СиёсатҶаҳон

“КАФАНДУЗДИ АВВАЛ” ЧИ ГУНА ҚАҲРАМОН МЕШАВАД?

Исфандиёри Назар, шоир ва рӯзноманигор

Ба кишварҳое таваҷҷуҳ намоед, ки боре низомҳои саркӯбгар ё хонадонҳои салтанатӣ ё раисҷумҳурҳои худкомаро барандохта бошанд.

Ҳоло ин кишвар чи Эрон бошаду чи Хуросон ва чи Русия бошаду чи кишварҳои арабӣ ва ё ҷамоҳири пасошӯравӣ.

Мебинед, ки пас аз солҳои барандохтан, аз ҳамон роҳбароне, ки рӯзгоре аз ҷаврашон ба дод омада будаанд, “қаҳрамон”-у “шахси торихӣ”-ву “”падар”-у “наҷотбахши кишвар”-у… амсоли ин месозанду ҳай ба афроде таъну нафрату лаънат мефиристанд, ки ба муқобили ин худкомаҳо қад рост кардаву ҷон ба каф гирифтаву аз баҳри оромишу осоишу сари сабзи хешу амнияти фарзандони хеш гузаштаанд.

Дар воқеъ, агар ҳукумати Румонуфҳо шоистаи тамҷиду такриму тақдис буд, чиро мардуми рус онҳоро барандохтанд?

Ҳамин тур агар Ризошоҳи дуввум фарде фавқулода буд, чиро Эрониён ӯро барандохтанд?

Ва агар Зоҳиршоҳ “Бобои миллат”-и афғон, – на тоҷику узбаку ҳазораву… – буд, чиро низоми салтанатияшро ҳифз накарданд?

Агар Саддом Ҳусайн, Қаззофӣ, Ҳусни Муборак… – аз кишварҳои арабӣ, – ва чанд роҳбар аз Қирғизистони пасошӯравӣ “қаҳрамон”-у “наҷотбахш” буданд, чиро сарнагун карда шуданд?

Бо ин, ки фаҳмишу биниши так-таки афрод ба ҳам фарқи азим дорад, боз ҳам мардумони як кишвар фурсате пеш меояд, ки дигар сокин наменишинанд, ба “пешво” будану “дахолатнопазир” будани роҳбарони худ сари мӯ эътино намекунанд ва аз ҷой бармехезанду масалан Қаззофиро аввал симчӯби (арматур) оҳаниро дар маъқадаш пеш мекунанд ва онгоҳ бо дасти хурдтарин бачча ба василаи туфангча ба қатлаш мерасонанд!

Қаззофие, ки мегӯянд бо маҳзи зодани ҳар тифле ба номи он тифл Давлат 50 ҳазор дуллор дар бонк ворез мекарда!

Мегӯем: курнамак халқест,  ки сари ҳар тифли навзодаш давлати қаззофӣ чунин маблағе ихтисос медодаву ӯро бо чунин ваҳшигарӣ куштаанд ва кишвари худро низ харобазор намудаанд…

Ҳамин суханро бо шуморе аз корҳои анҷомдодааш нисбати Ризошоҳ, нисбати Саддом Ҳусайн, нисбати… ба забон меоварем.

Гунаи ҳукуматро ба даст овардани руҳониюн ар кишвари мо аз хотири насли он рӯзгор ҳеч намеравад. Тариқи “ҳукуматдорӣ”, барномаҳои тилвизюнӣ, зӯргӯиҳо,…

Онҳоро худи халқ рӯи кор оварда буд. Боз ҳамин халқ вақте дид, ки на, фиреб хӯрдааст, аз борон ба зери новардон уфтодааст, эътироз кард… Албатта наметавон ба ин содагӣ он воқеотро шарҳу тавзеҳ дод, аммо барои саҳлтар шудани мисол бояд чунин бигӯем.

Ҳоло бо силоҳу амри Тошканду Масков “халқ” ба ҷанг бархосту “ҳукумати руҳониюн”-ро барандохт. Онҳоро фирор дод. Агар як кушта буданд, ҳазор кушт, агар як таҷовуз карда буданд, садҳазор таҷовуз кард,… яъне чизе дар ҳаёти мардум тағйир накард. Як хайли нисбатан бо ҷиноят олӯда ҷояшро ба хайли дар ин мубориза сар то по ҷиноятолӯдашуда дод!

Ва дар ин “интихоб” низ мардум донист, ки фиреб хӯрдааст. “Корсоз”-и тошкандиву масковӣ ҳолро аз як гунаи ҷиноят ба гунаи вахимтари он табдил кардааст.

Бигзарем. Чиро баъди барандохтани роҳбарони худкома, дере намепояд, ки боз аз онҳо ситоишу маддоҳӣ ба амал меояд ва аз онҳо қаҳрамони афсонавӣ, Исое, ки зуҳур карду қадрашро надонистанду ғайбат кард… дуруст мекунанд?

Қаззофӣ дӯст медошт ба мадрасаҳо равад, вохӯриҳо, гулпошиҳо, сурудхониҳо, мадҳу санохониҳо… ва дасти “навозиш”, ки ба сари духтари мактабхоне мегузошт ва ё аз дасти духтаре гул гирифтаву ӯро ситоиш мекард, қисмати он духтарак “ҳал” мешуд. Аз ҳамон маҳфил ё аз хонааш ё аз кӯчаи шаҳр он духтари “хушбахт” ғайб мезад ва … аз ҳарами Қаззофӣ сару садояш баланд мешуд!

Ҳисоби гуруҳе беномӯс ҷудост, ки ба хотири мансабу сарват зану духтару хоҳари худро пешкаш мекунанд ва ё мисли даврони Олимхон духтару писари ҷавон ёфтаву пешкаши “пешво”-ёни худ мекунанд. Ҳисоби онҳо ҷудост!

Аммо ҳеч миллате, агар кулли оромишу давлату сарватро барояшон фароҳам созиву даст ба номӯсашон дароз намоӣ, низоматро қабул нахоҳанд дошт ва ҳатман симчӯби оҳаниро дар маъқадат мехалонанду бо дасти тифле бегуноҳ ба гулула мебанданат! Мисли Қаззофӣ!

Ҳусни Муборак низ бо унвонҳои фаровон ва аз ҷумла “фахимату раису ҷумҳур” ёд мешуд. Вақте барканораш мекарданд як тайёраи азим тилову брилёну пулеро аз ӯ боздошт намуданд, ки ба хориҷа интиқол додан мехост!

Оё чунин касе воқеан барои кишвару миллаташ хидмат кардааст?

Аз пулҳову сарвати ҳангуфте, ки Ризошоҳ берун кашидааст, низ мегӯянд…

Яъне халқ воқеан аз кордориву бедироятии чунин роҳбарон ба танг меояд ва барояш фарқ намекунад, ки чунин низомҳо бо дасти чи касе ё дахолати кадом кишваре шикаста мешавад. Муҳим барояшон наҷот пайдо кардан мешавад.

Аммо ин худкомагон дар ҳангоми риёсати худ чи корҳоеро анҷом медиҳанд?

Бо вуҷуди он, ки иқтисод шикаст хӯрдааст, мардум маоши худро намегиранд ва ё аслан ҷои кору даромаде надоранд, ин тоифа роҳбарон:

– калонтарин қасрҳоро месозанд (барои порлумон, барои бонк, барои вохӯриҳо бо вазиру сарони дигар кишварҳо,…);

– калонтарин поркҳоро месозанд;

– корхонаҳоеро ба кор меандозанд…

– мактабҳо, роҳҳо…-ро – ё месозанд ё таъмир мекунанд.

Ва ин ҳама ба хотири таблиғ анҷом мешавад.

Аз поркҳо шояд мардуми шаҳрҳо истифода кунанд, аммо рустоиҳо ва мардуми навоҳӣ аз он маҳруманд.

Аз мактабҳо мардум истифода мекунанд.

Аммо аз қасрҳои бузург ҳеч гоҳ мардум суд намебарад. Аз иморатҳои қиматнок ба мардум суде нест, чунин чунин иморотро танҳо гуруҳи хурди сарватдор ва кону корхонаҳоро ба даст оварда харида метавонад.

Дар як иморати оддӣ ҳам метавонад ҳукумати ростин кор кунад ва кишварашро тараққӣ бахшад. Тарақӣ ва ободии кишвар на порку на парчами баланду на имороти шишаӣ, балки ободии аҳволи мардуми кишвар аст. Яъне вақте мардум соҳиби кори дилхоҳу маоши хуб асту зиндагияш ба хубӣ мегузарад, тавони пардохти молиётро дорад ва аз ин нигоҳ як кишварро ободу пешрафта медонанд.

Мактабҳо низ ба “президентӣ”-ву ину он қисмат мешаванд ва ҳеч гоҳ бачаҳои аксарияти мардум, ки асли миллатро ташкил медиҳанд имконияти таҳсил дар чунин макотибро надоранд.

Нуктаи муҳим ин аст, ки: ҳамаи ин кардаҳову сохтаҳо бо ПУЛИ ХУДИ МИЛЛАТ, КИ ДАР БУҶҶА ҶАМЪ МЕОРАНД, сохта мешавад!

Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, наҳрҳо, заминҳои нави кишт, корхонаҳо, бандҳои барқ, иморот барои зиндагонӣ, пеш бурдани иқтисод… – ин ҳама марбути ДАВЛАТ аст ва ДАВЛАТ муваззаф аст, ки барои мардуми худ кору маошу хидмати пизишкиву маорифу амсоли инро фароҳам оварад! Чиро? Зеро, ки МИЛЛАТ барои ин ҳама ПУЛ ПАРДОХТ МЕКУНАД!

Ҳеч, ҳеч, ҳеч роҳбареро ном бурда наметавонед, ки бо пули шахсии худаш, ки онро масалан аз падаркалонаш ба ирс бурда ва падаркалонаш онро масалан аз роҳи тиҷорате, ки дар Бухоро ё Пешовар ё Русия ё Омрико… дошта ба даст оварда будааст, як пул, як мактаб, як порк, як қасри фарҳангӣ… сохта бошад. На! Ин ҳама бо пули худи Миллат сохта мешавад ва камтарин саҳмеро дар анҷоми ин барномаҳо роҳбарон надоранд! Ҷуз ин, ки онҳоро мардум барои анҷоми коре, ба муддати масалан панҷ сол интихоб мекунанд ва инҳоро Амини молу пулу ҷони хеш бовар мекунанд.

Аз ҳамоқат асту аз ғуломборагӣ ва дашноми худ аст, ки бигӯӣ фалон роҳбар фалон роҳ ё банди барқӣ ё қаср ё кӯчаро… сохту ободу имрон кард. Шакар ба даҳонат, магар ба хотири анҷоми ҳамин корҳо интихобаш накардаӣ? Магар барои инҳо туву падарату бародарату дигар ҳамватанҳоят молиёт пардохт накардаед? Оё Давлат аз пеши худ пуле дорад, ки бениёз аз молиёти мардум кореро аз пеш барад?

Ва онгоҳ, роҳбарони худкомае чун Қаззофиву Саддому ин чанд нокораи ҷамоҳири Осиёи Вусто бар иловаи ончи, ба дилхоҳи худ аз пули буҷҷаи миллат месозанд, ки ҳамаи он бояд бо ризоияти милат анҷом дода шавад, дар ғайри ин коре бар муроди худкомагӣ дониста мешавад, ҳамчунин миллатро барои худ ғулом мепиндоранд. Яъне, аз вуҷуди онҳо чун ғулом ба суди худу хонадони худ истифода мекунанд, ба номӯси онҳо даст дароз мекунанд, зиндонияшон мекунанд, тирборонашон мекунанд, “хоин”-у амсоли ин ҳукмашон мекунанд… ва ин ҳама аломоти худкомагӣ ва онгоҳ тарси азими худи онҳост, ки мехоҳанд бо ин василаи бақои хешро нигоҳ доранд.

Ҳоло вақте мардум кораш аз тарсу аз саршикастагиву бечорагӣ тир мешавад, яъне дар баробари ин ҳама зулм як навъ неруи зотӣ пайдо мекунанд, – чунончи дар баробари курунову ҳар марази дигар – аз ҷой бармехезанд. Мисли сел, ки аз ҷӯякҳои хурд ба ҳам мерасад ва ба вайронгаре азиму маҳорнашуданӣ табдил меёбад.

Халқ низ ҳамон сел аст. Ин қадар, ки сел ба ончи анҷом медиҳад, мукаллаф нест, аммо мардум мукллафи кори худ ҳастанд. Дигар дар чунин мавқеъе барояшон на қасрҳову поркҳо, на ободиҳову сарсабзиҳо… ҳеч пайдо намешавад. Хашм ин ҳамаро ба хотири кори дасти золим будани он, нобуд месозад.

Дуруст, барои миллати як кишвар аз доштани даҳҳо кони истихроҷи тилову нуқраву маъодини дигар ва ё аз доштани даҳҳо истгоҳи барқи бузург ё доштани бузургтарин корхонаҳои саноатӣ чи суд, ки дар камбизоатӣ, бекорӣ, бегорӣ, тарс, сарафкандагӣ, бебарқӣ… зиндагӣ ба сар бибарад?

Инҷост, ки кону корхонаву қасру имороту порку тандисҳое, ки ба хотири фарҳангӣ ва миллӣ ҷилва додани худкома бо пули мардум сохта мешаванд, арзиши худро гум мекунад ва омоҷи хашму нобудӣ қарор дода мешавад.

Инҳоро ба он хотир гуфтам, ки ба ин суол посух биёбем, ки чаро ин “қаҳрамон”-ҳо баъдҳо, баъди сарнагун карда шудану ба хории тамом аз саҳнаи сиёсат тард шуданашон, баъди фирору паноҳандаи кишварҳое шуданашон, ки сарвату пули миллиро онҷоҳо бурдаву ба номи худ захира кардаанд ва ё порае замин ё кону корхонаи Ватанро бо шартномае ба ихтиёри онҳо гузоштаанд… дубора барои мардум “қаҳрамон” тарошида мешаванд ва касоне, ки онҳоро сарнагун сохтаанд мавриди таъну лаън қарор мегиранд?

Посух сода ба назар меояд: вақте Қаззофӣ бо он ҳама зулм барканор карда шудду ба ҷояш касу касоне омаданд, ки аз ӯ бадтар будаанд… аз Қаззофӣ тарафдоронаш, ки дар ҳар гӯшаю канор, бо доштани имкону сарватҳо зиндагӣ доранд, “ёд” мекунанд ва ба мардум “давлати мустаъҷил”-и онҳоро таъна кардаву “қаҳрамон”-у “ватандӯст”-у “сарсупурда будан”-и онҳоро таблиғ мекунанд .

Аммо аз ҳазорҳо зиндонии даврони онҳо, аз қатлҳои онҳо, аз хиёнатҳои азими онҳо, аз ғорати онҳо, аз зулму ҳамоқати беиохири онҳо, аз аҳли савод набудани онҳо, аз китобҳое, ки навиштаи дасти онҳо набудааст… намехоҳанд ёд кунанд.

Инҷост, ки мардуми бехабари баъдӣ ба “қаҳрамон” будани як роҳбари худкомаи пешин бовар мекунад ва гузаштагони худро ба “курнамакӣ”-ву “қадрнашносӣ”-ву… таъна менамояд.

Инҷост, ки мардум мегӯянд: “Офарин ба кафандузди аввал!” ва достони ин масал он аст, ки дар рустое ё дар шаҳре наббоше – кафандузде индагӣ мекарда, ки мардум аз дасташ ба танг омада будаанд.

Ҳар қадр ҳам, ки гурҳои худро эҳтиёт мекардаанд, ин шаввоз фурсатро ёфтаву гурро шикофта, кафанро аз тани мурда бурдаву фурӯхта масрафи рӯзгори хеш мекардааст.

Охир аҳолӣ ба по мехезанду ин кафандуздро аз рустои худ меронанд.

Ва аммо хушҳолияшон дер намепояд. Кафандузди дигаре даст ба кор мешавад  бо ин фарқ, ки ин ҳам кафанро аз тани майит мекашида ва ҳам ба к…-и мурда чӯберо мехастаст!

Ин аҳволро дидаву мардум дасти ҳасрат ба сар задаанд, ки: ай дод, офарин ба кафандузди аввал, ки ақаллан бо бурдани кафан иктифо мекарду ин Худобехабар ҳам кафанро мебараду ҳам мурдаро чӯб мезанад…

“Қаҳрамон”-ии худкомаҳо ҳамин тур сабти торих мешавад…

Олмон, 01.04.2021

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *