Осиёи МарказӣСиёсат

Гурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси палатаи болоии Порлумон шуд

Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳамадов дар Порлумони нави дупалатаӣ- Миллӣ Генгеш раиси Шӯрои мардумӣ интихоб шуд.

Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ӯ ба ин вазифа аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ, ки 14 апрел баргузор шуд, интихоб гардид.

“Ман ин воқеиятро нишонаи эҳтироми бузург ва масъулияти баланд дар назди тамоми мардум мешуморам” – гуфт ӯ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Туркманистон  Халқ маслиҳати лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ворид намудани тағирот ва иловаҳо ба Сарқонуни Туркманистон” -ро, ки ташкили Порлумони дупалатаро дар кишвар пешбинӣ мекунад, якдилона қабул кард.

 Порлумони нави дупалатаии Туркманистон Миллӣ Генгеш Туркманистон ном дорад. Лоиҳа онро ҳамчун як мақоми намояндагӣ, ки ҳокимияти қонунбарорро амалӣ мекунад ва аз ду палата – Маҷлиси халқӣ ва маҷлис иборат аст, муайян мекунад. 

Қобили тазаккур аст, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар Туркманистонро пас аз Куриёи Шимолӣ яке аз худкоматарин ва пӯшидатарин кишварҳои олам меҳисобанд.

Дар Тоҷикистон ҳам  Эмомалӣ Раҳмон ду вазифаи калидии кишвар, раиси ҷумҳур ва раиси Ҳукуматро ба ӯҳда дорад. Писари ӯ Рустами Эмомалӣ соли гузашта ба вазифаи раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон- дуввумин раҳбари кишвар  интихоб гардид.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *