Осиёи МарказӣСиёсат

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 29.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрели соли 2021, соати 10:45, зимни муноқишаи сокинони  маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  — Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда  ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.         

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз, соати 11:30, бар асари тирпаронии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.

Муноқишаи мазкур 28  апрели соли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

       Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *