ВарзишОсиёи Марказӣ

Алиризо Фирӯзҷо дар мусобиқаи фосилавии тирвор унвони ҷаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард

Алиризо Фирӯзҷо  дар мусобиқаи фосилавии  тирвор  байни беҳтарин шатранҷиёни  ҷаҳон пирӯз гардида,  унвони ҷаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Ҳарчанд ин мусобиқаи фосилавӣ  тавассути на Федератсиюни байналмилалии шатранҷ(ФИДЕ), балки  аз сӯи  сомонаи ческом  роҳандозӣ шуд  ва мақоми ғайрирасмӣ дошт, вале  дар он  ба ҷуз ҷаҳрамони ҷаҳон Магнус Корлсен,  дигар ҳама  беҳтарин ва нерумандтарин шатранҷиёни ҷаҳон  ширкат доштанд ва дар чунин мусобиқа пирӯз гардидани шатранҷии 17 солаи эронӣ, ки ситораи дурахшони шатранҷаш  мехонанд, бегумон комёбии бузург  ва ифтихори  мардуми  Эрон ва ҳама форсизабонони ҷаҳон аст.

Ин намуди мусобиқа, ки тирвораш ном гузоштаанду  онро бархеҳо  як гунаи бозии шатранҷи  барқосо мехонанд,  дар солҳои ахир басо маъмул гардидааст. Фарқи ночизи  шатранҷи  барқосо аз шатранҷи тирвор ин аст, ки  дар аввалӣ  ба ҳар шатранҷӣ 3 дақиқаӣ  ва дар бозии тирвор ҳамагӣ як дақиқаӣ вақт дода мешавад ва ҳар бозӣ тақрибан ду дақиқа ё каме бештар аз он  идома мекунад.

Тибқи низомномаи мусобиқа, нахуст  шатранҷиён  дар чаҳор гурӯҳ рақобат  мекунанд  ва чаҳор шатранҷие, ки дар ҳар гурӯҳ пирӯз  мегардад, ба  даври  ниманиҳоӣ  баромада, ду шатранҷие, ки  дар ин бозӣ дастболо  мешаванд, дар бозии ниҳоӣ зӯр меозмоянд ва аз ҳар чаҳор гурӯҳ як нафарӣ  ба ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд. Ҳамин гуна  дар  ҳаштякниҳоӣ, ки аз 16  бозӣ иборат аст,  Эрик Ҳансен бар Туан Мин Ле(Ветном), Арҷун Эригайсӣ (Ҳиндустон) бар Левон Аронян(Арманистон), Владислав Артемев(Русия)   бар   Раунак Садвани(Ҳиндустон)  ва Ниҳол Сарин (Ҳиндустон) бар Александр Бортник(Укроин)  пирӯз  гардида, муборизаро барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ идома доданд. Пас онҳо дар бахши чаҳорякниҳоӣ ба чаҳор шатранҷии машҳури ҷаҳон  Ҳикари Накамура(ИМА), Алиризо Фирӯзҷо, Даниел Народитский(ИМА)   ва Эндрю Тенг (ИМА) пайвастанд . Дар ин бахш Накамура бар Эригайсӣ, Народитский бар Ҳансен, Тенг бар Сарин  ва дар бозии душвор Алиризо бар шатранҷии рус Владислав Артемов бо ҳисоби 9 :8 пирӯз шуда, ба рақобатҳо дар бахши  ниманиҳоӣ  роҳхат гирифтанд. Қуръапартоӣ  Накамураро рақиби Алиризо муайян кард. Бисёр коршиносон бар ин бовар буданд, ки ғолиби ин ҷуфти ниманиҳоӣ , бегумон,  қаҳрамони ҷаҳон мешавад ва  шатранҷии ботаҷрибаи  амрикоӣ, ки дар шатранҷи барқосо яке аз нерумандтарин дар ҷаҳон аст,  бештар имкони пирӯзӣ дорад. Вале ғайричашмдошти ҳамагон шатранҷии ҷавони эронӣ, ки ҳоло зери парчами ФИДЕ бозӣ мекунад,   бо ҳисоби 10 бар 8 рақиби тавонояшро шикаст дода ба финал баромад  ва бо Тенг, ки бар Народитский дастболо гардида буд, рақобат кард. Ҳарчанд ин шатранҷии амрикоӣ бо номи  мустаори Пингвин дар мусобиқаҳои гуногуни шатранҷи фосилавӣ   басо хуб ҳунарнамоӣ карда, имтиёзи баландеро ба даст оварда буд, вале пирӯзии Алиризо бар Накамура  худ  рӯшан сохта  буд, ки кӣ ҷаҳрамони ҷаҳон мешавад. Дар рақобати  ниҳоӣ Алиризо бозии бемисл  нишон дода , бо ҳисоби калони 11 бар 5 пирӯз гардид ва қаҳрамони ҷаҳону  соҳиби 10 ҳазор доллар ҷоиза шуд.

Шоёни зикр аст, ки дар таърихи шатраҷи ҷаҳон ин пироӯзии Алиризо   як сафҳаи тоза ва дурахшонест, зеро  то ҳол  касе дар 17 солагӣ  чунин комёбии бузурги ҷаҳонӣ ба даст наоварда буд.  Мо Алиризои азиз, шатранҷии ҳамтабору ҳамтаъриху ҳамфарҳанг ва ҳамзабонамонро  бо ин пирӯзии бузург шодбош мегӯем ва ифтихор аз он мекунем, ки кунун мо, мардуми эрониасл низ қаҳрамони ҷаҳон дар шатранҷ дорем. Бисёр огаҳони ин бозии бостонӣ бовар доранд, ки Алиризо Фирӯзҷо дар шатранҷи  клоссик ҳам дар оянда қаҳрамони ҷаҳон мешавад ва ҷойи қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Магнус Корлсенро  мегирад. Илоҳо,  чунин шавад! Омин!

Аз саҳифаи рӯзноманигор ва адиб Насибҷон Амонӣ бо истинод бар навори шабакаи Ютуб

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *