Илм ва фарҳанг

Қуллаи Ленингради Помир номи қуллаи академик Раҳим Масовро гирифт.

Қуллаи Ленингради Помир, ки солҳои 1932-1933 аз ҷониби экспедитсияҳои Тоҷикистон-Помир кашф шуда, ба номи Донишгоҳи давлатии Ленинград гузошта шуда буд, ба қуллаи академик Раҳим Масов тағйири ном кард. Дар ин бора нашрияи “Ҷумҳурият” Хабар медиҳад.

Ин қулла 6507 метр баландӣ дошта, дар охири шарқии қаторкӯҳи Пётри Кабир, дар паҳлӯи қаторкӯҳи Академияи илмҳо ҷойгир шудааст.

Раҳим Масов аз соли 1988 то 2015  Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ, то моҳи июни соли 2018 ба ҳайси директори Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон кор кардааст. Раҳим Масов аз маъруфтарин таърихнигорони тоҷик буда, муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ ва илмии оммавӣ ва 14 рисола  оид ба таърих мебошад. Китобҳои “Таърихи тақсимоти табарӣ” (бо номи “Таърихи табартақсим” машҳур аст), “Тоҷикон: таърих таҳти муҳри “қатъиян сиррӣ”, “Тоҷикон: фишор ва иқдом” аз ҷумлаи осори арзишманди ӯ ба шумор мераванд.

Қарор дар бораи тағйири номи қуллаи академик Раҳим Масов дар Иҷлосияи вакилони халқи Маҷлиси (шӯрои) ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) қабул карда шуд. Қаблан қуллаи Комсомолски Украина ба қуллаи Боми Чаҳон номгузорӣ шуда буд. Қуллаи 7495-метраи Коммунизм соли 1999 ба ифтихори  1100-солагии асосгузори давлати Сомониён  Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шуд. Қуллаи 7134-метраи Ленин бошад, дар моҳи июли соли 2006 бо қарори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаи Истиқлолияти Тоҷикистон табдили ном кард. Ғайр аз ин, қуллаи Инқилоб ба қуллаи Абӯалӣ ибни Сино ва қуллаи 6910-метраи номаълум дар минтақаи Рӯшони ВМКБ номи қуллаи шоир ва мутафаккири бузурги асри 10-и тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *