ВарзишҶаҳон

Ходимушшариӣ ба понздаҳгонаи беҳтарин шоҳмотбоззанони ҷаҳон шомил шуд

Теҳрон – ИРНА. Радабандии охирини Федератсиюни ҷаҳонии шоҳмот эълом шуд ва нахустин зани шатранҷбози эронӣ то ҳол дар байни 15 беҳтарин зани шатранҷбози  ҷаҳон ҷой гирифтааст.

Радабандии охирини шатранҷбозон рӯзи чоршанбе аз ҷониби Федератсиюни ҷаҳонии шоҳмот эълон шуд. Дар бахши мардон Пурҳом Мақсудлу дар радабандии шоҳмоти мардон дар Эрон бо рейтинги 2676 мақоми аввалро касб мекунад ва ҷои 60-умро ишғол менамояд. Дар ин бахш  Магнус Карлсон ҳанӯз ҳам шахси аввал аст.

Ин нобиғаи шоҳмоти ҷаҳон моҳи март 15 имтиёз аз даст дод. Ин коҳиш аз сабаби бохт ва натиҷаҳои бади мусобиқаи Ҳолланд Tata Steel буд. Карлсон  бо рейтинги 2847  дар ҷаҳон ҳамчунон нафари аввал аст. Соро Ходимушшариат ҳамчунин бо 1494 имтиёз дар бахши занон дар ҷойгоҳи 14-ум қарор дорад ва мақомаш нисбат ба моҳи гузашта тағйир наёфтааст.

Соро Ходимушшариӣ устоди байналмилалӣ дар байни мардон(2015) ва устоди бузурги байналмилалӣ дар байни занон (2015) мебошад. Расонаҳои эронӣ мегӯянд, ки вай ба унвони узви тими миллии ҶИЭ дар ду Олимпиада (2012-2014) ширкат карда, дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон сареъ ва раъдосо дар соли 2019 мақоми дуввумро касб кардааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *