Осиёи МарказӣСиёсат

Марзбандии давлатӣ ва марзкушоии байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ. Мулоҳизае дар пасманзари қазияи Ворух

Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик

(Бо назардошти ҳассосияти мавзуъ ва масъала бе иҷозати муаллиф пурра ва ё нопурра бознашр кардани ин мақола ва тағйири номгузории он манъ аст)

Сароғоз: бадалнопазирии хоки Ватан

Дар ин матлаб бисёре аз нуктаҳои шинохти вазъият ва роҳбурдҳои ҳалли мушкилоти сарҳадӣ дар минтақаи Ворухи Тоҷикистон дар асоси мутолиа ва муқоисаи маводи мавҷудаи ихтисосӣ ва расонаӣ баён гардидаанд. Бо ин вуҷуд, ин нуктаҳо ва роҳбурдҳо ниҳоӣ набуда, барои баҳсу баррасӣ пешниҳод мегарданд. Дар сурати бо далелу бурҳон рад гардидани онҳо омода ҳастам, мавқеи худро ислоҳ ва иваз намоям.

Тӯли чандин даҳсолаҳост, ки баҳсҳо ва муноқишаҳои сарҳадӣ дар минтақаи Ворух дар байни тоҷикону қирғизҳо хотима намеёбанд. Ҷамоати Ворух маъмурияти тобеи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд буда, дар ҳудуди он 31 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумор аксарияти кул (99,99 дарсад) тоҷик мебошанд. То ҳанӯз аз 976 километр сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 504 километри он хаткашӣ ва аломатгузорӣ (демаркатсия) шудааст. Баъзе коршиносон ба он ишорат мекунанд, ки на фақат Ворух, балки чанд минтақаи сарҳадии баҳснок дар байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мавҷуд аст. Чунин вазъият баёнгари он аст, ки робитаҳои сиёсии ду давлат ва дар ин замина муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвар дастикам дар даҳсолаи оянда ба ин раванд вобастагӣ хоҳанд дошт.

Рӯзҳои охир сарусадоҳои баъзан расмӣ ва баъзан ғайрирасмӣ, вале ба истилоҳ “коршиносӣ” дар мавриди бадал кардани минтақаи сарҳадии Ворух бо минтақаи ҳамвазни кишвари ҳамсоя дар вилояти Бодканд шунида мешавад. Баъзе нафарон ҳатто ишорат ба он карданд, ки хоҳиши мардум набояд ба табодули байнидавлатӣ халал расонад. Аммо онҳо сарфи назар карданд, ки давлат худ консепсияи фарогири ҳам ҳукумат ва ҳам мардум мебошад. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон субъекти давлатӣ худи мардум мебошад, ки иродаи он тавассути ниҳодҳои конститутсионие чун ҳамапурсӣ (референдум) ва интихобот иброз мегардад. Агар ҳатто масъалаи табодули минтақа дар рӯи мизи кории комиссияи байнидавлатӣ ҳам бошад, бе муайян кардани иродаи мардуми кишвар тавассути ҳамапурсӣ баррасии чунин масъала ва ҳама гуна тасмим дар ин маврид амали ғайриконститутсионӣ, балки зиддиконститутсионӣ мебошад. Мавқеи давлат ва манфиатҳои миллӣ маҳз ба иродаи мардум такя мекунад, ки таъкидан дар ҳамапурсӣ изҳор мегардад.

Аз ин дидгоҳ, хоки кишвар дар ҳеч сурат бадалпазир нест. Ҳеч ваҷҳе, аз он ҷумла аҳолинишин ва ё ғайриаҳолинишин, поёноб ва ё болооб, ҳамвор ва ё кӯҳистон, кишоварзӣ ва ё ғайрикишоварзӣ, доро ва ё нодор аз маъданҳои кӯҳӣ, наздик ва дуру сарҳадӣ ва ҳатто фаросарҳадӣ (чун Ворух) будани он ин усули давлатдориро сарфи назар карда наметавонад. Ба ҷуз ин усул, хоки кишвар, аз он ҷумла Ворух ба он хотир бадалпазир нест, ки дар маҳдудаи он хотираи таърихии бошандагони таҳҷоӣ, яъне тоҷикон дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ маҳфуз аст. Ба дигар минтақаҳо кӯчондани ҳамаи мардум боиси он мегардад, ки мардум аз хотираи таърихии худ маҳрум мегарданд ва ин зарбаи ҷуброннопазири маънавӣ ва инсонӣ ба онҳо хоҳад буд.

Бисёр бамаврид хоҳад буд, агар тоҷикону қирғизҳо ин гуфтушуниди марзиро ба гуфтугӯи фарҳангӣ табдил диҳанд ва таваҷҷуҳи ҳам намояндагони расмӣ ва ҳам мардуми кишвари ҳамсояро ба қиссаи устуравӣ ва таърихии Чингиз Айтматов дар бораи Манқурт ҷалб кунанд. Ин нависандаи маъруф ва муътабари қирғиз, дар асари маъруфи худ “Дуроҳаи буронӣ” ба тақдири насли нави аҳди шӯравӣ ишорат мекунад, ки бо сабаби хароб гардидани оромгоҳ хотираи таърихии худро фаромӯш карданд. Мардуми тоҷик низ дар даврони шӯравӣ ба чунин бархӯрди хашин ба хотираи таърихиаш бисёр дучор гардида буд ва набояд он бори дигар ва ин дафъа бо дасти худаш такрор шавад.

Албатта, раванди инкишофи як ҷомеа бе табодул, ҳаракат ва иваз кардани ҷойи зист ғайриимкон аст. Имрӯз яке аз мушкилоти асосии ҷамоати Ворух афзудааҳолӣ (изидиёди ҷамъият; перенаселение) мебошад. Дар ҳоле ки шумори аҳолӣ бошитоб, яъне солона то 2,5 дарсад меафзояд, бошандагони он намехоҳанд ба дигар минтақаҳои кишвар кӯч банданд. Ҳукумати кишвар метавонад ин мушкилро бо роҳи ташкил кардани шароит дар дигар минтақаҳои барои кишоварзӣ ва ё саноатӣ мувофиқ ва даъвати хонаводаҳои довталаб осон созад. Дар баробари ин, онҳо метавонанд робитаи иҷтимоӣ ва фарҳангии худро бо бахши дигари мардум, ки дар сарзамини таърихии худ боқӣ мемонанд, нигоҳ доранд. Ба ҳар сурат, ин гуна роҳи ҳалли оҷил ва фавқулодда наметавонад таъсири бардавом дошта бошад. Бинобар ин, зарур аст, ки системаҳои маориф ва шуғли аҳолӣ он гуна рушд кунанд, ки омезиш ва кӯчиши мардуми кишварро дар тамоми минтақаҳо баробар таъмин намоянд.

Консепсияи табодул дар шароити зиндагии байнисарҳадӣ

Ҳақиқати таърихӣ дар робита ба марзбандии давлатӣ ва табодули эҳтимолии минтақаҳои байнисарҳадӣ дар Ворух аз ду бахш иборат аст: 1) ҷамоати Ворух ҳамчун Кул ва 2) минтақаҳо ва объектҳои баҳсноки он, чун ҷойгиршавии одамон, манзилҳо, объектҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, зерсохторҳою захираҳои табиии алоҳида ҳамчун Ҷузъҳо. Дар робита ба ҷамоати Ворух дар кул ҳеч гуна имкони табодул бо минтақаи дигари сарҳадӣ вуҷуд надорад. Аммо дар робита ба ҷузъиёт имкон дорад, ки табодул чун роҳҳал дар назар бошад. Масалан, роҳи мошингузар чӣ гуна иваз гардад, сарчашма ва маҷрои об чӣ тавр тақсим шавад, замини умумӣ чӣ гуна истифода гардад, зерсохтори муштарак чӣ хел ва дар куҷо сохта шавад, марказҳои маданӣ чӣ гуна аз тарафи мардумони ҳар ду кишвар истифода шаванд ва ё бозори муштарак чӣ гуна барои некуаҳволии ҳар ду ҷониб хизмат кунад ва ҳоказо. Дар ин робита пешниҳодҳои амалии Уткир Умарбоқиев (https://www.facebook.com/utkir.umarbakiev.9/posts/2360068877376353) дастикам барои омӯзиш ва баррасӣ ҷолиб мебошанд.

Чуноне ки дида мешавад, консепсияи табодули ҷузъиёт дар муносибатҳои байнисарҳадӣ, аз як тараф, табодули Кул (Ворух)-ро намепазирад ва аз тарафи дигар, равандҳоеро фаро мегирад, ки ҳаёти ҳаррӯзаи муштараки ҳар ду мардумро ба манфиати дуҷонибаи онҳо таъмин менамояд. Он дар ҳеч сурат табодули якдафъаинаи коло ё чиз набуда, додугирифти пайваста ва ҳамзистии сулҳомези мардумони сарҳадиро дар назар дорад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, комиссияи босалоҳияти байнидавлатӣ метавонад тасмим бигирад ва аз ҷараёни он мардумони маҳал ва ҳар ду кишварро огоҳ созанд. Чунин ҷузъиёт наметавонанд сирри давлатӣ бошанд, балки ба манфиати мардуми маҳал аст, ки бидонанд табодули ҷузъиёт дар кадом сатҳу миқёс сурат мегирад. Ҳукуматҳои ду кишвар бояд маҳз аз ин дидгоҳи усулӣ ба падидаи табодул муносибат кунанд. Дар акси ҳол, табодули якдафъаина, ҳатто агар объекти табодул замин ҳам бошад, ба манфиати давлатӣ нест, яъне он мушкилоти мардуми маҳалро ҳал намекунад ва аз ин рӯ, кафолат дода наметавонад, ки дар оянда муноқиша дар байни мардум ва аз ин рӯ, дар байни неруҳои марзбонии ду кишвар сар намезанад.

Бо вуҷуди корбурди усули бадалнопазирии хоки кишвар, бешубҳа баҳси сарҳадӣ роҳҳали низомӣ надорад. Роҳҳали низомӣ на фақат ба манфиати ҳар ду кишвар нест, балки аслан роҳи ҳал несту чархиши беохири мушкил бар ивази ҷону ҳоли мардуми маҳал хоҳад буд. Одатан, онҳое, ки ба чунин роҳи ҳал даъват мекунанд, ҳамеша ақибнишинӣ хоҳанд кард ва дар баробари ин, аз мусибати дигарон манфиат хоҳанд бардошт. Ба ҷуз ин, мушкили сарҳадӣ метавонад роҳҳали фаврӣ надошта бошад, балки моҳҳою солҳо давом кунад. Барои ин сарватҳои сиёсию дипломатӣ муҳим, вале кофӣ нестанд, балки бояд ҳамоҳангии сиёсӣ ва расонаии ҳар ду кишварро ба роҳ монд. Афзуда бар ин, ҳар ду кишвар бояд аз сармояи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз он ҷумла ҳамкории созандаи ҳукумат ва расонаҳо, таҷриба ва хотираи хуби ҳамсоядорӣ, бартаргузории манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои хусусӣ ва гурӯҳӣ истифода баранд.

Бартарии манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои хусусӣ ва гурӯҳӣ

Кайҳо аз оғози моҳи марти соли 2020 бо сабаби паҳншавии Ковид-19 дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон посгоҳҳо (КПП) сохта шудаанд, ки рафтуомади мардумро танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи махсус имконпазир месозад. Аз як тараф, равуои мардуми маҳал маҳдуд гардид ва аз тарафи дигар, тоҷирони тоҷик наметавонанд худашон барои хариди коло ба бозорҳои кишвари ҳамсоя раванд. Аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар боздошт ва бозпас фиристода ва ё ҷарима шудаанд ва баъзе аз онҳо то ҳанӯз дар боздоштгоҳҳо қарор доранд.

Сабаби дигари маҳдудият дар рафтуомад ва додугирифти сарҳадӣ ва ҳамчунин таниши сарҳадӣ дар минтақаи Ворух бархӯрди манфиатҳои хусусию гурӯҳии баъзе доираҳои ҳукмрон бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ин маврид маълумоти кофӣ вуҷуд надорад, аммо маълумоти мавҷуда ишорат ба он мекунад, ки аз ин сарҳад маводи сӯхт ва ҳатто маводи мухаддир қочоқ мешавад. Қочоқбарон ҳамеша ба нооромӣ ва нобасомонии вазъ дар сарҳад, дохили кишвар ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ манфиатдор мебошанд. Дар чунин вазъият онҳо мавриди пайгарди қонун қарор намегиранд ва метавонанд амалиёти ғайриқонунии худро афзоиш диҳанд. Бар ивази қурбон кардани сулҳу осоиш ва некуаҳволии мардум, онҳо ҳарчи бештар сарватманд ва қудратманд мегарданд.

Манфиатҳои хусусию гурӯҳии доираҳои ҳукмрон имкон намедиҳанд, ки дар мавриди муҳлат ва дигар шароити сарҳадбандӣ ба мардум маълумоти расмӣ пешниҳод гардад. Ба манфиати миллӣ, пеш аз ҳама, манфиати мардумони маҳаллӣ ва тоҷирони ҳар ду кишвар мебуд, агар маълумоти расмӣ дар мавриди сарҳадбандӣ, сабабҳои он, муҳлати барқарории чунин вазъият ва шароиту талаботи рафтуомади байнисарҳадӣ пешниҳод мегардид. Боз ҳам беҳтар мебуд, агар чунин маълумотрасонӣ аз ҷониби ҳар ду кишвар ҳамоҳангӣ мешуд.

Ҳамоҳангсозии дуҷониба

Шаффофият ва ё сирри давлатӣ

Дар оғози музокираҳои дуҷониба дар робита ба мушкилоти сарҳадӣ дар минтақаи Ворух баъзе сиёсатшиносони ба доираҳои расмии Тоҷикистон наздик ин масъаларо сирри давлатӣ номиданд. Ҳамагон бояд дар масъалаи сарҳад хомӯш мемонданд, то намояндагони салоҳиятдори ҳар ду ҷониб корашонро бехалал анҷом медоданд. Аммо баъди расонаӣ шудани муҳтавои гуфтушунид аз тарафи Тошиев гумоне ба сарам омад, ки шояд ин роҳнамо (путеводитель) якҷониба будааст, аз ин рӯ, то ҳанӯз тарафи Тоҷикистон хомӯш истодааст, ки бо вокунишҳои носанҷида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзан матлабҳои фармоишии зиёиён дар расонаҳои расмӣ ҷуброн шудан дорад. Ба ҷуз чанд маврид, олимону коршиносони тоҷик таҳлил ва ё мақолаи муфассале дар робита ба ин мавзуъ нанавиштанд. (Шояд бехабар мондаам?) Фақат як мақолаи бисёр кӯтоҳ аз як нафар корманди калони илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон нашр шуд, ки аз матлабҳои фармоишӣ ва ташвиқотӣ фарқе надорад.

Дар чунин вазъият, дар навбати аввал, таҳия ва нашри Роҳнамои сирри давлатӣ ва шаффофияти он дар робита ба сарҳади давлатӣ аз тарафи намояндагони расмии гуфтушуниди дуҷониба ва коршиносони соҳа ба мақсад мувофиқ мебуд. Ин Роҳнамо бояд ба ҳар ду ҷониб, яъне комиссияҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон муштарак дахл дошта бошад. Дар он бояд нуктаҳои асосие номбар ва шарҳ ёбанд, ки чун сирри давлатӣ эътироф гардида, аз ин рӯ, дар ҳоли ҳозир расонаӣ кардани онҳо ҷоиз дониста намешавад. Роҳнамо инчунин бояд рӯшан созад, ки расонаӣ кардани ин нуктаҳо дар кадом замон, ҳолат ва дар чӣ шакл рух медиҳад. Ин муқаррарот бояд тавассути расонаҳои ҳар ду кишвар дастраси мардум гардад.

Бешубҳа, баҳси марз тахассусию амниятӣ аст, вале ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки пеши роҳи баҳси матбуотии он гирифта ва фазои солими иттилоотӣ нигоҳ дошта шавад, бахусус дар сурате ки кишвари ҳамсоя дар робита ба ин масъала муносибати дигар дорад. Аз рӯи инсоф ва ба манфиати як ҷониб нахоҳад буд, ки он баҳсро махфӣ нигоҳ дораду тарафи дигар тамоми ҷузъиётро дар матбуот ошкоро баҳсу баррасӣ намояд ва дар натиҷа баъзе тарафҳои фурсатталаб ин вазъиятро ба фоидаи худ сӯиистифода кунанд. Дар чунин муносибатҳо биниши яктарафаи ахлоқӣ ва эътиборӣ ба кор намеояд. Бояд бо назардошти шароити ҳар ду ҷониб ба муносибатҳо ва равандҳо бархӯрди хирадмеҳварона кард ва тасмим гирифт.

Ҳамоҳангии байнидавлатӣ

Дар ин марҳилаи ҳассос бояд ҳукуматҳои ду кишвар аз амалҳое худдорӣ кунанд, ки нофаҳмӣ ва эҳсоси хатарро ангеза медиҳанд. Ҳодисаҳои охир дар робита ба баҳси сарҳад дар Ворух нишон медиҳад, ки бе ҳамоҳангии дуҷониба ҳатто дар сатҳи мақомоти амниятӣ маҳдуд кардани гуфтушуниди марзӣ наметавонад “ҷанбаи таблиғотию ташрифотии масъаларо кам ва дар айни замон ҷанбаи корию амалии онро ҷиддитар” намояд, чуноне ки сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо изҳори хушбинӣ карда буд.

Дар пасманзари баҳсҳои сарҳадӣ изҳороти расонаии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва пештар аз он (12 марти 2021) басиҷи неруҳои ҳарбии он кишвар бо мақсади тамрин дар вилояти сарҳадии Ботканд дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон вокунишҳоеро барангехт, ки ин амалҳоро чун ҳаракати иғвоангези ҷангии кишвари ҳамсоя тафсир доданд. Дар ҳоле ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешакӣ аз баргузории тамрин огоҳӣ ёфта буд, нашри он ақаллан дар расонаҳои расмӣ метавонист то андозаи лозим пеши роҳи нофаҳмиро бигирад. Чунин хало дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ва ҳатто бехабарии ҳукумати вилояти Суғд аз тамрин дар ҳолест, ки расонаҳои кишвари ҳамсоя мардумро дар бораи тамрин огоҳ карда буданд. Албатта, дар сурати ҳамоҳангии беҳтар ин тамрин ба замон ва ё макони дигар гузаронда мешуд.

Махфӣ нигоҳ доштани чунин маълумот, ки дар ҳеч сурат сирри давлатӣ буда наметавонист, ба зарари ҳам давлат ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон тамом мешавад. Мақомоти кишвари ҳамсоя ин гуна маълумотро пинҳон намедорад ва системаи сиёсии нисбатан марказгурез (децентрализованный) ва расонаҳои мустақили он ба ин роҳ намедиҳанд. Аммо дар Тоҷикистон ҳар як маълумот аз тарафи мақомоти марказӣ идора ва дар аксарияти маврид махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ки оқибат аз тарафи кишвари ҳамсоя ва ё бо роҳи овоза ва дар шакли таҳрифшуда фош мешавад. Маълумоти бо ин роҳ расонаишуда, пеш аз ҳама, ба эътибори давлатии кишвар зарба мезанад ва чеҳраи ҳукумати онро заиф нишон медиҳад. Дар мавриди сиёсати иттилоотии ду кишвар Саломиддин Мирзораҳматов дар матлаби охири худ “Когда язык дипломатии не уместен…” (дар саҳифаи фейсбукиаш аз 3 апрели 2021) маълумоти муфассал дода, барои пур кардани хало пешниҳодҳои ҷолибе ҳам кардааст. Бар илова, бояд гуфт, ки роҳи ҳалли ниҳоӣ демократисозии ҷомеа мебошад, ки фаъолияти озодонаи расонаҳоро кафолат дода метавонад.

Ҳамоҳангии расонаӣ дар муқобили паёмрасонии нораво

Изҳори назари Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев боиси вокунишҳои зиёд дар байни ҳам мардумон ва ҳам мақомдорони ду кишвар гардид. Баъзе аз масъулони ҳукуматӣ, коршиносон ва мардумони маҳаллии Қирғизистон аз ду “пешниҳод”-и ӯ истиқбол карданд. Ин пешниҳодҳо 1) ченкунии сарҳади ҷамоати Ворух, аз деҳаи Оқсой роҳи баромад ба Тоҷикистон кушодан ва дар оянда роҳ надодан ба афзоиши масоҳати ин ҷамоат ва 2) табодули замини Ворух бо замин дар яке аз ду ноҳияи вилояти Ботканд (Лайлак ва Ботканд) ба ҳисоб мерафтанд.

Расонаҳои қирғизӣ ва байналмилалие чун Радиои Озодӣ ин изҳороти Тошиевро батакрор расонаӣ карданд. Мутаассифона, дар ин робита масъулони тоҷик изҳороти расмии фаврӣ накарданд ва танҳо баъди гузаштани муддати муайян ва ин дафъа низ ғайрирасмӣ мавқеи худро ба истилоҳ ба гӯши Тошиев расонданд. Масалан, Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як матлаби ғайридипломатии худ мавқеи вазири амнияти кишвари ҳамсояро инкор кард. Баъзе расонаҳо ин “мавқеи шаҳрвандӣ” ва ҳамчунин сафари дарпешистодаи Президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд, аз он ҷумла ба ноҳияи Исфара ва ҷамоати Ворухро чун ҷавоби мақомоти Тоҷикистон ба пешниҳодҳои барангезандаи Тошиев арзёбӣ карданд.

Дар сурати вуҷуд надоштани ҳамоҳангии дуҷонибаи иттилоърасонӣ, ки аз он ҷумла вокунишҳои расмии ҳукуматҳои ду кишварро расонаӣ намекунад, чунин бархӯрди нобаробар ба қазияи сарҳад на фақат метавонад ба зарари як ҷониб тамом шавад, аз он ҷумла вазъияти дохилии онро ноором созад, балки инчунин дар байни ду кишвар танишро афзуда, онҳоро ба нофаҳмӣ ва нифоқ тела диҳад.

Дар чунин шароит ҳарчи зудтар ниҳодина сохтани ҳамоҳангии расонаии вазъияти сарҳад ва ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ зарур аст. Барои ин, бояд аз ҷониби ҳар ду кишвар як гурӯҳи кории рӯзноманигорон аз ҳисоби расонаҳои расмӣ, мустақил ва байналмилалӣ таъсис ёбад, ки ба чор забон – тоҷикӣ, қирғизӣ, русӣ ва англисӣ ҳаррӯза хабаррасонӣ кунад. Масъулиятҳои ин гурӯҳи расонаӣ метавонад ба таври зер бошанд:

дар бораи раванди гуфтушунид хабарҳои расмии ҳар ду ҷонибро нашр намояд;

вазъиятро дар маҳал, аз он ҷумла вокунишҳои созандаи мардуми маҳалро баён созад;

ба изҳороти расмӣ, хабаргузориҳо ва вокунишҳое, ки созанда нестанд, фавран расидагӣ намояд, аз он ҷумла бо роҳи пурсидани назари масъулон ва таҳқиқи асли воқеа дар маҳал иттилооти алтернативӣ ба чор забон пешниҳод намояд;

назари мутахассисони ватании ҳар ду ҷониб ва байналмилалиро дар мавриди равандҳои ҷорӣ ва роҳҳалҳои имконпазир, ки ба манфиати ҳар ду ҷониб аст, расонаӣ намояд.

Инкори Дигар дар маҳдудаи қавммеҳварӣ

Ба ҷуз иттилоърасонии нораво, ифтихори дурӯғини миллӣ, қавммеҳварӣ ва ангезиши бадбинии байнимиллӣ аз омилҳои асосие мебошанд, ки ба оташи нифоқ рӯған мерезанд. Бадбахтона, дар ин кор на фақат шахсони ноогоҳ ва кӯтоҳбин, балки баъзе зиёиёни номвар низ саҳмгузорӣ мекунанд. Беҳтар мебуд, агар зиёиёни ҳар ду кишвар, баръакс, робитаҳои хуби байнидавлатӣ ва ҳампаймонии ду кишвар дар доираи ҳамкориҳо ва баҳсҳои минтақавӣ ёдрас мекарданд. Барои ниҳодина кардани ин раванд, зиёиён, ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар байни мардумони маҳал, ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо фаъолият мекарданд.

Дар айни ҳол зиёиён, рӯзноманигорон ва намояндагони минтақаҳои дигар сафарҳои аҳёнӣ ва якҷонибае анҷом медиҳанд, ки бештар эҳсосоти тарс ва бадбиниро дар мавриди Дигар ангеза медиҳанд. Дар аксари маврид зиёиёни ҳар ду кишвар дар пойтахт қарор доранд ва дар он ҷо ё хомӯшу бетараф мондаанд ва ё боз ҳам бо фаъолиятҳои худ ифтихори бардурӯғи миллиро ангеза медиҳанд ва ҳатто баъзан мардумро ба нифоқу бадбинӣ дар нисбати мардуми дигар даъват мекунанд. Яке аз корҳои охири онҳо беарзиш кардани устураҳо ва ё ормонҳои ҳамзистии байни одамон будааст. Ҳеч мардуме дар ҳеч даврае бе устура зиндагӣ карда наметавонад. Аммо маҳз дар давраи ҷанг онҳо устураҳоро бозбинӣ мекунанду онҳоро аз назари таърихӣ беарзиш месозанд. Акнун устураи ҳамсари тоҷик доштани Манас, қаҳрамони нимафсонавии мардуми қирғиз, мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Шинохти устура

Дар устура ормонҳои як мардум нуҳуфтааст, ки муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии онро шакл медиҳанд. Дар ҷаҳон ҳеч мардуме вуҷуд надорад, ки бе устура муҳити зиндагии худро ташкил диҳад. Фарқ намекунад, он кадом мардум аст: сокинони ҷаҳони “пешрафта”-и Фаранг ва ё таҳҷоиҳои Амрикою Африка, Австралияю Осиё. Жопуниҳо садсолаҳо дар пайвастагии танг бо устураҳои худ зиндагӣ мекунанд ва ҷомеа месозанд. Ҳиндуҳои Амрико барои ҳифзи ҷаҳони устуравии худ бо истеъморгарони аврупоӣ меҷангиданд, дар ҳоле ки истеъморгарон ҷаҳони устуравии худро ба онҳо таҳмил мекарданд. Устураи тоҷикон дар бораи Ҷамшед аз ҷашни Наврӯз ва аз осори маънавии Авесто ва Шоҳнома сарчашма мегирад. Барои онҳо таҳқиру таҳрифи тимсоли Ҷамшед фоҷиаи миллӣ аст. Барои қирғизҳо ҳам Манас қаҳрамони миллист, ки барояш шабҳои дароз ҷамъ меоянду қисса месароянд. Ҷаҳони маънавӣ ва иҷтимоии онҳо дар маҳдудаи ҳамин қисса сохта шудааст. Боварии онҳо ба тоҷик будани зани Манас яке аз муҳимтарин омилҳое аст, ки муносибати онҳоро ба тоҷикон муайян мекунад.

Баъд аз шиддат гирифтани баҳси сарҳад, баъзе аз зиёиёни тоҷик ин устураи қирғизиро ба баҳс кашиданд ва ҳақиқати таърихии онро зери шубҳа бурданд. Онҳо мегӯянд зани Манас дар ҳеч сурат тоҷик набуд, балки шояд духтари кадом хони Бухоро буд, ки ҳамеша муғулнажод будаанд.

Дар ин робита, се нуктаи муҳим аст, ки бояд мавриди назар бошанд: 1) чашмандози шинохти устура, 2) замон ва макони баҳси илмии ҳақиқати таърихӣ; 3) баҳси нажод аз нигоҳи геншиносӣ.

Чашмандози шинохти устура

Дар инсоншиносӣ ва мардумшиносӣ чашмандозҳои этик (etic; на ethic – ахлоқ) ва эмик (emic) барои шинохти ҳақиқат вуҷуд доранд. Чашмандози этик дидгоҳи дигарон дар бораи ин ё он мардум ва падидаҳои марбут ба онҳо мебошад. Чашмандози бисёре аз мактабҳои мардумшиносии даврони мустамилкадорӣ (колониализм) этик будааст. Олимону пажӯҳишгарони хориҷӣ (фарангӣ) дар мавриди таъриф ва танқиди мардумони дигар (амрикоӣ, африкоӣ, уқёнусӣ ва осиёӣ) мавқеи қозиро мегирифтанд ва онҳоро ба “ақибафтодагӣ” ва “ваҳшоният” ва зиндагии онҳоро ба беарзишӣ ва беҳадафӣ маҳкум мекарданд. Аз ин нигоҳ, устура чун марҳилаи ибтидоӣ ва ваҳшонии рушди инсон дониста мешуд. Чашмандози эмик дар инсоншиносӣ бархӯрди дигар ба объекти омӯзиш аст: бояд худи мардуми мавриди омӯзиш таърифи худро дар мавриди падидаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии худ диҳанд. Бояд аз нигоҳи худи тоҷикон ба арзиши фарҳангии тимсоли Ҷамшед баҳо дод. Ҳамин гуна, бояд тимсоли Манасро аз диди худи қирғизҳо шинохт. Бигузор тафсири ин тимсол, аз он ҷумла ҳамсари тоҷик доштани он асли таърихӣ надошта бошад. Дар инсоншиносӣ ин аҳамияти дуюмдараҷа дорад. Муҳимтар он аст, ки худи қирғизҳо ба ин тафсир то чӣ андоза эътимод доранд ва ин ормонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиашон чӣ гуна амалӣ месозанд. То ҷое метавон дид, яке аз устураҳое, ки ҳамзистии ормониро дар байни қирғизҳо ва тоҷикон пойдор нигоҳ медорад, маҳз ҳамин устура мебошад. Аз чашмандози эмик, “ҳақиқати таърихӣ” будан ва ё набудани устура дар кул ва ҷузъҳои он дар алоҳидагӣ ҳақиқати илмӣ нест.

Замон ва макони баҳси илмии ҳақиқати таърихӣ

Чуноне ки дида мешавад, ба истилоҳ “ҳақиқати таърихӣ” ҳақиқати нисбӣ аст. Он метавонад бо факту далелҳои таърихӣ исбот (на)шавад ва ё қисман рад гардад, вале аз нигоҳи инсоншиносӣ чун ҳақиқати илмӣ боқӣ монад. Он ҳанӯз қодир аст воқеияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро ташаккул диҳад. Бо назардошти ин ҷанбаҳои илмии устура баҳси ҳақиқат доштан ва ё надоштани он бояд дар замону макони муносибе сурат гирад. Замони кунунии дар миён гузоштани ҳақиқати илмии Манас ва ҳамсари ӯ номуносиб ва ангезандаи нобоварӣ ва ихтилофу нооромӣ дар байни мардумони тоҷик ва қирғиз аст. Дареғ, ки баъзе зиёиён ин ҳассосиятро ба назар нагирифта, маҳз дар ҳамин шабу рӯз ба ин баҳс пардохтаанд. Макон, яъне шабакаҳои иҷтимоӣ низ барои чунин баҳс носозгор ва нораво аст. Ташаббускори баҳс метавонад аслан ғарази ғайриилмӣ надошта бошад, аммо вокунишҳои зиёд баёнгари он ҳастанд, ки авом ин баҳсро на чун паёми илмӣ, балки чун паёми ҷудоиандоз ва ҳатто ҷангӣ қабул мекунад. Ҷиҳати дигари масъала он аст, ки фазои шабакаҳои иҷтимоӣ имкон намедиҳад, то мавзуъ пурра аз нигоҳи илмӣ баррасӣ гардад. Барои пурра фаро гирифтани мавзуъ ҳафтаҳою моҳҳо даркор аст, то ҳамаи сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар бораи устураи Манас аз назар гузаронда ва дар мавриди он аз чашмандози эмик дар байни мардум мушоҳида ва мусоҳиба гузаронда шаванд. Фейсбук фазои саркӯбгар аст, чун андеша дар ҳолати ҷанинӣ мавриди вокуниш ва ҳамлаи авом (бо ному бе ном – фейк) қарор мегирад ва дигар пажӯҳишгар маҷоли идомаи баррасӣ ва омӯзишро намеёбад.

Баҳси нажод аз нигоҳи геншиносӣ

Дар идомаи баҳси устураи Манас ва ҳамсари ӯ бисёре аз вокунишгарон баҳсро ба самти нажодпарастӣ тоб додаанд, ки дар чунин марҳилаи ҳассос на фақат ғайриилмӣ, балки аз назари муносибатҳои байни ду мардум сӯзанда ва аз назари бархӯрдҳои сиёсӣ хатарнок мебошад. Бисёре аз вокунишҳо ба он ишорат мекунанд, ки яке нажоди пасту дигаре нажоди олӣ дорад. Аммо геншиносӣ тамоман дигар чӣ мегӯяд. Натиҷаҳои омӯзиши таркиби ДНК-и бисёре аз қавмҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд, ки ягон қавми аз назари генетикӣ пок вуҷуд надорад. Ҳама, аз он ҷумла тоҷикон, узбекҳо ва қирғизҳо генҳои омехта доранд ва ҳатто тоҷикону қирғизҳо аз рӯи намунаи Ҳаплогурӯҳи 3 ба ҳам наздиктаранд (ниг. Харитаи генетикии поён). Дар асл, консепсияи “қавмият” дар тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла дар Осиёи Марказӣ бештар сохтмони фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад. Тоҷик ва ё қирғиз метавонад ҳар касе бошад, агар ӯ худро аз назари фарҳангӣ ва сиёсӣ ба ин гурӯҳи хос тааллуқ донад. Тааллуқияти нажодии онҳо аслан беаҳамият аст.

“Ҳақиқати таърихӣ” ва ҳамгироии минтақавӣ

Ягона падидае, ки метавон онро ҳамчун ҳақиқати таърихӣ ва ҳақиқати илмӣ (генетикӣ) пазируфт, ҳамзистии мардумони гуногунқавми Осиёи Марказӣ мебошад. Дар тӯли таърих тоҷикону узбекон ва қирғизҳо дар муҳитҳои муштараки сиёсии Бухоро ва Қуқанд мезистанд. Харитаи генетикии боло низ ба ҳамзистии ҳаплогурӯҳҳои 1, 3, 9 ва ғайра дар таркиби генетикии ҳар се мардум ишорат мекунад. Дар геншиносӣ ҳаплогурӯҳ (haplogroup) аҷдодони ягонаро дар назар дорад.

Бар хилофи ин ҳақиқатҳои таърихӣ ва илмӣ, дар даврони Шӯравӣ Осиёи Марказӣ ба ҷумҳуриҳои қавммеҳвар тақсим гардид, ки ба манфиати ҳамаи қавмҳо, аз он ҷумла тоҷикон набуд. Аммо ҳукумати болшевикӣ ва пештар аз он ҳукумати подшоҳии Рус вазъиятро ба назар нагирифт, балки бо салоҳдиди манфиатҳои империалистии худ минтақаро тақсим кард. Акнун кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вазъияти басо мураккаби таърихӣ қарор доранд. Онҳо бояд барои тақсимоти сохта ва то ҳанӯз дар мавридҳое номуайян роҳи ҳал пайдо кунанд. Ба гумони ман, созгортарин роҳбурд усулан дар ду сатҳ ва самт бояд сурат гирад.

Дар сатҳ ва самти нисбатан кӯтоҳи таърихӣ бояд марзбандии давлатӣ дар байни кишварҳо то охир ва бо роҳи осоишта анҷом пазирад.

Дар сатҳ ва самти тӯлонитари таърихӣ ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба таъсиси иттиҳоди минтақавӣ анҷом ёбанд.

Дар ин робита, моделҳои мавҷудае чун Иттиҳоди Аврупо ва системаи федералии Суес метавонанд омӯзанда бошанд. Зинаи муҳими ҳамкорӣ дар доираи чунин иттиҳод ҳамгироии сиёсӣ бояд бошад, ки ба ташаккули низоми федералӣ меанҷомад. Дар ин зина низоми қавммеҳвар (этносентрӣ)-и кишварҳои алоҳида метавонад ба низоми федералӣ дар ҳамаи самтҳо таҳаввул ёбад. Ин ба он маъност, ки ҳар минтақа ва маҳал тааллуқияташро ба кишварҳои мавҷуда нигоҳ медорад, вале дар айни замон забони давлатӣ, системаи маориф ва фарҳанги хоси худро вобаста ба талаботи мардуми маҳал касб мекунад. На фақат Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа ба чунин шакли ҳамгироӣ манфиатдор ҳастанд, чун дастикам дар се ҳамсоякишвар, яъне Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон намояндагони қавмҳои гуногун, аз он ҷумла тоҷикон, узбекҳо ва қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Дар сурати ҳамгироии федералӣ мушкилии “анклава” аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва монанди инҳо роҳи ҳал пайдо мекунад. Воқеан, дар Осиёи Марказӣ минтқаҳои бисёре ҳастанд, ки бошандагони онҳо ақаллиятҳои миллӣ буда, мақоми онҳо дар таркиби давлатҳои қавммеҳвар номуайян боқӣ мемонанд.

Бо назардошти чунин ҳамгироӣ ба самти низоми федералӣ, ишорату таъкид ва пофишорӣ ба роҳбурдҳои дигар бесамар ва баъзан хатарнок ҳастанд. Чунончи, ҳар як ҷониб ба харитаҳои даврони истеъморӣ ишорат мекунанд, ки дар бойгониҳои онҳо мавҷуд ҳастанд. Табиист, ки дар ин ҳолат ҳар як кишвар он харитаеро асос қарор медиҳад, ки ба “манфиат”-и он ҷониб мебошад. Яке аз сабабҳои асосии нофаҳмӣ ва баҳсу баррасӣ дар байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳамин харитаҳо марбут мебошад.

То ба марҳилаи фаъолона амалӣ кардани ҳамгироии федералӣ дар минтақа бояд марзбандии осоишта дар байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон анҷом ёбад. Барои ин, усулҳо ва роҳбурдҳои дар боло тавзеҳдодашуда метавонанд ба манфиати кор бошанд.

Дар зер: харитаи генетикии қавмҳои Осиёи Марказӣ (сарчашма: https://www.sciencedirect.com/science/article/pii/S0002929707603280)

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *