СиёсатТоҷикистонҲамкорӣ

Дар Душанбе музокироти Тоҷикистон ва Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор шуданд

 

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар Душанбе музокироти намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Россия  ҷиҳати баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират баргузор гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко роҳбарӣ намуданд.

Зимни гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми музокирот протокол ба имзо расид.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *