Илм ва фарҳангОсиёи Марказӣ

АЛЛОМА МУҲАММАДИ ҚАЗВИНӢ – ШАХСИЯТЕ КИ ӮРО АБУРАЙҲОНИ СОНӢ ХОНДААНД

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ибни Абдулҷали Қазвинӣ, мулаққаб бо «аллома» (4. 4. 1877, Теҳрон – 27 5. 1949, ҳамон ҷо), адиб, муҳаққиқ, таърихнигор ва китобшиноси эронӣ. Аз бунёдгузорони таҳқиқоти илмӣ дар Эрон шумурда мешавад. Падараш Муллоабдулваҳҳоби Қазвинӣ таҳсилкардаву аҳли фарҳанг буд, ӯ сарф, наҳв, калом ва ҳикматро нахуст назди падар ва сипас назди дигар устодони машҳур фаро гирифт. Дар мактаби Алиянси Теҳрон забони фаронсавиро омӯхт. Муддате дар рӯзномаи «Тарбият» бо сардабири он Мирзомуҳаммад Ҳусайни Фурӯғӣ ҳамкорӣ кард ва дар ин ҷо бо равиши кор ва таҳқиқи адабию таърихии аврупоиён ошно шуд ва дар заминаҳои мухталифи адабӣ зуд шуҳрат ёфт, ба вижа дар наҳви адабӣ чеҳраи шохис шуд.

САФАР БА ФАРАНГИСТОН, ЭДВАРД БРАУН ВА «ТАЪРИХИ ҶАҲОНГУШО»-И ҶУВАЙНӢ

Қазвинӣ соли 1904 ба даъвати бародари худ аз пайи дидор аз Китобхонаи бузурги Ландан ва нусхаҳои қадимии нафиси он, аз ҷумла анбуҳи дастнависҳои нодири арабию форсӣ, ба Ландан сафар кард. Тайи ду соли мусофират бо ҷамъе аз ховаршиносони инглис, аз ҷумла Эдвард Браун ошноӣ ёфт. Қазвинӣ ба пешниҳоди Браун кори тасҳеҳе аз китобҳои куҳани форсиро барои нашр дар силсилаи интишорот ё авқофи ёдбуди ГИП ба уҳда гирифт (интишороти ГИП бунгоҳе буд ба унвони як ниҳоди некукорӣ дар Бритониё, ки ҳадафи он интишори осори илмӣ дар бораи забону таъриху адабиёти араб ва форсиву туркӣ буд ва чандин китоби муҳимми форсию арабию туркиро мунташир кардааст). Бино бар ин, Қазвинӣ соли 1906 ба манзури оғози кори тасҳеҳи «Таърихи Ҷаҳонгушо»-и Ҷувайнӣ, ки беҳтарин нусхаҳои он дар Китобхонаи миллии Порис буд, озими он шаҳр шуд ва ҳашт солро дар Порис бо пажӯҳиш сипарӣ кард; чанд мақолаву рисола дар бораи адабиёту таъриху Эрон навишт ва чанд матни куҳани форсиро тасҳеҳ кард. Аммо соли 1915, ба далели Ҷанги ҷаҳонии аввал Фаронсаро тарк намуд ва ба пешниҳоди Ҳусайнқулии Наввоб, вазири мухтори Эрон дар Олмон, ба Берлин рафт ва панҷ сол дар он ҷо ба кори таҳқиқӣ пардохт. Он гоҳ, соли 1921, дубора ба Порис бозгашт ва кори тасҳеҳи китобҳоеро, ки нимакора монда буд, аз сар гирифт. Аз он ҳангом бо мусоъадати Муҳаммадалии Фурӯғӣ (аз донишмандони муътабари давр) маоши солиёнае аз тарафи давлати Эрон барои ӯ барқарор шуд. Ӯ аз 16 китоб акс гирифт ва ҳамроҳ бо муқаддимаҳое, ки барои онҳо нигошта буд, ба Эрон фиристод. Бад-ин минвол, аллома Қазвинӣ соли 1940, пас аз 36 соли таҳқиқоти илмӣ дар кишварҳои Аврупо, ба Эрон бозгашт ва идомаи фаъолиятҳои худро то поёни умр дар Эрон анҷом дод.

КОРНОМАИ ШОЁНИ ҚАЗВИНӢ ДАР МАСИРИ АДАБУ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ПОРСӢ

Сафари тулонӣ ба мамолики ғарбӣ ва силсилаи корҳои дурахшони илмиву пажӯҳишӣ мисле оғози дурахшиши Муҳаммади Қазвинӣ дар арсаи донишу адаби эроншиносӣ будааст. Қазвинӣ дар Эрон мактаберо поягузорӣ кард, ки дар таърихнависӣ, тасҳеҳи осори адабӣ ва ба таври куллӣ, дар интишори осори хаттии қадим барои муҳаққиқони баъдии ӯ сармашқ шуд. Ӯ бо тасҳеҳи бисёре аз китобҳои адабӣ ва ҳамкории муфид бо ховаршиносони дар хориҷ аз Эрон заминаи рушду иртиқои забону адабиёти форсиро дар дохилу хориҷи Эрон фароҳам овард. Қазвиниро падари илми китобшиносӣ дар арсаи адабиёти форсӣ низ медонанд. Зеро беш аз 35 сол аз умри худро вақфи мутолаъа, муқояса ва нусхабардорӣ аз нусхаҳои хаттӣ дар китобхонаҳои машҳури ҷаҳон кард. Ҳамчунин ба далели диққат, шуҷоъати илмӣ ва мақолоте ки бо амонатдорию васвоси илмӣ ба риштаи таҳрир дароварда буд, ин адиби бузургро ба номи «Аллома» мулаққаб кардаанд.

Қазвинӣ пас аз бозгашт аз Аврупо тамоми авқоти худро сарфи мутолаъа, таҳқиқ ва тасҳеҳи матнҳои куҳан кард. Тасҳеҳи девони Ҳофиз бо ҳамкории Қосими Ғанӣ ёдгори ин давра аз корҳои ӯст. Ҳамчунин яке аз муҳимтарин ва барҷастатарин иқдомоти адабии аллома Қазвинӣ омӯхтани равиши интиқодӣ ва таҳқиқи ҷадид дар забону адабиёти форсӣ ба насли муосир буд.

Қазвинӣ илова бар тасҳеҳи интиқодии матнҳо ва ёддоштнависӣ дар боби мутуни адабӣ ва муаллифони онҳо, пажӯҳишҳои арзишманде низ анҷом додааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба «Рисолае дар шарҳи ҳоли Масъуди Саъди Салмон», «Дебоча бар «Тазкирату-л-авлиё»-и Аттор» ба тасҳеҳи Николсон ва рисолае дар шарҳи аҳволи Шайх Абулфутуҳи Розӣ ишора кард. Ӯ ҳамчунин тарҷумае аз «Лавоеҳ»-и Ҷомиро ба фаронсавӣ анҷом дод. Дигар китоби ӯ «Масоили Порисия» аст, ки ин марбути ҳузури ӯ дар Порис буда, матолиберо ки дар ҳавзаи илмию адабии ба зеҳнаш мерасид ё мутолаъа мекард, дар ин маҷмуъа гирдоварӣ кард. Ёддоштҳо шомили мавзуоти гуногун, монанди фарҳангӣ, таърихӣ, адабӣ ва ҳунарист. Аз ӯ осори фаровоне шомили тасҳеҳ, таълиф ва мақолоту ёддоштҳои зиёд боқӣ мондааст, ба монанди «Чаҳормақола» (Лондон, 1909), «Марзбоннома» (Лондон, 1909), «Ал-муъҷам фӣ маъойирун ашъору-л-аҷам» (1936), «Девони Ҳофиз» (1952), тазкираи «Лубобу-л-албоб» ((1983), «Ёддоштҳои Қазвинӣ» (1985), «Мақолоти Қазвинӣ» (1985), «Сиёсатнома» (1956), «Мамдуҳини Саъдӣ» (1939) ва ғ.

Ӯ забони фаронсавиро хуб медонист ва бо забони олмонию инглисӣ ба мизони кофӣ ошно буд, забони сурёниро дар аврупо омӯхта буд. Ҳамчунин таърихи муғулро эҳё кард ва таҳқиқи комил дар ҷараёни исмоилия анҷом дод ва бино бар мутолаъаи зиёд дар ин ҳавза луғати туркии муғулиро медонист, ҳамчуни ба забони арабӣ тасаллути комил дошт ва ба тавре ки ҷузъиёти сарф, наҳв ва иштиқоқи ин забонро ба хубӣ дарк мекард. Владимир Минориский, ховаршиносу эроншиноси маъруфи русӣ, дар арзёбии фаъолиятҳои Қазвинӣ мегӯяд, ки Қазвинӣ дар забони арабӣ донишманди бузурге буда бар ҳадису тафсир тасаллути тамом дошт ва баҳс бо ӯ хеле хушоянду пурфоида буд. Бурдборию меҳрбонии марҳум Қазвиниро поёне набуд ва иддаи зиёде аврупоию ҳиндию турк ба ӯ муроҷаъа мекарданд ва назари ӯро дар мабоҳиси илмӣ мехостанд.

«ҚАЗВИНӢ АБУРАЙҲОН ВА ИБНИ ХАЛДУНИ АСРИ МОСТ»

Саййидҳасани Тақизода, ки аз шахсиятҳои илмии Эрони муъосир аст, чунин баҳо медиҳад шахсийяти Қазвиниро. Аммо возеҳу комилу ҷаззобтар суханони Алии Деҳбошӣ (мудири масъули маҷаллаи «Бухоро», чопи Теҳрон) бояд бошанд, ки дар шаъни илмию сиришту сирати накуи ин донишманд раво дидааст. Деҳбошӣ алломаро ин гуна бо меҳру иҳтиром зикри ҷамил мекунад: «Устод Қазвинӣ бо як мероси бузургу ҷовидона ба Эрон бозгашт. Дар канораш ҷамоъате аз шефтагон бо анбуҳи иттилооте дархури рӯзу васеъ, аммо навъе нополуда, суннатӣ ва ваҳмолуд, бидуни дастрасӣ ба метудулужӣ ва равишҳои дақиқи пажӯҳиши фарҳангӣ. Қазвинӣ ба роҳе ки Браун ва дигарон рафтаанд, гом ниҳод, аммо муқаллиди онон нашуд. Ӯ шефтаи шеваҳою фарҳангпажӯҳии муназзами онон буд. Ӯ он чиро мебояд, аз эшон омӯхт ва бозгашт, то он чиро онон наёмухтанд ё асосан ба далоили иқлимию фарҳангӣ имкони омухтанро надоштанд, биёмузад. Ба зудӣ лақаби «аллома», ки барозандаи ростини он фарзонамарди арсаи фарҳанг буд, нисори вуҷуди нозанинаш шуд. Ҳамсуханону шогирдони ӯ аз нафаси гарму амиқу атиқу арҷмандаш баҳраманд шуданд, нуктаҳо омӯхтанд ва бо суръату назму пушткории ҳайратангез ба полоиши азиму азизи манобеи фарҳанги эронӣ иқдом карданд. Бузургтарин шогирди бевоситаи Қазвинӣ шодравон Иқболи Оштиёнӣ намунае аз даҳҳо ва балки садҳо уъҷубае буд, ки Қазвинӣ тарбият кард ва таҳвили ин ҷомеъаи ғамзадаву дар он замон тунукмоя дод. Ҷомеъае ки ба баракати вуҷуди Қазвинию ёронаш базудӣ харворҳо хоки қурунро аз синаи китобҳову андешаҳову ҳунарҳои эрониён ситурд ва абадияти Эронро як бори дигар собит кард»…

Деҳбошӣ иғроқе накардааст, балки барҳақ фармуда, ки дар таййи чанд даҳа зери сояи шарифи аллома Қазвинӣ коре сурат гирифт, ки таййи чанд сада сурат нагирифта буд. Ва дар Эрони он даврон насле бузургу саршор аз ангеза падид омад ки фақат зикри номи бархе аз онҳо метавонад баёнгари арҷу эътибор ва азамати ин донишманди бузург бошад: Алиакбари Деҳхудо, Муҳаммадтақии Баҳор, Муҳаммадпарвини Гунободӣ, Аббосиқболи Оштиёнӣ, Саййидҳасани Тақизода, Муҳаммадалии Фуруғӣ, Алиасғари Ҳикмат, Бадеъуззамони Фурзонфарр, Мирзоҳабиби Исфаҳонӣ, Абдулъазими Қариб, Саъиди Нафисӣ, Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Муҷтабо Минавӣ ва ….

…Оре, шахсийятҳо худ ҷаҳонеанд, балки бо зуҳури хеш ҷаҳоне месозанд аз ормони мардум. Муҳаммади Қазвинӣ аз ин шахсийятҳо буд, ки ба ҷаҳони донишу адаби порсӣ боғу баҳори тоза овард…

Шакурзода Обид; 11. 4. 21; ш. Душанбе.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *