ҶаҳонҶомеа

Ӯзбакистон ва туризм

Азиз Нақибзод, рӯзноманигор

Дар соли гузашта 6 748 500 гардишгар аз Узбакистон дидан намудаанд. Кишвари ҳамсоя аз ин соҳа 1,3 млрд. доллар фоида дидааст. Ва ин омор танҳо фоидаеро дарбар мегирад, ки давлат аз хизматрасониҳои гардишгарӣ дида аст. Ба замми ин ин як гардишгар аз хизматрасонии таксӣ, рестурон ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт истифода мекунад, ки ба фоидаи мардуми ҳамин кишваранд ва ба омори зикршуда ворид намешаванд. Ҳамчунин ҳар як гардишгар аз инҷо дастовез мехарад, ки ин ҳам ба фоидаи ҳам давлат ва ҳам мардум анҷом мешавад. Дарвоқеъ ҳунарҳои мардумӣ дар ин кишвар ба дараҷае рушд кардаанд, ки шояд дар тамоми кишварҳои Шуравии собиқ назир надошта бошанд.

Кормандони сарҳаду гумрук вакти вуруду хориҷ шудани гардишгарон хеле хушмуомила ҳастанд, чун шикояти як гардишгар метавонад сабаби аз даст додани ҷои кораш бишавад.

Дар тамоми чойҳои таърихиву диданӣ пулиси туризм фаъолият мекунад, ки ба мушкили гардишгарон расидагӣ менамояд.

Дар ҳар сари қадами шаҳрҳои таърихӣ мардум ҳавлиҳояшонро ба Ҳутел ва Хостел табдил додаанд, ки гардишгарон метавонанд бо нархҳои дастрас аз хизматрасониашон истифода баранд. Моликони ҳутелҳо мегӯянд, ки то замони ба қудрат расидани Мирзиёев барои иҷозаи табдили хона ба ҳутел маҷбур будем, ки ба Тошканд биравем ва рӯзҳои зиёд қоғазбозӣ кунем. Ҳоло ҳамагӣ дар як рӯз дар ҷои истиқомат метавонем, ин иҷозаро ба даст оварем. Ҳотелҳо бидуни муроҷиат ба пулис меҳмонро ба қайди меҳмонхона мегузоранд.

Дӯконҳои армуғонфурӯшӣ дар ҳар сари қадам бахусус дар дохилу пеши биноҳои таърихӣ фаъолият мекунанд.

Узбакистон тамоми чораҳоро барои он ки як гардишгар худро дар ин ҷо роҳат эҳсос кунад, мебинад.

Ширкатҳои мобилӣ барои гардишгарон тарифҳои махсусро пешниҳод мекунанд, ки нисбати дигар тарифҳо каме гаронтар аст, аммо дорои интернети баландсуръат мебошанд.

Ҳунари пазандагии мардуми Самарқанду Бухорову Фарғонаро ҳама медонанд, ки дар Осиёи марказӣ аз беҳтаринҳост. Аммо ба хотири гардишгарони хориҷӣ қаҳвахонаҳои урупоӣ ҳам дар аксари мавзеъҳои таърихӣ ташкил шудаанд.

Агар гуям, ки дар Қалъаи Ҳисор як қаҳвахонаи урупоӣ намерасад, ҳатман ақлаке пайдо мешавад, ки мегӯяд, қаҳва дар Урупо пур аст, барои гардишгар оши буридаи мо аҷиб аст. Аммо мо дар айвончаи ошёнаи дувуми ҳуҷраи Мадрасаи Регистон espresso нӯшидем.

Агар мо таҷрибаи дусолаи гадишгарии Узбакистонро омӯзем ва дар кишвари худ амалӣ кунем, айбе нахоҳад дошт. Аввалин коре, ки дар ин самт бояд ба иҷро расонд, ба назарам кормандони сархадбони, гумрук ва пулисро тарбия кард, то бо меҳмонон хушмуомила бошанд ва дар симои ҳар як гардишгар рушди ояндаи кишварро бубинанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *