Иқтисод

СММ аз эҳтимолияти буҳрони ҷаҳонии ғизо ҳушдор дод

Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар гузориши худ аз эҳтимолияти буҳрони ҷаҳонии ғизо ҳушдор дод.

Дар ин бора рӯзномаи “Ведомости” бо истинод ба гузориши ин созмон  хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки шумораи миёнаи офатҳои солонаи табиӣ нисбат ба 30-50 соли пеш беш аз се маротиба зиёд шудааст. Сухан дар бораи сӯхторҳои бешазор, ҳаводиси шадиди обу ҳаво, зараррасонҳо ва дигар офатҳои табиӣ меравад. Тақрибан 63 фоизи зарар ба кишоварзӣ рост меояд.

Таъкид мегардад, ки ҳамагири вируси куруно хавфҳои бе ин ҳам харобиовари низоми ҷаҳонии озуқавориро афзоиш дод. Аммо, ба гуфтаи Георгий Остапкович, директори Маркази омӯзиши тиҷорати Мактаби олии иқтисод, СММ доимо чунин изҳорот медиҳад. “Ба ин тариқ, онҳо аз кишварҳои пешрафта барои кишварҳои фақиртарин пул ба даст меоранд”, – шарҳ дод ӯ.

Ҳамин гуна изҳорот қаблан аз ҷониби СММ ҳам гуфта шуда буд. Онҳо ҳушдор доданд, ки мардуме, ки дар кишварҳои фақир зиндагӣ мекунанд, ба далели бӯҳрони ҳамагири бемории КОВИД-19 бо хатари камбуди ғизо рӯбарӯ ҳастанд.

Нархи ҷаҳонии маводи ғизо ва ашёи хом дар соли 2020 рекорди се соли охирро шикаст. Ин шохис дар моҳи декабри соли гузашта ба 107,5 воҳид ва ё дар муқоиса бо моҳи ноябр, ки ин шохис дар сатҳи баландтарин дар шаш соли охир сабт шуда буд, 2,2 дарсад афзоиш ёфт. Коршиносон болоравии нархи хӯроквориро танҳо бо пандемия рабт намедиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, пӯёии (динамикаи) нархҳо аз таносуби талабот ва пешниҳод вобаста аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *