АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Ахбори зидду нақизи Қирғизистон дар бораи латукӯби мактаббачагони тоҷик аз ҷониби марзбонони қирғиз

Қирғизистон эълом намуд, ки маълумот дар бораи латукӯби ду мактаббачаи тоҷик аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.

Дар ин бора хабаргузории 24. kg  гӯё бо истинод ба маълумоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ гӯё ҷониби Тоҷикистон эътироф кардааст, ки маълумот дар бораи боздошти мактаббачагон қалбакӣ аст.

“Пас аз пайдо шудани хабарҳо дар ВАО миёни  намояндагони сарҳадбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон суҳбати телефонӣ  сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон далели боздошт ва латукӯби мактаббачагони тоҷик аз ҷониби марзбонони Қирғизистонро расман рад кард”, омадааст дар хабар аз қавли  Кумитаи давлатӣ амнияти миллии Қирғизистон.

Ин дар ҳолест, ки қаблан бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 25 апрел ду хонандаи синфи 8-и як мактаби Ворух аз ҷониби марзбонони қирғиз ҳангоми чаронидани чорво боздошт шуда, тӯли як соат мавриди латукӯб ва бозпурсӣ қарон гирифтанд. Сухангӯи шаҳрдории Исфара гуфт, ки кӯдакон дар чарогоҳи Заҳматобод, дар байни Ворух ва Оқ-Сой боздошт шуда, танҳо пас аз дахолати мақомоти Исфара ва марзбонони тоҷик раҳо карда шуданд.

Имрӯз Sputnik  хабар дод, ки  “Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз лабукӯб шудани ду мактабхон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз шадидан изҳори нигаронӣ намуда, дар робита ба ин қазия, рӯзи гузашта, сафири он кишвар дар Душанбе ба вазорат даъват гардид ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорида шуд”.

Қирғизистон хост дар кӯтоҳтарин фурсат озордиҳандаҳои ноболиғони тоҷик дарёфту ҷазои сазовор дода шаванд ва ҳамчунин аз натиҷаи ин кор ҳатман ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон хабар расонанд”.

Ёдовар мешавем, ки марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дошта то ба ҳол танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд миёни  сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ муноқиша рух медиҳад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *