Ахбор

ТУРКИЯ ТАЛАБОТИ ВУРУД БАРОИ ШАҲОВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ТАҒЙИР ДОД

Туркия ба талаботи вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистон тағйирот ворид кард. Тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Туркия, эътибори шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Туркия мераванд, бояд на камтар аз 150 рӯзро ташкил диҳад.

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ҳамакнун вуруд ба Туркия барои шахсоне, ки шиносномаҳояшон аз 150 рӯз камтар аст, манъ аст.

Айни  замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад.

Бар асоси талабот, кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд.

Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ гирифта шуда бошад.

Ашхоси мубталои вируси СOVID-19 ва шахсоне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба СOVID-19-ро надоранд ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии ПСР-тестро пешниҳод карда наметавонанд, давоми 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин гирифта мешаванд.

Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад.

“Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус  пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад”,- афзудааст манбаъ.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки тариқи транзит азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ) бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Туркия, инчунин Амороти Муттаҳидаи Араба ва Ӯзбекистон, ки бо хатсайри Истанбул-Душанбе парвоз мекунанд, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *