Илм ва фарҳангҶаҳон

Дар Қазоқистон алифбои лотинии забони қазоқӣ ба баррасии ҳамагонӣ пешниҳод шуд

 08:55, имрӯзМуаллиф: Asia-Plus

Ин кишвар эълом карда буд, ки аз соли 2023 то соли 2031 ба алифбои лотинӣ мегузарад.

Дар Қазоқистон алифбои нави лотинӣ барои забони қазоқӣ ба баррасии ҳамагонӣ пешниҳод шуд. Ин кишвар пештар эълон карда буд, ки аз соли 2024 комилан ба алифбои лотинӣ мегузарад ва аз алифбои кирилӣ то соли 2031 даст мекашад.

Фармони нави президенти ин кишвар, дирӯз дар бораи баъзе аз масъалаҳои гузариш аз алифбои қазоқии кирилӣ ба алифбои нави лотиниро нашр кард. Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон гузинаи нави алифбои қазоқии бо ҳуруфи лотиниро муаррифӣ карданд. Багуфтаи мақомот, алифбои нав аз миёни 40 гузина интихоб шудааст.

Гуфта мешавад алифбои такмилшуда дорои 31 аломат аст, ки ҳамаи 28 овоз дар забони қазоқиро фаро мегирад. Ин алифбо тибқи меъёри “як овоз – як ҳарф” таҳия шудааст.

Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон дар соли 2017 дастур дода буд, ки алифбои қазоқӣ ба лотинӣ тағйир дода шавад. Ин аллакай гузинаи чаҳоруми алифбо аст, ки ҳукумати Қазоқистон пешниҳод мекунад. Бо дастури Назарбоев пештар ду гузинаи алифбо пешниҳод шуд, вале ҳар дуи онҳо мавриди интиқоди умум қарор гирифта буд

Қазоқистон баъди Ӯзбекистон дувумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба алифбои лотинӣ мегузарад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *