Осиёи МарказӣСиёсат

Дар Боткант машқҳои низомии ситоди фармондеҳии “Амният-2021” оғоз ёфтанд

Дар ниҳияи Ботканти Қирғизистон размоишҳои  ситоди фармондеҳӣ ва сафарбарии “Амният-2021”  оғоз ёфтанд.

Дар ин бора ​​24.kg бо истинод бар Дафтари  матбуоти намояндаи ваколатдори ҳукумат дар минтақа хабар додааст.

Машқҳои низомӣ се рӯз давом мекунанд. Дар онҳо беш аз 2 ҳазор нафар ва 100 таҷҳизот, аз ҷумла системаҳои тӯпхона ва ҳавопаймо, персонали низомӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ иштирок мекунанд.

«Дар марҳилаи аввали машқ, иштирокчиён вазифаҳоро дар доираи сенарияи вазъияти ҳарбӣ ва фавқулодда иҷро хоҳанд кард. Баъдан, сохторҳои низомӣ  қоидаҳои тахлияи (эвакуатсияи) аҳолиро дар ҳолати фавқулодда ва ҳифзи иншооти стратегӣ – обанбори Торт-Кӯлро машқ хоҳанд кард », – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки аз имрӯз дар Ботканд ва ноҳияи ҳамномаш соати комендантӣ ҷорӣ шуда, тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони корҳои дохилӣ шабонарӯзӣ таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ин размоиш дар ҳоле мегузарад, ки вазъият дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон  ноором аст. Мулоқоти ахири ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ рӯзи 18 март   баргузор шуд. Изҳороти раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи ба қисме аз ҳудуди Боткант бадал намудани Ворух дар миёни мардуми Тоҷикистон вокуниши сахтеро ба миён овард. Мақомоти Тоҷикистон баргузории машқҳои низомиро дар минтақаи доғи марзи миёни ду кишвар то ба ҳол шарҳ надодаанд.

Қобили зикр аст, ки дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр буда, аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст.

Зиёда аз 370 километри марз номуайян боқӣ мондааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *