шуда. Хиёли ин фирқа он аст, ки интихобкунандагон вакилҳоро, яъне онҳо, ки ҳаққи интихоб намудани вакил доранд ва худашон тараққихоҳ ҳастанд, дар ҳама ҷо муттаҳид намуда, ҳар киро хостанд ба як рой интихоб намоянд.

Асли мақсади ин фирқа иҷро доштани мазмунҳои монифести ҳафдаҳуми Уктиёбр ва ҳифз намудани ҳуқуқи ҷамоъату намояндагони эшон аст.

***

Смулински – Аҳолии қаряи Симбунуф(?) дафинаи пулҳои нуқраи аҳди подшоҳон Михоил Фюдурувич ва Оликсай Михойлувич ро пайдо намудаанд.

***

Маскав – Иҷтимоъи аъзои шуъбаи полоти (палата – И.Н.) тиҷоратии рус ва Итолиё қарор гузоштааст, ки дар бораи осон намудани вусули меваҳои Итолиё ба Русия ва боз шудани намоиши молуттиҷораи рус дар Қанавия (Итолиё) ва намоиши молуттиҷораи Итолиё аз ҳукумат дар Маскав хоҳиш намоянд. Ва дар бораи издиёди тиҷорат мобайни давлатайн ҳам изҳори рой шудааст.

***

Петербурғ – Садри ҷамъияти хайрия, завҷаи қуминдонти дарбор, дар утоқҳои “Ротуш” (Сорску силки) ба нафъи студентҳои оқодемист (туллоби мадрасаҳои олия) ҷашне тартиб додааст. Ин маҷлис аз тарафи аълоҳазрати импиротурӣ лоиқи марҳамат гашта бо шоҳзодагон: кинёжино Олго Никлоювё ва Тотёно Никлоюфно ташриффармо гардидаанд. Бонии ҷашн як дастагул ба шоҳзодагон тақдим намудааст.

***

Аз манобеъи мувассақа хабар медиҳанд, ки дар моҳи июни ҳамин сол подшоҳи инглис ба Петербурғ хоҳад омад.

***

Петербурғ – Сафорати Туркия расман ва ҷиддан шоеотеро, ки дар бораи ҷамъ шудани қушуни Онотулии Усмонӣ дар сарҳади русу Эрон мунташир аст, такзиб мекунад.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Инглис

Аз 1350000 фаълаҳои зуғолсанг фақат чанд ҳазоре кор мекунанд, ки  маъданҳоро об харб накунад. Мобақӣ таътил кардаанд. Таътили онҳо бо камоли тартиб пеш меравад. Ба ҷиҳати набудани зуғолсанг хеле корхонаҳо истодаанд. Дар хеле ҷоҳо авқоти ҳаракати воғун (вагон – манзураш қатора аст. И.Н.) ва киштиҳо тағйир ёфта, 16 истгоҳи роҳи оҳан баста шудааст. Иддаи фаълаҳое, ки аз набудани зуғолсанг бекор мондаанд, ба 500 000 мерасад.

***

Чин

Дар миёни асокири Манҷуриё ҳаяҷон воқеъ шуда гумон меравад, ки бар алайҳи инқилоб ҳаракат воқеъ бишавад. Як нафар аз хонаводаи салтанатӣ (Линақ) пайдо шуда, ки салтанатро ҳаққи худ медонад.

Ҳуккоми вилоёт дар интихоби раиси ҷумҳур таъкиди зиёд мекунанд. Буоншикой – ноибуссалтанаи собиқ расман раёсати ҷумҳуриятро вақил(?) кардааст.

***

Гирмониё

Дар миёни фаълаҳои (коргарон-И.Н.) зуғолсанг ҳаяҷони зиёд ҳаст. Метавон мунтазири таътил шуд. Намояндаи фаълаҳои ҳаволии Рурски қарор гуҳоштаанд, ки таътил намоянд.

***

Тукию – 9 Морт дар шимоли Жопуниё аз шиддати гирдбод 1200 хона вақрон шуда, ва аз бисёрии барф роҳи оҳану тилғироф кор намекунад.

***

(Дар ин саҳифа ҳамчунин рекломи анборхонаи Л.Қ. Шолман, оптикхонаи О.И. Дивуёкин (Двоскин) ва ҷамъияти Ортур Купил бо забонҳои форсӣ ва русӣ чоп шудааст.)

САҲИФАИ 4

Рекломи бузурги Нашриёти кутуби исломияи Л.Н. Левин бо номгӯйи 35 китоби чопшуда ва дар зери он аз рекломҳои шумораи 1 – чаҳортои он ба такрор дарҷ гардидаанд.

Аз дабираи форсӣ баргардон ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб дар матбуот ва ҳар саҳифаи дигар бо зикри номи таҳиягар ҷоиз аст.

АКС: Шумораи 2-и рӯзномаи “Бухорои шариф” ва шуморае аз рӯзномаи олмонии “Франкфуртер тсайтунг”, ки дар ин шумораи “Бухорои шариф” аз он нақли қавл шудааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *