Ҷомеа

COVID-19. Дар Тоҷикистон маъракаи эмгузаронӣ аз коронавирус оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и пойтахт маросими расмии оғози ваксина бар зидди бемории навъи нави коронавирус баргузор гардид. Тавре дирӯз хабар дода шуд, дар Тоҷикистон марҳилаи эмкунӣ (эмгузаронӣ) бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз 22 март оғоз ёфт. Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 22 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расониданд.

Тибқи Қарори мазкур Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии оид ба ҳамоҳангсозии иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд, нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, сари вақт онро ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои масъули тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонад.

Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19-ро сари вақт ба муассисаҳои тандурустии дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда, барои иммунизатсияи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ шароити мусоид фароҳам орад.

Вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, телевизионҳо ва радиои давлатӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма бояд барои фароҳам овардани шароити мусоид барои эмгузаронии муташаккилона ва бомуваффақият аз бемории сироятии COVID-19 дар байни кормандони соҳаҳои худ, ки ба гурӯҳҳои осебпазир шомиланд, бо мақсади огоҳ кардани аҳолӣ, васеъ паҳн кардани раванди эмгузаронӣ дар саросари кишвар чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғиботи муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ иштирок намояд.

ДАР АКС: муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Самариддин Ализода яке аз аввалинҳо шуда бар зидди коронавирус эм кард. Аксҳо аз шабакаи иҷтимоӣ 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *