ҶаҳонҶомеа

Чаро Раисҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи занонро ба Рӯзи модар табдил дод?

Мутобиқи фармони Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб  дар кишвар 8 март  ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад. Табдил додани Рӯзи байналмилалии занон ба Рӯзи модар то ба имрӯз миёни ҷомеа фикру андешаҳои гуногунро ба миён меорад. Шояд Тоҷикистон дар қатори камтарин кишварҳое  аз шумули Ӯзбакистон ва Афғонистон бошад, ки 8 мартро ба унвони Рӯзи модар таҷлил намояд, дар ҳоле, ки дар аксари кишварҳои олам барои арҷгузории  модарон рӯзи ҷудогона ихтисос дода шудааст  ва 8 март чун Рӯзи байналмилалии занон бо таърихи беш аз якқарнааш  ҷашн гирифта мешавад.  Рӯзи модар бошад, таърихи бештаре дошта, тақрибан дар тамоми гӯшаҳои сайёра таҷлил  мешавад, аммо санаи он дар ҳар як кишвар гуногун аст. Ҳамин тавр, дар аксари кишварҳои Аврупо, ИМА, Канада, Бразилия, Чин, Ҷопон, Австралия, Утриш, Белжик, Бразилия, Ветнам, Донморк, Олмон, Ҳонконг, Юнон, Ҳиндустон, Итолиё, Конодо, Чин, Кипр, Колумбия, Куба, Латвия, Нидерланд, Зеландияи Нав, Словакия  он ба рӯзи якшанбеи дуюми моҳи май, дар Фаронса ба якшанбеи охири моҳи май рост меояд. Дар Беларус Рӯзи модар 14 октябр, дар Юнон 9 май, дар Испония  8 декабр, дар Русия якшанбеи охири моҳи ноябр, дар Қазоқистон якшанбеи сеюми моҳи сентябр, дар Қирғизистон якшанбеи охири моҳи май, дар Гурҷистон 3 март, дар Арманистон 7 апрел гиромӣ дошта мешавад.

Мутолиаи фикру андешаҳои рӯзноманигор ва пажӯҳишгар Исфандиёри Одина ва донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров, ки дар саҳифаҳои Фейсбук нашр шудааст, ба бисёре аз паҳлӯҳои ин масъала равшанӣ меандозад.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар

Чанд сол пеш, замоне ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии занро ба рӯзи модар табдил кард, албатта аз ҳеч зане назарашро дар ин бора напурсид. Худаш ин корро кард, ба ъунвони як мард, ки худашро ҳокими мутлақ медонад ва мураввиҷи мардсолорӣ аст, ин иродаи худаш буд, на ирода ва хости милюнҳо зани тоҷик! Дарвоқеъ, ин корро пас аз он кард, ки нашрияи СССР мақолае чоп кард, ки дар он рӯзи ҷаҳонии зан рӯзи фаҳшу фоҳишаҳо хонда шуда буд. Ҳатто дар ин мақола рӯзноманигор Клоро Сеткинро, ки аз фаъъолони зани шинохташуда аст, руспӣ (фоҳиша) хонда буд.

Яъне бо “пешниҳоди” як нашрия, яъне нивисандаи мақола ва сардабираш, ки ҳарду “марданд”, як “марди” дигар қаламро ба даст гирифту бар рӯи “Рӯзи ҷаҳонии зан” хатти бутлон кашид ва муҳр зад. Садҳо созмони ғайридавлатии занон ва ниҳодҳои баистилоҳ ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки кумакҳои фаровоне барои “бедорӣ ва огоҳии занон” дарёфт мекунанд, хомуш буданд ва кӯчактарин интиқоде накарданд, чи расад ба эътироз. Ҳама тан ба иродаи се марди занситез доданд, то дар мавриди онҳо ва сарнивишташон тасмим бигиранд.

Рӯзи ҷаҳонии зан ба ҳеч ваҷҳ рӯзи модар нест! Ин рӯзи ҳамсар ва хоҳар ва духтар ҳам нест! Ҳарчанд модарону хоҳарону ҳамсарон ҳам зан ҳастанд. Вале ин рӯз фақат рӯзи ҷаҳонии зан аст. Мо ба модарону ҳамсарону хоҳарону духтарон ва дигар пайвандонамон, ки аз қазо зан ҳастанд, БОЯД фақат ба хотири зан буданашон дар ин рӯз шодбош бигӯем, на ин ки ба занҳо фақат ба хотири модар ва ё хоҳар ва ё ҳамсар ё духтар буданашон табрик бигӯем. Тафовут инҷост.

Дар фазои Шӯравии собиқ зан на сирфан барои зан буданаш, балки фақат ба ин хотир мавриди эҳтиром метавонад бошад, ки модар аст, ё хоҳар аст, ё ҳамсар аст, ё духтар аст. Яъне ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба зан (агар воқеъан вуҷуд дошта бошад, ки надорад!) боз ҳам аз ирода ва хостаҳо ва ниёзҳои мардон бармеояд, ва ба манофеъи мардон вобаста аст, на баёнгари хостаҳо ва ниёзҳои худи занон! Яъне ин марди тасмимгиранда аст, ки ба зан мегӯяд, бибин, агар ман як зарра ба ту эҳтиром дорам, фақат ба хотири ин аст, ки ту модари манӣ, ё хоҳари манӣ, ё ҳамсари манӣ, ё духтари манӣ, дар ғайри ин сурат кӯчактарин арзише барои ман надорӣ!

Маънои табдили Рӯзи ҷаҳонии зан ба рӯзи модарон ҳамин аст. Яъне ин оқои тасмимгиранда ғайраташ иҷоза намедиҳад, ки рӯзе хосро барои арҷгузорӣ ба зан, гӯш додан ба садои ӯ, посухгӯӣ ба ниёзҳои ӯ, дар ҷойгоҳе бартар нишондани ӯ ва ғайраро таҳаммул кунад, сарфи назар аз ин ки чи пайванде ба худи ӯ дорад. Паёми ин марди тасмимгиранда ба занҳо ин аст, ки вазифаи шумо фақат модар будан аст, шумо фақат барои тавлиди мисл офарида шудаед, ҳаққи шахсият будан надоред. Ҳаққи ҳеч кори дигареро надоред, ҷуз корҳое, ки мо “мардон” барои шумо ба унвони “кори занона” таъйин кардаем. Бино бар ин, агар модар шавед, мавриди эҳтиромед, агар на, шумо палиду касиф ҳастед ва сазовори эҳтиром ва арҷгузорӣ нестед.

Баъзеҳо дар ин биниши тангназарона то ба ҳадде ифрот мекунанд, ки мегӯянд “зан ба ин хотир мавриди эҳтиром аст, ки фалон паямбареро ба дунё овардааст!” Яъне агар он паямбарро ба дунё наоварда буд, набоист мавриди эҳтиром бошад! Ин тасмим ва ин шеваи биниш дарвоқеъ тавҳин ба занон буд ва ҳаст, вале занони Тоҷикистон на ин ки ба ин тасмими занситезона эътироз накарданд, балки ҳамасола ба хурсандию хушнудӣ ва бо овардани нақли қавлҳои пуртумтароқ аз раиси ҷумҳур дар ҷаласот ва ҳамоишҳои худ ӯро ситоиш мекунанд.

Рӯзи ҷаҳонии зан рӯзи арҷгузорӣ ба занонест, ки тайи торихе тӯлонӣ, барои озодӣ ва растагории занон, барои ба расмият шинохтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии онҳо, масалан ҳаққи райъ додан ва интизоб шудан ба ин васила дар ҳукумат ширкат кардан, ҳаққи озодии баён, ҳаққи кору таҳсил, ҳаққи ҳузур дар иҷтимоъ, ҳаққи интихоб дар ин ки модар бишаванд ё нашаванд, муборизаҳо кардаанд, ҷоннисориҳо кардаанд, ҷон бохтаанд, то мо ба як ҷомеъаи ормонӣ ва инсонмеҳвар бирасем.

Дар ин рӯз дар кишварҳои фаротар аз ҳавзаи Шӯравии собиқ, занону мардон барои эҳқоқи ҳуқуқи занон даст ба роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳои эътирозӣ мезананд, ё корзорҳои густардаи дигаре барои густариши огоҳӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва рафъи табъизи ҷинсиятӣ барпо мекунанд. Ин рӯз фурсат ва баҳонаест барои як бори дигар бозгаштан ба ин мавзӯъ ва дидан, ки чи мушкилоте дар заминаи озодию баробарии занон бо мардон ва рафъи табъиз ъалайҳи занон вуҷуд дорад, ва водор сохтани давлатҳо ва ҷомеъаҳо ба тағйири сиёсатҳо ва роҳкорҳояшон дар ин замина.

Вале ин рӯз дар ҳавзаи Шӯравии собиқ, сирфан як рӯзи дигар аз рӯзҳои ъайшу нӯш ва саргармиву дилхушии умдатан мардон аст. Бештар рӯзест, ки мардон инҷову онҷо занонро тамҷид (ё комплимент) мекунанд ва ашъоре монанди “зан агар оташ намешуд” қироат мекунанд, шояд ҳадяҳое ҳам ба занҳои ҳамкор ё шинос ё пайвандони худ бидиҳанд. Бештар ба рӯзи Волентойн мемонад, то ба рӯзи мубориза ва корзорҳои бедорӣ ва огоҳигустарӣ. Мушкилоти иҷтимоъиву сиёсӣ ва фарҳангии марбут ба занон, бавижа сиёсатҳои занситезона ва табъизомез дар ин рӯз ба бутаи фаромушӣ супурда мешавад.

Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик

Чаро Рӯзи Зан на Рӯзи Модар?

Чун Зан мафҳуме аст, ки Модарро низ дар бар мегирад. Дар баробари ин, Зан фарогири Духтар, Хоҳар, Ҳамсар ва бар замми ин Зани дуюму чандум ва монанди ин падидаҳои номатлуби муҳити иҷтимоию фарҳангии мо мебошад. Рӯзи Занон чун рӯзе ба миён  омаадаст, ки ба ҳамаи занон, новобаста ба мақоми иҷтимоиашон, баробар тааллуқ дорад.

Албатта, яке аз мақомҳои пуршарафи Зан Модар будан аст, аммо на ҳама модар буда метавонанд, яъне аз назари физиологӣ ва ё ҳолати хонаводагӣ кӯдак зода ва тарбият карда наметавонанд. Аммо дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии мо зан танҳо ба хотири зоё буданаш эътибор дорад. Аз ин зиёд ӯ мавҷуди хатарнок аст. Барои ҳамин, дар нисбати зан муносибати духӯра ҳаст: зан-модарро мепарастанд, албатта, дар бисёр маврид танҳо бо сухан. Дастикам ба модар ва зани ҳомила дар кӯчаҳо ва нақлиёт эҳтиром мекунанд ва ҷою мақом медиҳанд, гарчанде на ҳамеша самимона. Аммо зане, ки ин мақомро надорад, на фақат эҳтиром намекунанд, балки дар нисбаташ дастдарозӣ ва зӯроварӣ ҳам мекунанд. Ҳамонҳое, ки ба модар гӯё эҳтиром мегузоранду мақом медиҳанд, ба дигар занҳо чунин рафтори носазоро раво мебинанд. Духӯрагӣ ва дурӯягӣ дар нисбати зан хоси ин муҳити иҷтимоию фарҳангӣ аст.

Дигар шинохти хатое, ки асоси ин муҳити иҷтимоию фарҳангиро дар нисбати зан ташкил медиҳад, ҳама ахлоқи баду носазоро ба зан шабоҳат додан аст. Маънавиёти садсолаҳо шаклгирифтаи мо аз он ҷумла дар адабиёти “бузург”-и тоҷикӣ (форсӣ), шаҳомату шуҷоат ва хубию накуии мардро дар симои ҳайвонот тасвир мекунад ва хилофи ин ҳамаро дар зан.

Тафриқаандозӣ дар байни марду зан аз шинохти динии мо дар мавриди инсон низ реша мегирад. Тибқи ин шинохт, рӯҳ аз ҷаҳони минуӣ ва ё илоҳӣ меояд, дар ҳоле ки мояи ҷисм аз хок аст. Рӯҳи мард қавӣ, вале зан побанди нафс ва ё асли ҷисмониаш аст. Ҷудоӣ дар байни зану мард онгоҳе бекор мешавад, ки ин марзбандӣ аз байн бардошта шавад ва сарчашмаи ягонаи рӯҳу ҷисм ва ақлу эҳсос ҷуста шавад.

Ба ифодаи дигар, шинохти ҳуқуқ ва шарофати инсонии баробар дар байни Зан ва Модар, Зан ва Мард ба шинохти ахлоқӣ, маънавӣ ва ҳастишиносии мо бастагӣ дорад. То он замоне ки арзишҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва ҳастишиносии мо иваз нагарданд, маҷду санои якрӯзаи мо аз Зан мақоми ӯро дар ҷомеа иваз нахоҳад кард.

Ба ҳар сурат, Рӯзи байналмилалии занон муборак бошад!

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *