АхборҲуқуқи башар

Эътирози мардум дар ноҳияи Восеъ

Чанд рӯз қабл ҳудуди 300 нафар сонинони ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо нишонаи эътироз гирдиҳам омаданд, то  намояндагони мақомоти маҳаллӣ  арзи онҳоро шунида, ба додашон расанд. Тибқи гуфтаи ин мардум дар наворе, ки аввал дар саҳифаи Асадулло Саъдулло дар Фейсбук нашр ва сипас дар канали Ютуб бознашр шуд,  маълум мешавад, ки раиси ҷамоат Икромов Ҷамолиддин ва бародараш, раиси шуъбаи Амонатбонк дар шаҳри Душанбе Икромов Сироҷиддин бо суиистифода аз мансаб ва тавассути пулу ошнобозӣ  ҳудуди 400 га заминро ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ аз худ намудаанд. Сокинони ҷамоати Худоёр Раҷабов мегӯянд, ки аксари мардум, хусусан  ҷавонон пас аз хатми донишгоҳҳо бекоранд ва шароити зиндагониии мардум торафт рӯз то рӯз  бад бад мешавад. Соҳибӣ кардани 400 га замин аз ҷониби як хонавода аз  рӯйи адолат нест ва мардуми ин минтақа низ мутобиқи қонун ба як қисми ин заминҳо  саҳм доранд.

Ба гуфтаи сокинон онҳо борҳо раиси ҷамоат ва дигар масъулини ноҳияро даъват намудаанд, то ба назди мардум омада, мушкили сокинонро ҳал намоянд. Вале ҳар бор раиси ҷамоат Икромов Ҷамолиддин ва мутасаддиёни соҳа ин даъват ва умуман даъвоҳои сокинонро  нодида мегиранд. Ниҳоят косаи сабри мардум лабрез шуд ва онҳо бо нашри ин навор ба Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намудаанд, то ба ҳалли одилонаи ин мушкили мардум мусоидат намояд.

Соли гузашта як теъдод мардуми офатзадаи ноҳияи Хуросон низ барои ба  гӯши масъулин расонидани мушкилашон  даст ба эътироз зада, чанд соат шоҳроҳи Бохтар – Душанберо бастанд. Бар асари ин ҳодиса 5 нафар аз эътирозгарон ба муддати 1.5 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд ва 5 нафари дигар ҷарима шуданд.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд қонунгузорӣ баргузор намудани гирдиҳамоӣ ва тазоҳуротро манъ наменамояд, вале мақомот бо ҳар роҳу восита кушиш менамоянд пеши роҳи онро гиранд.  Соли гузашта ҷонишини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев барои баргузории тазоҳурот расман ба мақомот муроҷиат намуд, вале чанде пас боздошт ва ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Ба сомонаи Равзан муяссар нашуд, ки бо тарафи дигар тамос гирифта, назари онҳоро дар ин бора фаҳмад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *