СиёсатҶаҳон

СММ аз ҳалокати 107 нафар дар тазоҳуроти Мянмар хабар дод

Рӯзи шанбе нерӯҳои амниятии Мянмар дар тазоҳурот 107 нафар, аз ҷумла ҳафт кӯдакро ба қатл расонданд.

Дар ин бора дар изҳороти муштараки  мушовири махсуси СММ оид ба пешгирии наслкушӣ Алис Ндериту ва Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи башар Мишел Бачелет гуфта мешавад.

“Рӯзи шанбе хунрезтарин рӯз аз оғози эътирозҳои зидди кудато буд.  Нерӯҳои амниятӣ тибқи гузоришҳои сершумори эътимоднок ҳадди аққал 107 нафар, аз ҷумла ҳафт кӯдакро куштанд.”- омадааст дар баёния.

Дар изҳорот омадааст, ки дар ҷараёни ин “ҳамлаҳои ба назар ҳамоҳангшуда дар беш аз 40 ҷой дар саросари кишвар”  садҳо нафар маҷрӯҳ ва боздошт шуданд.

“Амалҳои нангин, тарсуёна ва ваҳшиёнаи низомиён ва полис, ки ҳангоми тирпарронӣ ба сӯи тазоҳургарони дар ҳоли фирор ба навор гирифта шудааст ва  ҳатто кӯдакони хурдсолро дар амон намегузоштанд, бояд фавран қатъ карда шаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифадор аст, ки мардуми Мянмарро аз ин ваҳшоният муҳофизат кунад” – изҳор намуданд Бачелет ва Ндериту.

Мушовири махсус ва Комиссари Олӣ аз Шӯрои Амният даъват карданд, ки бар асоси изҳороти онҳо аз 10 марти соли 2021 дар робита бо ҳодисаҳои Мянмар чораҳои таъхирнопазир андешад. Ғайр аз ин, онҳо аз АСЕАН ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзи мардуми Мянмар фавран чора андешанд.

Ёдовар мешавем, ки низомиёни Мянмар рӯзи 1 феврал ҳукуматро сарнагун карда, қудратро дар ин кишвар ба даст гирифтанд ва раҳбарони мулкӣ, аз ҷумла президент Вин Минт ва узви Шӯрои давлатӣ Аун Сан Су Чиро боздошт карданд. Низомиён амали худро ба тақаллуби густурдаи натиҷаҳои интихоботи умумии соли 2020 ва адами хоҳиши мақомоти ғайринизомӣ барои таҳқиқи он рабт доданд.

Эътирозҳои азим алайҳи мақомоти низомӣ пас аз кудато ҳамарӯза дар бисёр шаҳрҳои Мянмар баргузор мешаванд. Ҳангоми пахш кардани  эътироз мақомот аз артиш ва  силоҳу техникаи низомӣ истифода мебаранд. Зиёда аз 70% хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тиб ба маъракаи саркашии шаҳрвандон  ҳамроҳ шуда, ҷойҳои кори худро тарк кардаанд.

Тибқи иттилои  Ассотсиатсияи Маҳбусони Мянмар, ки омори ҳамарӯзаи ҳалокати эътирозгарон аз дасти полис ва низомиёни Мянмарро пеш мебарад, шумораи умумии кушташудагон аз 5 феврал то 27 март 423 нафарро ташкил медиҳад.

Чанде пеш Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Мянмар аз ҳузури низомиёни Русия дар раъси Муовини вазири мудофиа Александр Фомин  дар рамигузашти солона ба муносибати Рӯзи артиши ин кишвар истиқбол кард. Раҳбари кудаточиёни Мянмар Мин Аун Хлаин дар суханронии худ дар расмигузашт   Русияро “дӯсти ҳақиқӣ” номид.

Бояд гуфт, ки Русия пас аз Чин дуввумин таъминкунандаи силоҳ ба Мянмар аст. Тибқи маълумоти Институти тадқиқоти сулҳи Стокҳолм (SIPRI), аз соли 2008 инҷониб Чин ба Мянмар ба маблағи 1,5 миллиард доллар ва  Русия ба маблағи 835 миллион доллар лавозимоти низомӣ ворид намудаанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *