ВарзишҶаҳон

“Истиқлол” қудратмандтарин дастаи Осиёро дар майдони худаш торумор кард

Тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон дастаиАлҲилол“-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби калон шикаст дод.

Душанбе, 25 апр – Sputnik. Ин чаҳорумин бозии “Истиқлол” дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC буд, ки бо устуворӣ пушти сар кард.

Рақобати дастаҳо шаби гузашта дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз доир гашта бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт.

Ҳисоби бозиро нахуст Бафетимби Гомис аз дасти ҳариф дар дақиқаи 24-ум кушод.

Аммо тими “Истиқлол” дар бозии гузаштааш, ки аз ин ҳариф шикаст хӯрда буд, намехост дубора он ҳолат такрор шавад ва ҳаминтавр давоми 14 дақиқа дар ду давр чор гол вориди дарвозаи арабдҳо карданд.

Голҳои “Истиқлол”- ро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 39 ва 44, инчунин Манучеҳр Сафаров бошад, дар дақиқаҳои 49 ва 52 ба вориди дарвозаи ҳариф карданд.

Тими “Истиқлол” бо пирӯзӣ бар қаҳрамони секаратаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба садри гурӯҳи “А” баромад.

“Истиқлол” бозии навбатиашро санаи 27-уми апрел бар зидди “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” баргузор хоҳад кард.

Ёдовар мешавем дастаи “Истиқлол” дар бозии гузаштааш аз ин дастаи арабӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда буд.

Акс аз сомонаи тими “Истиқлол”

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *