Илм ва фарҳанг

ВАЗИРИ КАБИРИ САРЗАМИНИ МУЪАЗЗАМ

(Ба ифтихори ҳазорсолагии Хоҷа Низомулмулк)

Бо қалами адиби тоҷик, устод: Обидҷон Шакурзода

Хоҷа Низомулмулки Тусӣ вазири тавоно, кордону донишпарвар ва донишманду адиби мо, инак ҳазорсола шуд. «Сиёсатнома» ё «Сайру-л-мулук» аз таълифоти машҳури ӯст, ки ба ишорати Маликшоҳи Салҷуқӣ ва барои ӯ ба нигориш даровард. «Дастуру-л-вузаро» ё «Васоёи Низомулмулк» аз таснифоти дигари вай аст. Исми комили ӯ – Абулҳасан Алӣ ибни Исҳоқ ибни Аббоси Тусӣ, муканно ба Абуалӣ, мулаққаб ба «саййиду-л-вузаро» ва «қивому-д-дин» ва машҳур ба Низому-л-мулки Тусӣ, аз бузургтарин шахсиятҳои қарни 11-и тоҷикон ва вазири номдори давраи Салҷуқӣ. Дар рӯзи ҷумъа, 15 зӣ-л-қаъдаи соли 408 ё худ 20 фарвардини соли 397-иҳиҷрии шамсӣ, мусодифи 10 апрели соли 1018 масеҳӣ дар Тус дида ба олам кушод. Ӯро ба ҳар унвони ифтихорие ном бибарем, муносиб меояд: «Хоҷаи бузурги Хуросон», «Вазири аъзами Хуросони Бузург», «Муршиди шаҳрёрони даврон», «Куруши сонии Эрон», «Масеҳи растохези Хуросон», «Боғбони комёри порсии оламгир» ва амсоли ин. Низомулмулк дар рӯзгоре ба дунё омад, ки сарзамини мо дастихуши бедодиҳои туркони ғосиби аҷнабӣ ва дар авҷи буҳрону касодии сиёсиву маънавӣ буд. Ӯ дар 18-солагӣ пой ба арсаи ному нанги милӣ ниҳода, дар як шароит ва муҳити носозгор ва дар як ҷабҳаи нобаробар ба бузургтарин комёбиҳо даст ёфт.

  1. ДЕҲҚОНЗОДАИ ТУС

Дар тӯли чаҳорсад сол (аз қарни нуҳ то ҳамлаи муғул) аз ҷумла Фарғонаву Самарқанду Бухоро, Балху Самангону Ғӯр, Марву Ҳирот ва Тусу Нишопур аз хокбумҳои поку шарофатманди мо буданд, ки бо қаҳрамонийи шахсиятҳои қаҳрамони хеш дар баробари истилои араб ва юришу ғасбу ғораткарданҳои туркони бадавӣ ба поси пойдории сарзамини мо бидурахшиданд. Хоҷа Низомулмулк аз ин шахсиятҳои боризу комёре буд, ки дар таърихи пас аз исломии тоҷикону Эронзамин корнамоии ҳадафманду миллии ӯро каси дигар то кунун такрор накардааст.

Падари Хоҷа аз деҳқонон ё худ аз бузургномони Тус буд. Вожаи«деҳқон» дар он даврон ба маъноҳои ашроф, асилзода ва эронинажод итлоқ мешуд, на чун имрӯз ба маънои зореъ ва кишоварз. Деҳқонон дар ҷомеъаи он замон соҳиби мақоми иҷтимоъийи хосс буданд. Онҳо агарчи дар ҳаводиси азими таърихӣ камтар зоҳир мешуданд, аммо то ҷое ҳамчун ҷузви давлат дар умури идораву амнияти вилоёте, ки худ сукунат доштанд, таъсиргузор буданд. Аз ин рӯ ба андозаи бузургону ашрофони баландпояи мамлакат қадру эътибор доштанд. Деҳқонон ҳамчунин аз ҳофизони ёдгориҳои гузаштаи пурифтихори мо ба шумор мерафтанд. Дар ин боб ҳаким Фирдавсӣ, ки бо таъкиди Низомии Арузӣ, ӯ низ яке аз деҳқонзодагони Тус буд, дар «Шоҳнома» ишораҳо дорад. Чунончи

Зи гуфтори деҳқон яке достон,

Бипайвандам аз гуфтаи бостон.

Низомулмулк дар кӯдакӣ бо раҳнамоии падар дар Тусу Нишопур омӯзиш дид ва низ барои такмили дониш ба Марв ҳам сафар намуд. Падараш аз ходимони Маҳмуди Сабуктакин буд ва ин муҷиб гардид, ки Хоҷа худ аз тангии маъош рӯ ба Ғазнавиён орад ва ҳангоме ки 21 сол дошт, ба Ғазна рафту ҳамчун котиб дар хидмати Абуалӣ ибни Шозон (ки баъдан вазири Олп Арслон шуд) даромад. Ин рухдод оғози вуруди Хоҷаро ба арсаи бузурги сиёсат пай рехт ва баъдан, 32-сола буд, ки ба хидмати Олп Арслон даромад.

  1. ДАР МИЁНИ ҒОСИБОН БАРОИ ШУКУҲИ ХУРОСОН

Олп Арслон дар симои Хоҷаи ҷавон шахсеро бо донишу ҷаҳонбинии фарох, тамкини сиёсӣ ва таҷрибаи расое дар ҳар умур дида, ӯро ба унвони садри аъзами хеш баргузид ва тамоми корҳои кишвардориро ба вай супурд; Олп ҳич амреро бидуни машварати Хоҷа Низомулмулк анҷом намедод. Ҳамзамон Хоҷаро ба унвони Атобак ё мураббии фарзанди худ – Маликшоҳ таъйин карда буд. Вақте Олп Арслон ба қатл расид, Маликшоҳи ҳаждаҳсола, тибқи васийяти падар, ҷонишини ӯ гардид ва Низомулмулкро, ки 47 сол дошт, ҳамчунон вазири кабири хеш майдони амал дода, ҳама умури кишварро ба ӯ вогузошт. Агар замони вазорати ӯро бар Хуросон дар замони ҳокимияти Олп Арслон бар он минтақа низ дар назар гирем, Хоҷа дорои 27 сол хидмати идорӣ (девонӣ) буд.

Чун Низомулмулк вазири бокиёсат ва огоҳ аз сиёсат буд, хатти машши хешро барои бунёди як кишвари паҳновару муқтадиру якпорча устувор сохт ва пеш аз ҳама шуришҳои муддаъиёни салтанатро фурӯ нишонд. Ӯ Исфаҳонро ба унвони пойтахти фармонравоийи шоҳи Салҷуқӣ баргузид ва дар муддати вазораташ кӯшид, қаламрави Хуросони Бузургро ҳамчун мерос аз Оли Сомону Ғазнавиён ба болотарин дараҷаи вусъат бирасонад. Қаламрави сарзамини мо дар он даврон аз ҳошияҳои Чин то марзи сарзаминҳои Шому Рум доман кашид. Тамоми футуҳоте ки дар ин муддат насиби султони ҷавон шуд, натиҷаи лаёқату кордонии Хоҷаи ботадбири Тус буд.

  1. ҲАДАФҲОИ АСЛИИ НИЗОМУЛМУЛК

Саҳронишинони турку муғул ҷангдидаву майдондор буданд ва фатҳи сарзаминҳои дигар барои онҳо то ҷое осон буд. Аммо қудрати ҷаҳондорӣ ва идора кардани мамолики фатҳкардаи худро надоштанд. Чунонки дида мешавад, чи дар ҳукуматҳои Сабуктакиниҳои Ғазна, чи дар салатанати Салоҷиқа ва ҳатто дар ҳукуматҳои Чингизию Темурии муғул хуросониён (тоҷикон)-у эронинажодон нақши калидӣ бозидаанд. Ин вузаро бо донишу маърифати баланди хеш дар тағйири тарзи тафаккури подшоҳон маҳорат ба харҷ доданд, то ба он ҳадд, ки ононро мушаввиқи фарҳангу посдори забону адаби форсӣ ва ҳатто дини ислом карданд. Дар ин замина Фредерик Стар, эроншиноси омрикоӣ, бо шефтагии тамом корнамоиҳои Низомулмулкро ин гуна тавсиф кардааст: «Аз аҳли сиёсату ҳоким ҳич яке дар Хуросони Бузургу мамолики араб ба мисли Низомулмулк амали пурсамару комёбона надошт. Ӯ тавонист маъракаҳои ҳарбии султонро маблағгузорӣ кунад ва ҳамзамон иқтисодиёти хусусиро дастгирӣ карда, асъори устуворро нигоҳ дорад» (Фредерик С. Стар «Маърифати гумшуда; асри тилоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг»; Д. 2016).

Ва ҳамин муъаллиф таъкид карда, ки Нишопури пурифтихор дар давраи Салҷуқиён ба шарофати Хоҷа он гуна бо ҷӯшу хурӯши иқтисодию фарҳангӣ дурахшон гардида буд, ки онро пойтахти зеҳнии олами салҷуқӣ меномиданд.

Марв ҳам ба авҷи шукуфоии мислаш диданашаванда расида буд. Ҳич як шаҳре дар шарқи ислом бо ин қадар теъдоди зиёди китобхонаҳои худ мисли Марв болида наметавонист ва ин китобхонаҳо олимонро аз дуру наздик ба худ мекашиданд. Ҷуғрофидони араб Ёқут (1179-1229) се солро дар омӯзиши 12 китобхонаи Марв сарф кардааст. Дигар макони ҷаззоби Марв расадхонаи чандинасраи он буд, ки донишмандони маъруф ба мисли Абулфазли Сарахсӣ ва Абдурраҳмони Хозинӣ он ҷо машғул буданд. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои асосии косибӣ ҳунармандону косибон аз Ҳироту Нишопуру Марв дар давоми ин солҳо барои тамоми олами ислом пешгом буданд. Илова бар он, Низомулмулк ҳавзаи қаламрави Эронро чунон васеъ кард, ки дар тамоми ин ҳазору чаҳорсадсолаи таърихи ислом назири он дида нашудааст.

  1. НИЗОМУЛМУЛК ВА ЗАБОНИ ПОРСӢ

Ин сиёсати зариф мерос аз Куруши Бузург буд, ки дар баробари футуҳоти музаффарона забони порсиро дар ақсои олам нашр мекард ва дар рӯзгори Ҳахоманишиён порсӣ забони ҷаҳонӣ буд (чун инглисии имрӯз). Сомониёни хирадрой –охирин партави хуршеди фурӯрафтаи Сосонӣ, дар миёни туфони балои таҳдиду таҷовузҳои берунии аҷнабиён бори дигар порсиро бо қабои зарини илму адаб оростанд. Шаҳрият ва ойини шаҳрнишинӣ, ки орояи назми иҷтимоъу шукуҳи миллист, дар сиёсати Сомониён ҳама дар меҳвари густариши порсӣ равнақ меёфт: аз амиру вазир то косибу фаллоҳу боғбон ҳама девонаву ҳариси омӯзиши порсӣ буданд; ҳама музофоти Эронзамин бо нишони ҳаммаромию якпорчагӣ порсии нобро сурмаи хиради хеш мекарданд, ҳар касе дар сабқат бо адибону соҳибназарон саъй мекард, ки ба ин забон дурри ҳикмат бипирояд. Сомониёни бедор рози бақои сарзамини гавҳарини моро дар пояндагии забони модарии хеш – порсӣ ва густаришу гиромидошти он дар ҳар умур медонистанд ва дар роҳи расидан ба ин мақсад ҳич ҳазинаро дареғ надоштанд. Дар натиҷа забони порсӣ дар андак муддат табдил ба дувумин забони муошарати олами ислом гардид. Сабуктакиниҳои Ғазна низ ибтидо ин сиёсати Оли Сомонро пай гирифтанд, то он даме ки Абулҳасани Исфароинӣ (парвардаи даргоҳи Сомониён) вазири онҳо буд. Аммо дар даврони Маҳмуду Масъуди Ғазнавӣ дигар вазир –Ҳасани Маймандӣ, порсиро канор андохт ва арабиро забони расмии дарбор кард. Маҳмуду Масъуд аҷнабиву бардазодагони турк буданд, ки агар чунин ибтикор аз онҳо сар мезад, гилае набуд. Аммо Ҳасани Маймандӣ аз мо буд ва ба шодии душманони марзу буми мо ӯ бешарафию бенасабиро лаббайк гуфту ғасбу таҷовузи душмани сарзаминашро муборакбод намуд. Шояд ҳамнишинӣ бо ғуломони турки Сабуктакинии хойин ӯро ба ин кӯйи пастӣ афканда буд!

Аммо Хоҷа Низомулмулк дорои ҳиммате боло буд ва ба сарзамини поки хеш ишқ меварзид. Дарахти сабзи ишқи ӯ аз дониши ҷомеъ ва ғурури миллӣ борвар шуда буд. Низомулмулк насаби каёнии худро мешинохт, аз дурахшандагии Эрони Бузург дар даврони Курушу Дориюш, дар замони Сосониёну Сомониён ва аз боргоҳҳои илмиву адаби миллии онҳо вуқуфи комил дошт. Бо чунин қидосати ботин ва руҳияи ватанпарастӣ ин вазири кабири таърихи мо се ҳадяи ҷовидона барои диёр ба ёдгор гузошт.

НАХУСТ: Низомулмулк дастур дод, ки дар кишвар солшумории хуршедӣ фароҳам шавад ва солшумории қамарӣ канор гузошта шавад.

ДУВУМ: Бо ибтикори Низомулмулк ва бо пайравӣ ба Оли Сомон порсӣ аз нав забони расмии сарзамини Хуросони Бузург гардид ва дар тамоми хиттаи Салоҷиқа ва мамолики исломӣ забону китобҳои порсӣ нашр шуданд (сад соли пешро ба ёд орем: вақте қадами номубораки артиши сурхи мутаҷовиз ба хоки мо расид, ҷорӣ кардани солшумории масеҳӣ ва хатту алифбои сириллик аз нахустин ибтикороташ буд).

СЕВУМ: барафроштани донишгоҳҳои «Низомийя»ва бад-ин тариқ дар баробари фарҳанги исломӣ равнақ додани забону маърифати форсӣ буд. Низомулмулк дастур дод, ки ҳазорон бор «Шоҳнома»-и Фирдавсии ҳаким бознависӣ ва нусхаҳои он ба ин мадорис тавзеҳ шавад, то шогирдони Низомийяҳо аз забону ҳикмати порсӣ баҳра бибаранд.

  1. НИЗОМИЙЯҲОИ НИЗОМУЛМУЛК

Хоҷаи ҳикматкеши Тус, ки ба ҷамеъи фунуни сиёсату мазҳабу одобу русуми мулкдорӣ огаҳ буд, ин ҳақиқатро ба хубӣ дарёфт, ки ҷунбиши ҳосил аз эҷоди силсиламадрасаҳо беҳтарин дастовез барои эҳёву дурахшиши фарҳанги миллӣ ва муқобала бо таблиғоти мухолиф будааст. Ҷавҳаре ки ӯ аз ин ғоя бардошт, он буд ки сармояву дороии аслии як кишвар пеш аз ҳама мардуми мусаллат ба илму дониш ва огоҳ аз хираду маърифат мебошад, на зару гавҳар ё дигар манобеъи табиъии он. Миллати бархурдор аз илму дониш садру сарвари ҷумла ҷаҳон хоҳад буд. Ва, дар зимн, ҷопониҳо пас аз нокомиҳои мусибатборашон дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, маҳз бо ҳамин шиор – тасхири ҷаҳон бо донишу маърифат, барномаи миллиеро роҳандозӣ карда, дар андак муддат пешгоми пешрафтагони ҷаҳон шуданд.

Аз ин рӯ Низомулмулк бар он шуд, ки дар баробари ҷонибдорию ҳимояти ҳамаҷониба аз ин гуна бунгоҳҳои таълимӣ, худ таъсиси мадориси васеътару муназзамтаре ва ташкилоти ҷадиду бесобиқаеро басиҷ кунад. Ва бо ин қасду ҳадаф донишгоҳҳоеро бо номи НИЗОМИЙЯ дар машҳуртарин шаҳрҳои Хуросону олами ислом поя гузошт. Таъсиси Низомийяҳо аз рӯйдодҳои муҳимми илмӣ ва шигифтиҳои асри тилоии тамаддуни пас аз исломии тоҷикону эронинажодон ва сароғози маншаи таҳаввули азим дар рушду пешрафти илму андеша ба ҳисоб меояд. Низомийяҳо аз нахустин донишгоҳҳое буданд, ки тамаддуни эронӣ ва исломиро бо азамати худ музайян сохтанд ва мояи иззату сарбаландии андешамандони Эронзамину мусалмонон дар асри тилоии тамаддуни исломӣ шуданд. Ин мадорис қариб ба чаҳорсад сол на танҳо дар Хуросони Бузург, балки дар дунёи ислом аз бузургтарин марокизи муҳимми илмӣ буданд. Наҳзате, ки Хоҷа Низомулмулк бо сохтани Низомийяҳои сершумор ба вуҷуд овард, ба зудӣ ва бо суръати шигифтоваре аз тарафи тамоми нуқоти Эронзамин ва бисёре дигар аз билоди кишварҳои исломӣ дунбол шуд, ба тавре ки дар асрҳои 11 ва 12 дар мулки мо ҳич шаҳре набуд, ки дар он мадрасаҳои сершумор вуҷуд надошта бошад. Мадрасаҳо ҳама дорои китобхонаҳои муътабар буданд ва дар инҳо дарсҳое чун ъулуми адабӣ, риёзиёт, тиббу ҳикмат, фиқҳ, ҳадис, тафсир тадрис мешуд.

ВИЖАГИҲОИ МАДОРИСИ НИЗОМИЙЯ

Агарчи то ин муддат дар Нишопур чандин мадрасаи дигар фаъъол буд, аммо Хоҷа нахустин НИЗОМИЙЯ-ро таҳти раёсати Имому-л-ҳарамайн Ҷувайнӣ дар ин шаҳр бино кард. Имом Муҳаммади Ғазолӣ ва ҳаким Анварии Абевардӣ аз шогирдони ҳамин мадрасаанд.

Хоҷа илова бар сохтани донишгоҳ, хадамоти фаровони дигаре, ҳамчун обанбор, гармоба, бозор, бемористонҳоро ба ҷаҳониён арза кард ва қарни 11-ро мубаддал ба шикуфотарин қуруни фарҳангии мо сохт. Кисоӣ дар китоби «Мадориси Низомийя ва таъсироти илмиву иҷтимоъии он» ин мадрасаҳои муътабарро дар ин шаҳрҳои бузург зикр намудааст: Нишопур, Бағдод, Исфаҳон, Омули Табаристон, Басра, Балх, Ҷазираи Ибни Умар, Марв, Мусил, Ҳирот, Рай, Низомийяи Зофир (шаҳре дар Озарбойҷон) ва Низомийяҳои Гургону Шероз.

Низомийяҳо дорои вижагиҳои хоссе будааст, ки ҳич як аз мадориси ин даврон надоштанд. Ин мадорис зоҳиран ду гуна буданд: яке марокизе, ки дар ҳукми мактабҳои ибтидоӣ ва мутавасситаи ин замон буда ва умуман дар шаҳрҳои кучаку рустоҳои пурҷамъият доир гардидааст. Дигар – мадориси бузурге ки ба манзилаи донишгоҳҳо ва марокизи таълимоти олияи имрӯз буда ва бо имконоти васеъ ва ташкилоти густардатаре таъсис шудааст.

Низомийяҳо ба сурати шабакаӣ дар саросари Хуросон ва хиттаҳои таҳти султаи Салҷуқиён тавассути ҳоким ва бо ҳимояти ҳамаҷонибаи онҳо таъсис шудааст. Низомулмулк нахустин вазир ва раиси давлате буд, ки бо мувофақати подшоҳи вақт дар тамоми шаҳрҳои билоди исломии хеш мадраса доир намуд ва ушри даромади мамлакатро ба таъсиси ин мадорис ихтисос дод ва ин амрро он чунон дар шарқи ислом густариш дод, ки дар шаҳрҳову деҳкадаҳои Хуросону Ироқайн маҳаллае ёфт намешуд, ки Хоҷа дар он ҷо мадраса насохта бошад. Имодуддини Исфаҳонӣ мегӯяд: «Дар ҳар шаҳре, ки Хоҷа марде донишманд меёфт, бедиранг мадрасае барои ӯ месохт, то дар он ҷо ба тадрис бипардозад».

Танзими барномаи шабонарӯзӣ барои ин мадрасаҳо ва дар назар гирифтани маскан ва мадади маъошу ҳуқуқ ва таъмини ҳазинҳои таълимӣ барои устодону донишҷӯён боъис шуд, ки дастандаркорони умури илмӣ аз навъе истиқлоли молӣ дар зиндагӣ бархурдор шаванд ва аз боби таъмини махориҷи хӯроку маскан осудахотир гарданд. Ҳамчунин китобхонаи мадраса зери назари китобдори мухсус китобҳои мавриди назарро дар ихтиёри шогирдону устодони мадраса қарор медод ва барои таъмини мадраса нусхабардориҳо, хариди китоб ва таъмини сӯхту рӯшноӣ ҳазинаҳои лозим дар назар гирифта шуда буд. Низомийяҳо аз нахустин мадорисе буданд, ки омӯзиш дар онҳо зери чаҳорчӯби хосс ба роҳ монда шуда буд. Зимнан, бинобар маъхазҳо, ҳич кас наметавонист, ки ба таври дилхоҳ, бидуни иҷоза дар ин макотиб тадрис намояд; мебоист салоҳияти илмиву мазҳабию иҷтимоъӣ дошта бошад.

Аз бузургтарин донишгоҳҳое, ки Низомулмулк таъсис кард , Низомийяи Бағдод буд, ки дар он замон беш аз шаш ҳазор донишҷӯ дошт.

НИЗОМИЙЯИ БАҒДОД

Таваҷҷуҳи Низомулмулк ба Бағдод беваҷҳ набуд: ин маркази хилофат аз ҷумла аз марказҳои тавтеъаву фитнаи мазҳабию маснадталошӣ ва ё таъассуботи миллию қавмгароӣ низ ба шумор мерафт. Хоҷаро мебоист дар ин дуриҳои марзи ватани хеш дурри маърифатеро бипошад, ки муҳити ҳаммароми муносибе ба сӯи кишвараш камол ёбад. Аз ин рӯ барои сохтани ин мадраса дусад ҳазор динор аз моли худ харҷ кард ва мавқуфоти мутаъаддиду пурдаромаде бад-он ихтисос дод. Низомийяи Бағдод бо устодони муътабаре, ки дар он дарс медоданд, маъруф ва аз ҷумлаи марокизи муҳимми олами ислом шуд. Машҳуртарин мударриси он ҳуҷҷату-л-ислом, Имом Муҳаммади Ғазолии Тусӣ буд, ки ба даъвати Хоҷа чанде дар он тадрис мекард.

Низомулмулк ба умури молии мадраса таваҷҷуҳи хосс намуд; ҳадафаш ин буд, ки ҳазинаи идора ва нигаҳдории мадраса аз маҳалле таъмин шавад, ки камтар мавриди таҷовузи ғосибон қарор гирад. Ӯ дастур дод, ки дар атрофи мадраса бозорҳои вақф бар он бисозанд ва низ ҳаммом, амлок, дукконҳо ва корвонсароҳоро хариду ҳамаро вақфи Низомийя намуд, то суду ъавоиди он ба масрафи идораи мадраса бирасад. Таъсиси китобхона дар мадориси Низомийя ба вижа дар Низомийяи Бағдод яке дигар аз рӯйдодҳои илмии он замон будааст. Зеро дар ин китобхона китобҳои дилхоҳ мутобиқи усули саҳеҳи китобдорӣ дастраси устодону донишҷӯён қарор мегирифт ва китобхонаву коркунони он бахше аз созмони омӯзишии Низомийяро ташкил медод.

Низомийяи Бағдод беш аз се қарн бо шаҳмату эътибори бемонанд ҳамчунон ба унвони як маркази илмиву мазҳабӣ бар чеҳраи Бағдод дар шарқи ҷаҳони ислом дурахшид. Пас аз суқути Бағдод тавассути Ҳулокуи муғул теъдоди мударрисону туллоби он ба суръат коста шуд. Аз авоили қарни 15 ба баъд ҳич гуна иттилоъе аз саргузашти Низомийяи Бағдод ва сарнавишти китобҳои нафиси ин мадраса дар дастрас нест.

НОМОВАРОНИ НИЗОМИЯ

Бо таваҷҷуҳ ба ҳимоятҳои ҷиддӣ ва ҳамаҷонибае, ки аз Низомийяҳо сурат мегирифт, толибони илм аз моварои Ҷайҳун дар Шарқ то ақсои нуқоти ғарби ислом (Андалус) ба ин донишгоҳҳои бузург рӯй меоварданд; аз ин рӯ Низомийяҳо дар ҳаёти бодавоми илмии худ донишмандону адибону фақеҳонеро дар домони худ парваронда, ба ҷомеъаи хушиқболи мо армағон доданд. Мутаассифона, забти дақиқи хатмкардаҳои Низомийяҳо дар ҳич маъхаз наомадааст ва шумори камеро метавон бар пояи зиндагиномаҳои эшон дар радаи хатмкардагону парвардагони Низомийяҳо зикр кард. Нуруллоҳи Кисоӣ (дар «Мадориси Низомийя ва таъсироти илмиву иҷтимоъии он») номи 389 нафар аз машоҳири ин мадорисро бо шумули мударрисон, муъаййидон, ноибони тадрис, китобдорон, шоирон, воизон ва донишомӯхтагонро овардааст. Номи чанд тан аз инҳо:

  1. Ҷувайнӣ, Зиёуддини Абулмаъолӣ, Абдулмалик ибни Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Юсуф (нахустин устоди Низомийяи Нишопур ва устоди Имом Муҳаммади Ғазолӣ, Имодуддини Табарӣ ва Абулмузаффари Хавофӣ);
  2. Абуисҳоқи Шерозӣ, Ҷамолуддин ибни Иброҳим ибни Юсуф – вай нахустин фақеҳи олиқадре будааст, ки барои мансаби мударрисӣ дар Низомийя интихоб гардид.
  3. Имом Муҳаммади Ғазолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммади Тусӣ, яке аз нобиғагони номдори Эрон ва ислом аз шогирдони Ҷувайнӣ, ки дар Низомийяи Бағдоду ва Нишопур мударрисӣ кард.
  4. Абубакр Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ; вай нахустин фард аз Оли Хуҷанд буд, ки ба фармони Хоҷа Низомулмулк ба раёсат ва мударрисии Низомийяи Исфаҳон мансуб гардид.
  5. Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдии Шерозӣ, шоъири машҳури порсигӯй аз ҷумлаи бузургонест, ки пас аз таҳсили муқаддамоти улум дар зодгоҳи худ – Шероз, ба Бағдод сафар кард ва дар Низомийяи он шаҳр ба идомаи таҳсилот пардохт.
  6. Абдулкарим ибни Муҳаммад ибни Абдулқосими Шаҳристонӣ, муаллифи машҳури китоби «Ал-Милалу-н-наҳл», яке аз мударрисони Низомийя.
  7. Абубакри Самъонӣ – мударрис.
  8. Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, бузургтарин шоъир, ориф ва нависандаи асри 15 дар Низомийяи Ҳирот ва дар мазҳари Мавлоно Ҷунайд аз донишмандони моҳири илми сарфу наҳву маъонӣ омӯзиш дид;
  9. Рашидуддини Ватвот, хатмкардаи Низомийяи Балх…

Шайх Абуисҳоқи Шерозӣ мегӯяд: «Вақте ба унвони сафири халифа ба Хуросон рафтам ба ҳар шаҳру қарияе ки ворид мешудам, қозӣ ё хатиб ё муфтии он диёру қарияро аз шогирдони худ дидам».

Низомийяҳо бо низоми идорию омӯзишӣ намунаи хуби пайравӣ барои як қатор донишгоҳҳои Аврупоӣ гаштанд. Аз ҷумла донишгоҳи Солерно дар Итолиё – қадимитарин донишгоҳҳои Аврупо, аз таъсири Низомийяҳо холӣ набудааст. Таъсиси марокизи бузурги дигар монанди Донишгоҳи Булуниё дар Итолиё ва низ донишгоҳҳои Мунпелие ва Оксфурд, ки ҳама баъд аз қарни 12 ба вуҷуд омаданд, муддате баъд аз донишгоҳҳои Хоҷа Низомулмулк будааст.

  1. ПОЁННОМА БО ИН НАМУНА АЗ «СИЁСАТНОМА»:

«Бузургҷмеҳрро пурсиданд: сабаб чӣ буд, ки подшоҳии Оли Сосон вайрон гашт ва ту тадбиргари онҳо будӣ ва имрӯз туро ба тадбиру хираду дониш дар ҳама ҷаҳон ҳамто нест?

Бузурҷмеҳр ҷавоб дод: сабаб ду чиз буд: яке он ки Оли Сосон бар корҳои бузург кордорони кучаку нодон гумоштанд ва дигар он ки мардони бузургро ба корҳои кучак ва сари кори ман бо занону кудакон уфтод».

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *