ИқтисодТоҷикистон

Дар Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёнаи бунёд мегардад

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва  кӯчаи Умари Хаёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиршавии  муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 апрели соли 2021 ба имзо расид.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи  мазкур  дар доираи татбиқи  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.                                                                                     

Ёдовар мешавем, ки Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.

Айни замон  тибқи қарори мазкур   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт  нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ   намуда,    сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  мондааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *