ТоҷикистонҲамкорӣ

ҲАЙАТИ РОСПТРЕБНАДЗОР ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД: ТАФСИЛОТИ БОЗДИД АЗ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 16 март як ҳайати вижаи Роспотребнадзор вориди Тоҷикистон шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 март — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҳайате аз Институти таҳқиқотии зидди вабои Русия “Микроб” -и Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Роспотребнадзор) ба Душанбе омад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолии ду кишвар мебошад.

Гуфта мешавад, ин сафари ҳайати Русия имокни татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи санитарии қаламравҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои сироятиро, аз ҷумла тавассути таҳқиқоти муштарак, эҷоди нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ фароҳам меорад.

Фаъолияти коршиносони Русия дар Тоҷикистон ба таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои номбаршуда дар ҳамкории зич бо ҳамкасбони тоҷикашон равона карда мешавад.

Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки  бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ин ҳайат ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон меояд.

Дар Тоҷикистон сар аз соли ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст ва раисиҷумҳур низ эълон кард, ки кишвар орӣ аз ин беморист.

Ёдовар мешавем Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ цаблан гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.

“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, – гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки  мутахассисони Роспотребнадзори Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад

Бар асоси додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол кишвар орӣ аз бемории коронавирус аст

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *