Илм ва фарҳангТоҷикистон

КАРОМАТУЛЛОҲ ШУКРУЛЛОҲӢ : “ЁДМОНАЕ АЗ КӮЙИ ФАРОМӮШОН”

Кароматуллоҳ Шукруллоҳӣ, пажӯҳишгар ва адиби тоҷик

Чанд рӯз қабл аз канори бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, 66, ки дар замони Шӯравӣ бо номи “СКАЗКА” машҳур буд, гузаштаму дидам, ки бино тахриб мешавад. Маълум, ки амри хароб кардани он содир шуда. Чун ёдмонае аз ин бино ва биноҳои атрофи он, ки қаблан тахриб шуданд ва баъзе сокинони онҳо, аз ҷумла ҳамсари устод Айнӣ Салоҳат Айнӣ, Гулчеҳра-духтари Пайрав, хонаводаи Толис, Малика Собирова ва…. доштам, дилам таҳ зад ва ҳарфҳои зерини нависандаи рус Н. В. Гоголь таконам дод: “Архитектура-тоже летопись мира: она говорит тогда, когда уже молчат и песни и предания и когда уже ничто не говорит о погибшем народе…”  Оре, фоҷиаи мо дар он аст, ки бо аз байн бурдани осори меъморӣ ҳофизаи миллатро низ аз байн мебарем. Хонаҳои Толис, Гулчеҳра, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Малика Собирова  ва… дигар забони буридаи таъриханд. Ҳатто сангнавиштаи хонаи Малика Собирова мисли сангнавиштаи пойи рӯҳи шаҳидони Баҳманмоҳ шояд ба ахлоттӯдае партоб шавад. Вале сарнавишти хонаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ зиёда гирифторам медорад. Ин хона дар замони Шӯравӣ ва баъд низ  ҳамчун Хона-музейи шоир зиёратгоҳи ихлосмандонаш буд. Муҳаммадҷон Раҳимӣ мисли Толис меросбар надошт. Намедонам, онҳое ки фатвои тахриби хонаи ӯро содир карданд, бо рӯҳи ӯ ҳисобашонро баробар карданд ё не? Вале умедвор ҳастам, ки худотарсе дар барқарорсозии Хона-музеи нави ӯ саҳм мегирад ва шароит фароҳам меоварад, ки мурдаҳо ҳам бо ҳузури маънавию рӯҳониашон ҳофизаи миллатро зинда доранд, то марги миллат зудрас нашавад.

Хонаи ҳамсари Айнӣ бошад, ёдмонаи дигаре дорад, ки зикрашро лозим медонам. Чиҳил сол қабл, дар ҳамин рӯзҳо, ки Тоҷикистон ба таҷлили садумин солрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ омодагӣ мегирифт, банда дар манзили 14-уми ҳамин бино, ки дар ошёнаи дувум воқеъ буд, бо ҳамсари устод Айнӣ Салоҳат Айнӣ сӯҳбати тӯлоние доштам. Тӯлонӣ ба ин маънӣ, ки шодравон бемор ва дар утоқи аввали тарафи рости манзилашон рӯйи кат бистарӣ буданд ва суҳбат бо танафус идома меёфт. Розигии эшонро барои суҳбат, бо душворӣ бошад ҳам, Сармуҳаррири вақти Саридораи барномаҳои адабию драмавии радиои Тоҷикистон, ҳамсари Толис, Иноят Рустамова ба даст оварда буданд. Як рӯз қабл аз суҳбат ва сабти мошинӣ суолҳоро ҳамроҳи духтари устод Холида Айнӣ назди модарашон гузоштам ва сари баъзе масъалаҳо мувофиқат кардем. Субҳи дигар ҳангоми сабт дидам, ки қайдҳои Салоҳат Айнӣ ба хати форсӣ буду ҳангоми дамгирӣ ба он нигоҳ мекарданд. Муҳимтарин чизе ки  мани он вақт, ба истилоҳ ҷавон барои худам аз суҳбати ҳамсари устод кашф кардам, ин буд, ки назарашон ба шахсияти устод Айнӣ ва муносибатҳои хонаводагиашон сахт маҳрамона буд. Мисли ёдвораҳои бесару нуг ва ғайри ахлоқии баъзе ҳамсарони имрӯзаи шоиру нависандагони шодравон набуд. Ҳоло, баъди гузашти 43 сол дар қатори баъзе чизҳои дигарам  матни суҳбати Салоҳат Айнӣ ва сафаргуфтае аз қадамҷои Айнӣ-Самарқанду Бухоро, суҳбатҳои банда бо Бону-ҳамсари Лоҳутӣ, профессор А. З. Розенфелд, академик Воҳид Абдулло, прфессор Раҳим Муқимов, Ҳошим Ҳошимов-бародари Раҳим Ҳошим ва дигарон низ ба дастам расид, ки дар замони ҷанги ҳамватанӣ бо саъйи бародаре-ҳамсояе аз тороҷ ва ғасби ғосибон эмин монда  буд. Инак порае аз он суҳбат:

“Хислати асосии домулло (манзур устод Айнӣ ҳастанд-шарҳи банда) ҳамин буд, ки барвақт мехестанд, хеле зиёд кор мекарданд. То андак равшантар шудан кайҳо 7-8 варақро навишта пур карда мемонданд. Дар солҳои аввале ки мо ҳамхона шудем, устод дар журнали “Шуълаи инқилоб” ва “Меҳнаткашлар товуши” кор мекарданд. Азбаски он солҳо ходимони адабӣ кам буданд, домулло ва дигар коргарони редаксияи “Шуълаи инқилоб” маҷбур буданд, ки ҳар шумораи журналро бо мақола, шеър ва тарҷумаҳои худ пур кунанд. Домулло ҳам баъзан дар як шумора чанд мақола менавиштанд, аммо он вақт мисли ҳозира набуд. Ходимони журнал танҳо барои ходими журнал буданашон маош мегирифтанд. Барои мақолаҳои дар саҳифаҳои журнал нашргардида ҳаққи таҳрир набуд. Бо вуҷуди ҳамин он кас хеле бо шавқу ҳавас кор карда, чиз менавиштанд ва хурсанд буданд, ки мақолаҳои менавиштаашон бе ҳеҷ мамониат нашр мешавад. Вале кор на ҳама вақт ин хел бабарор буд. Баъзан ноомади кор ҳам мешуд ва асарҳо чоп нашуда мемонд. Масалан, тобистони соли 1920 домулло бо номи “Фоҷиаи алими як ҷавонбухороӣ” ҳикояе навишта дар Тошканд ба нашриёти “Инқилобчиёни Бухоро” супурданд, аммо дастхат дар он нашриёт гум шуд ва ҳикоя нашр нашуда монд. Баъд аз Инқилоби Бухоро “Ҷаллодони Бухоро”-ро, ки дар моҳҳои август-сентябри соли 1920 навишта буданд, ба нашриёти Республикаи Халқии Бухоро супурданд, аммо ин дастхат ҳам гум шуда китоб чоп нашуда монд. Дар соли 1921 ба забони ӯзбекӣ “Бухоро инқилоби учун материалар”-ро навишта ба ҳамин нашриёт супурданд, аммо ин китоб ҳам ба сабаби гум шудани дастхат чоп нашуд. Домулло баъд аз ин фаҳмиданд, ки ин гумшуданҳо бесабаб нест ва дар ҳайати Ҳукумати Халқии Бухоро касоне ҳастанд, ки асарҳои он касро ба нашр кардан намегузоранд. Маълум шуд, ки чизҳои он кас менавиштагӣ ба он одамон маъқул нест. Пас он кас гуфтанд, ки агар асарҳои он касро чоп накунанд, барои ёфтани маоши рӯзгор ба касби бобоёнашон, ки чархи осиётарошӣ буд ва онро аз падарашон омӯхта буданд, машғул мешаванд. Аммо китобнависӣ ва фош намудани разолати замони амирро то охири дамашон тарк нахоҳанд кард, ҳатто агар он навиштаҳо чоп нашаванд ҳам…

Аз вақтҳои ҷавониам ман ба корҳои домулло ёрмандӣ мекардам. Рӯйнавис кардани баъзе чизҳо ҳам ба зиммаи ман буд, зеро ки он вақтҳо мошинкаи хатнависӣ бо ҳуруфоти арабӣ надоштем. Баъдҳо кор ранги дигар гирифт. Асарҳои он касро аввал ман мехондам, ҳангоме ки машинисткаҳои арабидон камёфт шуда монданд, ба машинистка дастхатҳои он касро имло кардан ва чизҳои аз мошинка баромадаро бо дастхат муқоиса карданро ман мекардам. Дар ҳангоми инҳоро гаштабаргашта хонданҳо баъзе масъалаҳо ҳам ба миён меомад, ки дар бораи он гуфтушунид мекардем. Дар ёдам ҳаст, хусусан дар солҳои 1949, 50, 51, вақте бачаҳо ба хондан ба Москва ва Ленинград  рафтанд, мо дар хона ҳар ду мондем. Кори аз мошинка баровардани тамоми навиштаҳои домулло-хондан, корректураҳои асарҳои тоҷикӣ ва ӯзбекиашон ба зиммаи ман буд. Баъзан мешуд, ки ин ё он боби “Ёддоштҳо”-ро  оварда “ба ин сарлавҳаи муносиб ба хотир наомада истодааст” мегуфтанд ва баъзе чизҳои ёфтагии маро ба хушӣ қабул мекарданд. Баъзан гуфтушуниди мо  дар бораи истилоҳҳои халқӣ, ки дар Самарқанд ва дар Бухоро гуногунанд, мерафт. Пас аз вафоти домулло ҳам ман ҳамеша дар корҳои ба чоп тайёр кардани асарҳои он кас иштирок доштам. Охирин чизе ки  ман дар болои он кор кардам, ба чоп тайёр кардани ашъори домулло буд…”

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *