ВарзишТоҷикистон

Дастаи «Истиқлол» бори 10-ум Суперҷоми Тоҷикистонро оид ба футбол ба даст овард

ДУШАНБЕ, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ бо натиҷаи 2:0 ба нафъи «Истиқлол» хотима ёфт. Голҳои «Истиқлол»-ро легионери нидерландӣ — Ҳусейн Доған дар дақиқа 56-ум ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60-ум ба самар расонида, «Истиқлол»-ро барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2021 намуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» бори 10-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Суперҷоми Тоҷикистон-2021

«Истиқлол» – «Равшан» – 2:0

Голҳо: Ҳусейн Доған, 56 (1:0). Алишер Ҷалилов, 60 (2:0).

Ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):

2010 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз пеналти – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 — «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *