Осиёи МарказӣҶомеа

Дар Қирғизистон чор навъи дигари бемории КОВИД-19 ошкор карда шуд

Таҳқиқот нишон дод, ки дар байни беморони гирифтори вируси куруно дар Қирғизистон навъҳои нави Бритониё, Африқои Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва Русия гардиш мекунанд.

Дар ин бора рӯзи 22 апрел  бахши қирғизии радиои Озодӣ бо истинод бар дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ хабар дод.

Қайд карда мешавад, ки моҳи март барои омӯзиши амиқ ба Маркази илмии вирусология ва эпидемиологияи “ВЕКТОР” (Русия) мавод фиристода шуд, то навъҳои бемории COVID-19 дар байни беморони Қирғизистон муайян карда шавад.

Вазорати тандурустӣ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки чораҳои эҳтиётиро риоя  кунанд: ниқоб пӯшанд, масофаро нигоҳ доранд, антисептикҳоро истифода баранд ва агар нишонаҳои беморӣ пайдо шаванд, аз худтабобатӣ сарфи назар карда, ба духтур муроҷиат намоянд.

Қаблан Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки озмоишгоҳҳои Қирғизистон навъҳои нави бемориро муайян карда наметавонанд, аз ин рӯ  таҳлилҳо барои ташхис  ба Бритониё ва Русия фиристода мешаванд. Моҳи январ озмоишгоҳи  Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Бритониё дар 20 намунае, ки аз Қирғизистон фиристода шуда буд, аломатҳои вирусеро, ки дар кишварҳои дигар гардиш дорад, муайян кард.

Дар Қирғизистон аз аввали моҳи равон афзоиши сирояттба ин беморӣ ба мушоҳида мерасад. Дар давоми рӯзи гузашта 380 ҳолати нави сироят ошкор карда шуд, 5 ҳолати марг  ба қайд гирифта шуд.

Шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи сирояти COVID-19 дар Қирғизистон 93 006 нафарро ташкил дод, аз оғози хуруҷ 1566 нафар дар Ҷумҳурии Қирғизистон қурбонии он гардиданд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *