ТоҷикистонҶомеа

МАКТУБИ КУШОДАИ РАҶАБ МИРЗО БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ “ОБЛАВА” ВА АВВАЛИН ВОКУНИШ БА ОН

9 апрели соли равон  фаъъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, рӯзноменигор Раҷаби Мирзо бо нашри номааи кушоде дар саҳифааш дар Фейсбук  ба Президет, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!” падидаи “облава”-ро маҳкум карда, аз онҳо хоста буд, ки барои аз байн бурдани он ва пайдо намудани роҳҳои қонуниву мантиқии даъвати ҷавонон ба хидмати аскарӣ мусоидат намоянд.

Дар матни мактуби кушода омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Албатта имкон дошт, ки номаи мазкурро ба унвони Прокурори генералии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоде, ки таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ; ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; ё вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунгузор нависем.

Мутаассифона аз ҷониби онҳо вокунише сурат намегирад ва ба назар мерасад, ки интизор ҳам шудан мантиқ надорад. Аммо шармандагӣ ва бештар аз ин помол шудани ҳуқуқу озодиҳои давомдори шаҳрвандони Тоҷикистон моро водор намуд, ки маҳз ба Шумо мурҷиат намоем, то барои дар фурсати кӯтоҳ роҳи ҳал пайдо намудани ин мушкил ва аз бадномӣ раҳо шудани давлату ҳукумат мусоидат намоед.

Сухан аз “облава” меравад, ки солҳо боз дар атрофаш ҳар сол ду бор – вақти даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ баҳсҳо сурат мегиранд. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме ба ин маъно вуҷуд надорад. Аммо ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд.

Пешопеш мегӯем, ки ҳеҷ кас мухолифи ба хизмати аскарӣ даъват намудани ҷавонон нест. Вале бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро помол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад (ҳар сол чандин ҷавону волидонаш аз ҷиҳати равонӣ саломатии худро аз даст медиҳанд), имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад.

Дар асл роҳҳои ҷалби боҳунаронаву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад. Солҳои пеш мақомоти бархе шаҳру ноҳияҳо василаҳои гуногунро пайдо карда буданд – додани қитъаи замин ба волидони аскарон, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, фаро гирифтани ҷавонон дар омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ, аз ҷумла ронандагӣ ва амсоли ин.

Ин ҳам пас аз соли 2013 буд, ки дар як ҷамъомад мавзӯи “облава” –ро Шумо дар миён гузошта, талаб намудед, ки чунин роҳҳои аз қонун беруни ба артиш бурдани ҷавонон барҳам дода шавад. Мутаассифона ҳолати беҳтар дер давом накард. Коршиносоне, ки ин мавзӯро пайгирӣ мекунанд, ба ҳисоб гирифтаанд, ки сар аз соли 2017 маъракаи бадномкунандаи “облава” дубора авҷ гирифт. Онҳо дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон 10 – 12 сабти навори боздошту ғайриқонунӣ ба аскарӣ фиристодани ҷавононро ба мақомоти дахлдор мефиристанд. Аммо аз ҷониби ин ниҳодҳо вокунише сурат намегирад.

Махсусан имсол, ки аз маъракаи даъвати ҷавонон ҳамагӣ 10 рӯз мегузарад, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет аллакай аз навору аксҳое пур шудаанд, ки бо усули ваҳшатнок ҷавононро боздошт ва ба хизмат мебаранд. Бахши идеологии ҳукумат бояд дарк кунад, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва ҳеҷ кореро, хоса иқдомоти ғайриқонуниро пинҳон кардан имконпазир нест. Баръакс ин ҳолатҳо боис ба рехтани обрӯ ва коҳиш ёфтани имиҷи давлат мегардад.

Аз ҷониби дигар, ин гуна амалкарди мақомот ва пайдо шудани навору аксҳо дар назари мардум хидмат дар артишро ба як кори даҳшатнок ҷилвагар менамояд.

Саволе рӯ ба рӯ меояд: оё ин гуна ҳолат ва аз хизмати Ватан саркашӣ кардани ҷавонон маъниеро надорад, ки аз чунин иқдомҳо касе манфиат мебинад?

Бар илова, оё мо наметавонем хулоса кунем, ки бахши идеологии ҳукумат дар кори худ заъф доранд ва ҳисоботу гузоришҳои ба Шумо ва дигарон пешниҳодкардаашон, рост нест?

Аз манфиаткории бархе масъулин гуфтем ва беҳуда нест. Шояд дар ин гуна ҳолат, масоили сиёсиро ҳам пайдо намуд, ки кадом гурӯҳҳое мехоҳанд обрӯи давлат ва артиши онро зери суол баранд? Хоса дар замоне, ки ихтилофҳои ҷиддии марзӣ бо бархе кишварҳои ҳамсоя дорем.

Дар бораи “пул кор кардани” намояндагони бархе мақомот ва ба ивази пул аз “облава” халос кардани ҷавонон ҳам сару садо вуҷуд дорад. Наход ин гуна одамони қонуншикан обрӯи давлатро аз манфиатҳои молии худ поинтар бинанд?

Як мавзӯи муҳими дигар мақомоти масъул дар вуҷуди ин мушкил ҳаст. Масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ мегӯянд онҳо дар маъракаи “облава” робитае надоранд, балки мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар мисоли раиси ноҳия ё муовинаш, ки раиси ситоданд ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ин корро анҷом медиҳанд.

Воқеан, феврали соли 2020 муовини собиқи Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки роҳбарии ситоди ҷумҳуриявиро ба зимма дошт, даъвати тирамоҳии соли 2019 – ро ҷамъбаст намуда, гуфт, ки 34 корманди комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба масъулияти интизомӣ кашида шуданд ва баъзеи онҳо аз мақом барканор гардиданд. Вале ишора кард, ки онҳо бо сабабҳои дигар муҷозот шудаанд.

Аз ин бармеояд, ки масъалаи асосӣ ва мушкили давомдор – яъне “облава” касеро ба ташвиш намеорад. Боз мегӯем, ки гап сари обрӯи давлат меравад, ки дар коҳиш ёфтани он ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро муҷрим донем. Барои бетарафӣ, барои бемасъулиятӣ, барои дидаву дониста ва паи пайдо кардани манфиатҳои муғризона паст задани обрӯву нуфузи давлат!

Ҳоло бошад, падару модарон тарсида – тарсида фарзандони худро ба кӯча, ба ҷои кор, барои таҳсил мефиристанд. Воқеан, ҳоло маълумоте ҳам паҳн мешавад, ки ҳатто донишҷӯёнро аз донишгоҳ “облава” карда, ба аскарӣ мебаранд ва баъд онҳоро “хориҷ” мекунанд.

Хулоса, агар тадбири ҷиддие андешида нашавад, обрӯи давлату ҳукумат, ҳукумати қонун зери суол меравад, ки фикр накунам барои ягон шаҳрванди дилсӯз ин ҳолат манфиат биёрад.

Пешниҳоди мо ин аст, ки аз ҳисоби мақомоти ҳукумат, масъулини Вазорати мудофиа, прокуратура, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон комиссияи хос таъсис дода шавад ва роҳҳои бартараф намудани мушкили мазкур пайдо гардад. Мо мутмаинем, ки роҳҳои қонуниву мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад ва омодаем дар ин кор саҳм гузорем.

Аммо ҳоло аз Шумо хоҳиш дорем, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳед, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.”

Имрӯз Раҷаб Мирзо дар мужда расонд, ки расо пас аз як ҳафтаи ирсоли нома бо имзои муовини якуми Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Ф, Ҳаётзода ба ин нома  вокуниш сурат гирифт. . Ба гуфтаи Раҷаб Мирзо дар посух  омадааст, ки нома  “ аз ҷониби дастгоҳ ба Вазири мудофеа, Вазири корҳои дохилӣ ва Прокурори генералӣ фиристода шудааст ва аз онҳо хоҳиш намудаанд, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва муаллифон аз натиҷааш ба таври хаттӣ хабар диҳанд”.

Дар охир Раҷаб Мирзо изҳори умедворӣ намудааст, ки мақомоти ба он вобаста дар ҳалли он салоҳиятнокиву пурмасъулиятӣ нишон медиҳанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *