Илм ва фарҳанг

РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 3 (БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ – №3

Нумраи 3. Чаҳоршанбе, 8 – Рабеъулохири санаи 1330. Соли аввал

№3 Среда. 14-го Марта 1912 г. 1-й годъ (Изданiя)

Баргардон аз порсӣ ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

САҲИФАИ 1

ЧИ БОЯД КАРД?

Ҳарки нигоҳ ба унвони мо фармояд хоҳад гуфт: дар чи хусус шумо мегӯед чи бояд кард?

Арз мекунем: дар ҳама ҳол чи бояд кард?

Аввалан нигоҳ ба гузаштаи (имкон дорад инҷо вожае ҳамонанди “торихи” ҳангоми бастабандӣ ва ширеш кардану ба гунаи китоб даровардани рӯзнома барои оршиф пинҳон монда бошад. – И.Н.) худ намуда мебинем, ки як вақте мо ҳам исму расме доштем, мо ҳам маншои … коре будем, мо ҳам ҷузви урафои олам ба шумор мерафтем, аммо исми мо ҳоло аз дафтари доноӣ маҳву расми мо аз саҳфаи ирфон фонӣ гашта. Пас ҳоло чи бояд кард?

Як вақте Ғазолии мо таълими дониш ба абнои рӯзгор мефармуд, Муҳйиддини (Арабӣ) мо ёди ирфон ба малоики олийин медод, бо вуҷуди Фахри Розӣ ифтихор ба аҳолии ақолими сабъа менамудем, ба воситаи Бухорӣ маҷмаъи ахбору кунузи асрор мебудем, бо таълимоти Саъдӣ, масъуд, бо ашъори Ҳофиз, маҳзуз, аз сайри Фирдавсӣ ноз ба саканаи фирдавс менамудем, алҳол чи бояд кард?

Вақте ки дар олами башарият зикре аз ҷамъияту маданият набуд, авлоди Одам бештаршон дар биёбонҳо ва ҷангалистон мисли ҳайвоноти ваҳшӣ алафи саҳрову самаари дарахтону шикори ҳайвонҳои заъифро хӯрда ба сар мебурданд, Мадинаи мо мунаввар, Маккаи мо таваҷҷуҳгоҳи авлоди башар буд, маданият бо исломият дар дунё тавъам зоданд, ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо мусулмонҳо ба шумор меравем. Дар воқеъ, ва ҳақиқат ҳам ҳамин тур аст, ки унсу муҳаббатро фаромӯш намуда ба ҳолати ваҳшият баргаштаем. Пас, дар ҳама ҳол чи бояд кард?

Мо ба ҳамаи чиз муҳтоҷ шудаем. Ба илму одоб, ва тиҷорату саноеъ, ва ҳирфату ҷамиъи лавозими башарият.

Агар муҳтоҷи як чиз будем метавонистем роҳи ҳоҷати худро пайдо намуда, дунболи таҳсили мояҳтоҷ биравем. Ҳоло ки ба ҳама чиз муҳтоҷем, чи бояд кард?

Заруриву бадеҳии атибост, ки аввали фанни табобат иборат аз фаҳмидану ташхис намудани мараз аст. Агар табиби муъолиҷ саъй намуда маразу нохуширо фаҳмид, он вақт метавонад дар пайи пайдо намудани илоҷ бошад! Ҳоло мо аҳолии Ислом бояд саъй намуда аввалан маризу нохуш будани худро бифаҳмем. Дарди худро бидонем, озори хешро ҳис намоем. Агар чунончи нохуш будани худро фаҳм намудем, худи нохушӣ моро дунболи табиб мефиристад. Ҳамин, ки пеши табиб рафтему озори худро нишон додем, ӯ худаш ҳам иллати марази моро медонад ва ҳам роҳи муъолиҷаашро нишон медиҳад.

Ҳосили калом ин аст, ки таклифи имрӯзии мо нигоҳ ба атрофу ҳолоти худ намудан аст. Ҳамин, ки равзанаи хонаи басиратро боз намуда, нигоҳ  ба рӯшноиҳову иморатҳои атроф намудем, хоҳем дид, ки ин куҳна зери замину чаҳор девори подарҳавои мо чи қадр мутаъаффин гардида ва наздик ба уфтодану хароб шудан аст. Дар ин вақт биттабъ ба таъмири кошонаву кулбаи вайронаи падарона хоҳем кӯшид.

Аксари мо баски дар хоби ғафлат аз олами маданият бехабар хобида, босафотар аз хористони ҷилави хонаи худ ҷаннатеву боғе намедонад, муҳкамтар аз девори хишти гилӣ ҳисоре намешиносад. Ин аст, ки агар ба онҳо бигӯем чи бояд кард? – дар ҷавоб ба ҷуз ханда ҳарфе намезананд.

Валекин онҳо, ки зоҳиру ботин, офоқи маданиятро сайру кашф намудаанд, медонанд, ки ба чи нохушӣ мубталову гирифтор шудаем. Беихтиёр аз пайи табиб рафта муъолиҷа хоҳад хост.

Пас, аввалин коре, ки бояд кард иборат аз ин аст, ки саъй намуда

САҲИФАИ 2

нохуш будани худамонро бидонем.

Нохуш будани худро аз куҷо бидонем?

Маризу нохуш будани моро вақт худаш ба мо мефаҳмонад, мо бояд чашми ибратбин дошта бошем. Мулоҳиза бифармоед: ҳар соле чандин милюнҳо панбаву пашм ба ҳамсоягон мефурӯшем. Ин милюнҳоро чи кор мекунем? Ҳамин милюнҳоро бидеҳи як панбаву пашме, ки фурӯхтаем, додаву тани худро мепӯшонем. Агар бигӯӣ чи тур?

Қадре ошкор арз мекунам: панҷу шаш моҳ заҳмат кашида, ддеҳқонӣ карда миқдори сад пути русӣ панба ҳосил бармедорем. Сад пут панбаро ба соҳибони корхонаҳо ба қимати дувист сум мефурӯшем. Ҳар соле ба ҷиҳати худу авлоду аёли худ дувист манотро агар бидҳем, либоси нав ба қадри кифоят наметавонем бихарем. Ва ҳол он, ки вазни даҳяки панба, балки панҳояки панбаи худ либос нахаридаем. Агар мо панбаи худро метавонистем қумош бибофим, албатта сарвати мо даҳ муқобил мешуд. Ҳамин яке аз маразҳову нохушиҳои мост, ки мо абадан мултафит нестем.

Агар ин нохушиямонро фаҳмидем, бино мегузорем ба корхона дуруст намудан, ва таҳсили санъатҳои лозима кардан, кам-кам нохушии мо рӯ ба сиҳат мегузорад, эҳтиёҷи мо камтар мешавад. Дар ҳар чизе ки муҳтоҷ ба ҳамсоя будем, ҳамсоя муҳтоҷ ба мо мегардад.

Ҳосили арз: чунончи дар нумраи собиқа арз шуда, аслу асоси осоишу тараққии мусулмонон амал намудан ба амри ҳумоюни Расули Акрам (салъам) ва талаби илм кардан аст.

Мо бояд талаби илм намоему бас.

Баъд аз ин ҳам иншоаллоҳ илм чисту роҳи талабаш кадом аст, кам-кам ба андозаи фаҳми ноқиси худ арз мекунем.

Ҷалол

***

ТИЛГРОФОТИКА

13 Морт ба Идораи мо расидааст

Рим – 12 Морт. Ба Оқенти (огенти-И.Н.)  тилғроф Ситифонӣ аз Пекин хабар медиҳанд, ки сафири Итолиё аз аскархонаҳои Тёнтсизин Итолиё барои ҳифозати роҳи оҳани рус 400 нафар аскар таклиф намуда ва намояндаи давлати рус ҳам қабул кардааст.

***

Модрид – (дар Испониёст) – Дар ҷашне, ки барои шарафи аскар дода шуда буд, Конолихос (вазири аввали Испониё) дар нутқи худ зикр намуд, ки испониҳо розӣ намешаванд миллате ҳутаки ҳурмати испониҳоро намояд. Изҳори умедворӣ намуд, ки барои муҳофизати сулҳ, ҳукумат қуввои баҳриву барии боқуввате ташкил хоҳад дод.

***

Ганҷа (Чин) дар Сучтантизӣ – наздикии Шиху, – мобайни асокири давлатӣ ва инқилобиюн мусодимае воқеъ гардида. Асокири давлатӣ мағлуб гашта, 1500 нафар мурда, ва 80 нафар маҳбус гаштааст. Аз тарафи инқилобиюн кушта шуда дувист нафар. Инқилобиюн чанд тупу 400 туфанг ва чанд ъарода фишанг ва ҷаббахонаи(?) зиёд ба даст оварда, ба Шиху (ё Шайху?) ҳаракат кардаанд.

***

Петербурғ – Бониёни бонки тиҷоратӣ ба муносибати гушод(а) шудани бонк 25 ҳазор сум ба раисулвузаро тақдим намудаанд, ки ба салоҳдиди худшон дар миёни аҳолии ҷоҳои муҳтоҷ ва гурусна тақсим намоянд. Ин пулҳо пеши ғубурнотур (губернатор)-и Оранбурғ фиристода шудааст, чунки дар онҷо эҳтиёҷ зиёд аст.

***

Қоҳира – Хидев (подшоҳ) маҷлиси миллиро боз намуда ва дар нутқи худ дар бораи обвории (обёрӣ – И.Н.) Мисри Вусто ва ҷоҳои дигар сухан рондааст.

***

Петербурғ – Иродаи импиротурӣ содир шудааст, ки сафири Чин, Курустусуф ба сафорати Марокаш ва маслиҳатгузори сафорати Вёна ба сафирии Чин таъйин бишаванд.

***

Петербурғ – Дар амирулбаҳригарӣ кунфронси (яъне иҷлос) дарёии байналмилалӣ ба таклифи давлати Русия боз шудааст. Дар ин “кунфронс” ҳозир буданд: намояндагони Гирмониё, Дония, Испониё, Ҷамоҳири Муттафиқаи Омрико, Фаронса, Юнон, Итолиё, Ёпун, Нурвиж, Нидирлондиё, Пуртқолиё, Русия, Швисориё, Туркия ва Белқиё.

Вазири ҷанг аз тарафи импиротурӣ иҷтимоъро табрик гуфтаву хоҳон будани импиротурро ба тарвиҷи кори онҳо изҳор намуда, ва илова намуда, ки аълоҳазрати импиротурӣ ҷамъиятро ба таҳти ҳифозати худшон қабул мекунанд.

***

БУДОПЕШТ – (ОВСТРОВЕНҚИРЁ)

Давлатмандони мутараққӣ ва фаълаҳо як иҷлосе барои осон шудани қонуни интихоб мунъақид намуда буданд, ки дар онҷо зиёда аз ду ҳазор нафар одам буд. Баъд ба тарафи иморати маҷлиси мабъусон(?) равон шуданд. Пулисҳо хостанд роҳ надиҳанд, лекин қувваи эшон нарасида бо қулинҷ (ё: қаланҷ?) 40 нафарро маҷруҳ мекунанд. Дар вақти мусодима хелеҳо аз гулулаи пулисҳо захмӣ шудаанд. Ашхоси зиёде ҳабс шудаанд.

 

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

Идораи рӯзнома ба хонандагони кироми рӯзнома ихтор мекунад, ки то боз шудани Идора дар Бухоро муштариҳои солиёна ва шашмоҳа метавонанд ба китобфурӯш Сайидмуродхоҷа руҷуъ намуда муштарӣ шаванд.

ИХТОР

Маълум мешавад фурӯшандагони рӯзнома ба қимати хотирхоҳи худ мефурӯшанд. Идора ба муштарикини ъизом ихтор менамояд, ки аз тарафи идора ба рӯзнома мо се тин қимат гузошта шудааст. Таваққуъ мекунем, ки аз ин қимат гаронтар нахаранд.

***

Дар Хуқанд корхонаи рӯғансозии шарокати Ондрийуф сӯхтаву мошинҳояш хароб шудааст. Корхонаи “струхувий” суқурта шудааст. Ба корхона аз кор накардан дувист ҳазор сум зарар хоҳад расид.

***

Мудири шуъбаи бонки Озуфску-Дунски ҷаноби Б.К. Димитрнику, ки хеле вақтҳо дар инҷо таваққф доштанд, ба Петербурғ рафтаву дар онҷо мудирияти ҳамаи шуъбаҳои Туркистон ва Хуқандро ба ғҳдаи худ хоҳанд бардошт. Бухоро бо рафтани ҷанлби Дмитрнику одами коркунро, ки дар тараққиву ривоҷт бон ва тараққии тиҷорати Бухоро хидмат намуда ва саъйи зиёде фармуда буданд, кам мекунад.

***

Рӯзи якшанбе баъд аз нашри нумраи аввали рӯзномаи мо ношири рӯзнома дар чаҳор попка чаҳор нумра ба болитичиски огенти аълоҳазрати импиротурӣ нишон додааст, ки яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худи ҷаноби болитичиски оқенти Русия дар Бухоро ва яке барои ҷаноби қушбегӣ ва яке барои ҷаноби қозикалон аст.

Аз оқентигарии сиёсӣ ношири мо ба ҳамроҳии бародар Туқсибой хидмати қушбегӣ мушарраф гаштаву ду попка ба эшон пешниҳод намуданд. Яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худ ҷаноби қушбегӣ (сарвазир –И.Н.). Эшон аз мазмуни рӯзнома мутталеъ гардида дар бораи муҳарририн рӯзнома суол намуда ва баъд марҳаматан ноширро мураххас фармуданд.

Вақти пешниҳод намудани попка қозикалон аз нашри рӯзнома, ки аз ахбори олам мардумро хабардор мекунад, изҳори шодмонӣ фармудаанд, баъд ноширро ба сари дастархон даъват намудаву бо ширинӣ мураххас намудаанд.

***

Ба хоҳиши ҳуккоми рус гумон меравад, ки  (наҳри) орихи ҷадиде дуруст кунанд, ки аҳолии Бухорои Нав барои оби соф азият накашанд.

***

Ҳукумати Бухоро ба элчигарии сиёсии рус руҷуъ намуда ва хоҳиш кардааст, ки раъоёи Бухоро вақте ки аз ҳамдигар мутолиба доранд, биловоситаву бе муъовинати дигар идорот ва вакилҳои раияти рус мустақиман ба маъмурини худашон руҷуъ намоянд.

***

МАЛАХ ТАЛАФ ШУДА Ё НА?

(Аломати суол дар унвон аз мо – И.Н.)

Гумони ҳукумат дар бораи талаф шудани малах он қадр ҳам дуруст нест. Ин авохир аз ҳарду тарафи Сайҳун ва маҳоли Самарқанд хабар мерасад, ки тухми малахи зиёде кашф шудааст.

***

ЗИЛЗИЛА ДАР ХУҚАНД

Шаби ҳаштуми Морт дар Хуқанд зилзила шудаву ашёи овезон ҳаркат намудаанд.

Маълум мешавад, ки ин зилзила фақат махсус ба Хуқанд будааст, чунки дар ҷоҳои дигар ҳис нашудааст.

Ҳамчунин зилзила чанде қабл дар маҳоли Фарғон(а) маҳсус шуда буд.

***

Дар нумраи 53 “Қулус Маскав” (Голос Москва) дар сармақолаи худ, ки аз хаёлоти аслии Н.О. Қурупоткин, ки истеҳкоми Тирмиз, ки дар тарафи болои Ҷайҳун буда, баҳс карда мегӯяд: иншо намудани роҳи оҳан (то Тирмиз) хеле лозим аст ва бояд дар ин кор аҷала нашавад. Тафтишот ва таҳқиқот барои ин роҳ дар зимистони гузашта тамом шудааст.

***

Аз таҳқиқоти Идора маълум гардидааст, ки иморати тозаи Ҳукумати Бухоро, ки  барои бонки Озуф ва тиҷоратхонаҳое, ки дар Бухоро тиҷорат мекунанд, иншо мешавад, дар моҳҳои мой ҳозир хоҳад шуд.

***

Мудири шуъбаи бонки тиҷоратӣ С…р (номро саҳеҳ хонда натавонистам – И.Н.) маъмур мешавад ба мудирияти шуъбаи Хуқанд ва ба ҷои ҷаноби Блински(й) таъйин хоҳанд шуд.

***

ШУЪБАИ ПОЛОТИ (ПАЛАТА) ИДОРАИ ҲАМЛУ НАҚЛ ДАР ЧОРҶӮЙ

Барои тараққии тиҷорат бо туҷҷори афғонӣ ва издиёди молуттиҷораи рус дар Хева ва Бухоро кумитаи полоти ҳамлу нақли Русия дар вазорати тиҷорат ва саноъат дар таҳти садорати узви шӯрои давлатӣ В.И. Динсуф дар ҷаласаи 17 Авғусти 1911 қарор гузошта шудааст, ки дар Чорҷӯй шуъбаи полоти ҳамлу нақл боз шавад.

Барои расмӣ намудани кушод ва шуъба ба ишораи кумитаи (полот) аъзои полот, ки  дар Чорҷӯй ҳастанд, даъват шудаанд, ки 19 феврол дар манзили ҷамъияти умумӣ масоили зайлро музокира намоянд:

1) Ошно шудан ба Маромномаи фаъолияти (полоти) ҳамлу нақли Русия.

2) Қабул намудани аъзои ҷадид.

3) Интихоби аъзои идораи шуъбаи полот дар Чорҷӯй.

4) Пешниҳоди аъзои ҳақиқӣ, ҳамчунин даъват шудаанд соҳибони корхонаҳо ва намояндагони эшон ва ашхосе, ки ба тиҷорату саноат ҳаваскоранд.

Натиҷаи ин иҷтимоъро мо дар нумраи оянда хабар хоҳем дод.

***

БАХШИШ БАРОИ НАМОИШИ ҚОЛӢ

Дар ҳукми нумраи 51 ба торихи дуюми ин моҳ … (маънии калима рушан набуд-И.Н.) туркманҳо ва аҳолии Марв, ки дар Ишқобод дар 30 ва 31-и моҳи дикобри 1911 ва 1-и ёнвори ин сол дар ин намоиш иштирок намудаву инъом гирифтаанд, мунташир шудааст.

Нишони тилоиву инъоми садманотии дараҷаи аввалро аҳли қаряи Ёсмони туркмон Солеҳ Ниёзхон ва Алӣ гирифта.

***

ТУРКИЯ

Исломбул – Дафтари иъонаи миллӣ барои харидани киштии ҳавоӣ (тайёра) боз шудааст. Худи ҳазрати султон ҳазор лира иъона (ёрӣ-И.Н.) намудаанд.

***

ҲУҶУМ БА АСОКИРИ УСМОНӢ

“Мухбири Руски ислово” аз манбаъи мувассақ хабар гирифтааст, ки ҳаракати инқилобия дар Олбониё умумӣ шудааст.

Мусодима мобайни асокири Усмонӣ (манзур Туркияи имрӯзӣ аст – И.Н.) ва дастаи муъоризин воқеъ гашта ва иддаи олбонҳо то ду ҳазор будааст. Дар ин даъво аз ҳар тараф то 20 нафар мурдаву 100 нафар захмдор шудаанд.

Ҳамин муъоризин аз олбонҳои котулик ташкил ёфтаанд. Чунончи маълум аст онҳо дар таҳти ҳимояти Овстриё ҳастанд.

***

Аз Кония тилғироф мекунанд, ки ҳукумати муваққатии Крид (аз ҷазоири Усмонӣ аст) ташкили худро ба ҳамаи дувал ба Усмонӣ ва Юнон эълон намудааст. Усмонӣ ба дували ҳомияи Крид ихтор кардааст, ки агар вукалои ҷазираи Крид дар Юнон ба маҷлис қабул бишаванд, муносиботи сиёсӣ мобайни Юнону Усмонӣ қатъ хоҳад шуд.

***

Исломбул – 12 Морт маслиҳатгузори собиқи сафорати Субчин ворид шуда, сафири собиқӣ Чорикуф 12 Морт ҳазрати султонро зиёрат хоҳад намуд.

***

ЭРОН

Аз Кирмоншоҳ ба Руски ислово тилғироф мекунад, ки Солоруддавла мисли Адабӣ аҳолиро ғорат мекунад. Мегӯянд, ки суфарои русу инглис … аз Солоруддавла талаб кардаанд, ки аз Эрон хориҷ шавад.

***

Аз Мароға хабар медиҳанд, ки ҳокими Мароға, ки Бахтиёрист (- номи қавму макон дар Эрон –И.Н.), раиси молияро ҳабсу кутаккорӣ намуда, (аз ӯ) пул талаб намудааст.

***

НАМУНАИ АДАБ

Ислом, ки чашму ақлро бино кард,

Бар меҳру муваддат ҳамаро эҳдо кард.

Он кас, ки раҳи бародари(ро) гум кард,

Худ ҷои саломат аз куҷо пайдо кард?

***

Чанде, ки аз аҳди “Син”-у “Тоҳо” бигзашт,

Ислом ба ҳам фитоду авҳо бигзашт.

Пиндошт ситамгар, ки ситам бар мо кард,

Дар гардани ӯ бимонду бар мо бигзашт.

***

Алмуслиму ман салим*, ҳадисе гӯёст,

Ҷое, ки саломат нашуд ислом, куҷост?

Мо баҳри ҳалоки ҳамдигар мекӯшем,

Беҳтар масале бувад, ки: бар мо аз мост!**

Ҷ.

(*Ишора ба ҳадиси: “Алмуслиму ман салимал муслимуна ман лисониҳи ва ядиҳи, вал муҳоҷиру ман ҳаҷара мо наҳйиллоҳу ъанҳу”.

Ҳадиси саҳеҳ аст бо ривоят аз Абдуллоҳ бинни Умар ва Ҷобир бинни Абдуллоҳ (раз.), ки Расул(с) фармуданд: “Мусулмон касест, ки мусулмононро аз тариқи забону дасти худ дар амон бигзорад, ва муҳоҷир касест, ки ончиро, ки Худо манъ кунад, тарк кунад.

Абумӯсо фармуд: гуфтам: Ай Расули Худо, кадоми мусулмонон беҳтарин ҳастанд?

Вай гуфт: Касе, ки аз забону дасти худ бо мусулмонон суҳбат мекунад.”

** Ишора ба масали: “Аз мост, ки бар мост.”

Исфандиёри Назар)

***

МУҶМАЛЕ ДАР ХУСУСИ ЗАБОН

Ҳанӯз шумораи аввали “Бухорои шариф”-ро нашр надода будем, ки баъзе аз оқоён ҳозир шуда дар матбаъа нигоҳ ба мақолаҳо кардаву фармуданд: “Инҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст, рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад беҳтар аст.”

Мо дар хусуси забон шояд як вақте маълумоти муфассала бидҳем. Иҷолатан арз мекунем:

Дар Қофқоз ҳам, ки ибтидо ба нашриёту рӯзноманависӣ карда шуд, ҳамин тур эътирозот намуданд. Ҳоло ҳам баъзе мардум даст аз эътироз набардошта:

Аввалан) Бародарҳои бухороии мо дониста бошанд, ки уламову файласуфони рӯйи замин дар ин хусус мекӯшанду саъй менамоянд то як забони умумӣ имтиёзу ихтиёр намуда, ҳамаи мардуми рӯи заминро таълим намоянд. Балки ба ин васила ҳамаи авлоди башар аз дилхоҳи ҳамдигар хабардор бошанд.

Сониян) Мо бояд саъй намуда аз барои ҳар забоне мизоне бардорем, ки аҳли он забон ва онҳое, ки ба он забон мансуб ҳастанд, забони миллии ҳамдигарро бифаҳманд. Масалан турк як миллате буда, ки дар авоили хилқат ҳама ба як ҷур ҳарф зада иродаву хоҳиши ҳамдигарро ба ҳамдигар мефаҳмонидаанд. Ба мурури айём ҳар шуъбае аз онҳо ба як қитъаи замин афтодаву қотии соили милал гардида забону лаҳҷаи худро тағйир додаанд. Ҳоло турки чағатоӣ забони усмониро, ҳарду забони узбагиро, ҳар се забони қофқозӣ ва… намефаҳманд. Ҳамин тур ҳам форсӣ миллати махсуса буда дар атрофи олам порча – порча шуда бо соири ақвом махлут гардидаанд. Бо инки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухороӣ забони самарқандӣ, ҳарду забони хуросонӣ, ҳарсе забони кошонӣ, ҳар чаҳор забони барбарӣ ва… намедонанду намефаҳманд.

Ба ин восита ҳам риштаи қавмияти ҳама гусехта шуда, яке ба исми дарӣ, дигаре ба исми форсӣ, дигаре ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.

Моро дар хусуси забонҳои аувом эътиқод бар ин аст:

аввалан) Ҳар қавме ба қадри имкон лаҳҷаву луғати забони худро нигоҳ бидоранд, ҳарфе, ки дар забони худашон ҳаст, дар ивазаш аз соири забонҳо қотӣ накунанд, ки ба ин сабаб луғати худшон гум мешавад.

сониян) То ба ҳол ба ҳар тур буда, ки забони ҳар қавм ба шуъбаҳои мухталифа қисмат шуда, баъд аз ин забони ғолибро ихтиёр намуда, кам-кам   исботи қавмият намоянд. Ҳаминки ҳамагии як қавм забони ҳамдигарро донистанд, он вақт ҳар тур ки дилшон бихоҳад, дар ислоҳи забон ва холис намудани он бикӯшанд.

Агар аз ибтидо ҳар мамлакате забони одиву маъмулии вилояти худро ба кор барад, боз рӯ ба тараққӣ нашуда, фоидаву манфиъат аз нашриёт нахоҳанд бурд.

Пас лозим аст, ки дар аввал ваҳла туркҳо ба забоне рӯзнома ва рисолаҳо нашр бидиҳанд, ки забони ағлаби туркҳо ба он тур аст, ҳамчунин порсҳо ба забоне омӯхта шаванд, ки ғолиби порсҳо медонанду мефаҳманд.

Ҳамин чанд калимаро ҳам арз намуда хатм менамоям: адабиёти моҳиру комили ҳар забон гуфтаанд: тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задану сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштану китобат намоянд, на ин, ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд!

Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии содаву ба забони ғолиб бошад.

Аз оқоён хоҳиш дорем дар хусуси забону шева ҳарчи салоҳ медонанд изҳор фармоянд, ки ба имтинону ташаккур қабул мекунем.

Ҷалол

***

АХБОРИ ДОХИЛА

ШОҲИ МАХЛУЪ МУҲАММАДАЛӢ ДАР ОДИС

Аз ҷое мувассақ хабар ҳаст, ки Муҳаммадалӣ мирзо боз дар Одис сокин хоҳад буд. Мегӯянд, ки давоири давлатӣ ба ин амр розӣ ҳастанд.

Муҳаммадалӣ онҳоро хотирҷамъ намудааст, ки баъд аз ин дигар ба Эрон нахоҳад рафт. Шоҳи махлуъ хеле сода зиндагонӣ мекунад. Ҳеч киро қабул накардаву аз хонаи худ берун намеояд.

Табиби русии Муҳаммадалӣ мегӯяд, ки ҳолати Муҳаммадалӣ тағйир ёфтааст. Нохушии шакарак (бемории қанд – И.Н) дорад. Хабар медиҳанд, ки баъд аз ин мавоҷиби солиёнаи Муҳаммадалишоҳ 150, 000 (саду панҷоҳ ҳазор сум) хоҳад буд. Як сулси пулро гирифтааст.

Мегӯянд, ки дар фасли пойиз бо завҷаи худ азимати Макка хоҳанд намуд.

Бародари Муҳммадалӣ Мирзо бо дастаи худаш дар Астаробод мондаанд.

***

АХБОРИ ХОРИҶА

Ландан – Дар рӯзномаи “Синдико лист” мактуби саркушод нашр шудаву дар он мактуб ба солдотҳои инглис таклиф мешавад, ки ба амри ҳукумат эътино нанамуда ба таътилчиҳо (манзур корпартофтагони конҳои зуғолсанганд – И.Н.) тир наандозанд

Бо ин ҷиҳат соҳиби матбаъа Бакк (بکک) муддати шаш моҳ ва муҳаррир Боумон нуҳ моҳ маҳкум ба ҳабс шудаанд.

***

Вина – 10 морт импиротури Гирмония Вилҳалм дар маъияти принс Овғуст Вилҳалм бо аёлаш ворид гардиданд. Ва аз тарафи намояндаи импиротури Овстриё Қиронқ Усиф ва дигарон пешвоз шуданд. Импиротур дар коласкаи давлатӣ ба Шарбурн омада ва аз тарафи аҳолӣ хуш омкдед шуданд. Ҳарду импиротур якдигарро чанд дафъа бӯсиданд.

***

Дар охири саҳифаи 3 чун ду шумораи қаблӣ исми мудирҳо: Мирҳайдар писари Хоҷа Қосим мирбадул, М. Ҷалол Юсуфзода ва соҳиби имтиёз: Қ.Л. Левин ва дар охир рекломи оптикхонаи О.И. Дивуёкин (Двоскина) дарҷ гардидааст.

САҲИФАИ 4

Рекломи бузурги китобфурӯшии Л.Н. Левин бо номгӯи китобҳои фурӯшии чоп кардаи матбаъаи ӯ ва дар зери он чун дар ду шумораи қаблӣ эълони табиғоти мағозаи В.И. Пузнёк, мағозаи Мошкалайсун, мағозаи потикхонаи О.М. Рубинчик, контораи Лилиян ва Пулок ва корхонаи кафшдӯзии О, Бийир дар Бухоро дарҷ гардидаанд.

Баргадон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *