Илм ва фарҳангТоҷикистон

ИБНИ МУҚАФФАЪ – МУНОДИИ ХИРАДИ ПОРСӢ ДАР САРЗАМИНИ АРАБ

Обид Шакурзода, адиб ва рӯзноманигор

Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Додбеҳ (724, Гӯр (ба арабӣ Ҷур), Фирӯзободи имрӯза дар вилояти Форс – 759, Басра), нависанда ва мутарҷими номдори эронитабори арабизабон; аз барҷастатарин намояндагони тафаккури илмӣ дар асри ҳаштум. Аз шахсиятҳои барҷастаи Эронзамин аст, ки пас аз ислом дар интиқоли донишу фарҳанги Эрони давраи Сосонӣ ба даврони пасин нақши барҷастае доштааст. Номи исломии ӯ Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (яъне Абдуллоҳ писари Муқаффаъ); пеш аз ислом овардан кунияи ӯ Абуамр буд ва пас аз ислом овардан куняаш Абумуҳаммад шуд. Номи эронияш Рӯзбеҳ аст, аммо бархе номи ӯро Додбеҳ навиштаанд. Ибни Надим номи исломии падарашро Муборак навишта, ки шояд тарҷумаи арабии Рӯзбеҳ бошад. Вай номи порсии падарашро ДОДУЕҲ (Daduyeh) навиштааст ва гоҳе Додуеҳ ба шакли Додбеҳ навишта шудааст. Аммо Зубайдӣ номи эронии падарашро ДОДҶУШНАС (ДОДГУШНАСП) навиштааст. Бино бар ин, номи порсии вай Рӯзбеҳ ё Додбеҳ писари Додуеҳ ё Додгушнасп аст. Шакли пазируфташуда Рӯзбеҳ писари Додуеҳ аст. Додуеҳ аз бузургзодагон ва ашрофони устони Форс буд ва аҳли шаҳри Гӯр. Рӯзбеҳ дар ҳамин шаҳр зода шуд. Гӯр кӯтоҳшудаи Хурра Ардашер (Фарру шукӯҳи Ардашер) аст, ки пойтахти Ардашери Бобакон буд. Он баъдан рӯ ба вайронӣ овард ва дар замони Дайламиён боз обод ва бо номи Фирӯзобод машҳур шуд.

МУҚАФФАЪ ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Дар оғози «Калила ва Димна» (тарҷумаи Насруллоҳи Муншӣ) ному куняи Ибни Муқаффаъ Абулҳасан Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ омадааст. Гуфта омад, номи падари Ибни Муқаффаъ Дозвеҳ буда, ба Додбеҳ ё Рӯзбеҳ таҳриф шудааст. Дозвеҳ, ки аз аъён ва асилзодагони вилояти Форс буд, замоне, ки Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф бар Ироқ ҳукм меронд, аз ҷониби вай маъмури хироҷи Форс шуд, аммо гӯиё дар кори амвол норавоӣ кард ва Ҳаҷҷоҷ ӯро чандон шиканҷа дод, ки дасташ муқаффаъ (ноқису туранҷида) гашт, ки баъдан «муқаффаъ» тахаллуси ӯву фарзандаш шуд. Кӯдакии Ибни Муқаффаъ дар канори падараш бо осоишу фарохӣ гузашта аст. Падар ба парваришу омӯзиши вай таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошт ва ӯро бо фарҳанги эронию забони паҳлавӣ ошно карда, аз хурдсолӣ ба Басра бурд. Басра дар он рӯзгор маҷмаъи шоирону донишмандон ба шумор мерафт.

МОҲИ МУНИРИ ШЕРОЗ ДАР ОСМОНИ ДОНИШУ УЛУМИ БАСРА

Ибни Муқаффаъ дар Басра бо муқаддамоти суханварию балоғати арабӣ ошно шуд. Баъдан дар назди донишмандони хонадони Оли Аҳтам, ки дар фасоҳату забондонӣ номдор буданд, омӯзиш дид ва низ дар назди дигар олимони соҳибназар забони арабиро фаро гирифт. Пайвастагии падараш ба дастгоҳи ҳукуматии Умавиён ва низ овозаи забонодонию донишварии Ибни Муқаффаъ сабаб шуд, ки ӯ низ ба девони ҳукумат ҷалб шавад. Ибни Муқаффаъ ҳам бо Умавиён ва ҳам бо Аббосиён иртибот дошт, дар дарбори ин ду сулола ба дабирӣ пардохтааст. Вай кори девониро зоҳиран пеш аз соли 760 ва нахуст дар хидмати Масеҳ ибни Ҳавор (ҳокими Шопур) оғоз кард. Сипас дар симати дабирӣ ба хидмати Язид ибни Умар ибни Ҳубайр, ки аз сӯи Марвон ибни Муҳаммад, охирин халифаи Умавӣ ба ҳукумати Ироқ гумошта шуда буд, пайваст. Бинобар манбаъҳо, дар дарбори Оли Аббос низ нахуст дабир, сипас омӯзгори фарзандони амир буд ва саранҷом боз дабирӣ кард. Дар ҳамин даргоҳ ӯ ислом овардааст.

ЭЪТИҚОДОТИ ДИНИИ ИБНИ МУҚАФФАЪ

Дар бораи эътиқоди динии Ибни Муқаффаъ ҳатто дар миёни ровиёну нависандагони муосир ё баъди ӯ қазоватҳои гуногун аст. Абурайҳони Берунӣ ӯро зиндиқу монавӣ медонад, зеро дар тарҷумаи «Калилаву Димна» аз паҳлавӣ ба арабӣ қиссаи «Барзуяи Табиб»-ро бар он афзудааст. Масъудӣ ва Нюлдеке низ қавли ӯро пазируфтаанд. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ низ дар «Таърихи гузида» менависад, ки Ибни Муқаффаъ бо иттиҳоми зиндиқӣ кушта шудааст. Аммо бархе дигар сабаби марги ӯро сиёсӣ медонанд. Ба гуфтаи Ибни Халакон Абдуллоҳ Ибни Муқаффаъ дар оғоз маҷусӣ буд. Додуеҳ ва хонаводааш, аз ҷумла писараш Рӯзбеҳ зартуштӣ буданд. Достони мусалмон шудани ӯро Ҳайсам ибни Адй чунин менависад, ки Ибни Муқаффаъ шабе назди Исо писари Алӣ, амаки Мансур (халифаи Аббосӣ) меравад ва ба ӯ мегӯяд, ки мусалмонӣ ба дили ман роҳ ёфта ва мехоҳам ба дасти ту мусалмонӣ гирам. Исо мегӯяд, ки сазовортар аст, фардо дар баробари мардум ислом оварӣ. Ва Ибни Муқаффаъро шом дар хонаи хеш нигаҳ медорад. Чун хон бигустарданд, Ибни Муқаффаъ ба расми зартуштиён замзама гирифт. Исо бад-ӯ гуфт: Бо тинати мусалмонӣ ҳанӯз замзамаи маҷусон кунӣ? Ибни Муқаффаъ дар посух гуфт: Оре! Нахоҳам, ки шаберо бе дин ба рӯз оварам!

Рӯзи баъд Ибни Муқаффаъ ба дасти Исо мусалмон шуд.

КОРНОМАИ ИБНИ МУҚАФФАЪ – ФАРҲАНГИ ЭРОН ДАР КУТУБИ АРАБ

Сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, Ибни Муқафаъро роҳи тайкардааш дар фараҳангу адаб ба як шахсияи намоёни иҷтимоӣ ҳамчун инсони воло, пойбанди усули ахлоқӣ ва нависандаву мутарҷиме тавоно шиносондааст. Хидмати қаҳрамононаи ӯ пеш аз ҳама дар он аст, ки бо баргардони осори гаронмояи порсии куҳан ба забони ҳокими даврони худ, ки арабӣ буд, ин мероси шоёгони аҷдодони моро аз як сӯ ба ҷаҳони ислом шиносонд ва аз сӯе ҳам он нигоштаҳои пурарзишро аз вартаи нобудию гумномӣ берун кашида, ба онҳо умру шуҳрати дубора бахшид. Ибни Муқаффаъ тавонист, ки арзишҳои фарҳангии тамаддуни эрониниро ба олами араб ошно кунад ва худ дар сафи чеҳраҳои номдори адабиёти исломӣ ҷой гирад ва низ ҳамчун симои барҷастаи адабиёти араб номвар шавад. Насри арабии Ибни Муқаффаъ бисёр шево буда, сармашқи сухандонону нависандагони арабинавис ва арабизабон шумурда мешавад. Тарҷумаҳояш аз беҳтарин осори адабию ахлоқии забони арабиянд. Аз ин рӯ китобҳои Ибни Муқаффаъ дар баъзе донишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла донишгоҳҳои кишварҳои араб ба унвони намунаҳои хубу шевое аз насри арабӣ баррасӣ мешаванд. Ибни Муқаффаъ дар фосилаи кӯтоҳи зиндагиии 36-солааш ба таври шигифтангез осори зиёди арҷманде таълиф намуд. Аммо мутаассифона, бахши калоне аз асарҳои ӯ аз байн рафтааст. Он чӣ то имрӯз аз вай дастрас аст, инҳоянд:

«КАЛИЛАВУ ДИМНА», номвартарин асари Ибни Муқаффаъ, ки ӯ онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонид. Асли ин китоб «Панчатантара» ном дошт, дар рӯзгори Анӯшервон онро Барзавия (ё Бурзавия)-и Табиб аз забони санскрит ё эҳтимолан аз прокрит ба паҳлавӣ баргардонид ва достонҳои дигаре низ аз манобеи ҳиндӣ (монанди «Маҳобуҳорото»)-ро бар он афзуд. Ибни Муқаффаъ низ шаш фасл ба ин китоб илова намудааст, ки ҳамаи онҳо ба дасти мо нарасидааст. Маъруфтарин афзудаи фасли Ибни Муқаффаъ боби «Барзавияи Табиб» ва аз қавли Барзавияи Табиб аст, ки бархе онро иншои худи Ибни Муқаффаъ медонанд. Аммо Нюлдеке муътақид аст, ки равиши тарҷумаи вай чунон буда, ки дар иборот дахлу тасарруф мекардааст. Баъзе аз муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки Ибни Муқаффаъ забони қаҳрамонони худро ранги исломӣ дода ва бисёре аз ҷанбаҳои андешаву зиндагии иҷтимоиро, ки дар китоби «Калилаву Димна» ошкор аст, бо замони худ созгор кардааст. Дар матни арабии «Калилаву Димна» (чопи Қоҳира) ин боб ба Бузурҷмеҳри Бухтагон мансуб аст. Насри тарҷумаи Ибни Муқаффаъ дар ин китоб аз намунаҳои зубдаи насри арабист, ки зуҳури он бисёре аз андешамандонро дар ҷаҳони араб ба худ ҷазб кард. Бархе кӯшидаанд, то онро дубора ба арабӣ тарҷума кунанд ва баъзе низ ин матни мансурро ба шеър даровардаанд. «Калилаву Димна», аз рӯи тарҷумаи Ибни Муқаффаъ, ба забонҳои мухталиф, чун суриёнӣ, ибрӣ, юнонӣ, туркӣ ва лотинӣ тарҷума шуда ва ба сурати густарда дар миёни гӯяндагони ин забонҳо ривоҷ ёфтааст, аммо асли тарҷумаи арабии Ибни Муқаффаъ дар даст нест.

«ХУДОЙНОМА» ё «Хватойномак» (خْوَتایْ نامَک) муҳимтарин китобест, ки дар таърихи Эрон ба таври мустақим аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шудааст. Ва тарҷумаи он муҳимтарин китоби Ибни Муқаффаъ пас аз «Калилаву Димна» аст. Асли он достоне муфассал аз шарҳу воқеаҳои таърихи қадими Эрон аст, ки бо афсонаҳои миллии порсӣ даромехта ва ривоёти маъхуз аз сурёниҳову юнониҳо, шомили таърихи Эрон аз аҳди Каюмарс то замони Хусрави Парвиз ҷамъоварӣ шуда, дар аҳди Яздигурди Сеюмро дар бар гирифтааст. Аз ин китоби азим танҳо қитъаоте дар матнҳои таърихӣ бар ҷой мондааст. Ба навиштаи Тафаззулӣ, тарҷумаҳои «Худойнома» маъхази умдаи таърихнависони давраи исломӣ, монанди Табарӣ, Масъудӣ, Ибни Қутайба, Балозурӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ ва Саъолабӣ қарор гирифт. «Худойнома»-и Ибни Муқаффаъ ба дасти мо нарасидааст.

«КИТОБУ-Л-ОЙИН» рисолаест аз намунаи навиштаҳое, ки дар бораи созмонҳо ва русуму одоби дарбории Сосониён вуҷуд доштааст. Ба гуфтаи Масъудӣ, нусхаи комили ин рисола дар чанд ҳазор сафҳа дар назди мубадону бузургону зимомдорон буд. Ибни Муқаффаъ китоб ё бахшҳое аз онро дар аввалҳои асри ҳаштум ба арабӣ тарҷума кард. Сурати комили ин тарҷума дар дастрас нест, аммо бахшҳое аз он дар китобҳои арабӣ, аз ҷумла «Ъуюну-л-ахбор»-и Ибни Қутайба омадааст.

Дигар асари Ибни Муқаффаъ «АД-ДУРРАТУ-Л-ЯТИМА» аст, ки назди арабҳо намунаи аълои фасоҳату балоғат баҳо гирифтааст.

«РИСОЛАТУ-С-САҲОБА» китоби кучаку бисёр муҳим дар сиёсат аст, ки Ибни Муқаффаъ хитоб ба халифаи вақт навиштааст. Мақсади муаллиф дар нигориши он ҷалб кардани таваҷҷуҳи халифа ба ислоҳот ва корбастани инсофу дод дар ҳукуматдорӣ будааст. Ибни Муқаффаъ бо огоҳӣ аз низоми аҳди Сосонӣ дар бораи шева ва вазъи ҷамъоварии андозу молиёт, равиши додгустарӣ, доварӣ ва интихоби атрофиёни халифа, аз ҷумла ройзанон, коргузорон ва дабирон пешниҳодҳову супоришҳои судманд манзур мекунад. Баъзе тахмин мезананд, ки шояд забони сареҳи ин асар боиси ранҷиши халифа ва поёни умри фоҷеъабори Ибни Муқаффаъ шуда бошад.

Рисолаи дигари ӯ – «НОМАИ ТАНСАР», матолиби таърихӣ ва маҷмуаи қонунҳои иҷтимоиро фаро гирифтааст, ки Ибни Муқаффаъ онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонидааст. Асли паҳлавӣ ва ҳам арабии он гум шудааст. Ибни Исфандиёр дар муқаддимаи «Таърихи Табаристон»-и худ тарҷумаи форсии онро овардааст. Муҳаққиқи фаронсавӣ, Дарместетер, ин номаро пас аз Авесто ва Катибаҳои Ҳахоманишӣ муҳимтарин санади таърихии Эрон мешуморад. Ӯ матни ин номаро аз рӯи нусхаи хаттии Ибни Исфандёр бо тарҷумаи фаронсавии он дар маҷаллаи «Журнол Азиатик» (1888) чоп кард.

Китоби «МАРДАК», дигар асари Ибни Муқаффаъ, ба шеваи «Калила ва Димна» аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонида шудааст ва Абон ибни Абдулҳамиди Лоҳиқӣ онро ба шеъри арабӣ даровардааст. Ин китоб дар сарчашмаҳо ба суратҳои «Марвак» ва «Маздак» ҳам омадааст ва касоне, ки номи онро «Маздак» овардаанд, таъкид кардаанд, ки бо Маздаки рӯзгори Қубод рабте надорад. Минавӣ тахмин мезанад, ки дурусти он «муздак» (=муждак) бошад, ба маънои мужда ва бишорат, ки барои номидани китобҳои динӣ муносабат доштааст.

«АЛ-АДАБУ-Л-КАБИР» ва «АЛ-АДАБУ-С-САҒИР» унвони ду китоб аз осори таълифии Ибни Муқаффаъ аст. Бисёре эҳтимол медиҳанд, ки «Ал-адабу-л-кабир» низ мумкин аст монанди дигар осори Ибни Муқаффаъ тарҷума аз Эрони Бостон бошад. Муаллиф дар он аз боби сиёсату одоби муошарат ва чигунагии кишвардорӣ сухан кардааст. Аммо «Ал-адабу-с-сағир» китоби ахлоқӣ ва тарбиятӣ буда, онро аввалин бор ховаршиноси фаронсавӣ, Силвестер де Соси (1758–1838) дар соли 1816 дар Порис ва сипас дар соли 1825 дар Миср мунташир кард. Рихтери олмонӣ низ онро дар соли 1915 ба олмонӣ баргардонда, дар Штутгорт ба чоп расонд. Ин асарро дар соли 1911 Аҳмади Закипошшо ва дар соли 1913 Муҳаммади Курдалӣ дар Қоҳира чоп карданд.

Аз Ибни Муқаффаъ ашъоре низ дар «Девону-л-ҳамоса» нақл кардаанд.

ИБНИ МУҚАФФАЪ ДАР РУШДИ УЛУМИ ИСЛОМӢ

Ба таъкиди муаллифи «Ахбору-л-ҳукамо» дар олами ислом Ибни Муқаффаъ нахустин касест, ки ба тарҷумаи китобҳои мантиқ пардохт. Аҳли таҳқиқ тарҷумаҳои ӯро низ бисёр шево ва бо баёни равону дилнишин арзёбӣ кардаанд. Ибни Муқаффаъ чанд асари Арасту, аз ҷумла «Фотиғуриёс» (дар юнонӣ Kategorias, дар инглисӣ Categories) ба маънои «зумрабандӣ» ё «радабандӣ», хулосаи «Бори Арминиёс» (ба юнонӣ Peri Herminias ва ба инглисӣ On Interpretation) ба маънои «дар тафсир», «Анолутиқо» (дар юнонӣ Analytika ва ба инглисӣ Analytics) ба маънои «воковӣ», «Мантиқ», «Мақулот», «Таҳлилу-л-қиёс» ва «Исоғуҷи» (Isagoge)-ро, навиштаи Пурфири, мутафаккири лубнонӣ, ки даромадест бар «Фотиғуриёс»-и Арасту, аз юнонӣ ба арабӣ баргардонидааст. Аз ин рӯ, Роғиби Исфаҳонӣ ӯро ҷузви ноқилони улум ном мебарад. Ибни Муқаффаъ аз нахустин афроде буд, ки ҷаҳони арабро бо илм, фалсафа ва ҳикмат ошно намуд. Донишмандону файлосуфоне ҳамчун Абунасри Форобӣ, Шайхуррайис Абуалии ибни Сино, Ибни Мискавейҳ, Абурайҳони Берунӣ, адибон Рӯдакии соҳибқирон, Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Мутанаббӣ, Шайх Фаридуддини Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон таълимоти ахлоқию иҷтимоии ӯро инкишоф додаанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *