Ахбор

Боздошти тазоҳуркунандагон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Имрӯз дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Мавкав бар пуштибонӣ  аз ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон, ки чанд рӯз пештар дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, гирдиҳамоӣ доир гардид.

Аз наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, маълум мешавад,ки иштирокчиёни ин тазоҳурот бо лавҳа ва шиорҳои “Русия шаҳрвандатро ҳифз намо” аз мақомоти Русия ва Тоҷикистон тақозо менамуданд, ки Иззат Амонро озод ва ба Русия баргардонанд.

Баъдтар  “ОВД-Инфо” хабар дод, ки иштирокчиёни гирдиҳамоӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт мешаванд. Гуфта мешавад, ки шумораи дақиқи боздоштшудагон маълум нест. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳудуди  15 мошин ба назди бинои сафорат оварда шуданд ва яке аз мошинҳо  аллакай боздоштшудагонро ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Головинск бурдааст.

Дар хабар омадааст, ки дар ин гирдиҳамоӣ аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ширкат мекунанд, ки ҳадафашон тағйирот дар ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон, раҳоии тамоми маҳбусони сиёсии кишвар, риояи ҳуқуқҳои инсон ва бекор кардани қонун дар бораи “Пешвои миллат” мебошад.

Sputnik хабар дод, кидаъват ба ҳомоиши рӯзи ҷумъа дар масҷид дар проспекти Мир” садо додаанд ва гурӯҳе сӯи сафорат раҳсипор шудааст”.Ба иттилои ин манбаъ дар ин тазоҳурот ҳудуди 150 нафар ширкат доштанд. Манбаъҳои дигар ин шумораро аз 200 нафар беш донистаанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳафтаи охир, алалхусус пас аз боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани Иззат Амон фаъолияти сиёсии  “Гурӯҳи 24” густурдатар ба мушоҳида мерасад ва фаъъолони ин ҳаракати сиёсӣ дар барномаҳои “ Ҳақ ва ботил”,  “Садои мардум” ва суҳбатҳои инфиродияшон бо мардум ва махсусан муҳоҷирони  бештар дар тамос буда, аз онҳо даъват менамоянд, ки дар озод намудани Иззат Амон фаъъолтар бошанд.

Моҳи декабри соли 2016 фаъъолони ин “Гурӯҳи 24”  дар Санкт-Петербург, ки  дар он ҷо  мулоқоти сарони давлатҳои СПАД баргузор мешуд, пикети эътирозӣ доир намуданд. Худи ҳамон рӯз эътирозгарон боздошт ва озод карда шуданд. Моҳи апрели соли 2019 фаъолони гурӯҳ дар рӯ ба рӯи майдони Кремл алайҳи иштироки  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради Маскав тазоҳурот барпо карданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкор ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон  Умаралӣ Кувватов таъсис дода шуд. Моҳи марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд. Ҳаракати “Гурӯҳи 24” аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ дониста шуда, дар қаламрави Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 манъ карда шудааст. Аксари раҳбарон ва фаъъолони он дар муҳоҷират зиндагӣ мекунанд ва дар кишварҳои мухталиф эътирозҳо баргузор менамоянд. Ҳоло раҳбарии ҳаракатро Суҳроб Зафар ба ӯҳда дорад.

Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон  роҳбари Маркази ҳуқуқии “Тоҷикон” -и Маскав мебошад, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ мерасонад. Рӯзи 25 март мақомоти Русия Амонро аз тобеияти Русия маҳрум карда, ба Тоҷикистон фиристоданд, Худи ҳамон рӯз ӯ дар фурӯдгоҳи Душанбе бо айби қаллобӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *