Илм ва фарҳангТоҷикистон

«БОЗГАШТ БА ПАНҶРӮД». Романи нависандаи рус Андрей Волос ба забони тоҷикӣ чоп шуд

ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Романи нависандаи рус Андрей Волос «Бозгашт ба Панҷрӯд», ки таҳқиқи бадеии зиндагӣ ва замони падари шеъри форсӣ – Одамушшуаро Рӯдакӣ аст, ба забони тоҷикӣ тарҷума  ва дар муассисаи интишоротии «Эр-граф»-и Душанбе чоп шуд.

Андрей Волос, ки зода ва парвардаи Тоҷикистон аст, муҳимтарин осори бадеии худро дар бораи тоҷикону Тоҷикистон таълиф кардааст. Шуҳрати нависандагии ӯ аз романи «Хуррамобод» шуруъ мешавад, ки аз Тоҷикистони поёни замони шӯравӣ ҳикоят мекунад. Барои ин роман А.Волос барандаи ду ҷоизаи муҳимми адабии кишвараш – Антибукер ва Ҷоизаи давлатии Русия шуда буд.  Романи «Бозгашт ба Панҷрӯд» низ ба нависанда ҷоизаи «Букери русӣ»-ро овард.

«Бозгашт ба Панҷрӯд» бо ибтикор ва иҳтимоми Абдухалил Холиқзода, дар тарҷумаи Қодири Рустам ва веростории Ҷумъабой Азизқулов ба нашр расид.    Қодири Рустам дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook чунин  нигоштааст: «Дар бораи ин китоб қаблан тақризи муфассале навишта будам. Ҳоло чизе намеафзоям: гул он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд».

Мавриди зикр аст, ки романи «Бозгашт ба Панҷрӯд» қаблан ба забонҳои арманӣ, булғорӣ, юнонӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *