ТоҷикистонҲуқуқи башар

Дар Тоҷикистон маълумоти Русия дар бораи муҳоҷирони ғайриқонуниро барзиёд медонанд

Омори 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ иқомат доранд ва аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсиюни Русия эълом шуд, аз будаш зиёд нишон дода шудааст.

Дар ин бора Зоҳир Мирзоев, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба РИА Новости хабар дод.

Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ талаб кард, ки бо муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар Русия қарор доранд, корҳои тавзеҳӣ анҷом диҳанд, то ин масъала то ба ихроҷи онҳо нарасад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсиюни Русия қарор доранд. Русия омори шаҳрвандони Озарбойҷон, Қирғизистон, Узбакистон, Укроин ва Арманистонро низ эълон кард.

“Ин рақам дар тӯли солҳои зиёд ҷамъ шудааст … Дар тӯли 5, 10, 15 сол. Мо гумон мекунем, ки аксарияти онҳо бо ҳуҷҷатҳои дигар ба Тоҷикистон рафтанд ва дар онҷо қарор доранд”, – гуфт Мирзоев.

“Масалан, як шахс метавонист ба Федератсияи Русия қонунӣ ояд, аммо пас гум кардани ҳуҷҷатҳояш бо кӯмаки консулгарии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ё шаҳодатнома барои бозгашт ба ватан гирад. Чунин муҳоҷир Федератсияи Русияро бо ҳуҷҷатҳои нав тарк мекунад, аммо номаш дар пойгоҳҳои Русия мемонад ва гӯё, ки ӯ ҳоло ҳам дар Русия бошад. Бо мурури замон ҳуҷҷатҳои кӯҳнаи ӯ эътибори худро гум мекунанд ва муҳоҷир ғайриқонунӣ мешавад”- мисол овард  намояндаи Тоҷикистон.

Дар мавриди боқимондаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, дар байни онҳо бисёре ҳастанд, ки танҳо як ё ду қонуншикании маъмурӣ доранд, гуфт Мирзоев.

Ба гуфтаи Мирзоев ҳоло мақомоти ҷумҳурӣ дар байни ҳамватанони худ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, то мардум мақоми худро фаҳманд ва дар ҳолати зарурӣ  асноди худро ба қонунгузорӣ  мутобиқ кунанд.

“Фармони Президенти  Русия дар бораи имкони қонунигардонӣ то 15 июн мавҷуд аст. Мо шаҳрвандонамонро огоҳ кардем, ки  ба шӯъбаи полис ба назди кормандони муҳоҷират омада, ҳуҷҷатҳои худ – корти муҳоҷиратро барқарор карда, худро дар ҷои будубош ба қайд гирифта, бо пате қонунӣ кор кунанд. Мо   инчунин рӯйхати шаҳрвандони гурӯҳи эҳтимолии хатарро дорем “, – афзуд Мирзоев.

Намояндаи Тоҷикистон таъкид кард, ки шаҳрвандони Федератсияи Русияро тарк карда низ метавонанд ба шӯъбаҳои хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар рӯйхатҳои сиёҳ будани худро тафтиш кунанд. Он гоҳ ҷониби Тоҷикистон рӯйхати ҳамватанони худро, ки Федератсияи Русияро кайҳо тарк кардаанд, ба ҷониби Русия месупорад, то онҳо аз рӯйхатҳои сиёҳ хориҷ карда шаванд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *