Илм ва маориф

РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 4 ( БО ХАТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ-№4

Нумраи 4. Панҷшанбе 9 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 4 Четвергъ  15-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргардон аз порсӣ ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

ДИГАРОН ЧИ КАРДАНД?

Дигарон баъд аз он, ки эҳтиёҷоти худро фаҳмиданд, он вақт бино карданд аз пайи рофеъи эҳтиёҷ рафтан. Ҳоло хоҳед фармуд, ки мо ҳам ҳамин корро мекунем, пас чиро рафъи эҳтиёҷи худро наметавонем кард?

Дар ҷавоб арз мекунем: дунболи рофеъи эҳтиёҷ рафтан роҳи муайяне дорад. На аз роҳ ба ҳар сарманзил метавон расид. Аксар роҳҳо дар зоҳир шоҳроҳ ба назар меоянд, вале дар воқеъ чоҳи амиқе мешавад. Басо касоне, ки ба заъми роҳ дар чоҳ уфтоданд. Басо ин, ки ба ҳавои сарманзил дар биёбони саргардонӣ овораву ҳайрон монданд. Дар ин мазмун Шайх Муслиҳиддин Саъдӣ ъалайҳираҳма мефармояд:

“Тарсам нарасӣ ба Каъба бе аъробӣ,

Ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст.”

Ҳоло бояд аввал сарманзили мақсудро дуруст таъйин намуда фаҳмид, баъд аз он роҳи муносибу наздике пайдо намуд. Дигарон ҳамин корро карданд, оқибат ба сарманзили тараққиву таъолӣ расиданд. Мо низ бояд чунончи равандагон рафтаанд, биравем, то ба сарманзил бирасем. То ҳол роҳе, ки доштем мерафтем, мебинем, ки моро аз дари ҳавлии худ берун набарда, пас фаҳмидем, ки роҳи муносибу наздик ба сарманзили мақсуд бояд пайдо намоем!

Қадре дар корҳои дигарон фикр намоем, бибинем чи тур шуда, ки пеш рафтаанд?

Арз мекунам: дигарон диданд муҳтоҷ ба маъишату зиндагонӣ дар дунё ҳастанд. Аввало яке-яке асбобу лавозими зиндагониро сиёҳа намуда дар пеши назар диққати олимона гузоштанд. Масалан аз ҷумлаи лавозими зиндагонӣ хӯрдану пӯшиданро диданд. Он вақт нигоҳ ба вазъи инқилобу тағйири рӯзгор намуданд. Диданд, ки одамизод рӯз ба рӯз зиёд шуда рӯйи заминро фард мегирад. То охир абадан гушту пӯсти шикорҳои ваҳшиву алафҳои саҳроӣ барои хӯроку пӯшоки инҳо кифоят нахоҳад дод. Бинои кишткориву ранҷбарӣ гузоштанд. Бо саъйу талош хостанд хӯроки худро аз замин бадар оваранд. Муддате бо дасти худ кор карданд, то фаҳмиданду мултафит шуданд, ки баъзе асбоб ба ҷиҳати осон намудани алам лозим аст. Аввал асбобе дуруст намуда бо гову аспи аҳлӣ кишткорӣ намуданд. Хӯрда-хӯрда диданд ҳам гову асб камӣ мекунаду ҳам заҳмати зиёд мекашанд. Санъати худро тараққӣ доданд, то ба ҷое расониданд, ки бидуни эҳтиёҷ бо асбу гов, заминеро, ки метавон дар муддати як моҳ шухм намудаву кошт, дар муддати як рӯз ба қуввати ҳаракати барқия ҳам шухм мекунанду ҳам мекоранд.

Ҳамчунин дар пӯшок аз пӯсти ҳайвонот ба воситаи торсоӣ даст бардошта, аз алафҳо мисли панбаву катон ва аз пилаи абрешим нахҳо дуруст карда муддате бо дасту пой бинои бофтан гузоштанд. Диданд наметавонанд бирасонанд чархи коргоҳи худро бо бухору қувваи барқия ҳаракат дода дар арзи як моҳ ба қадри кифояти як мамлакати васеъе порча-порчаву қумошҳо бофтанд. Ҳаказо роҳи рафтанашон, мубориза намуданашон, кайфияти тиҷораташон ва….

Чун диданд, ки ҳамаи умури маъишат ва зиндагонӣ бо илму фикру равия дуруст мешавад, аз барои ҳар коре мадрасаи махсуса бино гузошта, авлоду атфоли худро ба таҳсили улуму касби фунун боздоштанд. Ҳамаи саноеъу ихтироъоту осон намудани умури маъошияро бо илм пеш бурданд. Илми фалоҳат (кишткорӣ) дар як мадраса. Илми бовандагӣ дар шуъбаи дигар, ва ҳаказо.

Дар хусуси таълимот ҳам мулоҳиза намуданд ва ҳар сол ба ҳосили таҳсил нигоҳ

САҲИФАИ 2

карданд. Ҳарчи боъиси маъталиву тӯли таҳсил буд, тахфиф доданд, то бо ин восита илмеро, ки собиқ дар даҳ ва бист сол мешуд ниматамом намуд, ҳоло дар арзи се-чаҳор сол тамому комил менамоянд.

Аммо мо мусулмонҳо, дар умури маъошия ҳарчи аз падарону аҷдод ёдгор дорем, тағйирашро ҳарому гуноҳ мепиндорем. Бояд бо ҳамон бели куҳнаи чандинҳазор солӣ заминро шухм намуда тухм бипошем.

Бо он дӯку чархае, ки аз модари Афросиёб ирс бурдаем, як мушт панбаву пашмро ришта, дар муддати шаш моҳ тору пӯд дуруст намуда, ба ҳам бибофем, то як порча карбосе ба ҷиҳати соли ҷадиди наврӯзӣ ба нури чашми азизу фарзанди дилбандмон қабое бидӯзем.

Дар хусуси таълим ҳам ҳарчи аз Мулло Буманъалӣ ёд гирифтаем, агар тағйир бидҳем, ки маъозаллоҳ, хилофи шаръ намуда, бидъати тоза эҳдос кардаем, аҷабо!

Вақте ки мо мехоҳем забони арабиро ёд бигирем ба ҷиҳати фаҳмидани маънои аҳкоми Қуръони шариф, ки диёнату маъишати мо мунаввату марбут ба он китоби мустатобу хитоби Раббуларбоб аст, агар фарзан ҳавошии фалсафии ъисомро нахонем, дар ивазаш ё кифоят ба матну қавоъиди Кофия намоем, ё мунтаҳии Шарҳи Ҷомиро бихонем, ё аз инҳо осонтар қавоъиди наҳвия ва сарфия, ки алҳол дар Мисру соири билоди ислом маъмул аст, бихонем, он вақт чи зарар ба мо мерасонад?

Чи хилофи шаръб намудаем, ғайр аз ин аст, ки авқоти худро зоеъ накарда ҳам ин таҳсилро зудтар тамом кардаем, ҳам ақиби касбу кори дигар рафтаем?

Имрӯз ба ҳамин иктифо намуда, боқиро дар айёми дигар суҳбат мекунем, иншоаллоҳ.

Ҷалол

***

ТИЛГРОФОТИКА

14 Морт ба Идораи мо расидааст

ҚАРЗИ ЧИН

“Ю О Нишикой” – Раиси ҷумҳури Чин дар бораи қарз кардан аз сарватдорони хориҷӣ исрори музокирот мекунад.

Ҷамъияти бонкироҳ ба “Ю О Нишикой” аз ваҷҳи қарзи куллӣ мехоҳанд қадре пешакӣ бидҳанд ва шарт мегузоранд, ки бояд аз ин ваҷҳ қарзи собиқӣ дода шуд (шояд “шавад” бошад, ки иштибоҳи ҳуруфчинӣ шуда бошад – И.Н.).

***

Берлин – Аз манбаъи мувассақ ба мухбири рӯзномаи “Руски ислово” хабар расидааст, ки солдотҳову афсарҳои радиф амр шудааст, ҳамин, ки эълони иҷтимоъи солдотҳо радифӣ шуд, рӯзи дигараш дар марокизи иҷтимоъ ҳозир бишаванд.

***

ФАРОНСА ВА ИСПОНИЁ ДАР МАРОКАШ

Ба Порис хабар расидааст, ки ҳукумат Модридро (пойтахти Испониё аст…) имтиноъи Фаронса аз музокираи масъалаи Марокаш хеле ба даҳшат андохтааст.

Сафири Инглис дар Порис аз тарафи худ изҳори хоҳиш намудааст, ки ба таҷдиди музокирот мобайни ин ду давлат ёрӣ намояд ва ба ҳукумати Испониё маслиҳат мебинад, ки дар масъалаи Марокаш қадре гузашт кунад.

***

Машҳад. – Тарафдорони шоҳи махлуъ (халъшуда – барканоршуда – И.Н.), ки дар пушти Имом Ризо нишаставу аз тарафи пулисҳо ҳамла карда онҳоро фарор додаву таъқиб мекунанд. Арозил (ҷамъи разил, манзур афбошҳову дуздҳову… – И.Н.) ба даври онҳо ҷамъ шуда, по ба ғорат мегзоранд ва аз он ҷумла хонаҳои раъоёи русро ҳам ғорат намудаанд.

Аз ин аҳвол генерол қунсули рус Добижо (ё: Дойжо ё… ? – И.Н.) хабардор шудаву ба ризоияти маъмурини давлатӣ шаҳрро амн намудааст ва ҳукуматро ба саркардаи асокири рус гинерол Зайдку додааст.

Ҳокими Хуросон – Рукнуддавла истеъфо додааст.

***

Орхонқилск (шимоли Русия аст) – Дар деҳи Труфонуфски як нафар деҳқон девона шуда, сари зану ҳафт нафар авлоди худро, ки хобида будаанд, буридаву дафн намудааст. Девонаро ба маризхона бурдаанд.

***

Одис – Думо (балдия) қарор гузошта, ки аз ҳукумат иҷоза бихоҳад барои ин, ки оилае, ки иддаи аъзояш камтар аз чаҳор нафар набудаву ба обҳои маъданӣ барои муолиҷа меоянд, аз ҳар нафаре панҷ сум молиёт гирифта шавад.

***

Тифлис – Барои ёдгории салтанати сесад солаи хонаводаи Румонуф ҷамъияти тоҷирон қарор гузоштаанд, ки хонае барои тоҷирҳои фақир иншо кунанд.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

Шоеъа ҳаст, ки тиҷоратхонаи Сабъун Истохоруф ва Кулонқиюф пул доданро қатъ намудааст. Гӯё қарзи тиҷоратхона зиёда аз ҳафт ҳазор сум аст. Тавъан ин авохир дар давоири тиҷорати хосӣ варшикасти зиёде дида мешаванд. Ин варшикастиҳо ба тиҷорати Бухоро хеле зарар хоҳанд дод. Ин амр ҳам мӯҷиби варшикастиҳои ҷадид хоҳад шуд, ки ба тиҷорати Бухоро рахнаи бузурге хоҳад зад.

Лиҳазо ба онҳо, ки мехоҳанд варшикаст шуда ба осонӣ соҳиби сарват шаванд, бояд хеле диққат намудаву тавре кард, ки туҷҷори Маскав дар ин мавоқеъ розӣ бимонанд. Чунки тиҷорати баззозии Бухоро ҷақат баста ба Маскав аст. Боз такрор мекунем, ки ин ҷур ҳаракот боиси касрати сарвати Бухоро нагардида, балки ба тиҷорати ӯ рахнаву зарари зиёде хоҳад расонд.

Дар нумраҳои собиқа навишта будем, ки Мирзо… (идомаи номро дуруст ташхис додаву хонда натавонистам – И.Н.) ном худро кушта ба ҷиҳати ин, ки қарздорҳояш бо санадҳои ғайрирасмӣ талаби ӯро ҳаволаи бонк намудаанд ва бонк санадҳои қайрирасмиро қабул накардааст. Ҳоло маълум мешавад, ки бонк аз рӯи ҳамон санадҳо аз соҳиби санадҳо мутолиба менамояд ва ба қарздорҳо вақти муҳлатнок ҳам медиҳад.

***

Намояндагони тиҷоратхонаҳои хориҷӣ, ки дар инҷо пӯсти Қорокӯл мехаранд, шуруъ ба омадан намудаанд.

***

Шаби 12 Морт дар наздикии шарбатӣ (ҳатман манзур кудом дукони шарбатфурӯшист – И.Н) аз тарафи шахси номаълум як фойтунчӣ кушта шудааст. Ҳукумати Бухоро дар пайдо намудани он шахс ҷиддан иқдом намудааст.

***

ТУРКИЯ

ИЗҲОРИ РИФЪАТ ПОШШО

Порис – Сафири Туркия дар Порис – Рифъат Пошшо, ҳафтуми Морт бо Поункори (вазири аввали Фаронса) суҳбати муфассале намудаанд.

Мегӯянд, ки сафири Туркия ба вазири аввали Фаронса изҳори қатъӣ намудааст, ки то вақте ки Итолиё дар масъалаи ишғол таъкид мекунад, давлати Туркия аз музокирот имтиноъ хоҳад намуд.

***

Аз Искуб хабар  медиҳанд, ки ҳукумати Усмонӣ бо қумпониёи роҳи оҳани шарқӣ қарор гузоштаанд, ки як хатти роҳи оҳан аз Митрувитсо ва Қоситвор бикашанд.

Ин хат аз маҳалҳои саъбулъубури Олбонӣ хоҳад гузашт. Фоидаи ин роҳ фақат мунҳасир ба ҳифзи мамлакат аст. Самараи тиҷоратӣ надорад.

***

Исломбул – 13 морт. Ҷаласаи аввали кумисюни сарҳадии Туркия ва Эрон боз шуд. Маъмурини Туркия санадоте нишон додаанд, ки ба мӯфиби онҳо арозии мобани Борс ва Боязид мутаъаллиқ ба туркҳо мешаванд.

***

Чорикуф – намояндаи давлати рус Сиюбчинро ба давлати усмонӣ муаррифӣ намудааст.

***

Рӯзномаи “Маҳзар” ба ҷиҳати танқиди сахт, ки ба корҳои ҳукумат намуда, тавқиф шудааст.

***

Серб Родимувич, ки се сол аст дунёро пиёда паймудаву ҳоло ба Сербиё бармегардад, ба Истонбул расидааст.

***

Интихобкунандагони мухолифин ба мавқеъи интихоб ҳамла кардаву хароб намудаанд.

***

Вузаро барои муҳофизати одоти исдомӣ қонуне гузоштаанд ва ин қонун аз тарафи ҳазрати султон (халифаи Рум – И.Н.) тасдиқ шудааст, ки ҳар кас аз мусулмонон бар зидди мазҳаби расмии Туркия рафтор кунад, бояд танбеҳ бишаванд.

Ба мӯҷиби ҳамин қонун (чунончи Шайхулислом шарҳ мекунад) занҳои мусулмоне, ки дар Туркия бечодар ва ба либоси оврупоиҳо мегарданд, танбеҳ хоҳанд шуд.

***

ЭРОН

Теҳрон – Қувват пайдо кардани иртиҷоъ дар Эрон аз ин маълум мешавад, ки дар Теҳрон як рӯзнома ҳам нашр намешавад. Ҳатто рӯзномаҳои давлатӣ ҳам нашри худашонро қатъ намуданд. Чунки ҳеч кас намехонад.

***

Сад нафар муҷоҳид аз дастаи Яфрамияи Кирмоншоҳ озим шудаанд, ки Солоруддавларо аз ғорат кардан имтиноъ намоянд.

***

ОЙИНАИ ОЛАМ

Ойинаи ҷаҳоннамои ҳамаи халқи олам маълум аст, ки рӯзнома мебошад. Рӯзнома чизест, ки ҳамаи мардумро аз зулмати ҷаҳолату нодонӣ бароварда дохил ба рушноии илму ирфон месо-

САҲИФАИ 3

– зад. Рӯзнома чизест, ки ҷумларо воқифи ҳоли ҳамдигар мекунад. Агар моён имрӯз ҷароид (бихонем) баъд мефаҳмем, ки зиндагониву маъишати (аҳли дунё) чи гуна будаасту аз они мо бо он чи гуна. (Миллат)-ҳои дигар чи гуна аз пайи илм мекӯшанд ва (мардуми мо) чи басони ба хоби ғафлат, ба истироҳати тамом ғунудаем.

Чунон хобидаем, ки аз ҳаводиси (дунё) ҳеч хабаре надорем. На, балки аз ватан… худи мо ва на аз аҳволоти ҳамдигар. Худи мо … аз огоҳ шудан маҳрум мебошем. Имрӯз (дар дунё) войу шаҳре набошад, ки матбаъа надошта (бошад) (ва) халқеву мардуме набошад, ки рӯзномаҷот (надошта бошанд).

Ҷуз Бухоро ва мардуми Бухоро.

(Аз) дер вақте буд, ки аз мардумоен кушода ( шудани рӯзнома… ё: матбаро дар) Бухоро мехостанд, ки ба забони форсӣ ҳеч (набуд.) (Дар) Бухоро ҳам як дона матбаъа кушода шавад, то ин, ки (дар он) мақолаҳои илмӣ, фаннӣ, иқтисодӣ ба воситаи рӯзнома аҳли Бухоро ҳам мустафид гарданд. Сад (шукр), ки имрӯз ба инояти Аллоҳ Таъоло ба мусоъидати ҷаноби олӣ ва ба саъйу ғайрати ҷаноби Мирҳайдар Хоҷа ва Мирзоҷалол Юсуфзода ва Қ.Л. Левин “Бухорои шариф” ном рӯзнома нашр гашта (моро; ё: мардуми моро) масрур гардонид. Ба рӯзномаи “Бухорои шариф” ҳамаи аҳли Бухороро табрик месозем (ва пешрафти) ин рӯзномаро аз даргоҳи Ҳақ риҷо (умед – И.Н.) дорем.

Зиндақул Лутфуллоюфи Бухороӣ

(АЗ ТАҲИЯГАР: Ҳангоми бастабандӣ ва ширеш кардани шумораҳои рӯзнома барои бойгонӣ кардани онҳо ба гунаи китоб, дар бештар шумораҳо огарду сарогарди вожаҳо ва гоҳе ибораҳо зери ширеш мондаву дар акс наомадаанд ва мо ночор дар қавсайн бо тахмин вожаҳоро гузоштем ё бо гузоштани бисёрнуқта мафҳум нашудани вожаро баён кардем. – И.Н.)

***

… АДАБ

(Бед)ории бахти мо надорад оғоз,

(Обе), ки зи ҷӯ рафт, намегардад боз?*

(Ай) ғафлат, аҷаб шудӣ ту бо мо дамсоз,

(Биг)зор ту ҳушёр бар маҷлиси роз,

(Дар) чоҳи мазаллатем бар бистари ноз,

(Бар) мо чи, ки дигаре намояд парвоз?

(Ай) ҳамватанони ғофилу ҷаҳли тароз,

(Дид)ӣ, ки чи гуфта пирмарди Шероз?

(Ай) хуфта ба маҳди ноз шабҳои дароз,

(Оё) дорӣ хабар зи бедории ғайр?

Ҷ.

* Суол дар матн омадааст (И.Н.)

(Ин дуюмин намунаи шеър аст, ки аз шумораи аввал то инҷо рӯ ба рӯ меоем. Дар шумораи 3 низ бо ҳамин имзои “Ҷ” се рубоиро хонда будем. Аммо ин пора ба назар меояд, ки таркиббанде буда тӯлониву ҳамин як бандро, ки албатта холӣ аз мушкилот нест, ба чоп расонидаанд ва чун матни қаблӣ инҷо низ сари вожаҳо зери ширеш мондаанду мо ба тахмин онҳоро дар қавсайн овардем. И.Н.)

***

МАКТУБ АЗ БУХОРОИ ШАРИФ

Аввалин нумраи ин ҷаридаи фарида, ки боиси (инкишофу) тарақии  ин миллати тозақадам ба арсаи маъорифи (ҷа)дид ниҳодааст, зиёрат гардида (чашмҳоро) рӯшан сохт.

Иншоаллоҳ мояи ҳазор гуна умедворӣ ( идомаи ҷумла аслан чоп нашудааст. И.Н.)

……

… васл медиҳад гардиши осмон маро.”

(Ал)ҳамдулиллоҳ, ки зинда будаву дидем, ки  миллати (мо ҳам) дар ҷиргаи милали мутамаддинаи олам нахустин (қадами пу)йишро гузошт ва ҳолия аз тарафи умуми (мардум)  табрикоти лозимаи хеш тақдим менамоем ва як (но)лоиқе ҳам таҳрир намуда, тасҳеҳи онро ба идора ҳавола мекунем:

Чаҳор чизест, ки одамиро ба авҷи камол расонида, ба шоҳроҳи ҳақиқат савқ медиҳад, яъне аз хиттаи ҳайвоният бароварда ба ҷодаи одамият дохил мекунад..

Аввал илм, ки лозимаи он амал аст ва илму амал тавъами лозиму малзуми якдигаранд.

Дуввум: ҷаҳд, яъне ғайрат.

Саввум субот; чаҳорум сидқ, яъне сафо.

Ҳар гоҳ шахси оқиле дорои ин сифоти муҳсина гардид, битавон гуфт, ки инсони комил аст ва бидуни ин хасоил ҳам одам шудан басе мушкил аст.

Ҳоло биёем ба сари матлаб, ки илм чи гуна чизест ва чи гуна шахсеро бишавад олим гуфт. Ҳазрати фахри коинот (манзур Расули Акрам аст – И.Н.) мефармояд: “Алъилму ъилмони: ъилмул абдон ва ъилмул адён” (Гунаи дигари нақли ҳадис бо пешу пас кардани калимаҳо чунин аст: Алъилму ъилмони: ъилмул адёни ва ъилмул абдон. – И.Н. «العلمُ عِلمانِ: علمُ الادیانِ و علمُ الابدان» ), яъне: илм – ду илм аст: яке илми адёну дигаре илми абдон.

Абдон ҳам ҷамъи бадан, илми саломатии мизоҷу ислоҳи бадан, яъне илми ҳикмат амсоли тиббу шуъаботи он, ки таъаллуқ ба ҳаёти шахсии инсон дорад.

Пас, мурод аз илми адён улуми диния, яъне ухравия аст. Мисол% тафсир, ҳадис, фиқҳ ва ғайра, ки дар шаъни ин илми шариф гуфта шудааст: “Алъақл мо ъубд биҳир Раҳмон ва актусиба   биҳил Ҷинон” («العقل ما عُبد بهِهِ الرحمان و اکتُسِبَ بِهِ الجنان»). Яъне: ақл (ки натиҷаи илм аст) он аст, ки ба ӯ ибодат карда шавад Худо ва касб намуда шавад Биҳишт. Ва ин ҳарду илми шариф, амал лозим дорад ва бидуни амал дорои онро намешавад олим гуфт.

Дуввумин сифоти инсониро ҷаҳду ғайрат гуфта шуд, яъне шахс бояд дар ҳар коре, чи аз масъалаи динӣ ва чи аз умуроти дунёӣ ҷоҳиду соъӣ бошанд, ки бидуни ҷаҳду ғайрат ҳеч коре дуруст намешавад Нобурда ранҷ, ганҷ муяссар намешавад). Албатта дар ҳар коре бояд саъй кард, ки Худо фармудааст: “лайса лилинсон илло мо саъй” (Сураи “Наҷм”, ояи 39. – И.Н. « لَيْسَ لِلْإِنْسانِ إِلَّا ما سَعى ‌» ) – яъне: нест бар инсон магар ончи саъй намудан.

Сифати саввумиро субот гуфтаем, яъне: қоиму собит будан ба ҳар коре, ки аз одами булҳавас ҳам ҳеч коре барнамеояд. Бесукутӣ ҳам яке аз алоими ҷунун аст.

Чаҳорум сидқи сафо, яъне ростиву дурустӣ, ки бори каҷ ҳам ба манзил нахоҳад расид.

Пас, ҳар гоҳе, ки шахс дорои ин чаҳор сифоти лозима шуд, мешавад ӯро одам гуфт. Ва илло ояи “улоика коланъом” (ояи 179, сӯраи “Аъроф”-И.Н.) –ро дар шаъни ӯ битавон тафсир кард.

Боқӣ дорад (яъне: давом дорад – И.Н.)

М.С. Мирзо Хурдоф

***

ТИҶОРАТУ САНОЪАТ

БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАШМ

Агарчи сармоии Маскав ба гармии бозор қадре муъовинат кард, хусусан дар Маскав ва атрофаш, лекин вазъи дохилӣ мисли аввал сокиту бетафовут аст. Толибон хеле каманд.

Дар Ростуф Дун ин авохир баъзе фурӯшҳо шуда, лекин боз ҳам ҳамаи молҳо фурӯхта нашудааст. Дигар ҷоҳо ба сукути том мегузарад. Куллиятан наздик будани вақти пашми нав ҳам ин қадарҳо муассир нест ва ҳол он, ки одатан дар ин авқот андозаи зиёде аз моли тоза фурӯхта мешуд. Ахбор дар бораи пашми тоза хеле кам мерасад. Фақат аз Қафқози шимолӣ хабар медиҳанд, ки зимистон хеле хуб гузаштаву гусфандҳо беалаф намонда ва маҳсули пашмҳо бо соли гузашта ё баробар мешавад ё қадре зиёд.

Тиҷорати пашми Русия аз ҷиҳати камии мол қадре суст ва беаҳаммият аст. Дар Соритсин (Волгогради кунунӣ – И.Н.) ҷинси аълои пашм тамоман фурӯхта шудааст. Дар бозор пашм каме монда аст. Гумон меравад, ки то пашми тоза хариди куллӣ аз тарафи корхоначиҳо нахоҳад шуд. Дар ёрморка (ирбит) тиҷорат сокит буд. Мол зиёду муштарӣ хеле кам будааст. Вазъи бозори хориҷӣ мисли ҳамин бозорҳо сокит аст.

Дар Олмон ҳам ҳамин тур аст, фақат моли аълоро толиб ва муштарӣ зиёд аст. Ба ин ҷиҳат қимати моли аъло тараққӣ кардааст. Мол камтар ворид мешавад. Ҳароҷ (музояда) дар бозори Берлин аз ҳама вақт сокиттар будааст. Сабабаш бадии мол аст. Ба ҷиҳати он, ки соли гузашта тобистон хеле гарм будаву пашм хеле хок бардоштааст. Қимати пашм дар ҳароҷ аз соли гузашта тафовут накарда, қимати моли бад 7 ва 10 прутсент таназзул кардааст.

Бозори Инглистон сокит аст, лекин ҷиҳати ин сукут таътили фаълаҳои маъодини зуғолсанг аст, ки ба камии кори корхонаҳо хеле асар карда аст. Мегӯянд, ки агар таътил намешуд ва ба вазъи оддӣ буда бозор гармтар мешуд. Хеле аз корхонаҳо аз шикасти бозор истифода намуда моли зиёд гирифтаанд.

***

АБРЕШИМ

Ливан – 2 морт. Ҳолати бозор сокит аст. Дар Итукоқолм (шояд Истокҳолмро дар назар дорад – И.Н.) 8500 қир абрешим ҳаст.

***

Морсал  – 2 морт. Ҳолати бозор муҳкам аст. Қимати бурома(?):

Моли Эрон

08 – 10 – 15

Моли Туркистон

08 – 10 – 15

***

АХБОРИ ДОХИЛА

Ахбори Думо

Маҷлиси Думо боз мешавад дар таҳти садорати Рудзиёнку.

Муъаррифи маҷлис Куволински буда дар бораи симетои (лоиҳаи махориҷ) синуд (шояд: сенат – И.Н.) музокира мешавад. Дар вақти музокира зиёда аз будҷа корҳои синудро танқид мекунанд ва дар бораи иҷтимоъи “собур” баҳс зиёд мешавад. Кашиш (раиси муддаъии умумии тамоми калисоҳо) ҳаққи калисоро муҳофизат мекунад.

Мубоҳисаву музокира тамом шуд, дар бораи таҳсиси як милюну понсаду панҷоҳ ҳазор манот ва зиёд намудани мавоҷиби муъаллимини макотиби калисо шуруъ ба музокира мешавад, ки ин ваҷҳи мазкур ба қонуни симет ва ё дар хориҷи он қонун дода бишавад.

Дар охир ба аксарияти 113 рой бар алайҳи 79 рой Думо қарор мегузорад ин ваҷҳро хориҷ аз симет таҳсис кунад.

Ҳамчунин тасдиқ карда мешавад, ки ба хочпрестҳои қадиммаслак ҳарчи аз китобҳо ва ишколи муқаддаса ва лавозими калисоӣ, ки аз онҳо гирифта шудааст, ба худи онҳо баргардонанд.

Ба музокираи сметои вазорати дохила шуруъ мешавад.

Аз вазъи бепулии идороти маҷалла ва балдия ҳам музокира мешавад.

Баъд аз он таклиф мекунанд, ки ба таъқил суол кунанд аз вазири хориҷа дар бораи ҳаракоти муғоири қонуни ӯ, ки бар зидди фасли 1714 буда, шогирдони мазҳаби котуликро маҷбур менамояд, ки дарси шариъатро ба забони русӣ бихонанд.

Ба аксарияти 79 рой бар алайҳи 87 рой таъҷилӣ будани суол қабул мешавад. Милитаристони тарафи рост аз утоқи ҷаласа хориҷ мешаванд.

Садр изҳор мекунад, ки бино ба ғайриқонунӣ набудани иддаи вукало фардо ин масъала дар аввали ҷаласа ба музокира гузошта хоҳад шуд.

***

Соротуф – Дар наздикии шаҳри Дарбоғӣ корхонаи пули нуғраи қалб дуруст намудан кашф шудааст. Дар туи (дохили – И.Н.) барф кисаи (халта – И.Н.) пули нуқраи қалб ба миқдори 1034 сум пайдо шуда, чаҳор нафарро ҳабс намудаанд.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Руйтер хабар медиҳад баҳрияи Итолиё канораи шимолии Пиримро дар чанд мил масофа аз Прим бомбордмон (бомбаборон – И.Н.) кардааст.

***

Рим. – 12 морт. Афкори умумӣ ва матбуъот ба зиёрати импиротури Олмон ва қорули (карол – И.Н.) Итолиё бо ҳамдигар аз ҳайси сиёсат аҳаммияти зиёд медиҳанд.

Рӯзномаи “Трибуно” шак намекунад, ки масъалаи ҷангу сулҳ музокира хоҳад шуд ва гумон намекунад, ки ин мулоқот ба зудӣ асаре бибахшад ва мегӯяд, ки Итолиё бояд ин гиреҳро бо қувваи худ боз намояд.

“Журнолд Итоли” менависад: Итолиё, ки ба адами коркунӣ маҳкум шудааст, метавонад аз ҷониби мамлакати дӯсти худ мунтазири муъовинат бишавад.

***

(Дар кунҷи чапи ин саҳифа чун шумораҳои қаблӣ ному насаби мудирҳо ва соҳиби имтиёзи рӯзнома ва зери он рекломи “оптикхонаи О.И. Дивуёкин” ҷой дода шудааст.

***

САҲИФАИ 4

Таблиғоти шумораи қаблӣ ба такрор нашр гардидаанд.

Баргадон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *