Илм ва фарҳангТоҷикистон

РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 8 ( БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ-№ 8

Нумраи 8. Сешанбе 14 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 8 Вторникъ 20-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

МУЛОҲИЗА!

Ба назари мулоҳизаи арбобу ҳаллу иқд мерасонем:

Аз ҷумлаи муҳсиноти исломия яке ҳаром фармудани рибо (танзил) ва ҳалол фармудани мубояъа (доду ситод) аст. Дар Қуръони шариф мефармояд: “аҳаллал Лоҳул байга ва ҳаррамар рибо…!” (Ояи 275 аз сӯраи мубораки “Бақара” асту гунаи комили оят ин аст: “Аллазина яъкулунаррибо ло яқумуна илло камо яқумуллази ятахаббатуҳуш шайтону минал масси золика бианнаҳум қолу иннамал байъу мислур рибо ва аҳаллал Лоҳул байъа ва ҳаррамар рибо фаман ҷоаҳу мавъизатун мин Раббиҳи фантаҳао фалаҳу мо салафа ва амруҳу илаллоҳ ва ман ъода фаулоика асҳобун нори ҳум фиҳо холидуна.” – И.Н.), яъне: Худованд доду ситодро ҳалол фармуда ва риборо ҳаром кардааст.

Худи ин ояи шарифа баён мефармояд, ки мутлақ байъ ҳалол асту мутлақан рибо ҳаром. Ҳоло инро чи тур бояд фаҳмид?

Ончи уламои мо разиаллоҳу ъанҳум маънӣ фармудаанд, ин тур аст: Ҷинсеро бо ҳамҷинси худ бо зиёдатӣ иваз намудан рибост ва ин ҳаром аст. Вале ҷинси алоҳида бо зиёда ва нуқсон иваз намудан, байъ аст ва ҳалол.

Навъи масъала ҳамин аст, ки фармудаанд. Илло сабаби ин ҳалолу ҳаром будан қадре боиси ишкол мешавад. Ҳоло, ки зиёд гирифтан ё кам додан зарар намерасонад, чи фарқ мекунад, ки ҷинсеро бо ҳамҷинс ба шарти ризои тарафайн мубодила намоянд ё ба ғайри ҷинси худ иваз кунанд?

Арз мешавад: Фарқашонро зоҳиран бояд чунин тақдир намуд, ки, ҳеч кас бо вуҷуди ҷинсе, ки дар даст дорад, муҳтоҷ ба ҳамон ҷинс, ки дар дасти дигарест, намешавад.

Вале мешавад, ки муҳтоҷ ба ҷинсе, ки худаш надорад бошад. Пас мадори ҳалияту ҳурмат ҳамон эҳтиёҷу адами эҳтиёҷ мешавад.

Дар ин сурат, чунин мешавад, ки агар касе як вақте ба ҷинсе муҳтоҷ бошад, ки надорад, баъд аз он, ки аз касе ҳамин ҷинсро қарз намуду рафъи эҳтиёҷи худ кард, вақти баргардонидан ба соҳибаш агар як чизе илова ба соҳиби мол бидҳад, айбе надошта бошад. Чиро, ки ҳам рафъи эҳтиёҷи худ ва ҳам рафъи эҳтиёҷи дигаре.

Ончи муроди Ислом аст ин тур ҳам набояд фаҳмид! Балки мо бояд дар ҳалол будани байъ ва ҳурмати (ҳаром будани – И.Н.) рибо, чунин мулоҳиза бикунем:

Доду ситод асоси иҷтимоъиу маданияти одамизод аст. Иҷтимоъу маданият ҳам иборат аз муъвинати ҳамдигар аст. Аз ин ҷиҳат мубояъа ҳалол, балки воҷиб қарор дода шудааст, ки мардум ба ҳамдигар муъвинат намояд. Яке гандум бифрӯшад(у) нони мардумро бидҳад, дигаре либос фурӯшад ва ҳаказо… Дар миёна ҳам бояд муробиҳа бошад, то ба воситаи он бо дилхоҳи табиъӣ дасти ҳамдигарро бигиранд. Ва мизон аз миён бардошта нашавад.

Дар муқобили ин, агар яке аз бародарон чандрӯза муҳтоҷ ба ҷинсест, ки баъд аз чанд рӯзи дигар пас хоҳад дод, мо агар мулоҳизаи муробиҳа намоем, он вақт ҳаққи бародариро зоеъ намудаем.

Пас, риборо бояд ҳаром бидонем, ки ҳаққи ухувватро ба мурлбиҳаи қалила нафрӯхта бошем.

Бақия дорад.

Ҷалол.

***

ТИЛГРОФОТИКА

Нуздаҳуми морт ба идораи мо расидааст

Петербурғ – Ба ҷиҳати ҷонфишоние, ки дар вақти ҳуҷуми инқилобиюни Эрон ба қунсулхонаи Рус, қунсули Табрез иброз намуда, нишони “Мяч Влодимир” дараҷаи чаҳорум шудаанд.

***

Исломбул – Ҳазрати султон Халифаи Рум, халифаи мусулмонон манзур аст – И.Н.), Чорикуф – сафири Исломбул(ии) русро барои зиёрати худоҳофизӣ қабул фармудаанд.

***

Порис – Маҷлиси мабъусон қонуни ҳашт соат кор кардани фаълаҳои маъодинро қабул кардааст.

***

Теҳрон – Сипаҳдор ба ҳукумати Озарбойҷон таъйин шудааст.

***

Мукадин –   Дар истгоҳи Тсизинчжу, роҳи оҳани Пекин – Мукадин(?) 15 нафар бумбандозҳоро, ки хиёли хароб кардани роҳро доштаанд, ҳабс кардаанд.

Гумон меравад, ки ин ашхос бар зидди инқилоб будаанд.

САҲИФАИ 2

Маскав – 7 нафар дузд ба либоси пулис пеши анборчии “Трётия” (Третая – И.Н.) ба баҳонаи тафтиш омада, муъодили пнҷ ҳазор манот ашёву пул бурдаанд.

***

Петербурғ – Вазири дохила идораи умумии вазоратро бар ӯҳдаи худ бардоштаву маъазолик, ба саёҳати Уруппо озим шудааст.

***

ТАСҲЕҲ:

Дар нумраи ҳафтум, рӯзи душанбе дар сармақола ғалатҳои мухилмаънӣ даррафтааст. Аз қориини киром узр хоста ишора ба тасҳеҳ мекунем:

Дар сутуни аввал, сатри ҳаштум “васият” ғалат аст, “васлат” саҳеҳ.

Дар сутуни чаҳорум, сатри чаҳорум “нақз” ғалат аст, “насс” – саҳеҳ.

Дар сатри даҳум “садр” ғалат аст, “садад” саҳеҳ.

Дар сафҳаи дуюм, дар фелейтун сутуни аввал “ташаккуру имтиноъ” ғалат аст, “ташаккуру имтинон” саҳеҳ.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

Чанд ҳафта аст, ки намояндаи шарокати маъодини Инглис, муҳандис Нуил Олжирнул ба Ишқобод ворид шудааст. Ин шахс омадааст, ки дар Туркистон маъдани мис пайдо кунад. Ҳамин шахс 9 сол пеш дар Қафқози ғарбӣ корхонаи мис дуруст кардааст. Баъд аз он дар куҳҳои Сибриё таҷассус намудаву  дар чанд ҷо маъдани мис пайдо кардааст. Аз он ҷумла дар маҳоли Корколин маъодини мис пайдо кардаву корхона гузоштааст. Ҳоло соле зиёда аз ёздаҳ ҳазор пӯт мис медиҳад.

Ин таҷассусот ба ҳирси ингилисҳои корозмуда афзуда, шуруъ ба таҷассусоти Туркистон дар соли 1909 намуданд.

Ҷиддияти ин шахс аз он маълум мешавад, ки чанд дафъа бо одамҳои худ дар вақти  зимистон туи саҳрои Туркистон зимистонро бо тарси ҳалокат ба сар бурдааст. Лекин заҳамоти ин шахс бесамар намондааст. Дар наздикии Улутоу дар маҳоли Окмулин маъдани мис пайдо кардааст. Дарсаде 15 миси холис мешавад. Дар навад чоқримии ин маъдан, маъдани зуғолсанги зиёде пайдо шудааст.

Болои маъдани мис деҳе бино шудааст. Дар Улутоу ингилисҳо 60 манзил барои фаълаҳо дуруст намудаву ба харҷи худшон то истгоҳи Тошканд роҳи оҳан кашидаанд.

Ҳоло дар онҷо ҷунбишу ҳаёти азиме дида мешавад. Мағозаҳо боз шуда, “овтумубил”-ҳо бо суръат мобайни маъдану Тошканд дар ҳаракатанд.

Ройи намояндаи Нуил ҳам дар бораи маъданчиҳои  мо бесамар нест.

Мегӯяд, ки маъданчиҳои Туркистон фақат қимати зиёд ба маъодини худ гузошта, дигар дар фиури таҷассуси маъодини тоза намешаванд. Ҳарчи доранд, ба он иктифо мекунанд. Ҳамаи маъодини зуғолсанги Туркистон ба андозаи як маъдани Омриқои Ҷанубии мо зуғол намедиҳад. Лекин ман қавл медиҳам, ки Туркистони шумо пур аз маъодини нофеъ аст ва дар оянда аз ҷамоҳири муттафиқаи Офрикои ҷанубии мо мутараққитар хоҳад буд.

***

ЛОИҲАИ ҶАДИДИ ИДОРАҲОИ ТУРКИСТОН

Дар соли 1905 аз тарафи кумисюни махсуси маҳаллӣ Лоиҳаи қонуни ҷадид барои идораи Туркистон тартиб шуда буд.

Ба ҷиҳати баъзе қайдҳо, ки аз тарафи баъзе идораҳо изҳор шуда буд, дар соли 1907 дар Шӯрои вузаро ба мавқеъи музокира гузошта шуд, ба ин рой омада буданд, ки бояд барои тараққӣ кардани Туркистон ба зудӣ тарзи идораҳои Туркистонро табдил намуд. Ва барои тасҳили ҳалли ин масъала қарор гузошта шуда буд идораи махсус ташкил дода шавад ва ин қарор аз тарафи аълоҳазрати импиротурӣ дар 30  июли 1907 тасдиқ шуда буд.

Кори ин идора то соли 1908 тӯл кашид. Баъд аз итмоми тафтиши синотур Болин дар Туркистон ба иҷозаи импиротурӣ ройи синотур Болин дар шӯрои вузаро музокира шудаву шӯро рой медиҳад, ки маҳоли Туркистон фақат ба тадил шудани идороти Туркистон метавонад тараққӣ бикунад. Он ҳам баста ба ройу тасдиқи импиротурӣ аст.

Ин ройи шӯрои вузаро аз тарафи аълоҳазрати импиротурӣ дар соли 1910 – 29 декобр тасдиқ шуда.

Дар авоили 1911 ҷаласае ташкил шудаву дар онҷо лавоеҳи табдили идорот қарор гузошта шудааст. Ин кор тамом шудааст.

Маҷмуъаи ин ҷаласа панҷуми моҳи морти имсол ба шӯрои вузаро пешниҳод шудааст.

(Т.К.)

***

ЭРОН

Мадохили солиёнаи Эрон тақрибан ба 80 милюн қирон – 15 ҳазор сум мерасад. Ин маблағ  ба харҷи мамлакате, ки нуҳ милюну ним аҳолӣ доштаву се баробари Фарангистон аст, ҳеч вақт кифоят намекунад.

Ҳамаи қарзҳои Эрон, ки аз Инглис ва Рус гирифта шудааст, ба 64 милюн сум мерасад.

Агар сарвати маъодини Эронро ба назар биёрем, қарзи Эрон нисбат ба сарваташ зиёд нест.

АЗ ИДОРА: Умдаи нуқсони Эрон аз надоштани одами кордон аст, вагарна чандин баробари ин қарзҳо боиси баршикастии мамлакате мисли хоки Эрон намешавад.

***

САЙРИ НАВРӮЗӢ ДАР БУХОРО

Аз рӯзе, ки рӯзномаи “Бухорои шариф” ба нашр шудан шуруъ кард, дар аҳволи хонандагон диққат менамоем. Аксар мардум ҳамин, ки рӯзномаро ба даст гирифтанд: “Оё аз сайр чизе навишта бошад?” – гуфта ба ҳар сарбанду (баробари вожаи “абзатс” – И.Н.) унвон назар меандозанд! Ин ҳолати хонандагон маро тарғиб кард, ки як – ду сатр дар боби сайри наврӯзии Бухоро навишта, ба назари хонандагон арз намоям.

Дар замони собиқ сайри наврӯзӣ дар Регистони Бухоро дар аввали Ҳамал 3 рӯз мешуд. Баъдҳо сайри Регистон ба куллӣ матрук шуда, ивазаш дар хориҷи шаҳр, дар чорбоғи “Ширбадан” ва “Ситорамаҳхоса” қариб як моҳ сайр тартиб додан расм шуд.

Дар охири аҳди ҷаноби олии марҳум ва баъди ҷулуси майманатмаънуси ҷанлби олии ҳозир, сайри хориҷи шаҳр ба куллӣ матрук шуда, сайри Регистон таҷдид шуд.

Бар ҳама рӯшан аст, ки ин амру фармони ҷаноби олӣ мисли соири авомиршон барои манфиъат расондани фуқаро ва аломати раиятнавозист. Зеро, ки агар сайр дар хориҷи шаҳр мешуд, чи қадарҳо сабаби исрофу итлоф дар молу авқоти фуқаро мегардид, ки ин ҳарду бағоят азизанд. Ҳар касро лозим буд, ки харҷи фойтун диҳад, об(у) таъомашро дар сайр ҳозир созад. Туҷҷору асноф боястӣ бо хаймаву хиргоҳ асбоби истиқомати чандрӯзаро дар сайргоҳ омодаву муҳайё доранд. Илова бар инҳо, азбаски хориҷи шаҳр аст, забту интизоми аҳволи умумӣ бахубӣ мумкин намебуд. Ин аҳвол ба баъзе исрофоти дигар ҳам мунҷар мешуд.

Ва ҳамчунин аз тумоноту қишлоқҳо барои куштигириву тамошо деҳқонон омада, амри кишткорӣ, ки дар вақти баҳор амри мушими эшон аст, хеле (аз инҷо идомаи мақоларо дар саҳифаи 3 мехонем. – И.Н) сакта меёфт.

Бадеҳист, ки ин мазкуротро дар назар орем, чи қадрҳо зарару зиён дар фуқаро оид мешуд ва худи фуқаро хабар надоштанд.

Подшоҳи дилогоҳи мо ин дақоиқро дар назар оварда, маҳз ба хоҳиши раиятпарвариву фуқаронавозӣ сайри наврӯзиро дар Регистон ҳаср карданд. Дар сайри Регистон даҳяк, балки садяки масорифи фавқ сарф намешавад.

Аввалан) Мардум пули кирояи фойтун намедиҳанд.

Сониян) Обтаъоми ҳар кас ба хонааш муҳайёст.

Солисан) Туҷҷору асноф барои қӯш ба хаймаву хиргоҳ эҳтиёҷ надоранд.

Робиъан) Ҳама дар якҷо ҷамъанд, аҳволи умумӣ дар таҳти забту сарриштаи кордорон аст, ки касе ҳаракате хориҷ аз инсонияту исломият  карда, ба исрофоти бемаънӣ намеуфтад.

Хомисан) Азбаски сайр дар дохили шаҳр аст, табиъӣ муддаташ дароз шуда дар кори тиҷорату зироат зарари куллӣ намерасонад, ин ҳам аз баракату майманати ҷаноби олӣ амири адолатпарвар аст.

Боқӣ дорад.

С.Ъ.

***

ФИЛИЙТУН

ДАР ХУСУСИ ЗАБОН

Бақияи нумраи собиқа

МАКТУБИ ДУВВУМ:

Мудири рӯшанзамир!

Ончи, ки дар боби шеваи забон дар нумраи сеюми газити муътабари “Бухорои шариф” дарҷ намудаанд, хонда шуд. Бале, баъзе аз азизону оқоёни бухороӣ, ки дар хусуси он муътариз шудаанд пур беҳӯда нагуфтаанд.

Ин шева, ки дар мақолоти ахбори “Бухорои шариф” навишта мешавад, шева ё лаҳҷаи Эрони олия аст, ки аз сар то по мағруқи лаффозиву арабиҳо асиро нафҳум ва се ҳиссаи он яке забони форсист.

Чунончи удабои имрӯзаи Эрон ҳам бад-он муқарранд аз ҳамин аст, ки баъзе аз онҳо дар шеваи пешгирифтаи “Ҳаблул матин” ҳам эътироз доштаанд. Охир удабои асри ёздаҳуму дувоздаҳум нафаҳмидаанд, ки бо кудом ҳаққе забони форсиву шеваи сутудаи шайхи бузургвор Низомӣ ва Зуҳайр, Аттору Ҳофиз ва дигаронро бад-ин шеваи мухталат биёмезем ва мулоҳиза нарафта, ки охир ба ҷуз Эрон пас аз аҳолии суннат(ан) форсигӯ дар атроф мавҷуданд. Пас онҳо чи навъ аз афкори мо вуқуф пайдо намоянд ё ин, ки мо шеваи онҳоро чи гуна дарк намоем ва зулме сареҳ дар ин боб раво доштаанд аз ин аст, ки басе аз тоҷикон, ки дар мамолики Туркистону Мовароуннаҳр ва Фарғона маскунанд ва забони асли модарии онҳо форсист, ва бо ин мутакаллиму гӯё.

Азбкси китобҳои форсии ғайрулфаҳм, ки ингуна бузургон навиштаанд, онро гузошта, бо туркихонии китобҳои омиёнаи бефоида ва ё тарҷимаи китобҳои қисаси форсӣ машғуланд ва аз китобҳои форсӣ, ки дар ниҳояти латофату фасоҳату борикбинӣ дар улуми адабиёту ахбор навишта шуда, бинобар ғайрулфаҳмии он канора ҷуста.

Оре, ин лаҳҷа, ки дар газиту китобҳои ба наздикӣ таълифшуда аст ва мехоҳанд, ки онро бад-ин гуна лисони адабӣ миёни форсиён умуман қарор бидҳанд, бисёр душвор аст, ки бишавад. Бояд то мумкин аст он лаҳҷаву луғатро татбиқ намоянд бо дигар шеваву луғатҳои форсиюласл, ки дар миёни аҳолии форс ё тоҷики ғайриэрон, ки ҳастанд ва он забони адабӣ, ки мехоҳанд вайро роиҷ бидоранд, бад-он биёмезанд,  то аҳолии ҳар мулк, ки форсигӯст, ҳиссаи хешро бибинаду аз он бегона набошад.

Оре, ҳамчуноне, ки мудир фармудаанд, забони бозору русторо эътиборе нест ва ин шева дар миёни аҳолии бозору рустои ҳар миллат ҳасту мавҷуд. Валек шеваи форсии Бухорову Самарқанду Фарғона ва Балху Бадахшону Кобул ҳоло бад-он қадр нарасида, ки аҳолии ин сафаҳот вақте, ки бо аҳолии форси Эрон мутакаллим шаванд матолиби ҳамдигарро нафаҳманд. (Аҳолии Озарбойҷони Эрон аз ин мулоҳиза хориҷ аст.)

Чунонки бузургон дар ин боб воқиф барои ин, ки даҳ ё понздаҳ ё бештар луғате, ки муғорири ҳам бошанд ва баъзе луғат, ики туркони порсигӯ аз туркӣ бад-ӯ мадхул доштаанд, забон аз умумият берун нахоҳад шуд. Он лаҳҷаи Кошону Мозандаронро кор надорем. Сухан аз форсии ҳанӯз вайроннашуда аст.

Мумкин аст мулоҳиза дар миёни аҳолии ин тарафҳо бишавад, ки ҳарчи китобҳое, ки аз ашъору сайру ахбор ва тасаввуф дар хонаҳо доранд, бо чи забон ё шева буда, ки касе китоби нафаҳмидаашро нахоҳад харидан.

Гиромӣ мудир!

Мухтасаран бо хайрхоҳии ин идораи номӣ арз аст ҳар мақолаи ғаррое, ки  аз осори килки фозилонаву донишмандонаи ҷаноби саркор баъд аз ин дарҷ мешавад, онро ба яке аз аҳли фазлу камоли бухороӣ нишон бидҳанд. Агар истилоҳ ё луғате ғайримаънус бад-он мундариҷ шудааст бияндозанд ё ба истилоҳу луғати маъмули интарафҳо ба шарте, ки форсӣ ё арабии мустаъмали аҳолии ин мулк бошад, табдил намуда ва баъзе аз луғати фарангӣ ё русӣ, ки умумист ва ҳанӯз моён маънус бад-он нестем, чунонки … (як вожаро ба дурустӣ хонда нашуд – И.Н.) ин идораи номӣ аст, байни ду қавс онро шарҳи матлаб намуда бифаҳмонанд, то инки хонандагони газит хуб аз матлаби сухан воқиф гарданд ва бифаҳманд.

Боқи арзи хулус … шумо. Банда М…

Бақия дорад.

***

Филийтуни кӯчак

ЗАБОНИ МАҲАЛЛӢ

Мусоҳибаи қориёни газити “Бухорои шариф” баъд аз  баромадани нумраи аввал

Сӯфӣ – Ассалому алайкум Ака Қорӣ.

Қорӣ – Ваъалайкум ассалом эшони Сӯфӣ. Аз куҷо меоед?

Сӯфӣ – Аз сайри олам.  Ака Қорӣ шуумо сайр чиро нарафтед. Сайри замзама. Ба растаи ҷомафурӯшӣ ба рӯбарӯи ҳофизон нишаста камтар замзамаро гӯш андохтам, яъне ҷонам ҳузур кард. Моён ин тариқа базмро ба ҳувайлиамон ҳаргиз дида наметавонем.

Қорӣ – Воқеан ман ҳам дина рӯз сайрро гаштам, ҳамаи растаҳо дастгоҳ. Дар ҳама ҷо ҳофизон ба тараннум машғул. Бисёр тиқӣ-тиқии сипеҳробӣ(?). Бисёре аз тумонҳо омадаанд. Самарқанду Хуҷандии бисёр омадааст. Имрӯз ба ҳувайлӣ камтар кор доштам, ягон касби тоза ҳаст мӣ?

Сӯфҷ – Дар гураш рафтам як ҷамъияти бисёре, ки адади ин тамошочиёнро Худо надонад кас намедонад. Тамошо карда натавонистам. Ой воқеан як гапи бисёр тоза ҳаст.

Қорӣ – Кадом гапи тоза?

Сӯфӣ – Фаҳмидед мӣ? Газит мебарояд мегуфтанд. Ҳамун газит баромадаст. Ҳар кас гирифта хонда гаштаст. Ба забони форсия баромадаст.

Қорӣ  – Куҷо? Гирифта овардед мӣ? Бидиҳед як хонем.

Сӯфӣ – Не! Вай домоди оқсақол ҳастанд ку Муллозариф. Ҳамун кас як донаашро харида хонд. Ба пеши эшон будагӣ одамҳо ба маънидод карда нишаста буданд. Ман ҳам камтар гӯш кардам. Гапҳои нағз хонданд.

Қорӣ – Эй кори шумо кор бошад, якдонаашро гирифта меомадед намешуд мӣ?

Сӯфӣ – Ака Қорӣ ҳар рӯз ҳамун газит чанд дона ба шумо мебиёяд мехонед. Моён ин газити навъии шуморо, ки намедонем. Ин газит имрӯз баромада, ки форсӣ будааст бинобар он ба ман нағ намуд. Ба шумо ҳамааш баробар.

Қорӣ – Эй Сӯфӣ бисёр шумо ғалатӣ, ҳама газит баробар намешавад, ба ҳар кадомаш дигар дигар гап менависанд.

Сӯфӣ – Ман чи донам? Ба ман чанд кас гуфта буданд, ки газит ҳамааш як гап. Локин ҳар рӯз як хабарро газиташ мебарояд. Як рӯз як газитро устод гирифта гуфт, ки ин газити мошина будааст. Гуфт: чанд рӯз пеш ҳам ба дукони Собирбой нишаста будам. Як кас як газит оварда ба вай дода ба вай гуфт, ки ин газитро ба Муллоакобир бурда бидиҳед. Ман пурсидам, ки ин газити чи? Собирбой гуфт, ки намедонам як чиза газиташ будагист дия. Баъд мн гирифта яла кардам, дидам, ки кимчи китобхонасӣ гуфтааст, Баъд фаҳмидам, ки газити китобхона будааст.

Қорӣ – Эй ака Сӯфӣ шумо зинда бошед дия. Аз барои ҳар чиз як газит намешавад. Газит мақолаҳои ба инсонҳову мусулмонҳо нафъе мекардагиро менависанд. Баъзе хабарҳои мамлакатҳои дигар, давлатҳои дигарро ҳам менависанд. Баъд одамҳои дукондору савдогарҳо ҳам молҳои мефурӯхтагияшонро менависанд. Ҳар кас, ки аз ҳамун молҳои ба газит эълоншудагб хариданӣ бошад, мехарад.

Сӯфӣ – Хайр. Ман то ҳамин вақт ин тариқа будани газитро намедонистам.

Қорӣ – Ака Сӯфӣ ба намози аср ҳоло барвақт аст, рафта як дона аз газити Бухоро гирифта биёред чӣ?

Сӯфӣ – Соат чаҳоруним. Ман фавран рафта мебиёрам.

Қорӣ – Биистед, ки Абдукарим омада бошад мӣ?

Сӯфӣ – Ним соат қариб шуд омада буд, ба ҳувайлияш даромада бигӯям мӣ?

Қорӣ – Пурсед, ки газити Бухоро гирифтааст мӣ. Албатта гирифтагист.

Сӯфӣ – Ду дона гирифта будааст. Як дона ба ман дод, як дона ба худаш нигоҳ дошт.

Қорӣ – “Бухорои шариф” номаш. Газитро ҳам бофта мондаанд. Овозааш буд. Воқеан рост будааст.

Бақия дорад

(БТД)

***

АХБОРИ ДОХИЛА

Сивоступул – Вазири дарбор хабар медиҳад, ки  дар 17 морт аълоҳазрати импиротурӣ ва шоҳзодагон ба Сивоступул ташриф оварданд ва маллоҳҳои тозаи Баҳри Сиёҳро мушоҳида карда, хеле изҳори ризомандӣ аз онҳо намуданд. Баъд аълоҳазрати импиротурӣ хеле изҳори хушнудӣ аз маллоҳҳо намуда, бо ҳашамати тамому ғулғулаи “урро” ташриф бурданд ва дар шаҳр хеле чароғониву шодмонӣ буд.

***

Петербурғ – Маслиҳатгузори сафорати Вошингтон кинёз Кудошиф. Маслиҳатгузори сафорати Вено мусташори сафорати Тукию таъйин хоҳад шуд.

Бруневски(й) маслиҳатгузори сафорати Берлин таъйин хоҳад шуд. Котиби аввали сафорати Ландан Сивостопулуф маслиҳатгузори сафорати Вошингтон таъйин хоҳад шуд. Котиби аввали сафорати Пекин, Ҳачикин маслиҳатгузори сафорати Тукию таъйин хоҳад шуд.

***

АХБОРИ ДУМО

17 морт

Масъалаи тақсими арозӣ музокира карда мешавад. Кузнетсуф ва Миликуф ҳаракоти ҳукуматро танқид мекунанд. Мубоҳисаи умумӣ тамом мешавад.

Ва лоиҳаи дахлу харҷи вазорати дохиларо бе мубоҳиса тасдиқ мекунанд.

Раиси думо Рудзинску изҳор мекунад суоли “уктобрис”-ҳоро  дар бораи ҳаракоти идораи пучта, ки сарбастиву ҳуррияти расонидани муросилоти Думоро лағв мекунад. Ин масъаларо ба кумисюн медиҳанд.

Айзан барои тарҳи лоиҳа дар хусуси тахсис намудани 50 000 сум ҷиҳати фиристодани копитон Сабдуф ба ҷониби Қутби Шимолӣ изҳор дошта мешавад. Баъд раис ва аъзоҳои думоро мехонад. (Даъват мекунад) Кинёз Волкунский аз ҷойи худ бархоста укози (амрнома) раисро мехонад ва ба саломатии аълоҳазрати импиротурӣ садои “урро”-ро баланд мекунанд. Баъд маҷлис баста мешавад.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Ғулҷа – Ҷумҳуриятхоҳҳо, ки қасди гирифтани Шиху (ро) доштанд, бо хисорати бисёр шикаст хӯрда пас гаштанд.

***

Урко – Ҳукумати муғул барои ёфтани маъданҳои тило панҷ адад шаҳодатнома ба панҷ нафар аз раойи Русия додааст.

Фирмаи Мушникуф, ки дар шаҳри Кабохта мебошад, ин шаҳодатномаро гирифта дар мавқеъи Собойнофски(?) маъдани тилое кашф кардааст (кушодааст).

Барои масоҳат кардани ҷоҳои тило як нафар маъмури ҳукумати муғул расман таъйин шудааст.

***

(Дар охир рекломи Л.Қ. Шолмон (муҳрсозӣ) ва меҳмонхонаи “Турон” омадааст.)

 

САҲИФАИ 4

Рекломҳои шумораҳои қаблӣ ҳамон тур такрор дарҷ гардидаанд.

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *