ИқтисодҲуқуқи башар

“Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”: Тоҷикистон 21 зина пешрафт кардааст

Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисоди” миёни кишварҳои дунё нисбати соли гузашта 21 зина пешрафт кардааст

ДУШАНБЕ, 7 март — Sputnik. Ин радбандӣ, ки ахиран аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street нашр шуд, 186 кишвари дунёро дар бар гирифтааст, ки Тоҷикистон дар он зина 134-ро ишғол мекунад.

Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойи 155 ва қабл аз он дар зинаи 122 қарор дошт. Гузоришгарон новобаста аз пешрафт Тоҷикистонро имсол низ аз сабаби сатҳи пасти молиявӣ, озодии соҳибкорӣ ва тиҷорат ба гуруҳи кишварҳои “иқтисодаш ноозод” ворид кардаанд.

Гузоришгарон гуфтаан дар соли ҷорӣ мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон 3 бал афзуда, аз 100 холи имконпазир 55,2 холро соҳиб гаштааст.

Ҳамчунин гузоришгарон дар шарҳи мавқеи Тоҷикистон гуфтаанд, Тоҷикистон дар байни 40 кишвари минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҷойгоҳи 42-юмро ишғол мекунад ва нишондиҳандаҳои умумии он аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа ва ҷаҳон хеле пасттаранд.

Ба гуфти гузоришгарон дар пайи ҳамагирии коронавирус иқтисоди Тоҷикистон танҳо 1 фисад поин рафт.

Гуфта мешавад, давоми солҳои нашри раддабандӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон номусод буданд, аммо бо сабаби воридшавии маблағи муҳоҷирон аз Русия, сармоягузорӣ ва содироти канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб ва руҳ маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзоиш ёфтааст.

Таҳиягарони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, Тоҷикистон барои даст ёфтан ба озодиҳои иқтисодӣ, бояд қонунгузориро бознигарӣ кунад, ислоҳот дар бозори меҳнат ба вуҷуд оварад ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварад.

Дар раддабандии мазкур мақоми кишварҳои пасошуравӣ ба таври зайл аст: Эстония-8, Гурҷистон-12, Литва-15, Латвия-30, Қазоқистон-34, Арманистон-32, Озарбойҷон-38, Қирғизистон-78, Молдова-87, Белорус-88, Русия-94, Ӯзбекистон-108, Украина-127 ва Туркманистон-167.

Гузоришгарон иқтисоди Сингапур, Зеландияи нав ва Австралияро озодтарин ва Кубаву Венесуела ва Кореяи шимолиро маҳдудтарин гуфтаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *