АхборҲуқуқи башар

СИЁСАТШИНОСОНИ РУСИЯГӢ ВА МУҲОҶИРИН ОЗОДИИ ИЗЗАТ АМОНРО ТАЛАБ КАРДАНД

Ҳодисаи боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, мухолифин, муҳоҷирин ва доираҳои сиёсӣ  сару садои зиёдеро ба миён овард. Аксарият ин амали мақомоти Русияро ғайриқонунӣ ва як иқдоми барномарезишуда арзёбӣ намуда, онро маҳкум намуданд.

Аз ҷумла рӯзноманигор, сиёсатшинос, ходими давлатӣ, узви Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандии нази Президенти Русия Максим Шевченко бо пахши як навор дар шабакаи Ютуб ин ҳодисаро бар хилофи қонунгузории ин кишвар ва муъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дониста, онро қотеъона маҳкум намудааст. Ӯ таъкид кардааст, ки Иззат Амон аз соли 1996 шаҳрванди Федератсюни Русия буда, на танҳо ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирин, балки номзади илми ҳуқуқ ва хатмкардаи Академияи дипломатии назди Президенти Русия низ мебошад.

Максим Шевченко гуфтааст, ки боздошт, маҳрум намудани шаҳрвандӣ ва пинҳонӣ ба Тоҷикистон фиристода шудани шаҳрванди Русия Иззат Амон гувоҳи поймол шудани ҳуқуқи як нафар шаҳрванд ва қонуншикании мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин кишвар мебошад. Сиёсатшиноси русиягӣ аз мақомоти Русия талаб намудааст, ки барои озод намудани шаҳрванди Федератсиюни Русия Иззат Амон ва ба ин кишвар баргардонидани ӯ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Сиёсатшиноси дигари русиягӣ Руслан Айсин низ дар робита ба ин ҳодиса наворе нашр карда, ин амали мақомотро маҳкум намуда, ба таври фаврӣ ба Русия баргардонидани ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирин Иззат Амонро талаб намудааст.

Имрӯз як гурӯҳ муҳоҷирон дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав бо нишонаи эътироз пикет оростанд. Онҳо бо лавҳа ва шиорҳои  “Озодӣ ба Иззат Амон” ин ҳодисаро маҳкум намуда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб намуданд, ки ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон озод  ва ба Русия баргардонида шавад. Аз наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, маълум мешавад, ки чанд нафар аз пикеткунандагон аз ҷониби пулис боздошт ва ба шуъбаи пулис бурда шуданд. Дар миёни онҳо як нафар маҷрӯҳ ҳам ба назар расид, ки табибон ӯро муоина мекарданд. Аз нақли ӯ маълум гардид, ки ҳангоми баргузории пикет ӯ аз ҷониби корманди сафоратхонаи Тоҷикистон мавриди латукуб қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон 25 март аз ҷониби маъмурони пулис дар шаҳри Маскав дастгир, шаҳрвандияш бекор ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. 27 март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки бинобар оғоз шудани парванда бо моддаи қаллобӣ нисбат ба  Иззат Амон  ӯ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *