Осиёи МарказӣСиёсат

Муноқишаи навбатӣ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон

Имрӯз дар байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои вилояти Суғди Тоҷикистон ва кормандони идораи обтаъминкунии вилояти Ботканди Қирғизистон муноқиша ба амал омад. Бар асоси наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ҷониби Қирғизистон худсарона ба сохтани пул дар сохтори тақсимоти оби рӯди Исфара шурӯъ кардаанд. Пас аз садди кори онҳо шудани сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло миёни онҳо муноқишаи лафзӣ шурӯъ шуд ва фавран нируҳои сарҳадии ҳар ду тараф вазъиятро зери назорат гирифтанд.

Хабаргузории 24.kg хабар дод, ки пас аз оғози корҳои таъмиркунӣ аз ҷониби мутахассисони Қирғизистон тақрибан 50 нафар сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ки ба маҳалли ҳодиса расида, садди кори онҳо шуданд ва  ҳангоми задухӯрди лафзӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба сӯи кормандони идораи оби Қирғизистон санг партоб карданд.

Бояд гуфт, марзи миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканти Қирғизистон яке аз минтақаҳои доғ боқӣ мемонад.

Дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *