Илм ва фарҳангТоҷикистон

КИТОБИ СУЛТОНИ ҲАМАД «АҲМАД ЗОҲИР САДОИ ИШҚ АСТУ ДИЛТАНГӢ» АЗ ЧОП БАРОМАД

Чанде пеш китоби рӯзноманигор ва адиби тоҷик  шодравон Султони Ҳамад “Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ” ба нашр расид. Дар ин бора писари Султони Ҳамад- Ҷаҳонгири Султон дар саҳифаи Фейсбук хабар додааст.

Дар бораи мундариҷа ва муҳтавои ин китоб Ҷаҳонгири Султон навиштааст:

“Маводе, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, аз рӯи мазмуну муҳтаво, шаклу жанри навиштаашон мухталифанд. Аз ҳамин рӯ онҳоро дар 5 боб пешкаши хонандагон гардонидем.

Боби якум. Боби якум хабару мақолаҳо дар бораи «Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Маъмулан, маводҳоеро ҷой дода шудаанд, ки ҳамагӣ дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир маълумоти тоза медиҳад ва ё дар бораи афроде низ сухан меравад, ки рӯзгор ва осори онҳо низ ба Аҳмад Зоҳир робитаи зич дорад. Масалан, мақолаҳо дар бораи Зулфиқори Азиз – овозхони маъруф, шоири фақид – Ҷамшеди Раҳимзод, ки ашъораш моломол аз васфи Аҳмад Зоҳир аст.

Дар ҳамин боб мақолаҳо дар бораи Зоҳир Ҳувайдо – овозхони машҳур ва дӯсти Аҳмад Зоҳир, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз – оҳангсози машҳур, Ришод Зоҳир – фарзанди Аҳмад Зоҳир ва боз чанд тани дигар, ки бо зиндагии Аҳмад Зоҳир иртибот доранд рӯи чоп омадааст.

Барои мисол метавонем аз Манижа Давлатова – овозхони машҳури тоҷик ёдовар шавем. Манижа ба муаллифи китоб Султони Ҳамад ваъда дод, ки дар бораи таъсири Аҳмад Зоҳир дар рӯзгори овозхонияш ӯ мақолае нависад. Манижа ба ваъдаи худ вафо карда, мақолае низ навишт, ки бори аввал дар ҳамин китоб рӯи чоп хоҳад омад.

Боби дуввум: Боби дуввуми китоб «Мусоҳибаҳои Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Султони Ҳамад бо шахсиятҳое мусоҳиб шудааст, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд ва бо ӯ робитаи зичи эҷодӣ доштанд. Аз ҷумла, бо Забеҳуллоҳи Амонёр – дӯст ва шогирди Аҳмад Зоҳир, бо Халили Роғиб – шореҳи мусиқии ТВ «Ориёнои Афғонистон», Абдуллоҳи Эътимодӣ, мусиқишинос ва оҳангсоз, Ҷӯрабек Муродов – Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Назрӣ – Ҳунарпеша ва донишманди мумтоз, дӯсти Аҳмад Зоҳир, шоира Меҳриниссо ва дигарон дохил мешаванд.

Боби саввум: Боби саввуми китоб «Мусоҳибаҳо бо Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» номгузорӣ шудааст. Дар ин боб мусоҳибаҳое ба нашр расиданд, ки рӯзноманигорони тоҷик, Хуршеди Атоуллоҳ, Валиҷон Баёнӣ, Зулолаи Нур оиди китобҳо ва умуман дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир саволу ҷавоб кардаанд.

Боби чаҳорум: Боби чаҳоруми китоб «Таҳияи осори дигарон» ном дорад. Дар ин боб маводҳое ба нашр расидаанд, ки муаллифонашон асосан журналистон ва нависандагони Афғонистон ҳастанд. Онҳоро аз рӯзномаҳо, солномаҳо ва китобҳои бо ҳуруфи форсӣ дар Афғонистон чопшуда, инчунин аз наворҳои радио ва телевизиони он кишвар таҳия намуда пешкаши хонандагон гардиданд.

Дар ҳамин китоб бори аввал шакли комили чаҳор мусоҳибае, ки журналистони Афғон бо шодравон Аҳмад Зоҳир дар вақти дар қайди ҳаёт буданаш бо ӯ доир карданд, бо ишора ба нашрия, муаллифи мусоҳиба ва санаи нашр ба табъ мерасад.

Боби панҷум: Боби панҷум «Тақриз ва китобиёт» ном дорад. Дар ин боб тақризҳои ба китобу мақолаҳои дар мавзӯъи Аҳмад Зоҳир навиштаи Султони Ҳамад иншонамудаи профессор, доктори илмҳои филологӣ Олим Хуҷамуродов, Шоири халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, устод Назри Яздонӣ, мунақидони адабиётшинос номзадҳои илми филология Раҷабалӣ Худоёрзода, Ҷамолиддин Саидзода ва ғайра, инчунин мақолаҳои тақризии Султони Ҳамад оиди китобҳои дигар муаллифон, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар таълиф гардидаанд, ҷой дода шуданд.”

Бояд ёдовар шуд, ки рӯзноманигор ва адиб Султон Ҳамад миёни пажӯҳишгарони осори Аҳмад Зоҳир  дар бораи зиндагӣ, қатл, осор, сабку вижагиҳои ҳунарӣ ва мактаби эҷодии  ин ситораи дурахшони мусиқии  Шарқ аз ҳама бештар таҳқиқот анҷом додааст. Қаблан китобҳои ӯ  «Аҳмад Зоҳир: Султони қалбҳо» ( 2005, 2012),  «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ»( 2007) ва «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб»(2012) низ пешкаши мухлисону ҳаводорони ин ҳунурманди нотакрор шуда буданд.

Китоби “Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ” бо сифати хуб, бо ҷилди сахт дар нашриёти “Эр-Граф” бо теъдоди 750 нусха ба табъ расидааст.

Писари дигари Султони Ҳамад – Субҳиддини Султон дар суҳбат бо сомонаи Равзан афзӯд, ки ният доранд дар ояндаи наздик ду китоби дигари Султони Ҳамад: “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир” ва “Таронаҳои Аҳмад Зоҳир”- ро низ  ба нашр расонанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *