Илм ва фарҳанг

Рӯзномаи “Бухорои шариф”, шумораи 5 ( бо хатти сириллик)

БУХОРОИ ШАРИФ – №5

Нумраи 5. Ҷумъа 10 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 5 Пятница 16-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргадон аз порсӣ ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

ТАРБИЯТ ЛОЗИМ АСТ!

Мо гуфтем бояд дарди худро бифаҳмем, чунончи дигарон фаҳмидаанд. Баъд аз он дар хиёли муъолиҷаву мудово бошем, ҳамон тур, ки дигарон будаанд. Иҷмолан арз кардем, ки дигарон ба ҳарчи ҳоҷат доштанд, яке-яке мулоҳиза намуда, ақиби чораву дармонаш рафтанд. Роҳи ҳар як аз эҳтиёҷоти худро чунончи боист софу ҳамвор намуданд. Он аст, ки ба сарманзили тараққӣ расида, ба осонӣ муъолиҷаи нохушиҳои худ карданд.

Бар мо низ лозим аст, ки ба тартиб ҳоҷатҳои худро бифаҳмем. Ба қоъидаи “ило қадам фаило қадам” ( ба эҳтимоли қавӣ аз ин ҳадис гирифта шудааст: “عن عدي بن حاتم

قال: قال رسول الله ﷺ: ما منكم من أحد إلا سيكلمه ربه ليس بينه وبينه ترجمان، فينظر أيمن منه فلا يرى إلا ما قدم، وينظر أشأم منه فلا يرى إلا ما قدم، وينظر بين يديه فلا يرى إلا النار تلقاء وجهه، فاتقوا النار ولو بشق تمرة”) ҳар кадом аввалин аст ҷилав андохта ислоҳ намоем, баъд аз он яке пас аз дигареро мулоҳиза намуда асбоби илоҷро муҳайё созем.

Ақлану нақлан чизе, ки аввалин фароизи мост, ҳамоно талабу таҳсили илм аст. Дар кайфияти таҳсили илм худамон пеш аз ҳама чиз бояд нигоҳ карда дар ислоҳаш саъй намоем.

Торихи олам нишон медиҳад, ки як вақте нуқтаи улум дар Осиё буда, балки вақте ки дар Осиё илму маданият буд, дар соири ақтори ҷаҳон хабаре аз инсоният набуд. Ва ин ҳам маълуму мусаллам аст, ки тараққӣ ба ҳаққи улуму фунуни осиёиҳо баъд аз зуҳури нури ҳақиқат ва даъвати муқаддасаи исломият шуда, ибтидои таваллуди ақлу идрок дар банӣ навъи башар баъд аз баъсати ақли аввал (салъам – манзураш Расули Акрам аст ва салъам сабукшудаи салаллоҳи ъалайҳи оли васаллам аст – И.Н.) шуда.

Маъаҳазо ба воситаи касолату танбалӣ, ва иштиғол ба ишрату беэътиноии қавме, ки иддиъои табъияти ақли аввалро (даъвои уммати Муҳаммад салъам будан – И.Н.) мекунанд, аз фаҳму идрок билмарра маҳруму дур мондаанд.

Мо наметавонем ифтихор ба ин намоем, ки як вақте мутақаддимини мо олиму доно буданд. Ё дар замони хулафои Аббосия, мусалмонон дорулфунунҳо доштанд. Аксари улуму фунунро тарҷимаву шарҳу баст доданд. Бисёре аз улуми ҳолияро асос аз эшон аст ва ҳаказо…, ки агар бо ин ҳарфҳо ифтихор намуда худфурӯшӣ бикунем, ҷавобҳои зишту баде хоҳем шунид. Он вақт агар ҷавоби адабӣ ба мо бидҳанд, хоҳанд гуфт:

Гирам падари ту бу(д) фозил,

Аз фазли падар туро чи ҳосил?

( Ва ё: )

Шерро бачча ҳаме монад бад-ӯ,

Ту ба пайғамбар чи мемонӣ? Бигӯ!

Пас беҳтар аст, ки феълан ин ифтихорро мавқуф намудаву ин ҷавобро ҳам нашнавем.

Ба нақди ончи ошкор мебинем, он аст, ки мо муҳтоҷ ба илм ҳастем. Илмҳое, ки ба ҷиҳати дунё ва охирати мо лозим аст, гӯё, ки надорем. Хоҳед фармуд: Қариб ба даҳ, балки сад ҳазор муҷаллад таснифоти илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, ақоидӣ, шаръӣ ва… дорем.

Дар ҷавоб метавонам ҷасорат намоям, ки ин дороии мо аз надорӣ забунтар аст. Чиро? Ба ҷиҳати он, ки фарзан дар илми наҳви арабӣ, ки ба ҷиҳати ёд гирифтани лисони шаръӣ ва миллии худ дуруст намудаем, ҳазор муҷаллад авҳому ороро ҷамъ намуда, асбоби тазйеъи умр ва зиндагонии худро фароҳам овардаем.

Агар касе бихоҳад наҳвии комил буда аз ақволи наҳвийин хабардор бошад, бояд ду ҳамсари умру зиндагонии худ ҳам қарз намуд(а) тамом наҳвӣ бошад. (Манзураш ин аст, ки: агар як нафар хоҳад, ки илми наҳвро ба тамом фаро бигирад, бояд ду бор умр бибинад ё ду умрро якҷоя дошта бошад, то ин илмро бо ин ҳол ба тамом фаро бигирад. – И.Н.)

Он вақт яке аз муқаддамоти арабияро таҳсил намуда, дигар аз соири адабиёт беиттилоъ хоҳад монд.. Сарф, луғат, мантиқ, арӯз, маъон(ӣ), бадеъ ва… номаълум хоҳанд монд.  Агар бар фарз касе ҳамаи инҳоро ба тавре таҳсил намуд, он вақт руҷуъ ба Қуръони шарифу ахбори набавия, ки намуд аҳли илм медонанд, ки чи тур ва ба чи андоза ҳайрону саргардон хоҳад монд! Чиро, ки Қуръони шариф, ки ба забони арабии бини сода ва

САҲИФАИ 2

ошкор нозил шуда, ин қадр тақдирҳову таъвилҳо бар ӯ зиёд менамоянд, ки одамизод гиҷ шуда, охир муродро дуруст намедонад ва илми дурусте, ки хотирҷамъ бошад, ҳосил наметавонад намояд.

Казолика ба ҷиҳати истинботи аҳкоми шаръията ин қадар қавоъиду усули печопеч дуруст намудаанд, ки наметавон ба таври илм(ӣ) исботи яктарафи масъала намуд.

Хулоса моро руҷуъе ба ин тафсилҳо нест. Фақат мехозем арз кунем, ки соирини заҳматҳо кашида хаму печро аз илмҳои лозима бардошта, рӯз ба рӯз саҳлтару осонтар намудаанд.

Бар уламои мо ҳам лозим аст, ки нияти худфурӯшиву худнамоиро дур карда, дар ислоҳу осон намудани вазъи таҳсили мо бикӯшанд. Ин матлаб ҳам ҷои ишколе надорад, чунончи дигарон карданд, мо ҳам метавонем кард.

Бисту сӣ сол пеш аз ин қавми рус қоъидаҳо доштанд, дар наҳву сарфи забони худшон китобҳо нивишта буданд, ки чандин сол таҳсил менамуданд, оқибат ҳам бесавод мемонданд. Аммо ҳоло дар арзи чанд моҳ чунон ёд медиҳанд, ки як калима ишколе барои талаба боқӣ намемонад. Дар аҳолии ислом низ агар мулоҳиза бифармоед, аҳолии Мисру Ҳиҷоз ( ки баъдҳо аз тарафи қабилаи Оли Саъуди кунунӣ истило шудаву номи Арабистони саъудиро гирифт.  И.Н.) ҳоло билмарра аз кутуби наҳвияи замони Замахшариву Сибуя ва… эъроз намуда, ба қавоиди саҳлаву самъа дар арзи чандин моҳ атфоли худро наҳвдони саҳеҳ менамоянд.

Бар мост, ки дар садади осон намудани улуми лозима буда, авқоти шарифаи абнои миллатро зоеъ накунем. Ақаллан чаҳору панҷ сол, ки  таҳсили забонҳо карданд, чаҳору панҷ соли дигар ҳам ақиби улуму фунуну саноеъи дигар рафта, ба ин восита ҳам умури адёни онҳо ба назм уфтад, ҳам улуми абдону маъоши дунявиро ёд бигиранд. Одамизод, ки бистсола шуд, лозим аст корҳои дунявию ухравии худро ба ӯҳдаи худ бардорад.

Бақия дорад.

Ҷалол

***

ТИЛГРОФОТИКА

Понздаҳуми морт ба идораи мо расидааст.

Рим – Дар давоири расмӣ мегӯянд, ки дар вақти мулоқоти импиротури Олмон ва корули Итолиё масъалаи сулҳ музокира шудааст. Лекин ин музокира ба ҷараёни ҷанг асар нахоҳад бахшид.  Ҷанг то иди Посхо вазъи сахте пайдо хоҳад кард. Дар ин наздикӣ баҳрияи Итолиё дар дарёҳои урупоӣ ва осиёии Туркия ибрози фаъолият хоҳанд намуд.

***

Тукию – (пойтахти Ёпун аст) – Маҷлиси ашроф қонунеро, ки ба мӯҷиби он адади вукалои миллат зиёд боястӣ шаванд, рад намуд. Ин қатънома мисли прутест бар алайҳи ҳаракати фирқабозии ҳукумат маҳсуб мешавад.

***

Ландан – Дар маҷлиси Мабъутон(?) зиёд намудани музди рӯзонаи фаълаҳои зуғолсанг то як дараҷа қабул шудааст. Намояндагони фаълаҳо ба ин қатънома розӣ нашудаву изҳор мекунанд, ки агар музди рӯзона 5 шиллинқ (ду суму сиву панҷ тин. – Шарҳи рӯзнома. шиллинг – воҳиди пулии Ингилистон – И.Н.) муқаррар мешуд, таътил тамом мешуд.

***

Одис – Одамҳое, ки аз мағозаи “Қурдун” муъодили саду шасту панҷ ҳазор сум ҷавоҳирот дуздида буданд, дастгир шуданд.

***

Исломбул – Шоеъоте, ки дар бораи намоён шудани баҳрияи Итолиё дар наздикии Буғози Дордонил мунташир шуда, аз тарафи ҳукумати Туркия такзиб мешавад. Фақат чанд киштии ҷангӣ ба тарафи ҷазираи Кир равон шудаанд.

***

Дар роҳи оҳани Солуник – Мофостир (шаҳрҳои Усмонӣ аст) ду адад бумбо пайдо шудааст.

***

Хӯй – Курдҳо ба хиёли масдуд намуда(ни) роҳи Суноқ, деҳҳои Кобокатӣ,, Пасохиёл, Зивудчик, дашти салмосро ишғол кардаанд. Копитон Кислӣ, ки бо панҷ нафар муҳофизин убур мекард, аз тарафи қаровулчиёни курд безарур тирборон шудаанд.

***

Петербурғ – Вазири баҳрия Сивоступул  рафтааст. (Сивоступул шаҳрест дар канори Дарёи Сиёҳ).

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

ЭҲСОН

Аморатпаноҳ Усмонбек тақрибан се сол шуда буд, ки дар овон ба мансаби эшик оқобошӣ будан ба ҳукумати вилояти Болисун (шяд Бойсун дар назар асту ҳангоми ҳуруфнигорӣ иштибоҳ шуда – И.Н.), ки яке аз билоди маъруфи давлати ъалияи Бухорои шариф ҳисоб карда мешавад, ба марҳами ҷаноби олии марҳум ва мағфур сарафрозӣ ёфта дар онҷо иҷрои умуроти вилояти мазбураро менамуд.

Ҳозир баъд аз ҷаноби олӣ, ки ба тахти салтанати маврусӣ ташриф фармуданд, ба маншури иморат сарфароз гардонида, мансаби ҷалилулқадри бегӣ меҳрубонӣ намуда буданд.

11 моҳи морти санаи ҳозира (1912 – И.Н.) ҳокими мазкурро аз ҳукумати вилояти мазкур ба ҳукумати вилояти Деҳнав меҳрубонӣ бахшиданд. Ҳарчанд,ики қазои вилоят Деҳнав аз вилояти Болисун филҷумла ноқис мебошад, аммо дар ваҷҳи эътибор рутбаи мофавқи он дошта, ба қатори яке (аз) хавонини пойтахт маҳсуб мешавад. Бинобар он ин маъниро дар бораи ҳокими мушорилайҳ меҳрубонии тамом ва тараққии молокалом медонем. Чунки ҳокими мазкури собиқ аз ин дар вақти таҳсил намудани ҷаноби олӣ дар вилояти Петербурғ ба хидмат буда, дар онҷо ба ҷаноби олӣ хидматҳои шоиста карда будааст. Маъоши нек дар зиндагонӣ ҳаёти ҷовидонӣ дорад.

М.

***

ТУРКИЯ

Исломбул – Ба мӯҷиби тасаввури хабаргузори Исломбул “Руски Ислово” афкори умумӣ ва давоири сиёсӣ аз ҳозир шуданҳои Русия ба фикр уфтодааст.

Рӯзномаҳо ҳар рӯз сармақолаҳо дар бораи табдили сиёсати рус нисбат ба Туркия менависанд.

***

Исломбул – Ба мӯҷиби хабари “Руски ислово” ин авохир майл ба сулҳ дар давоир зиёда мушоҳида мешавад. Агарчи тарафдорони сулҳ ва онҳо, ки мехоҳанд шуруъ ба музокироти сулҳ мешавад, хеле каманд.

Метавон гуфт сабаби ин ин амр тарзи ҳаракати Русия шудааст.

Ҳамчунин фасли ҷавоби Итолиё, ки ба дувал додаву дар онҷо изҳор намудааст, ки Итолиё ҳозир аст сулҳро тавре бикунад, ки бар шарафу ҳайсияти Туркия барнахӯрад, ба майл намудани Туркия ба сулҳ афзудааст.

***

ИЗҲОРИ ДУВАЛ ДАР БОРАИ БЕТАРАФӢ

Порис – “Истибороти руски ислово”. – Дар давоири сиёсии Порис муътақиданд, ки ба Шӯрои ( бо иштибоҳ “шуъарои” омада – И.Н.) Туркия дар мамолик дували муътама (?) аз тарафи дувал ихтор шудааст, ки ба ҷиҳати бенатиҷа мондани миёнҷигарии онҳо дар масъалаи мусолиҳа тамоман бетараф хоҳанд монд. Ба нақд, ки ишғоли Тароблисро аз тарафи Итолиё қабул накардаанд.

***

Одис – Киштиҳое, ки аз Искандария меоянд, хабар медиҳанд, ки тамоми баҳрияи Усмонӣ ҳоло дар Дордонил ҷамъ шудааст ва шоеъот дар бораи ҳаракати баҳрияи Усмонӣ ба тарафи Босфур беасл аст.

***

Петербурғ – “Руски ислово” мегӯяд:  Дар Петербурғ аз хабари қарор гузоштани ҳуҷум ба Буғоз, Дордонил, Итолиё, дар давоири давлатӣ асбоби ҳаяҷон фароҳам шудааст.

***

Порис – Дар давоири сиёсӣ яқин доранд, ки дар ин наздикӣ Итолиё дар обҳои Туркия ё дар дарёи ҷазоир ва ё дар Дордонил шуруъ ба ҳаракати ҷангҷӯёна хоҳад кард.

***

ЭРОН

Теҳрон – Ба ақидаи сиёсиюни инҷо, ҳукумати Эрон бо имзо намудани нутаи мутолиботи Инглису Рус дахолат намудани онҳоро ба корҳои Эрон қабул кардааст.

***

Теҳрон – Бино ба хоҳиши ҷиддии маслиҳатгузори … Мурёни Белжикӣ … аз маъмурини молия ва идорот узл шудаанд. Бар зидди қарордоди муайяне, ки маъмурини … боястӣ ав имтиҳон қабул нашаванд. Мурён маъмурини тозаро бе имтиҳон қабул кардааст. Дар суҳбати ғайрирасмӣ, Мурён изҳор кардааст ашхосеро, ки бар зидди манофеъи русу инглис ҳаракат мекунанд, набояд дар хидмату маъмурияте қабул намуд.

***

МАКТУБ АЗ БУХОРОИ ШАРИФ

КӮШИШУ ТАЛОШ

Магзар аз кӯшиш, мабодо рӯзгори ҳилаҷӯ

Поймоли роҳатат чун сурати дунё кунад.

Ин байт моли адиби муҳтарам марҳум Мирзо Бедил алайҳираҳма аст, ки дар замон ва барои … халқ мусовӣ буда, лозим будани кӯшишу талошро аз барои мардумон исбот менамояд.

Воқкан ҳар фарде аз афроди инсонӣ, ки дар ҳар амре кӯшиш намояд, сарриштаи зимоми кори худро аз даст … поймоли ҳодисоти дунё мегардонад. Чунончи туҷҷор агар ҷинси матоъи худро кӯшмш карда ба бозор набурдӣ, ҳеч кас он матоъро аз ӯ нахаридӣ ва касби ӯ маътал мондӣ. Ва инчунин агар толибони илм дар таҳсили илм камоянбағӣ кӯшиш накардӣ, ҳаргиз аз илм баҳра нагрифтӣ ва касеро ҳам (баҳо) надодӣ. Ва агар давлатманд аз барои тазйиди давлати худ кӯшиш накардӣ, давлати ӯ оҳиста – оҳиста кам гардида, оқибат он давлатманд фақир гардидӣ.

Дар дунё ҳеч амре барои инсон (сахттару) муҳликтар аз фақру бебизоъатӣ набуда. Бинобар  ҳадиси муъҷазбаёни ҳазрати Хотамуннабиййин (салъам) ..  гӯёст, киЖ “Фақирӣ ба куфр мебарад”.

Ин ҳадиси набавӣ маълуму возеҳ гардид, ки  аз фақр сахттар барои инсон дар дунё амре нест, вале илмро, оқилони мзияву ҳолия беҳтару бартар аз давлат донистаанд. Зеро ки давлат метавонад, ки ба хусуси як ҳаводиси дунёӣ барҳам хӯрад, аммо илм чунон бенуқсон аз ҳазрони ҳаводиси дунёвӣ маҳфӯз мемонад.

Пас аз ин қарор маълуму мубарҳан шуд, илм, ки саъодати дунёвӣ ва ухровӣ аз ӯ ҳосил мешавад, беҳтарину аҳаммтарин масъала барои инсон будааст, ки дар ҳар сарзамину дар ҳар замон инсоне, ки соҳибилм бошад, азизу муҳтарам аст. Бинобар ин Набии муҳтарами мо саллаллоҳи ъалайҳи оли васаллам  “Алъилм ъизуд дунё ва шарафул охират”, яъне, илм

САҲИФАИ 3

иззати дунё ва шарафи охират аст, фармуда.

Пас, бояд, ки мусалмонон дар таҳсили улум кӯшишу талош намоем, ки агарчанде дигар ба ин тариқа бо ғафлату ҷаҳолат гузаронпм, ҷоҳилонро чун сурати дунё поймоли роҳат менамоянд.

Алҳамдулиллоҳ Бухорои шариф манбаъи илму марҷаъи уламост. Ин бузургворон, ки амсолашонро Худованди олам зиёда намояд, аз илми дунявию ухравӣ мустағниянд, вале ба адади бисёр каманд! Нури илми ин устодони фозил ба ин қадр аҳолии бисёр ҷоҳили беилму ба ҷоҳи ғафлат уфтодагон кифоят намекунад. Ҳазорон шукрҳо, ки ин бузургворон ҳам ҳастанд ва илло аҳволи ҷоҳилону ғофилон ба чи дараҷа будӣ?

Ба мазмуни ҳадиси набавӣ бояд, ки ҷумлаи мардону занони мусулмонони олам ба илм бошем, зеро, ки ба ҳамаи афроди мусулмон фарз гардида. Ҳоло аз ҳазор як нафар, ки олим тавон гуфт мавҷуд набудаву нест. Пас, давои ин дарди ҷаҳлу нодонӣ ин аст, ки ҳар фарде аз афроди ҳамдинамон агар фарзанд доранд, ба хондану тарбияти исломӣ додани ҷигарбандшон кӯшиш намоянд. Агар худ фарзанд надоранд, бояд, ки фарзандони яке аз бародарони диниро ба хондан тарғиб намоянд, ки аҷри азиме бурда бошанд.

Алҳамдулиллоҳ ба воситаи муҳиби олам будани ин ҷаноби олӣ мактабҳо ба ҳарҷо бозу муъаллимон аз маъош гирифтан осӯда, ба қадри кифоят эшон маъош мегиранд. Бояд, ки толибон ба хондан ҳарис гардида, кӯшиш намоянд ва муъаллимон ба таълим додан саъйи балеғ намуда, кӯшишро дар бораи ин тифлони ҳамдини худшон дареғ нанамоянд, ки сабаби аҷри азим ва боиси гирифтани маъоши ҳалоле аз давлатхонаи олӣ мешаванд.

Ва падару хешони толибон ҳам вазифаи худро дониста дар ҳарҷо аз аҳволи фарзанди ҷигарпораи худшон хабар гиранд. Дар зарфи як ҳафта тифл чи таҳсил кардаву таҳсили ӯ дар ҳафтаи оянда чи хоҳад шуд?

Умеди қавӣ аз маорифпарварӣ ва муҳиби фуқарову аҳли илм будани зоти ҷаноби олӣ дорем, ки аз барои таҳсили илм духтарбаччаҳои мо ҳам чанд мактаби алоҳида боз карда ба муъаллимаи онҳо ҳам маъош таъйин гардонида дидаи аноси миллатро ҳам аз нури ҳидояти ислом рӯшан фармоянд! Аҷри азим аз Худованду дуои билониҳоя аз халоиқ ҳосил менамоянд!  Вазири муҳтарами вазоратпаноҳ мир бии кулли қушбегӣ низ зоти маорифпарвар ва муҳиби илм буда, дидаи умеди мо аз нури маорифпарварӣ рӯшан гардад.

Имзо: бтд

***

ИҚТИБОСИ АДАБӢ

Ай дил аз ҳолати Ислом, ки дар тобу табӣ,

На бувад аз караму лутфи Илоҳӣ аҷабе,

Бифиристад ба чаман сарвқаде, ғунчалабе,

Ки ба ҷамъияти гулшан шавад аз нав сабабе,

Чи муборак саҳаре бошаду фархунда шабе,

Шаби Қадр аст гар ин тоза баротат бидиҳанд.

Ҷ.

***

АХБОРИ ДОХИЛА

ДУМОИ 13 МОРТ

Дар таҳти садорати Рудзиёнку Думо мешавад.

Масъала лоиҳаи қонуни изофа намудани (сметаи) (сиёҳаи махориҷи) вазорати дохила барои махориҷи махфӣ аз навад ҳазор то дувист ҳазор сум музокира мешавад.

Баъд суоле, ки рӯзи гузашта дар бораи ҳаракоти вазири улум дар хусуси таълими дарси шариати котулик ба забони русӣ қабул шуда буд, музокира мешавад. Баъзе аз вукало тарафдори ҳаракоти вазири маъориф ҳастанд. Пурушкиевич (вакили тарафи рост)  бо ҳарорати зиёд ба рӯзномаҳои тарафи чап тофт намудаву аз ҳаракати давлат дар бораи рӯзномаҳои тарафи рост ҳам изҳори норизоият мекунад, ки ба рӯзномаҳои тарафи рост ҳукумат майдон намедиҳад. Прушкавич (инҷо насаб чунин навишта шуда – И.Н.) таклиф мекунад, ки ҳукумат ба фирақи тарафи рост муттаҳид гашта бо фирақи тарафи чап мубориза кунанд.

Баъд вакили мусулмонон Мақсудуф нутқи муфассале дар бораи вазъ эрод мекунад, дар ин мазмун, ки ин авохир мусулмононро тазйиқ намудаву ба онҳо хеле фишор медиҳанд. Онҳоро дар “Понисломизм” (яъне илҳоди муслимин) муттаҳам кардаву аз тараққии онҳо ҷилавгирӣ мекунанд ва ҳол он, ки дар миёни мусулмонон ҳисси понисломизм набуда, онҳо фақат ба тараққиву таъолӣ мекӯшанд.

20 милюн мусулмонони Русия мехоҳанд фақат раияти мусовиюлҳуқуқи Русия бошанд.

Аз вукалои тарафи чап Чахаидзе ва дигарон ҳаракати иртиҷоъияи ҳукуматро танқид мекунанд.

Вакил Мотовилуф ҳаракоти ҳукуматро муҳофизат кардаву фирақи тарафи чапро танқид карда мегӯяд, ки сабаби иҷро нашудани қонуни ҳуррияти шахсия вуҷуди иғтишошиюн будааст.

Музокираи мобақи масъалаи смити сиёҳаи махориҷ ба рӯзи дигар мемонад.

Музокира мешавад масъалаи ҳаққи ваколат доштани занон дар адлия.

Муъаррифи кумсиюни адлия Чернусутиюф изор мекунад, ки ройи кумисюн бар ин аст, ки зане, ки мактаби олии адлияро тамом карда бошад, метавонад, ки ваколат бикунад.. Чунки дар қавонини Русия қонуне, ки бар зидди ваколати зан бошад нест ва таклиф мекунад қарори кумисюнро Думо қабул намояд.

Муовини вазири адлия Вирбувкин изҳор мекунад, ки адлия муҳтоҷ ба баъхе танзимот аст. Лекин наметавон гуфт, ки иддаи вакилони мардон кам аст ва кифоят намекунад. Ҳатто зиёда аз қадри лузум аст ва роҳ додани занҳо ба ин кор лузум надорад. Ва ғайр аз он таҳсили занони мо дар макотиб адлия ба андозаи мардон нест. Чунки макотиби занон барои ин кор дуруст нашудааст ва нуқсон дорад. Илова мекунад, ки набояд фаромӯш намуд, ки фаъолияти вакили адлия хосияти умумӣ дошта, хидмат ба ҳукумат будаву изн додан ба занон барои иштирок дар кори адлия муқаддима мешавад ба иҷозаи дазолат додани понҳо ба кори умумӣ ва ғайр аз ин, аксар авқот баъзе корҳои мутаъаллиқ ба оила инфоқ мекунад, ки хосияту маҳҷубияти занони понҳо иҷоза намедиҳад, ки дар ин кор хидмат кунанд. Ҳукумат ин лоиҳаро бемақеъ дониста ва ҳалли ин масъаларо ба ӯҳдаи худ нахоҳад бардошт.

Вукалои тарафи чап ба ин рой розӣ намешаванд.

Баъд лоиҳаи қонун барои кам намудани гумрук ба мошинҳои зироатӣ барои ривоҷи амалиёти мошин дар корҳои зироатии Русия музокира мешавад.

Вазири тиҷорату саноат ба ин лоиҳа зид буда мегӯяд, ки агар қонуни гумрукӣ тағйир дода шудаву аз мошинҳои хориҷӣ гумрук гирифта нашавад, мошинсозони мо тараққӣ нахоҳанд кард ва илова мекунад, ки ҳукумат ба ин лоиҳа розӣ нест.

Овдокуф таклиф мекунад, ки агар бонки давлатӣ вуҷуҳеро, ки барои мошинҳои мамлакатӣ, ки аз тарафи идораҳои зимство (идораи маҳаллия) дода шудаву дар арзи се сол учут (тафриқи ҳисоб) мекунад, дар арзи шаш сол учут кунад, беҳтар хоҳад шуд. Ин таклиф қабул мешавад.

***

ШӮРОИ ДАВЛАТӢ

Дар таҳти садорати Қулубуф

Лоиқаи қонуни қадаған намудани шикори “субул” (ҳайвони кӯчакест, ки пӯсташ боқимат аст)  дар арзи се сол, аз соли 1913 то соли 1916 музокира мешавад. Лоиқаи қонун қабул мешавад.

Баъд қарор гузошта мешавад, ки кумисюни чаҳордаҳнафарӣ а з аъзои Думо ва Шӯрои давлатӣ мунтахаб шуда, ҳалли ин қонунро ба онҳо биспоранд.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Баридунӣ(?) – Аз Хонкоу (Чин) хабар медиҳанд, ки ба се нафар “мисюнар”-и (даъватгари хочпарастон) омрикоӣ дар роҳи Сичуон ҳамла кардаанд.

Мисюнарҳо маҷруҳ ва “лудка” қоиқи онҳо ғорат шудааст. Барои муъовинати онҳо қувва фиристода шудаст.

***

Рим – (пойтахти Итолиё аст) – Ба ҷиҳати таътили фаълаҳои зуғолсанги Ингилистон ба тиҷорати боркоҳи(?) Итолиё хеле садама расидааст. Қатори роҳҳои оҳан айёми ҳаракати худшонро кам кардаанд.

***

Миксико – (Омрко) – Ҷанг мобайни инқилобиюн ва ҳукумат аз даҳуми моҳи морт қатъ нашудааст, ба ҳарду тараф хеле талафот расидаст.

Инқилобиюн як “овтомубил” (коласкаи бухорӣ) ба муқобилаи воғуни зиреҳпӯш фиристодаанд ва аз мусодимаи инҳо 60 нафар мурдааст.

***

Канҷа – (Дар Чин аст) – Ба ҷиҳати иғтишош дар маҳоли Элӣ муносиботи омаду рафт қатъ шудааст.

***

Дар охири ин саҳифа ному насаби мудирҳо ва соҳиби имтиёзи рӯзнома, дар зери он рекломи “Нахи абрешими Хоқонӣ” ҷой дода шудааст.

САҲИФАИ 4

Мисли шумораҳои қаблӣ ҳамон рекломҳои такрориро дорад.

Баргадон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *