МусоҳибаСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Гуфтугӯ бо Муҳаммадюсуф, писари Иззати Амон, пас аз дидор бо падараш

Дориюш Раҷабиён, БиБиСи

– Чи касе Шуморо ба куҷо даъват кард ва падари Шумо куҷост?

Муҳаммадюсуф: Имрӯз (30.03.21) муфаттиш занг заду ба боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсии Душанбе даъват кард. Рафтему падарамро дидему суҳбат кардем.

– Иззат Амон дар чи ҳоле буд?

Муҳаммадюсуф: Ҳолашу саломатиш куллан хуб буд. Дар баданашон либос буд. Зоҳиран хуб буданд, хулоса. Наздамон одамон буданд. Дигарашро Худованд худаш медонад. Вале зоҳиран хуб буданду гуфтанд, ки хуб ҳастем; саломатимон ҳам хуб асту ягон мушкил надорем.

– Нагуфт, ки ба чи далеле ба таври ногаҳонӣ ғайб заду якбора дар боздоштгоҳи муваққатӣ зоҳир шуд? Барои Шумо тавзеҳ дод ё на?

Муҳаммадюсуф: На, барои ман ин тавзеҳотро надоданд. Фақат гуфтанд, ки ҳамон ҷурме, ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохила нашр шуд – 247, қисми 4 – бо ҳамон ҷурм, гуфтанд, инҷо боздошт шудаам. Тамом дигар ягон ҷурми дигар аз тарафи мақомот нест (эълом нашудааст). Фақат ҳамин як парванда ҳасту тамом.

– Ҳамон ҷурми, ба истилоҳ, қаллобӣ, на? Кулоҳбардорӣ?

Муҳаммадюсуф: Бале, ба истилоҳ, қаллобӣ аст, ки ба ҳамон ҷурм ъайни ҳол боздошт шудааст.

– Вале чи тавр аз Русия ба Тоҷикистон омад? Тавзеҳ надод?

Муҳаммадюсуф: На, ин тавзеҳот барои мо нашуд ва барои ин суҳбатҳо ҳам фурсат нашуд. Ҳамон қадар фаҳмидем, ки хуб асту дидем, ки соз аст. Худашон ҳам гуфтанд, ки аҳволашон соз аст. Дигар тамом.

– Ҳоло қарор аст чи шавад?

Муҳаммадюсуф: Ҳоло бояд маблағҳое, ки даъвогарон даъво доранд, баргардонда шавад. Баъдан падари маро озод кунанд. Ваъдаи мақомот барои ман ҳамин гуна буд, ки дар давоми 3 ё 4 рӯз ин кор бояд хотима ёбад ва падари ман озод шавад.

– Суҳбат аз чи миқдор маблағ аст?

Муҳаммадюсуф: Пештар як нафар даъво карда буд, ки 40 ҳазор рубли русӣ ва ҳазор дулори омрикоӣ. Ва боз кадом нафари дигар 200 ҳазор рубли русӣ даъво крадааст. Зоҳиран ъайни ҳол ҳамин қадар аст.

– Оё Иззат Амон қабул дорад, ки ин пулҳоро гирифтаасту барои онҳо ҳеч кори ҳуқуқӣ анҷом надодааст?

Муҳаммадюсуф: Дар ин бора мо суҳбат накардем. Фақат гуфтанд, ки ҳамон маблағҳоро баргардонед, маро озод кунанд. Тамом. Дар ин бора суҳбат накардаем, ки ин пулро гирифтаанд ё на.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *